НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ ДАР ДУШАБЕ БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД
Имрӯз, 25-уми май, дар саҳни Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии нахустин намоишгоҳи байналмилалии китоб дар дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Намоишгоҳ аз 25 то 27-уми май бо ширкати 9 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Дар маросими кушодашавии он Мирзошоҳрухи Асрорӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда азҷумла иброз дошт, ки «ноширони мамлакат дар солҳои истиқлолият дар бисёр намоишгоҳҳои байналмаилалии китоб аз ҷумла дар шаҳрҳои Теҳрон, Маскав, Тошканд, Санкт Петербург, Ереван ва ғайра иштирок карда дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба мардумони олам муаррифӣ намудаанд. Азҷумла як ҳафта қабл як гурӯҳ адибон, ноширон, олимони мо дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Теҳрон ширкат карданд.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 60 нашриёт ва 200 матбаа амал мекунанд, ки аз онҳо 8 нашриёт ва 33 матбаа давлатӣ ва мутаносибан 52 нашриёт ва 168 матбаа ғайридавлатӣ мебошанд. Дастовардҳои нашрияҳои тобеи вазорати фарҳанг, ба хусус дар арафаи 20 солагии солгарди истиқлолияти давлатӣ назаррасанд. Азҷумла дар соли 2010 нашриётҳои «Ирфон» ва «Адиб» ҳамчун армуғон ба ҷашни истиқлол китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷилди 9-ум, «Независимость Тадикистана и возрождения нации» 8- том, китобҳои дастҷамъии «Бахтофарин», «Наврӯзи Роғун» ва ғайраро ба нашр расонданд.
Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо адабиёти тозанашр ҳамасола ҳаракати «Корвони китоб» нақши муассир мебозад. Тававссути ин чорабинӣ даҳҳо ҳазор ҷилд китоб ба маблағҳои зиёд, ройгон ба тамоми шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода шуд. Аз ҷониби муассисаҳои нашриявӣ тайи солҳои ахир дар маҷмӯъ 760 номгӯй бо теъдоди 54 ҳазору 362 нусха китоб тариқи ройгон ба муштариён дода шудааст, ки ин маблағи зиёдеро ташкил медиҳад.
Ҳамасола дар пойтахт ва шаҳру навоҳии мамлакат баргузор шудани фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» низ дар баробари баланд бардоштани сатҳи маърифати насли наврас ба рушди соҳаи табъу нашр такони тоза мебахшад.
Бешак фестивали мазкур нури дониш, хирад ва панду ҳикмат ва андарзро дар олами тафаккури кӯдакону наврасон меафрӯзад ва насли имрӯзу ояндаро ба ҷодаи созандагиву бунёдкории ватани азизамон ҳидоят месозад. Муҳимтарин падидаи таърихӣ дар ҷодаи арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ ин сохтмони китобхонаи мӯҳташами миллист, ки ин нукта дар пайёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ таъкид ёфтааст.
Дар пойтахти кишварамон бунёд гардидани китобхона ва осорхонаи миллӣ ҳамчун марказҳои илмиву фарҳангӣ азҷумлаи рӯйдодҳои муҳими даврони истиқлолият мебошанд, ки дар қисмати наслҳои имрӯзаву оянда қарор холҳанд гирифт».
Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии китоб ҳамарӯза муаррифии бархе аз китобҳои тозанашри шоирону нависандагони тоҷик баргузор мегардад.
«Рӯзгор»