14:46:17 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

«САБОҲИ МАРДОН» НАХУСТМАҶМӮАИ АЛИДОДИ ЧАРОҒАБДОЛ

«Сабоҳи мардон» - чунин ном дорад китоби нахустини шоир Алидоди Чароғабдол. Пас аз он, ки китоби мазкур ба дасти мо расид, тасмим гирифтем, ки албатта бояд бо Алидод ҳамсӯҳбат  гардем. Алидоди Чароғабдол аз ҷумлаи адибони Бадахшон аст.

alidodicharoghabdol1555.jpgИн китоби аввалини шоир аст, ки дар нашриёти «Адиб» ба чоп расидааст. Китоби мазкур охири моҳи марти соли равон ба табъ расида, аз се бахши асосӣ иборат аст. Аз  мазмуни шеърҳо ва таронаҳои адиб маълум мегардад, ки вазъияти рӯзгори асри гузашта ба зиндагиаш бе асар намондааст. Бахши аввали китоб «дар чаҳорчӯбаи сиёсат» буда, ду бахши дигараш дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ навишта шудаанд.

Алидоди Чароғабдол 14 феврали соли 1960  дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 1981 хатм кардааст. Аз соли 1988 то кунун директори китобхонаи марказии вилоятӣ шуда кор мекунад. Ӯ яке аз мураттибони «Тазкираи адибони Бадахшон» аст. «Сабоҳи мардон» нахустмаҷмӯаи Алидоди Чароғабдол аст.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор» Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi