САФАРИ ФАРҲАНГИЁНИ ТОҶИКИСТОН БА АФҒОНИСТОН
Имрӯз, 29-уми ноябр, як ҳайати фарҳангии Тоҷикистон иборат аз овозхонҳо ва муҳаққиқони соҳаи мусиқӣ барои ширкат кардан дар Симпозиуми баналмилалии сурудҳои сӯфиёна озими Афғонистон шуд. Ба ин Симпозиум, ки фардо дар шаҳри Кобул оғоз ба кор мекунад ва ду рӯз идома хоҳад дошт, намояндагон аз кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон ва ғайра даъват шудаанд.
Тибқи иттилои вобастаи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Шамсулҳақи Ориёнфар, ба ҳайати Тоҷикистон Аскаралӣ Раҷабов, доктори илмҳои таърих, корманди Академияи Улуми Тоҷикистон, пажӯҳишгари таърихи мусиқии тоҷик ва инчунин овозхонҳои маъруфи тоҷик, Файзалӣ Ҳасан, Ҳофизи мардумии Тоҷикистон, Муҳаммадалӣ Аюб, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва Умар Темур, сарояндаи сурудҳои тасаввуфӣ шомил ҳастанд. Тибқи барномаи Симпозиум дар он олими тоҷик Аскаралӣ Раҷабов дар иртибот бо мусиқӣ ва олами тасаввуф маърӯза хоҳад кард.
«Ман як силсила ғазалҳои ирфонии шоирони ориф Мавлавии Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил ва ғайраро пешкаши алоқамандони суруду таронаҳои сӯфиёнаи афғон хоҳам кард. Умедворам ин таронаҳо писанди хотири ҳаводорони суруду мусиқӣ хоҳанд шуд,- гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигонри сомонаи «Рӯзгор» Файзалӣ Ҳасанов.
Хотиррасон мекунем, ки чанде пештар як ҳайати овозхонҳои тоҷик таҳти сарварии Ҳунарманди мардумии кишвар Давлатманд Холов дар як фестивали байналмилалии сурудҳои тасаввуфӣ дар пойтахти Норвегия шаҳри Осло ширкат варзиданд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3704-2010-11-29-14-39-27.html