11:01:39 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

«РУСТАМ ВА ИСФАНДИЁР» НАВРӮЗИ ТОҶИКИСТОНРО ЗЕБОТАР КАРД

Шоми рӯзи 26-уми март мухлисони санъати театрии тоҷик ва меҳмонони пойтахт дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ намоишномаи нависанда ва коргардони маъруфи эронӣ Парӣ Собирӣ «Рустам ва Исфандиёр»-ро тамошо карданд. 

Ин намоишнома дар чаҳорчӯбаи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон маротибаи дуввум дар ин саҳна ба намоиш гузошта шуд. Бояд гуфт, ки дар намоиши аввал, ки як рӯз пеш баргузор гардид, тамошобинон нисбатан камтар ба назар мерасиданд. Вале рӯзи дуввуми намоиш толор пур аз мухлисони театр буд. Бо эҳтимоли зиёд овозаи намоишмаи дорои мазмуни хуб ва аз сӯи ҳунармандони эронӣ бо маҳорати баланд иҷро гардидани он  мухлисони бештареро ба толор кашондааст.

Пари СобириБа гуфтаи хонум Парӣ Собирӣ «Рустам ва Исфандиёр» панҷумин намоишномаест, ки ӯ аз рӯи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» рӯи саҳна овардааст. Қабл аз ин тамошобинони эронӣ ва бархе аз кишварҳои дунё асарҳои ӯ «Бежан ва Манижа», «Рустам ва Сӯҳроб» «Сӯги Сиёвуш» ва «Хафтхони Рустам»-ро  аз рӯи сюжетҳои «Шоҳнома» хеле хуш пазирфта буданд. Дар асл бошад хонум Парӣ Собириро дар Эрон ва хориҷ аз кишвар ҳамчун мубаллиғи осори  адабиёти тасаввуфӣ мешиносанд. Намоишномаҳои ӯ «Боғи Ирфон», «Ҳафт шаҳри Ишқ», «Шамси парранда», «Ринди хилватнишин», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун»», «Ман аз куҷо, Ишқ аз куҷо» дар ҳамин мавзӯъ эҷод шудаанд ва соҳиби ҷоизаҳои озмунҳои байналмилалӣ гардидаанд.

Масалан намоишномаи «Шамси парранда», ки рӯи осори Ҷалолиддини Румӣ таҳия шудаву  он муносибати байни Мавлавӣ ва Шамси Табрезиро ба риштаи тасвир кашидааст, аз сӯйи созмони байналмилалии ЮНЕСКО бо қимматтарин ҷоизаи ин ташкилот- нишони Ибни Сино қадрдонӣ шудааст. Фаронса низ заҳмати Парӣ Собириро  барои рӯи саҳна овардани «Шамси парранда» бо  олитарин мукофоти худ дар соҳаи фарҳанг нишони Шаволяй қадрдонӣ кардааст.

Аммо мо бармегардем ба намоишномаи «Рустам ва Исфандиёр».

Исфандиёр вақте ба воя мерасад дар сар фикри ба даст овардани тахту тоҷи падараш Гуштоспро мекунад. Айнан  ҳамон кореро, ки дар ҷавониаш Гуштосп барои ба даст овардани тахту тоҷи подшоҳии падараш Лӯҳросп карда буд. Мушовирони Гуштосп аз ин нияти Исфандиёр падарашро огоҳ месозанд. Падар Исфандиёрро ба зиндон меандозад ва худ бо айшу нӯш машғул мешавад. Аз ин шоҳи Тӯрон Арҷосп бохабар шуда болои Эронзамин лашкар мекашад ва духтарони Гуштоспро ба асорат мебарад.

Рустам ва ИсфандиёрГуштосп ноилоҷ мешавад, ки барои маҳв кардани душман писарашро аз маҳбас озод кунад. Гуштосп ба Исфандиёр ваъда медиҳад, ки дар сурати ғалаба бар Арҷосп подшоҳиро ба ӯ месупорад.  Исфандиёр Арҷоспро мағлуб месозад, хоҳаронашро аз банд раҳо мекунад, вале падар ба ӯ подшоҳиро намедиҳад. Гуштосп аз Исфандиёр талаб мекунад, ки барои он ки дар оянда орому осуда подшоҳӣ кунад, аввал Рустамро барояш дасту побаста биёрад. Исфандиёр ҳарчанд мекӯшад, ки падарашро аз ин нияташ баргардонад, намешавад.

Бо модараш Катоюн маслиҳат мекунад. Модар ба Исфандиёр маслиҳат медиҳад, ки аз ҷанги Рустам саркашӣ кунад. Вале Исфандиёр розӣ намешавад. Намехоҳад сухани падарашро гардонад ва бо ҳамроҳии писараш Баҳман ба ҷанги Рустам меравад. Ӯ аз Рустам талаб мекунад, ки «иҷозат диҳад то  ӯро дасту пояшро баста ба назди падараш бубарад. Баъд аз он ки падар подшоҳиро ба ӯ дод, ӯ Рустамро ба муроду мақсадаш хоҳад расонд. Агар Рустам бо ин шарт розӣ нашавад, бо ӯ хоҳад ҷангид».

Чунин дархости Исфандиёр бо ғурури Рустам созгор намеояд, Рустам кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, ки Исфандиёрро аз раъйаш баргардонад, вале намешавад. Дар ҷанги тан ба тан Исфандиёр чун рӯинтан буд, наздик буд, ки Рустамро мағлуб созад. Ба кӯмаки  Рустам падараш Зол ва Симурғ мерасанд. Бо маслиҳати онҳо Рустам аз чӯби газ найза сохта  бо камонғӯлак ба чашми Исфандиёр мезанад. Исфандиёр қабл аз маргаш аз Рустам хоҳиш мекунад, ки писараш Баҳманро ба тарбияи худ бигирад, зеро ӯ дигар аз падараш боварӣ надорад.

Ӯ акнун фаҳмидааст, ки падараш Гуштосп барои тахту тоҷ шуда ӯро ба коми марг фиристодааст. Рустам низ ваъда медиҳад, ки то ҷон дар  рамақ дорад, ин орзуи Исфандиёрро ҷомаи амал хоҳад пӯшонд. Аз ин фоҷиа Катоюн огаҳ шуда фарёд аз ҷигари сӯхта мебарорад. Нолаи Катоюни фарзандгумкарда қалбҳоро реш-реш месозад

Рустам ва ИсфандиёрЧунин ба назар мерасид, ки ду соат чӣ гуна тай шуд тамошобин эҳсос накард. Тӯли ин муддат борҳо кафкӯбиҳои беихтиёр сурат гирифтанд. Ин аз он гувоҳӣ медод, ки ҳар як сухани ҳунармандонро  тамошобин хуб мефаҳмад ва ҳар як ҳаракати онҳоро дарк ва қадрдонӣ мекунад.

Ҳам декоратсияи  саҳна, ҳам бозии ҳунармандон ва ҳам ороиши мусиқии намоишнома дилписанд буд. Агарчӣ декоратсия ва либоси ҳунармандон замони қаҳрамонони намоишномаро нишон медоданд, вале мусиқии спектакл, ки зинда дар дохили саҳна аз сӯи навозандагони ҳирфаӣ дар баробари созҳои суннатии уд, най бо истифода аз созҳои мусиқии муосир аз қабили трумпет, драм навохта мешуд, аз он гувоҳӣ медод, ки ин фоҷеа ба рӯзҳои мо низ дахл дорад. Ин қиссаест, ки  новобаста аз қавму миллат, мазҳабу дин хоси тамоми башар аст ва дар ҳар давру замон, мулку макон рух додаву дар ояндаҳо низ аз эҳтимол дур нест, ки рух хоҳад дод.

Чизи дигари ҷолибе, ки ба чашм мехӯрд ин дар саҳна зинда суруд хондани мардҳову  хонумҳо ва рақсидани онҳо буд. Рақсҳо маъмулан бо усули балет иҷро мешуданд. Он эҳсосотеро, ки намешуд бо сухан гуфта шавад, коргардон ва ҳунармандон бо рақси шевову зебои худ ифода мекарданд.

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо  муаллифи сенария ва коргардони намоишномаи «Рустам ва Исфандиёр» Парӣ Собирӣ мусоҳибае дошт, ки онро дар фурсати муносиб пешкаши Шумо муштариёни гиромӣ хоҳем кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi