08:24:18 26-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дирӯз, 25-уми март, дар чаҳорчӯбаи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бузурги Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ҳамоиши гиромидошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар он шоирону нависандагон, ҳунармандони мусиқӣ, аҳли зиё ширкат варзиданд.

Said Muhammad HusayniСаид Муҳаммади Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳозиринро бо баргузории ҳафтаи фарҳанг, иди Наврӯз табрик гуфта, нақши Фирдавсиро дар зинда нигоҳ доштани таърихи ниёгон, таҳкими эҳсоси ватандӯстиву ватандории мардуми эронинажод ва боло бурдани ифтихори миллӣ хеле бузург арзёбӣ кард.

Дар ин ҳамоиш шоирони эронӣ Яҳёи Толибиён, Парвиз Бегии Ҳабибободӣ, Сайиди Биёбонакӣ ва шоирони тоҷик устод Мӯъмин Қаноат, Раҳмат Назрӣ, Ҳақназар Ғоиб намунаи ашъори худро барои ҳозирин қироат карданд. Устод Мӯъмин Қаноат аз хотираҳои хеш дар бораи сафарҳояш ба Эрон ва таърихи эҷоди ашъори ба Эрон бахшидааш қиссаҳои ҷолибу муфидеро барои ширкаткунандагони ин маҳфил ироа кард.

Ҳозирин инчунин аз хунарнамоии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон, гурӯҳи  ҳунарии «Сомон» ва саҳнаороиҳои наққоли маъруфи Эрон Муршиди Аҳадӣ баҳраёб гардиданд.

Mumin KanoatДирӯз инчунин дар чаҳорчӯбаи рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ намоишномаи коргардон ва нависандаи маъруфи эронӣ, дорандаи ҷоизаи Ибни Сино ва Шаволяи Фаронса Парӣ Собирӣ «Рустам ва Исфандиёр» баргузор гардид.

Алоқамандони  ҳунари синамо  бошанд имконият доштанд, ки дар Кохи Ҷомӣ филмҳои ҳунарии «Юсуф Паёмбар» ва «Мулки Сулаймон»-ро тамошо кунанд.

Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон то 28-уми идома хоҳанд дошт.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi