05:12:17 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАРДЕ, КИ ҲУНАРУ АНДЕШАИ ВОЛО ДОРАД

Ибтидои тобистони соли 1967 буд. Вазири маданияти он вақт устод Меҳрубон Назаров маро ба ҳузур даъват карду гуфт: «Алиризо, ману Гурминҷ (ҳунарманди маъруф Гурминҷ Завқибековро дар назар дошт) дирӯз дар деҳаи Охтоқи ноҳияи Ленин меҳмони раиси колхози Телман Муродалӣ Ашурв будем…

Чу гуфтори беҳуда бисёр гашт,

Сухангӯ дар анҷуман хор гашт.

Ӯ бо сабки худ ба саҳна ворид шуд

Солҳо мегузарад вале хотираҳо боқӣ мемонад, хубиву бадӣ, шириниву талхӣ, зебоиву зиштӣ, яъне ҳеҷ чизро набояд фаромӯш кард ва ҳақиқатро ба хотири таърих бояд донисту гуфт. Ҳарчанд ҳастанд «аъломаҳое», ки дар асари бедонишиву ноогоҳӣ, ё манфиат, ё бухлу ҳасаду нотавонбинӣ сиёҳро сафед мегӯянду мардумро ба сӯи саҳву хато мебаранд, ончиро менависанду мегӯянд, ки набояд набишту гуфт ва мутаассифона касеро ҳам коре нест. Ҳарфи бузургон аст, ки:

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Ин чунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Jurabek NazriИбтидои тобистони соли 1967 буд. Вазири маданияти он вақт устод Меҳрубон Назаров маро ба ҳузур даъват карду гуфт: «Алиризо, ману Гурминҷ (ҳунарманди маъруф Гурминҷ Завқибековро дар назар дошт) дирӯз дар деҳаи Охтоқи ноҳияи Ленин меҳмони раиси колхози Телман Муродалӣ Ашуров будем. Дар ин нишаст як ҷавон, бо номи Ҷӯрабек барои мо суруд хонд, суруд не, савти ҳазор. Садои хушу муборак, лаҳни бисёр ширин, мусиқии дилкаш ва ҳар чӣ мехонд суруди маънӣ буд.

Мо рафтанӣ будем, вале ба хотири шунидани ин ҷавон беш аз чаҳор соат нишастем. Ӯро пайдо намо ва дар сафарҳои ҳунарии дастаи консертиатон (он замон дар назди Театри академикии ба номи А. Лоҳутӣ дастаи ҳунарие фаъолият мекард ва ҳунармандони маъруф Карим Раҳимов, Барот Яхшиев, Малик Раҳматуллоев, Шукрихудо Хоҷаев ва дигарон ҷузви ин даста буданд) аз ӯ истифода кун. Номаш Ҷӯрабек, фамилияаш Назриев. Ӯ ҳоло донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи таъриху филологияи Университет аст. Зери назорат бигир то баъди хатми донишгоҳ ба Филармонияи давлатӣ ба кор биояд.». Меҳрубон Назаров ин одатро дошт, истеъдод ҷустуҷӯ мекард.

Аз устод суол кардам, ки Ҷӯрабеки гуфтагиатон аз кадом ҳофиз пайравӣ мекунад, суруди киро мехонад? (Он замон ҳунармандони афғонистонӣ Ҳафизулло Хаёл, Сорбон, Залонд ва ғайра, ҳамчунин ҳунармандони тоҷикистонӣ баъдӣ Акашариф Ҷӯраеви бузург, Абдулло Назриев, Одина Ҳошимов, Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Хуршед Алидодов, Барно Исҳоқова, Лайло Шарифова, Иброҳим Кобулиев, Карим Раҳимов, Барот Яхшиев ва амсоли инҳо шӯҳрат доштанд). Эшон дар ҷавоб гуфт, ки суруди худашро мехонад, ҳатто «Қалъабандӣ»-и Акашарифро бо тарзи худ, устодона иҷро мекунад.

Аҷиб он аст, ки дар яккахонӣ бори аввал дидам асбоби баян хуб истифода мешавад. Баяннавозаш Шайхалӣ ном ҷавони бадахшонӣ аст. Ҷӯрабек чунон хуб мехонад, ки мегӯӣ таълими садҳо устодро гирифта бошад. Ӯро пайдо кун, худат мебинӣ, ки чӣ истеъдоде дорад». Гурминҷ ҳам андешаҳои устод Меҳрубон Назаровро даҳчанд афзуд. Медонистам, ки Гурминҷ ҳар овозхонро қабул надорад. Вале ин ҷавонро ва ҳунари ӯро чунон васф кард, ки ман низ моили мулоқоти Ҷӯрабек шудам.

Пайдо карданаш мушкилие эъҷод накард. Дар театр Юсуфҷон Кабиров ном дойранавози соҳибистеъдоде буд, ки Ҷӯрабекро хуб мешинохтаву дар ҷашну сур бо ӯ ҳамкорӣ доштааст. Ӯ низ зикри истеъдоди фавқулфавқашро кард. Аз ҷумла «бо вуҷуди он, ки ҷавон асту ҳунарманди касбӣ нест маъруфтарин ва соҳибистеъдодтарин ҳунарманди соҳибунвон ҳам дар маҳфилҳо наметавонад бо ӯ баробарӣ кунад» гуфтанаш боз ҳам шавқи маро ба дидани ӯ афзуд. Юсуфҷон ваъда кард, ки Ҷӯрабекро ба театр меоварад.

«Худаш 21-сола, вале ҳунараш 100-сола аст»

Рӯзи дигар мулоқоти мо баргузор шуд. Ҷӯрабек ба театр омад. Ҷавони лоғарандоми болобаланду бисьёр нуронӣ. Аз тарзи либоспушӣ ва муносибати хубу сӯҳбати гуворояш маълум буд, ки ҷавони оддӣ нест. Ҳинӣ сӯҳбат ман он чиро, ки устод Меҳрубон Назаров гуфта буд ба ӯ расондам. Дар ҷавоб бо як хоксорӣ, «ин бузургии устод аст. Беҳуда нест, ки номи муборакаш Меҳрубон аст, вагарна ман куҷову ҳунар куҷо». Суҳбаташро дарёфтам, вале ҳоло бо ҳунараш ошно набудам. Ҳарчанд маълум буд, ки соҳиби истеъдоди баланд метавонад чунин муомила кунад. Шиносоӣ бо ин ҷавон хеле хушу гуворо буд.

Баъди ду-се рӯзи суҳбат Собирҷон Хоҷаев ном дӯстам, ки он замон роҳбари Нашриёти «Ирфон» буд, маҳфиле оросту чанд нафар, аз ҷумла маро низ ба меҳмонӣ даъват кард ва хушбахтона дидам, ки Ҷӯрабек ҳам он ҷо ҳузур дошт. Ҳавлии дӯстам дар баландии кӯчаи Карамов, боғи дилкушо, дарахтони мевадор, гулҳои рангоранг, дастархони пур аз нозу неъмат. Даъватшудагон низ инсонҳои маъруфу машҳур буданд, мисли Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Меҳрубон Назаров, Абдуҷаббор Қаҳорӣ, Ҳақназар Назаров, Зоҳири Аҳрорӣ, Сафар Ниёзов, Қандил Ҷӯраев ва дигарон.

Jurabek NazrievЧанд даъфа қадаҳҳо лабрез шуд ва ниҳоят мизбон боз хушомад карду бо як меҳрубоние гуфт: «Мо ин ҷавонро, ки номаш Ҷӯрабек аст, даъват кардем то маҷлиси моро фараҳ бахшад. Нав ба 21 қадам гузоштааст, вале ҳунараш гӯе садсола». Мо кӣ медонистем, ҳарфи ӯро ҷиддӣ қабул кардем, вале онҳое, ки намешинохтандаш сухани соҳибхонаро як навъ лутф донистанд. Ҷӯрабек бо тору баяннавозу тавлакчӣ ҳамроҳ ба навохтану суруд хондан шуруъ карданд.

