00:40:44 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АҲМАД ЗОҲИР: «РИЁЗАТ МАРО АҲМАД ЗОҲИР КАРД!»-5

БО СИЛСИЛА ШӮХИҲО 
ВА МУСОҲИБАҲО

Бахши дуввум

Мусоҳиба бо сиёсатмадорони ватанӣ 
дар иртиботи шаҳодати Аҳмад Зоҳир

Доктор Багромвол: Ҷаноби Аълоҳазрат дар замони заъомати худ гоҳе овози Аҳмад Зоҳирро шунида будед?

Аълоҳазрат Зоҳиршоҳ: Бале, чаро на?

Доктор Багромвол: Ҷаноби Аълоҳазрат, ӯро чи гуна ҳунарманд арзёбӣ мекунед?

Аълоҳазрат Зоҳиршоҳ: Ман ҳунарманд набудам, ки ҳунари ӯро арзёбӣ мекардам.

Доктор Багромвол: Ҷаноби Аълоҳазрат, аз хабари қатлаш такон хӯрдед?

Аълоҳазрат Зоҳиршоҳ: На, ба Худо. Ман як подшоҳам. Намешавад, ки ба сари қабри ҳар фарди раъйиятам гиря кунам. Аз замони падари фақидам, Аълоҳазрати Муҳаммад Нодиршоҳи Ғозии шаҳид ва сайид то имрӯз ҳазорон ҷавон ба қатл расида. Барои ман душвор аст умрамро дар такон хӯрдан ва гиря кардан бигузаронам.

Доктор Багромвол: Ҷаноби раис давлат, ё раис соҳиби ҷумҳур Муҳаммад Довудхон, ҳунарманди маҳбуби кишвар, Аҳмад Зоҳирро мешиносӣ?

Муҳаммад Довудхон: Худам на. Вале фарзандонам ба ӯ алоқаи фаровон доштанд. Ба хусус Зарлаштҷон Аҳмад Зоҳирро то сатҳи парастиш дӯст дошт.

Доктор Багромвол: Хабари марги Аҳмад Зоҳир шуморо такон дод?

Муҳаммад Довудхон: Мо дар хуни худ меҷӯшидем. Ман худ мотамдори ҷавонони худ будам. Дар ман, кай тавон буд, ки дар ғами ӯ шарик мешудам ва такон мехӯрдам.

Доктор Багромвол: Ҷаноби Нурмуҳаммади Таракӣ, Аҳмад Зоҳирро мешиносӣ ва аз ҳунари ӯ хабар дорӣ?

Нурмуҳаммади Таракӣ: Ун золим ҳамеша форсӣ мехонд ва ман форсӣ намедонистам, чи гуна мумкин буд, ки аз ӯ шинохт медоштам. 

Доктор Багромвол: Ҷаноби Нурмуҳаммади Таракӣ, хабари марги ӯ шуморо такон дод?

Нурмуҳаммади Таракӣ: Бас, ҳамин қадар хабар шудам, ки Аминҷон Аҳмад Зоҳирро ба сарнавишти ман гирифтор кард.

Доктор Багромвол: Ташаккур, Роҳбари инқилоби кабири баргашт нопазири Савр ҷаноби Таракӣ!

Доктор Багромвол: Ҷаноби Ҳафизуллоҳи Амин қумандони далери инқилоби савр ба шарофате, ки надорӣ савганд бихӯр, ки духтарат бо Аҳмад Зоҳир робитаи номашрӯъ дошт ё ба сараш ҳила гирифтӣ?

Ҳафизуллоҳи Амин: Ба шарофати, ки надоштам ва надорам савганд мехӯрам, ки ба сараш ҳила гирифтам.

Доктор Багромвол: Ҷаноби Бабрак Кормал, дар ин шак нест, ки Аҳмад Зоҳирро хуб мешиносӣ. Талоши шумо мабнӣ бар ҷазбаш дар Ҳазби Парчам ба нокомӣ кашид. Вале хабари марги ӯ дар шумо чӣ асар дошт?

Бабрак Кормал:
Агар ман ҳар қадар муболиға кунаму марги Аҳмад Зоҳирро як зойияи бузург таъриф кунам, касе бовар намекунад. Мухолифини мо аз он таъбири дигаре мекунанд. Он ҳам ихтилофи шадиди маро ба Амин дар раъси қазия қарор медиҳанд. Аммо дар ҳақиқат марги Аҳмад Зоҳир барои миллати мо ҷуброннопазир аст. Валав ин ҳарфи маро содиқона напиндоранд.

Доктор Багромвол: Доктор Наҷибулло, саволоти маро дар иртиботи қатли Аҳмад Зоҳир аз зимомдорони пешини аз худ, пурра шунидед. Ба садоқати кадом якеи онҳо бовар дорӣ? Ва худат дар бораи марги Аҳмад Зоҳир чӣ мавзеъгирӣ дорӣ?

Доктор Наҷиб: Ба Худои бузург савганд ёд мекунам, ки агар дар гапи ҳар кадомашон садоқат бошад, ё набошад, вале дар гапи Бабраки Кормал садоқат нест.

Доктор Багромвол: Ҷаноби њазрати Соҳиб, назари шумо дар робитаи қатли Аҳмад Зоҳир чист?

Ҳазрати Соҳиб:
Мусиқӣ ҳаром аст.

Доктор Багромвол: Устод Бурҳониддин Раббонӣ, шумо дар иртиботи қатли Аҳмад Зоҳир чӣ мефармоед?

Бурҳониддин Раббонӣ: Номардона ва ҷоҳилона Аҳмад Зоҳирро шаҳид сохтанд.

Доктор Багромвол: Ҷаноби Мулло Умар, шумо дар иртиботи қатли Аҳмад Зоҳир чӣ назар доред?

Мулло Умар: Тасмими ман ва Ҳафизуллоҳи Амин бо ҳам мавозе аст. Мо ба номи илм, ҳунар, забон, фарҳанг, осори атиқа ва ҷадида чизеро намешиносем. Ай кош Аҳмад Зоҳир зинда мебуд, ки рӯзона даҳ бор болояш намоз мехондам. Аз пеши мо муфт парид.

Доктор Багромвол: Ҷаноби Аҳмадшоҳи Масъуд, шумо Аҳмад Зоҳирро чӣ ёфта будед? Қатли вайро чӣ навъ ҳодиса медонед?

Аҳмадшоҳи Масъуд: Аҳмад Зоҳир ҳунарманди арзишманди миллати Афғонистон буд ва ҳаст. Қарнҳо ба кор аст, ки модари даҳр Аҳмад Зоҳири дигаре бизояд. Аҳмад Зоҳир фолклори Панҷшерро, фолклори Афғонистон сохт. Ӯро номардона ва ҷоҳилона ва мутаъассибона куштанд. Марги ӯ як ҳодисаи дарднок аст. Ва қотилини ӯ то рӯзи абад мавриди нафрати амиқи мардуми чизфаҳми мо қарор ҳоҳанд дошт. Ёдаш гиромӣ ва равонаш шод бод.

Доктор Багромвол: Рафиқ Маҷид, худат чӣ?

Рафиқ Маҷид: Гапҳои ҳамаро дар мавриди Аҳмад Зоҳири фақид шунидам. Гапҳои бародарам Аҳмадшоҳи Масъудро низ шунидам. Бояд ҳамаи мо гапҳои огоҳона ва дурандешонаи Аҳмадшоҳи Масъудро дар иртиботи ҳунар ва қатли Аҳмад Зоҳири фақид мӯҳри тайид бизанем. Ман на танҳо равони ин фарзанди гиромии ватанро шод мехоҳам, балки равони падараш, ҷаноби Доктор Абдулзоҳир садри аъзами фақиду некноми ватанро низ шод талаб мекунам.

Ӯ миллати ба фақр кашида шудаи моро хуб шинохта буд. Ӯ писарашро табиби мо сохт. Аммо бевиҷдонони торихи ватан, ӯро монанди ҳазорон ҷавони дигар сар ба нести карданд то ин миллатро қарни дигар дар фақр, марз ва бесаводӣ қарор бидиҳанд. Ташаккур рафиқ Багромвол, аз ин пуружаи ҷадидат.

Доктор Багромвол: Мамнун, шаҳид Маҷид.

Доктор Багромвол: Ҷноби Доктор Файз, шумо дар мавриди ҳунар ва шаҳодати Аҳмад Зоҳир чӣ мефармоед?

Доктор Файз: Илм ва ҷаҳл, нав ва кӯҳна аз лаҳзоти пайдоиши худ то ин дам дар таззоди мутлақ қарор доранд. 

Аҳмад Зоҳир парваридаи як хонаводаи олим ва мунаввари ватан буд. Ӯ барои задани кӯҳна кор кард. Ҷаҳлу кӯҳна бо ҳам даст доданд Аҳмад Зоҳирро ба масобеҳи навтарини пайкоргари дунёи ҳунар ба нестӣ кашонданд. 

Ҳамон тавре, ки фақид Сорбонро дар фақру беморӣ сўхтонданд ва ба қаври шаҳид Маҷид сари ҳазорон навҷавони навандешро низ нобуд карданд ва ба коми маргашон кашонданд. Аммо Аҳмад Зоҳир то рӯзи абад барои миллати мо машъали фурӯзон хоҳад буд.

Доктор Багромвол: Хоҳари гиромӣ Хонум Маҳваш, бо вуҷуде, ки ихлосу муҳаббати шумо дар иртиботи ҳунар ва қатли Аҳмад Зоҳир хуб медонам, чӣ мешавад, ки бори дигар назаратонро дар замина иброз бифармоед?

Хонум Маҳваш: Куштии ҳунари мо ба хотири надоштани як қутбнамои нав пайваста дар баҳри гумномӣ ва торикӣ саргардон ва парешон буд. Ин Аҳмад Зоҳир буд, ки қутбнамои нави мо шуд. Киштии ҳунари моро самту ҷиҳат дод. Аммо афсӯс, ки кӯҳнапардозони торихзада, бо ӯ ҷанги нафратзадаро оғоз карданд ва дар ниҳоят ба маргаш кашониданд.

Аҳмад Зоҳир ба рости унсури риёзат буд. Ва бо риёзати худ қутбнамои киштии ҳунари як насл шуд, ки асароти он сад қарни дигарро зери таъсири зебоиҳои худ хоҳад дошт.

Доктор Багромвол: Ташаккур хоҳари гиромӣ, Хонум Маҳваш. Худат низ пешвои ин насл ҳастӣ.

Хонум Маҳваш: Мамнун, бародарам Доктор Багромвол.

Доктор Багромвол: Хоҳараки азизам Симо Тарона, агарчи худат хурдсолӣ, мушкил аз завоёи торик ва таъассубнокеро, ки дар достони ғамангези илм ва ҳунари ватани мо ҷо дода буданд, дарку ташхискунӣ, аммо ба таври яқин худат медонӣ, ки Аҳмад Зоҳир офтоби беғуруб аст. Ва камтар касеро мешиносем, ки аз вуҷуди ин офтоб инкор кунад. Худат ҳам аз ин офтоб ҳарорат гирифтӣ ва худат низ ситорагаки дурахшандае гаштӣ. Мешавад, ки ду-се калима дар иртиботи ҳунар ва қатли ин ҳунарманди арҷманд, Аҳмад Зоҳир чизе бигӯйӣ? Чун худут охирин меҳмони ин мизи гирди «Афғонистон тоймз» мебошӣ. Албатта соли оянда ба пойи сӯҳбати ёрони дигар хоҳем рафт.

Симо Тарона: Барои ман душвор аст, ки дар маърази сиёсатмадорони номии кишвар ва ба хусус ба ҳузури устоди гиромиам Хонум Маҳваш ибрози назар кунам. Аммо ҳурмати бекарону ҳаққи бепоёни Аҳмад Зоҳир ин офтоби беғуруб водорам мекунад, то мабнї бар риёзати виҷдони худам ва ба хотирхоҳии арбоби маърифат чизаке бигӯям. Шумо худ медонед, ки миллати огаҳ ва фарҳангиҳои азизи Тоҷикистон ба ҳамкории иддае аз ҳамватанони мӯҳтарами мо филмеро бо номи «Офтоби беғуруб» зери кор гирифтанд, ки соли дигар ба рӯи парда меояд.

Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ «Тулӯъи офтоб, далели офтоб» ин ном ва ин филми худ ба худ ҳувият дурахшида, поктарин ва бо ҳунартарин фарзанди ватан, Аҳмад Зоҳирро аз марзҳои ватан то он сӯи дарёи Омӯ ва баъдтаракҳо то турку тотораш мекашонад.

Ин худ ханҷари бераҳми замон ва торих аст, ки ба фарқи ҷӯҳол ва куднони ватании мо, ки худ ходимайни бевиқори аҷнабиё буданд, гуфта мешавад. Ҷон сипурдан дар зери ханҷари нокасон чандон соъоти давомдор нест.

Дар ҳақиқат, Аҳмад Зоҳир ва амсоли Аҳмад Зоҳирро қатл накарданд. Балки ӯ ва амсоли ӯро ҷовидонӣ сохтанд. Марг ҷуз ҳаёт аст. Аммо маргҳое аз навъи марги Аҳмад Зоҳир товони бисёр бекор дорад. Чунончи товон доданҳо идома дорад. Ба назари ман разилтарин аносир онҳоеанд, ки ирфону ҳунари мардумро ба ханҷари ҷаҳолат сар мезананду сарзаниш мекунанд.

Доктор Багромвол: Ташаккур, ҳунарманди ҷавони ватан, Симо Тарона.

Поёни бахши дуввум



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi