01:59:11 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/15_zafar_nozim_222'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/15_zafar_nozim_222'

СОРБОНИ КОРВОНИ МУСИҚӢ

Аз даргузашти устод Зафар Нозим, яке аз бузургтарин хунёгарони ҳунари мусиқии муосири тоҷик, чил рӯз гузашт. Маъмуланбо сипарӣ шудани ин мӯҳлатдар ҳама ҷо аз ашхоси реҳлатнамудаба некӣ ёд менамоянду барояшон дасти дуои хайр мекушоянд. Мо низ аз ин анъанаи нек пайравӣ мекунем… Зафар Нозим. Баробари ба забон овардани номи ин марди ҳунар чизи дигаре низ дар зеҳнӣ мо ҳувайдо мешавад. Суруди «Эй сорбон». Бале, Зафар Нозим агарчи аз сарояндаҳои аввалини ин таронаи ҷовидонӣ набошад ҳам, вале онро тарзе сурудааст, ки дар тамоми кишварҳои форсизабон шеваи хондани ӯро ҳунармандони мусиқӣ ва мусиқашиносон аз навъи беҳтаринҳо эътироф кардаанд.

 

«ЭЙ СОРБОН»-РО АВВАЛИН БОР КӢ СУРУДААСТ?

Бо эҳтимоли зиёд на ҳама аз таърихчаи ин таронаи машҳур ва дилошӯб воқифанд. Бахусус насли ҷавон. Бархе аз намояндагони насли кӯҳансол ва миёнсол шояд бо боварии том бигӯянд, ки ин таронаро бори аввал Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон, овозхони машҳури ҷумҳурӣ, устод Зафар Нозим сурудаанд. Аз ҷумла, мо низ як вақтҳо дар ҳамин ақида будем. Ва рӯзе барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъалаба пои сӯҳбати устоди шодравонЗафар Нозим нишастем.

 

Сарояндаи хушилҳон оиди ин мавзӯъ дар ихтиёрӣ мо иттилои хеле муфиде гузоштанд. Ба гуфтаи устод Зафар Нозим тибқи баъзе манбаъҳое, ки мутаассифона, онҳоро дар ёд надоранд, суруди «Эй сорбон»-ро аввалин маротиба бо ҳамин оҳанги машҳур аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар Покистон зане бе асбоби мусиқӣ сароидааст. Баъдтар онро зани дигаре бо номи Хонум Даштӣ дар Эрон хондааст.

 

Ва аммо худи устод Зафар Нозим таронаи «Эй сорбон»-робори аввал соли 1958 ҳангоме, ки як гурӯҳи калони ҳунармандони афғонӣ дар Душанбе дар сафари ҳунарӣ буданд, аз забони овозхони машҳури афғон оқои Абдуҷалил Залонд шунидаанд. Он вақт оқои Залонд таронаро зери навои оркестри асбобҳои миллии афғонӣ суруда будааст. «Он замон ин тарона болоиман чандон таъсире нагузошта буд», - ба ёд овардандустод Зафар Нозим.

 

ШУНИДАНИ «ЭЙ СОРБОН» АЗ ЗАБОНИ СОРБОН ХУШ АСТ

Соли 1961 дар Эрон Конгресси мусиқии халқҳои Шарқ баргузор гардид. Устод Зафар Нозим дар ин маърака ҳамчун намояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар қатори чанд нафари дигар ширкат варзиданд. Зимнан мегӯем, ки устод Зафар Нозим Хонум Даштиро дар ҳамон ҷо мебинанд ва сурудҳояшро мешунаванд. Ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ баъди хатми Конгресс ба ватан аз тариқи Кобул – пойтахти Афғонистон бармегардад.

 

 

Дар Кобул аз ҳунармандони шӯравӣ хоҳиш мешавад, ки барои алоқамандони ҳунари мусиқӣ чанд консерт бидиҳанд.Устод Зафар Нозим ба ёд меоранд, ки баъди анҷоми як консерт ҷавоне ӯро ҷустуҷӯ карда ба меҳмонхона меояд. «Вақте, ки худро Абдураҳими Сорбон гуфта маъруфӣ кард, хеле ҳам хурсанд шудам»-, мегӯяд устод Зафар Нозим ва идома медиҳад: «Овози ӯро аз тариқи радио тез-тез мешунидам ва сабки сурудхониаш ҳам ба ман хеле маъқул буд. Махсусан, ана ҳамон суруди «Эй сорбон» дар иҷрои ӯ хеле ҳам гуворову олиҷаноб садо медод.