Садои тору баян ва овози хуши ӯ ҳамаро моту мабҳут кард. Ҳама ором ва ҳайрон. Бори аввал буд, ки дар ҳунари яккахонӣ баян истифода мешуд ва бори аввал буд, ки аксар садои ширини баянро мешуниданд. Тоҷикона мехонд, вале шунаванда гӯё дар осмони ҳунари Ҳинду Покистону Афғонистону Эрону кишварҳои арабӣ парвоз мекарда бошад. Дар аввал бо тарзи шаҳд чанд рубоӣ хонд. Аз ҷумла:

Одина ба бозор шудам вақти намоз,

Чуғзе дидам, нашаста бар сина-ш боз.

Он чуғз сухан кард ба овози дароз,

Ҳар кас кӣ ситам кунад, ситам бинад боз.

Ва баъд як ғазали Ҷомӣ, ки байти аввалаш ин буд:

Ҳама як сӯ бувад, нодидани он гулбадан як сӯ,

Фироқи бекасӣ як сӯ бувад, доғи ватан як сӯ

Ва ниҳоят ғазали маъруферо, ки аз пирони ҳунар дар Бадахшон шунида будаму матлаъаш:

Ман Сикандар нестам, фикри ҷаҳондорӣ кунам,

Нестам Довуд то дар арш хушхонӣ кунам…

– ро сароид. Ҳозирин ҳама шефта ва хоҳиш мекарданд, ки Ҷӯрабек хонаду хонад. Ҳозирин қадаҳ мебардоштанду Ҷӯрабек месароид. Сӯҳбати чандсоатаи мо гӯё лаҳзае буд ва ин байт ёдам омад:

Ман шунидам, ки ҷони ҷононӣ,

Чун бидидам, ҳазор чандонӣ.

Гули сари сабади олами ҳунар

Ҳамкориҳои мо шуруъ шуд. Тобистони ҳамон сол, вақти таътил аз Ҷӯрабек Назрӣ хоҳиш кардам, ки бо ҳайати ҳунарии театр ба водии Қаротегин сафар кунад. Ӯ қабул кард ва баъди сафар Юсуфи дойранавоз қиссаи ҳунари ӯро гуфт. Дар байн мебаромад, вале то 6-7 суруд намехонд намегузоштанд равад. Ҳар кас, ки суруди ӯро мешунид мухлисаш мешуд.

Ва ҳар ҷо ки баромад мекард мухлисон аз дунболаш мерафтанд, ки борҳо бишнавандаш. Баъди сафари водии Қаротегин даҳҳо нафар, бо андешаи он, ки Ҷӯрабек корманди театр аст ба ман муроҷиат мекарданд, ки маърака дорему мардум Ҷӯрабекро мехоҳанд. Дар ҷавоб, ӯ корманди мо нест мегуфтаму халос мешудам.

Тибқи ваъда, баъди хатми Университет ӯро ба назди вазир Меҳрубон Назаров даъват кардем ва сари мавзӯи ба Филармонияи давлатӣ омаданаш сӯҳбат намудем ва пешниҳод ҳам шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ соҳиби хона мешавӣ, гурӯҳи худро таъсис медиҳӣ ва бо ин истеъдоде, ки дорӣ маълум, ки зуд соҳиби унвон ҳам мешавӣ ва ғайра.

Дар ҷавоб, «устод, ман дар хидмати Шумо, ҳар чӣ фармоед аз рӯи имкон иҷро мекунам, ба сафарҳои ҳунарӣ ҳам меравам, вале имкони ба кор омаданро надорам, зеро ба аспирантура пешниҳод шудам». Он замон ба аспирантура пешниҳод шудан дар ҳақиқат ифтихор буд. Вазир ҳарфи ӯро қабул кард.

Мо ҳамкорӣ доштем. Мушкилии план пеш меомад аз ӯ истифода мекардем. Бисёрҳо мешуд, ки шахсони масъули сатҳи баланд хоҳиш мекарданд, ки Ҷӯрабекро ба маҳфилу маҷлисҳояшон бибарем. Ҳеҷ набуд, ки ӯ рад кунад. Дар консертҳои расмии ҳукуматӣ низ аз ӯ истифода мешуд.

Акнун Ҷӯрабек Назрӣ гули сарсабади олами ҳунар, ҳама ҷо мухлису ҳама ҷо эҳтиром. Қариб ҳар ҳафта бо хоҳиш консерташро, сурудҳояшро аз тариқи раидо ва телевизион пахш мекарданд. Сурудаш илҳомбахши ошиқони ҳунар буд, хоса ҷавонон, ки мехостанд ба ӯ монанд бошанд, мисли ӯ сару либос пӯшанд, мисли ӯ суруд бихонанд ва дидем, ки бисёре аз пайравонаш дар ҳунар ва зиндагӣ муваффақ шуданд.

Ба қавли шогирдонаш, ки баъзеи онҳо имрӯз ба мақоми баланд расидаанду соҳиби унвонҳои баланд гардидаанд, мегӯянд Устоди мо дар ҳафта ҳафт рӯз дар тӯю сури мардум даъват мешуд ва ширкаташ боиси ифтихору сарфарозии соҳибони маҳфилу маъракаҳо буд.

«Чӣ кунам кӣӯ ҳунари воло дорад»

Августи соли 1977 ҳеҷ аз ёдам намеравад. Супориш шуд, ки чун рамзи дӯстиву бародарӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандони Осиёи Миёна ва Қафқоз дар майдонҳои варзишии ҷумҳурӣ консертҳо баргузор шавад. Аз Тоҷикистон маъруфтарин ҳунармандон ва дастаҳои рақсӣ, аз Озарбойҷон Назокат Мамедова, аз Ӯзбекистон Бобомурод Ҳамдамов ва ғайраҳо даъват шуданд.

jurabek NazrievЧун консерти сатҳи баланд буд Ҷӯрабек Назриро низ даъват кардем. Пеш аз шурӯъи кор бо ҳама ҳунармандон мулоқот кардем ва пешниҳод шуд, ки овозхонҳо ба ҷуз як суруд бештар нахонанд ва агар сахт талаб шуд бо иҷозат мешавад як суруд илова хонд, зеро ширкаткунандагон зиёданду вақт маҳдуд. Маслиҳат шуд, ки консертро ҳунарманди маъруфи Озарбайҷон Назокатбону ҳусни анҷом бибахшад.

Намоиши ҳунарии аввалини мо дар майдони варзишии ба номи Фрунзеи пойтахти кишвар баргузор шуд. Майдон пур аз тамошобин. Он замон ҳама зинда мехонданд, зеро барои беҳунарон дар майдони ҳунар роҳ набуд. Сониян фонограмма ба қавли баъзеҳо «мурда»хондан барои шунаванда як навъ таҳқир буд. Консерт шуруъ шуд, баъди чанд нафар баранда Ҷӯрабек Назриро эълон кард. Мавҷи қарсақ ҳама ҷоро фаро гирифт. Ҷӯрабек мисли ҳар вақт бо тору мандалину баяну таблак рӯи саҳна омад.

Як суруд, ду суруд, се суруд, ва чаҳор суруд хонд. Истиқболи гарм, мардум аз саҳна рафтани ӯро намехостанд. Масъули баргузории консерт худи ман будам. Аз хонданаш чунон завқ бурдам, ки маслиҳати бударо фаромӯш кардам, вале Ҷӯрабек Назрӣ боз бо хираду ҳозирҷавобии хеш рӯ ба сомеон оварду гуфт, «ман ҳозирам то субҳ барои шумо азизон суруд бихонам вале барнома имкон намедиҳад. Иншооллоҳ даъфаи дигар хидмататон ҳастам».

Албатта хубу хуш хондани Ҷӯрабек Назрӣ боиси ранҷиши баъзе ҳунармандони соҳибунвону соҳибмақом гардид ва аз «боло» ишораҳое ҳам шуд. Дар ҷавоб гуфтам, ки чӣ кунам кӣ ӯ ҳунари воло дорад. Ҳунармандони номдор бо як ё ду суруд вазифаашонро анҷом доданд. Танҳо Назокатбону бо чаҳор суруд консертро ҳусни анҷом бахшид. Дар майдони варзишии ноҳияи Ленин, Колхозобод, Қумсангир низ ҳамин ҳолат рух дод. Рӯзи дигар телефони зиёду изҳори сипос шуд. Аз хонданҳои Ҷӯрабеку Назокатбону ба некӣ ёд карданд.

(идома дорад)

Алиризо Раҳмонқулов, Ҳунарманди Шоистаи РСС Тоҷикистон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi