ҒАРИБӢ КӮИ САХТ АСТ, АЙ БАРОДАР
«Ғарибӣ» - чунин ном дорад аввалин албоми сурудҳои Наимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавон ва ба доираи васеи алоқамандони мусиқии кишвар ҳанӯз ношинос. Албом ҳамагӣ як ҳафта қабл барои аввалин бор дар дӯконҳои вилояти Хатлон, ки Наимҷон зодаи он ҷо ҳаст, ба фурӯш бароварда шуд.
Албом аз лаҳзаҳои нахустини ба бозор баромаданаш таваҷҷӯҳи дӯстдорони мусиқиро ба хотири нахустин видеоклипаш, ки чун худи албом «Ғарибӣ» номгузорӣ шудааст, ҷалб намуд. Таронаи ин видеоклипро овозхони ҷавон дар жанри бадеҳа якҷо бо овозхони шинохта Ҳанифа Қурбонова сурудааст.
Сюжети видеоклип бисёр содда аст. Мардикори ҷавони тоҷик дар хоб ба модараш бо суруд тавассути телефон дарди дил мекунад ва мужда медиҳад, ки ӯ ба хона бармегардад. Модар низ бо суруд ба ӯ аз дарди ҳиҷрон сухан мегӯяд. Дар хоб ҷавони мардикор гӯё бо ҳамраҳони муҳоҷираш хайрухуш карда ба Ватан бармегардад. Лаҳзае пеш аз он ки модарро дар Ватан ба оғӯш бигирад, ӯро аз хоби ширинаш дар ҷои хобаш, дар Русия милиса ба мақсади тафтиши аснодаш бедор мекунад…
Ҳарду овозхон сурудро хеле самимӣ сароидаанд. Дар вақти хондани суруд овозхонҳо борҳо ба ваҷд омада ашк мерезанд. Шояд ҳамин лаҳзаҳо ва он нукта, ки қариб ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ намоянда дорад ва аз ин дард огаҳ аст, таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ба ин албом ҷалб кардааст. Матни сурудро бо лаҳҷаи соддаи мардуми таҳҷоӣ шоир Сироҷ Абдулло навиштааст.
Сюжети видеоклипро низ ӯ дар ҳамин шакл пешниҳод кардааст. Оҳанги сурудро худи Наимҷони Сайдалӣ эҷод намудааст. Наимҷони Сайидалӣ 23 сол дорад. Дар ноҳияи Бохтар дар оилаи ҳунарманди мусиқӣ таваллуд ёфтааст. Падараш Сайидалии Собир, навозандаи аккордеон дар ансамбли як вақтҳо овозадори «Мавҷи Вахш» ҳамроҳ бо роҳбари фақиди ин ансамбл шодравон Аҳлиддин Нуруллоев фаъолият кардааст. Наимҷон феълан хатмкунандаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Ҳанифа Қурбонова низ дар замони шӯравӣ овозхони шинохта ба ҳисоб мерафт. Ӯ якҷо бо шавҳараш Фатҳиддин Тешаев, ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба таври фоҷиавӣ ба шаҳодат расидааст, асосан бадеҳа мехонданд. Баъди марги шавҳараш ӯ муддатҳо буд, ки дигар овозхонӣ намекард.
Вале тақрибан як сол пеш баъди хомӯшиҳои тӯлонӣ ҳамроҳ бо Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев аввалин бадеҳаи хешро суруд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» овозхони ҷавон Наимҷони Сайдалӣ иброз дошт, ки ин албомро яке аз студияҳои сабти шаҳри Қӯрғонтеппа ба теъдоди 10 ҳазор нусха нашр кардааст.
«Ба ман аз Кӯлобу Фархор ва шаҳри Душанбе занг зада гуфтанд, ки студияи «Симо» низ ин албомро нашр кардааст. Имрӯз, 02 апрел, ба худи ман аз студияи «Симо» занг зада гуфтаанд, ки бозори гарми ин албомро дида, ният доранд онҳо боз 50 ҳазор нусха аз ин албом ба нашр бирасонанд. Чанд лаҳза пештар ба ман аз Қумсангир, масъули як студияи сабти овоз занг зада ибрози ташаккурӣ карда гуфт, ки аз ин албом чанд рӯз боз ҳаррӯз аз 200 дона бештар савдо мекунад».
Тибқи мушоҳидаҳои хабарнигори «Рӯзгор» ин албом дар дӯконҳои дискфурӯшии шаҳри Душанбе низ ахиран ба савдо баромадааст ва ҳаводорони зиёд пайдо кардааст.
Хулоса ин албоми овозхони ҷавон, ба хусус суруди «Ғарибӣ»-и он, дар ин шабу рӯз сершунавандатарин суруди рӯз ба шумор меравад. Аз ин рӯ мо лозим донистем, ки бо иҷозати сарояндаи ин суруд Наимҷони Сайдалӣ онро пешкаши муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» намоем. Дар зер матни ин сурудро низ меоварем. Тамошо кунед, пушаймон нахоҳед шуд!
Биё эй ҳамватан то кай Ватан созем ғарибиро,
Биё то кай ту бе мо мечашӣ заҳри ҷудогиро?
Фарзанд:
Мо дар ғарибӣ очаи мо аз мо ҷудо,
Моем мардикор очаи мо обу адо.
Очама биген, ки аз сафар меояме,
Аз дидори ҳамдигар кунем шукри Худо.
Модар:
Дар овози ширадорут ҷони очае,
Бемор шудам хабар надорӣ бачае.
Кай рӯзе шавад қулфи ғарибӣ бишканад,
Ай дар дарой фарёд занӣ ку очае?
Фарзанд:
Муҳоҷирам, муҳоҷирам, муҳоҷирам, муҳоҷир,
Тақдири Илоҳист ин, чӣ қисмат, ин чӣ тадбир?
Фарзанд:
Эй очаи дилсӯхтаи зардоби ҷигар,
Меҳри ҳама дигар асту меҳри ту дигар.
Дур аз ту ғарибу мардикорам имрӯз,
Ин сина кабоб асту ҷигар лахчаи тар.
Модар:
Дар сараки дастархон ҷоят холие,
Эй бачаи мардикор чӣ ҳоле дорие?
Бо гардани каҷ сӯйи ҳавлӣ менигарум,
Насибаи ту мондай кай меойие?
Фарзанд:
Муҳоҷирам, муҳоҷирам, муҳоҷирам, муҳоҷир,
Тақдири Илоҳист ин, чӣ қисмат ин чӣ тадбир?
Эй оча сутуни хонаи фарзандӣ,
Эй оча ба доми қисматам пайвандӣ.
Ҳар намози шом дуои ҷони мо бигӯй,
Эй оча ба сӯзу дарди мо испандӣ.
Модар:
Ай хона баромадум дастум ба сарум,
Ай бачам ҷудо шидам доим касалум.
Оби чашмон равон аз сӯхтаи дил,
Дар гӯшаи танҳоиӣ рехтай ҷигарум.
Фарзанд:
Муҳоҷирам, муҳоҷирам, муҳоҷирам, муҳоҷир,
Тақдири Илоҳист ин, чӣ қисмат ин чӣ тадбир?
«Рӯзгор»
Шарҳҳо
????????????
- Бародар барои донищчуйне, ки аз марзи ватан дур хастанд як суруде эчод шавад бехтарин мешавад. Барои он ки донишчуени точике, ки дар тамоми чахон пахн шуда хонда истоаанд хеле зиеданд ва касе нест еди онхоро кунад. ))
- Администратор агар хамин номаро расонед ба бародар бехад минадорам.
Бо эхтиром Ислом Амири.
RSS Обуна