 

Тарзи хониши ин тарона дар иҷрои ӯ аз дигарон фарқ мекард. Дар ҳамон сӯҳбати тӯлонӣ ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки бароям суруди «Эй сорбон»-ро бихонад. Ӯ хоҳишамро ба ҷо овард. Ба ростӣ, моту мабҳути овози Сорбон шудам. Дар анҷоми суруд аз ӯ хоҳиш кардам, ки иҷозат диҳад ин таронаро ба репертуари худ ворид карда, дар Тоҷикистон онро бисароям. Бо як хурсандии бузурге ин хоҳиши маро пазируфт. Ва дар навбати худ илтимос кард, ки ман низ ба ӯ як сурудамро бидиҳам то ӯ низ дар консертҳояш он таронаро ҳамчун ёде аз дӯст бихонад. Ман ба ӯ таронаи «Нинойҷон»-ро, ки ҳамон вақтҳо дар байни ҷавонони ҷумҳурӣ хеле машҳур буд, пешкаш кардам. ӯ низ бо хурсандӣ ин таронаро пазируфт. Ва ба зудӣ ман аз радиои Афғонистон ин суруди худро дар иҷрои Абдураҳими Сорбон шунида хеле хурсанд шудам. Вале дар тафовут аз Сорбон ман муддати қариб се сол суруди «Эй сорбон»-ро ба рӯи саҳна набаровардам. Сабабҳо гуногун буданд».

 

«ЭЙ СОРБОН»-РОЗАФАР НОЗИМ БОРИ АВВАЛ КАЙ СУРУД?

«Соли 1964 охирҳои моҳи май ё аввалҳои моҳи июн буд. Се рӯз пеш худораҳматии модарам аз дунё даргузашта буданд. Азодор будам. Дар Душанбе кадом як чорабинии сиёсие мегузашт, ки дар он қариб аз тамоми кишварҳои исломӣ намояндаҳо буданд. Яке аз кормандони масъули ҳукуматӣ Низорамоҳ Зарифова он рӯз ба хона омада аз ман хоҳиш намуд, ки ҳатман дар консерте, ки барои иштирокчиёни он форум барпо мешавад, ҳунарнамоӣ кунам.

 

Инро роҳбарияти ҳамон вақтаи ҷумҳурӣ тақозо кардааст. Бо вуҷуди азодор буданам ман натавонистам ҷавоби рад бидиҳам. Не, на барои он ки аз касе ё чизе дар ҳарос будам, ё чизи дигар. Ман ҳамчун нишонаи эҳтиром ба роҳбарият розӣ шудам ба ин иқдом. Ана маҳз дар ҳамин консерт ман бори аввал таронаи «Эй сорбон»-ро хондам. Ҳоло гуфта наметавонам, ки барои чӣ маҳз дар ҳамин консерт. Шояд барои он бошад, ки ин ғазал ҳамон замон ифодагарӣ ҳолати рӯҳӣ ва дарду андӯҳи бепоёни ман буд. Зеро ман қимматарин бароям инсонро чанд рӯз пеш гум карда будам. Вақте авҷи таронаро мехондам

 

Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъи сухан,

Ман худ ба чашми хештан, дидам, ки ҷонам меравад.

 

хаёлан лаҳзаҳои охирини ҳаёти модари азизамро ба хотир меовардам ва эҳсосоти бузурге маро фаро гирифта буд. Шояд ҳамин эҳсосот дар ҳамон лаҳза тавассути ин тарона ба мухлисон гузашта бошад, ки баъди анҷоми суруд тамошобинон ба по хеста, то дербоз кафкӯбӣ карданд»-, ба ёд меоранд устод Зафар Нозим.

 

Нахуст намоишисуруди «Эй сорбон» дар иҷрои устод Зафар Нозим дар чунин як ҳолати барои ӯ мураккаб, ва мушкил тахминан 40 сол қабл ба вуқуъ пайваста буд. Бале, он вақт мухлисон таронаро хеле хуб пазируфта буданд ва дар ҳар як консерти устод Зафар Нозим аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки ин сурудро такрор ба такрор иҷро кунад. Овозаву шӯҳрати суруди «Эй сорбон» дар иҷрои устод Зафар Нозим берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ рафт.

 

Қариб дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин сурудро медонистанд ва дӯст медоштанд. Баъзе аз овозхонҳои дигар халқияту миллатҳо онро ба репертуари худ ворид карда буданд. Масалан, овозхони хушадои озарбойҷонӣ Назокат Мамедова дар як сафари ҳунарии худ ба Тоҷикистон тӯли ду рӯз аз устод Зафар Нозим нозукиҳои иҷроиши суруди «Эй сорбон»-ро омӯхта, сипас онро ба репертуари худ дохил намудааст.

 

«ЭЙ СОРБОН»-РО АЗ САР БИХОН!

Соли 1967 даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мегузашт. Дар консерти хотимавӣ мизбонон аз устод Зафар Нозим хоҳиш карданд, ки маҳз суруди «Эй сорбон»-ро бихонад. Устод Зафар Нозим як одати аҷибе доштанд. Баъд аз он ки барандаи консерт навбати ӯро эълон мекард, устод аз паси пардато байни саҳна, яъне тоназди микрофон, сурудхонон меомаданд.

