САДРИДДИН АЗ ЛОНДОН ЧӢ ОВАРД?
Соати 4-и субҳи имрӯз, 15.09.10, овозхони шинохтаи тоҷик Садриддин Наҷмиддин баъди як сафари бобарори ҳунарие, ки дар шаҳри Лондони Бритониё дошт, ба Душанбе бозгашт. Ёдовар мешавем шоми якшанбе 12-уми сентябр Садриддин ҳамроҳи Валии Ҳиҷозӣ, овозхони афғони муқими Олмон дар яке аз толорҳои консертии Лондон барномае иҷро карданд, ки мақбули ҳамагон гашт. Махсусан оҳанги “Гули ноз”- и Садриддин аҳли толорро тасхир намуд.
Аммо ин бори нахуст нест, ки ӯ дар консертҳои хориҷ аз кишвар муваффақ мешавад. Садриддин қаблан дар Дубай ва Амрико низ барномаҳои консертӣ иҷро карда буд. Оқои Қамариддин, продюссери ин овозхон, ба хабарнигори Имрӯз news иттилоъ дод, ки рӯзи панҷшанбе, 16-уми сентябр, Садриддин Наҷмиддин нақша дорад дар толори Иттифоқи Журналистон бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ нишасти матбуотие баргузор намояд ва аз натоиҷи сафараш иттилоъ диҳад.
Баҳманёр Муродов, «Имрӯз news»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3122-2010-09-15-05-52-49.html