01:06:01 01-уми Июли 2025 сол

“РУСТАМ ВА СӮҲРОБ” БО ҶОИЗА БАРГАШТ

Театри давлатии русии ба номи В.Маяковский аз Фестивали байналмиллалии театрҳои касбӣ ”Белая вежа”, ки дар шаҳри Брести Белоруссия баргузор гардида буд, бо ҷоизаи «Беҳтарин ансамбли театрӣ» баргашт. Дар ин ҳамоиши байналмилалии  театрҳо, ки коллективҳои онҳо аз  46 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд, намоишномаи адиби классики рус В.Жуковский “Рустам ва Сӯҳроб, ки аз рӯи асари А.Фирдавсӣ “Шоҳнома” гирифта шуда, онро коргардони шинохтаи тоҷик Султон Усмонов таҳия кардааст, сазовори ҷои чорум дониста шуд.

 

Агар ба ҳисоб гирем, ки дар ин ҷашнвора коллективҳои театрӣ аз Бритониёи Кабир, Русия, Украина, Эрону Ҳиндустон ва ғайра барин кишварҳои дар соҳаи театр пешрафта ширкат карданд,  ин комёбии ҳунармандони театри русии ба номи Маяковскии пойтахт хеле назаррас аст. Нақшҳоро дар намоишномаи мазкур ҳунармандони маъруф Фирӯза Раҳмонова, Мавлонбибӣ Наҷмуддинова, Дмитрий Музинов, Хуршед Мустафоев ва дигарон  иҷро намуданд, ки сазовори қадрдонӣ гардиданд.

 

Ёдовар мешавем, ки ин фестивал ҳамасола дар Белоруссия баргузор мегардад ва дар он беҳтарин театрҳои олам ширкат меварзанд. Мавриди зикр аст, ки театри мазкур аз 1-ум то 10-уми октябри соли ҷорӣ, бо даъвати ходимони театри Русия ба шаҳрҳои Брянск ва Орёл сафари ҳунарии худро бо чор намоишнома- “Се хоҳарон”-и А.Чехов, “Рустам ва Сӯҳроб”-и В. Жуковский, “Ишқи аввали Насриддин”-и Т. Зулфиқоров ва афсонаи “Алибобо ва роҳзан” анҷом хоҳанд дод.

 

Пӯлод Зубайдӣ, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3233-2010-09-29-05-45-44.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