14:25:07 25-уми Майи 2025 сол

НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР

Ӯ шоири Ватан аст, барои Ватан биравад! Ватанро бори дигар аз дур бубинад, гоҳ-гоҳ дарди Ватан аз банди ҷигараш бигирад, ғаму дарди Ватанро боз ҳам ҷигарӣ бисарояд. Биравад, на Америка, Русия биравад -- Ватани шеър, он ҷо, ки мардум шеършиносу шеърпарваранд. Он ҷо мардум зиндагии шоирона доранд. Шеърбезор нестанд. Касе бо шеъри нозанин рӯтурушӣ надорад! Дар он ҷо тамошо мекунӣ:

 

Сарзамини нозанине,

Тар замини нозанине!

Сарзамини нозанин он,

Сар замини нозанинон!

 

Сарзамини барфрезе,

Сарзамини барфхезе!

Барфрезӣ то лаби бом,

Барфхезӣ то лаби бом!

 

Мешавӣ чун гурги масте,

Меравӣ чун гурги масте!

Барф мечошӣ ба ҳар сӯ,

Барф мепошӣ ба ҳар сӯ!

 

Сина дар барфаш бимолӣ,

Сина дар барфаш, биболӣ!

Мекашӣ ҳар сӯй бӯе,

Мекашӣ ҳар сӯй ҳӯе!

 

Мезанӣ дар барф сина,

Меканӣ дар барф сина --

Синаҳои нозанине,

Синаҳои нозанине!

 

Нозанин хуш синае,

Нозанин хушсинае!

Синаҳо танги таранге,

Синаҳо ранги баранге!

 

Синаҳои тангбаста,

Синаҳои сангбаста!

Синаҳои танги танге,

Синаҳои санги санге!

 

Мезанӣ дар танги сина,

Мезанӣ дар санги сина,

Меканӣ сарсанги сина,

Меканӣ ҳар санги сина!

 

Танги синаш мекушоӣ,

Санги синаш мекушоӣ!

Мекушоӣ масти нозаш,

Мекушоӣ масти созаш!

 

Нозанин бо сина нозад,

Нозанин бо сина бозад!

Нозанини синасозе,

Нозанини синабозе!

 

Масти бозӣ мешавие,

Масти нозӣ мешавие,

Масти нозе мешавие,

Масти созе мешавие!

 

Маст месозад баҳораш,

Маст менозад баҳораш!

Нозанинон масти нозанд,

Нозанинон масти созанд!

 

Нозанинон маст нозанд,

Нозанинон маст созанд!

Нозанинон маст бозанд,

Нозанинон мастбозанд!

 

Нозанинон даста-даста,

Нозанинон раста-раста!

Даста-даста дастагулҳо,

Раста-раста раста гулҳо!

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