 

Аз ин амали устод Зафар Нозим мухлисонашон медиданд, ки садои ӯ чӣ гуна бе микрофон низ қавӣ аст. Дар Москва, дар саҳнаи Қасри Съездҳо низ устод ба ҳамин анъанаи худ содиқ монданд, бехабар аз он ки саҳнаи Қасри Съездҳо хеле бузургтар аз саҳнаҳои театрҳои тоҷик аст. Устод сурудхонон то ба назди микрофон омаданд, ки тарона поён ёфт. Акнун мехостанд ба хондани таронаи дигаре бипардозанд, ки вазири маданияти Тоҷикистон шодравон Меҳрубон Назаров аз қатори аввали толор овозашонро баланд карданд:

 

- «Эй сорбон»-ро якбори дигар аз сар бихон, Зафарҷон!

 

Устод Зафар Нозим боз аз сари нав ба хондани суруди «Эй сорбон» шурӯъ карданд. Мавҷи қарсак фазои толорро фаро гирифт. Баъди анҷоми суруд аввалин гулдастаро ба устод Зафар Нозим олими маъруфи адабиётшинос, шарқшиноси бузург Иосиф Самойлович Брагинский тақдим намуд ва ба назди микрофон омада ба тамошобинон муроҷиат кард:

 

- «Дӯстони гиромӣ, шумо имрӯз шоҳиди он будед, ки чӣ гуна беҳтарин ғазали адабиёти классикии тоҷикро беҳтарин овозхони муосири тоҷик бо беҳтарин оҳанге ба шумо тақдим намуд. Агар аз ғазали Саъдии бузург «Эй сорбон»бон, бон, бон, бон, мо садои зангӯлаҳоро бишунавем, бо «Эй сорбон»-и Зафар Нозим мо гӯё худ ба сафар баромадаем. Оҳанги тарона моро хаёлан ба кишварҳои орзуҳои нек раҳнамун месозад…»

 

СОРБОН СЕ КОРВОНИ СУРУД

Дар ҳакиқат, он солҳо ин ғазали зебои Саъдии Шерозӣ маъруфтарин ва маҳбубтарин асари назмии адабиёти классикӣ дар байни ҷавонон ба шумор мерафт. Аз хурд то калон қариб, ки ҳама онро азёд медонистанд. Дар лаҳзаҳои ҳиҷрону фироқ аз дӯсту ошиқу маъшуқ онро бо он оҳанги марғуб замзама мекарданд. Ҳатто ҳангоми сафар тавассути мошинҳо ё дигар нақлиёт ин таронаро мусофирон ё гуселкунандагони онҳо мехонданд.

 

Маҳз дар ҳамин давра устод Зафар Нозим боз ду ғазали Саъдии Шерозиро ба оҳанг дароварда, бо меҳр ба онҳо «Сорбонива «Сорбониномгузорӣ кардаанд. «Сорбони 2» ин ғазали «Бигзор то бигирям, чун абр дар баҳорон» ва «Сорбони 3» ғазали «Охир нигоҳе боз кун, вақте, ки бар мо бигзарӣ» мебошанд. Барои ҳамин ҳам ҳамон вақт шӯхиомез устод Зафар Нозимро «Сорбони се корвони суруд» мегуфтанд.

 

Оё ин таронаро ба ғайр аз устод Зафар Нозим аз овозхонҳои тоҷик касе дигаре хондааст? Бале, пеш аз ҳама инҳо шогирдони мактаби эҷодии устод Зафар Нозим аз қабили Бобоҷон Азизов, Аҳмадҷон Муҳаммадиев, Давлат Муқимов, Қадим Хоҷаев, Иззатулло Амонов ва ғайраҳо буданд. Баъдан устод Ҷӯрабек Муродов ин сурудро бо шеваву услуби шевои ба худ хос дар ҳамон оҳанги қадима хондаанд.

 

Аз овозхонҳои машҳури Шарқ шодравон Аҳмад Зоҳири нотакрор, хонум Гугуши бесобиқа ин таронаро бо як самимияти баланди ба худ хос пешкаши мухлисони худ кардаанд. Ин суруд дар иҷрои ин овозхонҳо таровату рангу бӯи дигаре дорад. Вале аз чӣ бошад, ки бисёранд онҳое, ки аз шунидани «Эй сорбон» дар иҷрои Зафар Нозим бештар хушашон меояд. Ба ҳар ҳол ҳамон вақтҳо мегуфтанд ва ҳоло ҳам мегӯянд, ки «Эй сорбон»-и Зафарро касе беҳтар аз Зафар нахондааст. Охир, ӯ худ сорбони ҳунари мусиқӣ аст…

 

Султони Ҳамад, «Имрӯз news»

http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3125-2010-09-15-06-17-47.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi