ЗАФАРИ СӮФӢ: БАРЗУ МОРО БА ҲУШЁРӢ ДАЪВАТ МЕКУНАД
Посух ҷӯстан ба пурсишҳои газанда, ки бархоста аз вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар аст, дар ҳама давру замон як рисолати аслӣ ва асосии рӯшанфикроне мисли Барзу Абдураззоқов будаву хоҳад буд.
Ҳоло дар вазъи имрӯзи кишвар, дар бетафовутиву лоқайдӣ ва яъси фарогир дар ҷомеа садо баланд кардани Барзу шояд барои хелеҳо сахт бирасад ва хелеҳоро нороҳат кунад. Аммо ин муҳим нест, зеро дар таҷрибаи худ, пас аз хондани ин матлаб, бовар ҳосил кардам, ки садои Барзу ва пурсишҳои бепосухи ӯ дар ин матлаб барои афроде мисли камина даричае ба сӯи умед аст. Мо, ки дар мунчалоби яъсу гирифторием ва аз лоқайдии атрофиён ба дарди ҳамдигар сахт ранҷ мебарем бо хондани матолибе мисли навиштаи Барзу ба ин бовар мерасем, ки танҳо нестем.
Мо ғуссаҳоро ба ҳам қисмат карданҳоро одат кардаем ва шодиҳоямонро намехоҳем бо дигарон қисмат кунем. Аз ин дидгоҳ, ҳарчанд ин матлаб низ қисмат кардани ғуссаҳо ва пайдарпай гузоштани пурсишҳои бепосух аст, боз зояндаи умед аст ва ҳамин умед аст, ки моро ба фардо ва ба ояндаи ин миллат ва ин марзу бум умед мебахшад. Зеро барои мо тира ва норӯшан будани ояндаи ин миллату ин марзу бум баробар бо марг аст. Ин дар ҳолест, ки матлаби Барзу садои ҳушёрӣ ва даъват ба ҳушёрона зистан мебошад.
Зафар Сӯфӣ, «ИмрӯзNews», 06.09.10
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3110-2010-09-14-04-28-27.html