04:45:34 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/15_sami-yusuf_17254'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/15_sami-yusuf_17254'

САМИ ЮСУФ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Интизор меравад рӯзҳои 6-7-уми моҳи октябр Сами Юсуф, овозхони маъруфи сурудҳои мазҳабӣ,  бо як сафари ҳунарӣ ба Душанбе омада, дар «Кохи Борбад» консерт баргузор мекунад. Воқеан имсол «Кохи Борбад» соли ситораборон буд ва овозхонҳое чун Дима Билан, Максим, Бенёмин  ва  Валӣ  низ  дар ин толори бузург барномаҳои консертӣ доштанд. Аммо омадани Сами Юсуф  худ пайғоми дигарест, чун ӯ дар Тоҷикистон аз шӯҳрати камназир бархӯрдор аст.

 

Суруди «Ҳасбӣ Раббӣ» ё «Бароям Оллоҳ кофист»-и ин овозхонро аксари кулли мардуми тоҷик ҳифз медонанд. Сами Юсуф соли 1980 дар шаҳри Теҳрон, дар оилаи озорбойҷоние чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳангоме, ки 3-сол дошт, оилаи онҳо ба Лондон мекӯчад ва то имрӯз онҷо зиндагӣ мекунад. Маълумоти ибтидоии мусиқиро аз падараш гирифтаву баъдтар таҳсилашро дар маъруфтарин мактаби мусиқии дунё - Академияи шоҳигарии Британия идома медиҳад.

 

 

Албоми нахустини ӯ соли 2003 бо номи «Ал муаллим» нашр шуда, барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ оварда буд. Албоми дигари ӯ «Уммати ман» низ қариб миллион нусха ба фурӯш рафт. Сами ишқи романтикиро васф намекунад. Ӯ танҳо мафтуни ишқи Парвардигор асту танҳо ӯро васф мекунад. Дар ҳамин ҳол мусиқишиносон бар ин назаранд, ки таронаҳои Сами Юсуф як навъ «посухи ислом ба роки насрониҳост».

 

Баҳманёр Муродов, «Имрӯз news»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3123-2010-09-15-05-56-11.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854