«НАҲАНГҲО МОРО МЕХӮРАНД!»
Боре шабона аз тариқи шабакаи «Ҷуғрофиё» чунин як саҳнаро тамошо кардам. Дар ин барнома як гурӯҳи моҳишинос роҳи муҳоҷирати китҳои кабудро аз Қутби шимол то соҳили Колифорния, яъне аз обҳои сард ба гарм пажӯҳиш мекарданд. Байни наҳангҳои муҳоҷир як наҳанги мода ҳамроҳи бачааш буд.
Наворбардории зериобӣ нишон медод, ки чӣ гуна модаркит ба фарзанди худ бомеҳр ва ғамхорона муносибат мекунад, чӣ гуна ин ҷуссаи азими 30-тоннаӣ кити кӯчакро, вақте хаста мешуд, рӯи худ мегирифт, чӣ гуна ба ӯ ғизо медод, вақте бачакит шир мехост, ё чӣ гуна вақте бачакити шӯх аз пушти моҳичае шино карда дур мерафт, сабурона интизор мешуд ва ҳангоме, ки ҳисси кунҷковии бачакит қонеъ мешуду назди модар бозмегашт, чӣ гуна бо болҳои мисли боли Симурғ бузурги худ ӯро дар оғӯш мегирифт.
Ҳамин тариқ, модар ва бачакит ба истиқболи сарнавишт шино мекарданд ва аз галаи худ оқиб мемонданд. Гӯё ин зиндагии орому фориғболона поён надошт. Аммо … ногаҳон фалокат рух дод. Аз қаъри торики уқёнус бар зидди онҳо як галаи кӯсаҳои сиёҳ ҳуҷум кард. Маълум, ки зӯри кӯсаҳо ба модаркит намерасид, бинобар ин ба сӯи бачакит ҳуҷум карданд.
Кӯсаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: як гурӯҳ бояд бо ҳуҷум ба модаркити парешон ва нороҳатшуда таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб менамуд, дар ҳамин вақт гурӯҳи дигар ба бачакити саросемашуда ва бепаноҳ ҳуҷум мекард. То он ки ҷуссаи бузург ва ноҳинҷори модари фиребхӯрда ба сӯи бачакити танҳо чарх мехӯрд, сонияҳои бераҳм мегузаштанд ва шояд дақиқаҳо, ки дар ин муддат даррандаҳои чобук ва ҳиллагар бадани фарзанди ӯро пора мекарданд.
Ба ҳар ҳол, вақте ӯ то нуқтаи фоҷеа шино мекард, тактикаи кӯсаҳо такрор мешуд, яъне ҷалби таваҷҷӯҳ аз тариқи ҳуҷум. Ва боз ҷисми ноҳинҷор ва боз чархиши тӯлонӣ ва дар ин муддат айшу ишрати бераҳмона ва гурӯсначашмона идома дошт. Вақте кӯсаҳо сер шуда ба сатҳи болои об шино карданд, дигар он бачакити шӯх вуҷуд надошт, балки рӯдаҳои порашуда,обшӯш, дум ва устухонҳои шиновар дар изи хун монда буду бас.
Модаркит ба ин пораҳои даҳшатзо рӯ ба рӯ шуда, бо фук пораҳои ҷисми бачаашро як ба ин сӯ ва як ба он сӯ тела медод, аз афт мехост ҷисмеро, ки дигар ҳеч гоҳ зинда нахоҳад шуд зинда созад… Баъд торикӣ фаро расид, шаб шуд. Сангпуштҳои баҳрӣ, ки аз он наздикӣ шино мекарданд, дар рӯшноии хираи моҳ бо ҳайрат медиданд, ки як кити азимҷусса ҷисми ҳайвоне пора-пора ва барои онҳо ноошноро дар оғӯш гарифтаву беист нола мекунад… Баъд субҳ дамид. Мазмун, беҳуда будани талошҳои худро модаркит дарк кард ва болҳои худро афшонду оромона ва зулмати уқёнус шино кард…
Мепурсед манзурам чист? Ҳоло мегӯям. Нисфирӯзӣ, вақте дар рӯи саҳна намоиши ҳамин ҳоло тамриншударо баррасӣ мекардем, яке аз ҳамкорон омаду хабар дод, ки субҳ дар Хуҷанд амали террористӣ анҷом гирифта ва боз изофа намуд: «Мегӯянд, ки қурбонии зиёд шуда». Ҳамаро сукут фаро гирифт. Зоҳиран пас аз ин хабар ҳатто идомаи сӯҳбат бемаънӣ буд ва фикр мешуд ҳама хомӯшона аз ҳам ҷудо мешаванд ва ҳар кадом ба гӯшае мераваду пеши худ ин фоҷеаро таҳаммул мекунад.
Беш аз ин намоишномаи мо перомуни инсондӯстист ва мо дар рӯи саҳна перомуни инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва мафҳумҳои ин гуна сӯҳбат доштем. Аммо хеле шигифтовар, ки пас аз сукути кӯтоҳе сӯҳбати мо айнан аз ҳамон ҷое, ки қатъ шуда буд, ба ҳамон оҳанг идома ёфт. Пас аз итмоми баррасӣ низ мо барои чанд лаҳза дар театр мондем. Кадоме дар бораи чизе ҳарф мезаду дигарон механдиданд, дигарӣ рӯи саҳна монда буду нақши худро тамрин мекард, дигарӣ хаста дар толор нишаста буду зери бинӣ оҳангеро замзама мекард, боқимонда либосҳояшонро иваз кардаву ба хонаашон рафтанд.
Тибқи одат, ки ҷараёни тамрини намоишномаро дар дафтари хотирот менависам, ба толори хурд баромадам, дафтарро боз кардаву ҳама эродҳое, ки ба ҳунарпешаҳо доштам, якояк рӯи коғаз кӯчондам. Вақте ҳамаро навиштам ва навиштаро аз назар гузарондам, ба назарам омад, ки дар навишта чизе намерасад, чизеро фаромӯш кардам, ин «чизе» аз ҳамаи он чи навиштам муҳим ва асосӣ буд! Боз хаёлан ҳамаи раванди тамринро пеши назар овардам, боз навиштаро аз назар гузарондам, аммо ин «чизе» мушаххас нашуд… Ва ногоҳ дар мағзам чеҳраи ҳамкорам ҷилва намуд: Амали террористӣ! Дар Хуҷанд! «Қурбониён зиёд!»
Дар як лаҳза аз пеши назарам ҳазорон чеҳра гузар кард, чеҳраи одамоне, ки дӯсташон дорам, одамоне, ки як замон бароям азиз буданд, шиносҳо ва нимашиносҳо, ки панҷ сол паҳлӯ ба паҳлӯ бо ман зиндагӣ карданд, бо ман ғуссаҳову шодиҳояшон ва як буридаи нонро қисмат намуданд. Ман карахт шудам! Амали террористӣ дар Хуҷанд ва қурбониёни зиёд, аммо ман чӣ кардам?
Чӣ гуна мешавад дар бораи чизи дигаре фикр кард, сӯҳбат намуд, шӯхӣ карду хандид?! Охир ин амали террористӣ на дар Покистон, на дар Ироқ ва ё на дар Афғонистон, балки дар ин ҷо, дар хонаи мо рух дода, дар фосилае, ки даст дароз кунӣ, мерасад… Қурбониён аз моянд! Хешовандони мо! Аммо ман чӣ кор кардам?
Хеле вақт худро барои бетаваҷҷӯҳӣ ва бешафқатӣ сарзаниш кардам, то ин ки баногоҳ дарк намудам, ҳам онҳое, ки дар саҳна ҳамроҳам истода буданд, ҳам онҳое, ки дар роҳи бозгашт ба хона ба ман рӯ ба рӯ омаданду барояшон ин хабарро гуфтам ва ҳам наздикони ман дар хона пас аз чанд лаҳзаи кӯтоҳ ҳодисаи рухдода дар Хуҷандро фаромӯш мекарданд.
Ман боз сари ин мавзӯъ бармегаштам ва боз дарк мекардам, ки хотираи ман ин иттилоотро ба муддати тӯлонӣ ҳифз намекунад. Он дар кадом гӯшаи ниҳоди ман тағйири шакл медиҳад ва ба ҷараёни мушкилоти камаҳамият, мисли вайрон шудани лӯлаи об ё маблағи хизмати телефон, равона мегардад. Аз худ мепурсам: чаро чунин мешавад? Чаро на ман, на онҳое, ки дар театр буданд, на аҳли хонаводаи ман, на дӯстон, на чеҳраҳое, ки дар шаҳр мебинам, дар баробари ин ҳодиса бо даҳшат вокуниш нишон намедиҳанд?
Охир дар баробари чунин ҳодиса, ки боиси марги одамони бегуноҳ мешавад, бояд бо ваҳшат вокуниш дошт. Беш аз ин кадоме аз онҳое, ки дар саҳна истода буданд, ҳамон лаҳзаи аввал бо пич-пич гуфта буд: «Ана акнун сар шуд!» Пас дар дурдасттарин гӯшаи ниҳод ин дарк ҳаст, ки вазъият таи солҳои ахир дар кишвар хуб нест, коррупсия, фирори 25 тан аз зиндон, таркиш дар Хуҷанд ва боз чизҳои бисёри дигар – ин ҳама суръатсанҷ ва зилзиласанҷест, ки бо ларза барои мо аз бадбахтиҳое хабар медиҳад, ки дар пешорӯямон қарор дорад!
Агар мефаҳмем, ки силсилаи ҳаводиси нохушоянд дар кишвари мо оғози мантиқии ҳодисаи даҳшатангезтар аст, пас чаро мо ба ин андоза фориғболона оромем? Охир инро ҳатто сарвари давлат ҳис карда, вагарна аз мардум даъват намекард, ки ҳадди ақалл барои ду сол дар фикри захираи озуқа бошанд. Ҳама ҳис мекунем, пас чаро барои наҷоти худ, хонаи худ, хонавода ва кишвари худ ҳеч иқдоме намекунем?
Сел ними Кӯлобро бурд, чандин одам қурбон шуд- дигарон ороманд, ба хотири саҳмияҳои Роғун мардумро ба зону занонданд ва ҳоло намедонанд маблағи ғуншударо ба куҷо сарф кунанд- дигарон ороманд, кишварро аз чор сӯ дар муҳосира гирифтаанд –ороманд, дар ҳама роҳҳои дохилӣ роҳбанд гузоштанду ҳаққи роҳ меситонанд –ороманд, аз боздоштгоҳи Кумитаи амният 25 тан ҷинояткор фирор мекунад – мо механдем, касе касеро мепаронад – мегӯем: «хуб шуд!» ва имрӯз амалиёти террористӣ дар Хуҷанд ва беш аз 25 тан ҳамватани мо захмӣ шудаву чандин тани дигар кушта (шоҳидон нақл мекунанд, ки дар фосилаи наздик ба макони таркиш дар рӯди Сир сари аз тан ҷудошуда ва пораҳои гӯшти инсонро мушоҳида кардаанд), вале мо комилан бепарвоем!
Наход мо то ин ҳад фориғболу бешафқат шудаем, ки ҳатто зери лаб наметавонем бигӯем: «Худо раҳматашон кунад»? Моро чӣ шуда? Охир ҳодисаи террористӣ дар метрои Маскавро хеле фаъолтар ва ҳамдардона муҳокима мекардем-ку, гӯё метроро падару модари мо сохта бошад ва одамони дар ин ҳодиса қурбоншуда хешовандони мо бошанд. Худо нигоҳ дорад, аз куштор дар ҳар куҷо, ки рух диҳад, аммо ҳоло сухан дар бораи мову шумост. Дар ин бора, ки хеле нарм бигӯям, мо шояд он қадар солим нестем?
Ман дар маҳаллаи Хонаи матбуот зиндагӣ мекунам, шарёни роҳи асли шаҳр аз зери балкони хонаам мегузарад. Аз оинаи хонаи худ ҳамаи ҳаёти марказро тамошо мекунам. Чанд рӯз қабл шабона, вақте хиёбон пур аз одам буд, дар таҳи балкони хонаи мо як мошини сиёҳшиша ҷавонписареро зад. Зарба ба ҳадде сахт буд, ки ҷавонписар ба ҳаво парид ва шояд 15 метр дар замин ғел хӯрд. Фавран ба кӯча давидам, аммо на ҷавонписар буду на мошин. «Ба бемористон бурдаанд»- гӯён худро тасалло додам.
Аммо вақте ба атроф нигаристам ва онҳоеро, ки шоҳиди ин тасодуф буданд, аз назар гузарондам, сахт ҳайратзада шудам. Назора кардам, ки дар ду сӯи хиёбон одамон бо оромӣ байни ҳам сӯҳбат доштанд. Ба назарам омад, ки дар асл ҳеч тасодуфе нашуда ва касеро мошин назада. Вагарна ин бепарвоӣ ва лоқайдии тавҷеҳнашавандаи одамонро чӣ гуна метавон тавҷеҳ кард? Вақте ба хона баргаштам, аз ҳамсарам пурсидам, ки оё он тасодуферо, ки дар поён рух дод, ӯ низ дидаст? Гуфт, ки дидааст! Агар ин фиреби назари ман набуда, агар баъди ҳодисаи тасодуф чеҳраҳо сокиту ором буданд- пас вазъи мо хеле бад аст! Ва боз: моро чӣ шуда?
Ҳангоми яке аз сафарҳо ба Аврупо, як рӯзи гирифтаи боронӣ, шоҳиди чунин як саҳна шудам. Зери офтобгири шишаии истгоҳ мунтазири автобус будам, ки дидам аз дур зане ба сӯи ман медавад. ӯ талх мегирист ва дар кафаш чизи сафеде дошт. Вақте наздик омад дидам, ки рӯи дасташ кабӯтари захмист. Зоҳиран бо такон додани боли солимаш кабӯтар мехост аз кафи зан раҳо шавад ва боли дигараш шикастааст, ки такон намехӯрду овезон буд.
Ин зан бо асабоният чизеро аз ман мехост, аммо ман забони ӯро намедонистам, фаҳмида наметавонистам, ки чӣ бояд кард. Ҳамин лаҳза ӯ даккаи телфонро дид ва ба он сӯ давид. Вақте гӯширо бардошту шумора гирифт, барои касе, ки он сӯи хат буд, бо садои баланд зоҳиран ким-чиҳоро фаҳмонд. Баъд гӯширо гузошту боз ба канори хиёбон давид ва он ҷо гӯё касеро интизор истод ва дарвоқеъ таи ин муддат пайваста бо ин парандаи захмӣ ким-чиҳое мегуфт.
Шояд ду ё се дақиқа вақт гузашт, ки ба назди ӯ мошини хизмати наҷот «911» омаду аз он ду корманди полис берун шуд ва зан ба дасти яке аз онҳо кабӯтарро супорид. Онҳо бо ғамхорӣ «навиди сулҳ»-ро қабул карданду рафтанд. Ва фақат баъд аз ин он зан ором гирифт… Дар чунин як ҳолат оё мо чи кор мекардем? Табассум мекунед? Шуморо мефаҳмам. Дар мо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои фоҷеа пас аз як рӯзи ҳодиса меояд, яъне вақте ки дигар кӯмаки онҳо нолозим мешавад. «Ёрии таъҷилӣ» ба хонаи бемори сактаи дил пас аз гирифтани ваъдаи пардохти маблағи бензин аз бемор меояд…
Оҳ, чӣ ҳам гӯям?! Дар талоши фаҳмидани он ки мову шуморо чӣ шуда (маъзурам доред, хеле мехоҳам инро бидонам!) ман чунин манзараро дидам: дар фазои кишвар абри сиёҳе соя андохтааст. На бороне, на раъду барқе, на тӯфоне – сукут. Офтоб нонамоён аст. Торикӣ. Одамон мунтазиранд, ки кай абр парешон мешавад. Як рӯз, ду рӯз, як ҳафта, як сол, ду сол, панҷ сол, даҳ сол мегузарад, аммо абри сиёҳу сангин ҳамчунон соя меафканад. Нафасгир аст. Ғуссаовар аст. Хавотирбарангез аст.
Ҳар қадар ин абр бештар соя андозад ҳамон андоза яъсу навмедӣ жарфтар мешавад ва ин яъс сол аз сол дар ниҳоди одамон эҳсосу аломати фазои бастаро падид меорад, ҳамон гуна, ки дар маъданчиҳо замони рехтани кон ва роҳбандон падид меояд. Ба ҳеч куҷо гурехтан намешавад, дар зер садҳо метр замин, аз ҳеч куҷо умеди ёрӣ нест ва алоқа ҳам бурида шуда. Рӯшанӣ нест, хабаре нест, умеде нест. Ва инак аввалин нишонаҳои рӯҳафтодагӣ ва натиҷа – хашм.
Даргирӣ, баррасӣ: кӣ гунаҳкор? Чаро? Ба хотири чӣ? Ва боз даргирӣ. Вақте ҳамаро лату кӯб карданд, хастагӣ ва сукут фаро мерасад, зеро ҳамчунон роҳбандонро намешавад бартараф кард ва абри сиёҳу сангин аз осмони шаҳр пароканда намешавад. Ва инҷост, ки дастҳо аз кор мебароянд, зеро бо ин ҳолат ҳеч коре кардан наметавон. Дасти карахтшуда нерӯро гум мекунад, зеро кор кардан мазмуну моҳияте надорад, мағз ба завол рӯ меорад, чунки чӣ фикр кунӣ, чӣ накунӣ бефоида аст, бадан карахт мешавад, зеро ҷое барои рафтан нест ва одам пажмурда мегардад.
Ҳолати камхунии ҷисм рух медиҳад. Дигар дард эҳсос намешавад, дигар оҳиста – оҳиста эҳсос аз байн меравад, чашмҳо дигар пурмаъно нестанд, нимтабассумҳои аблаҳона дар гӯшаи лабҳо ях мебандад, мӯйҳо кам мешавад ва ҷавонмарде, ки чеҳрааш пур аз ожанг шуда, мисли пирамарде ба назар мерасад. Дар ҳамин ҳолат бояд сабаб ҷуст, сабаби онро, ки ба мо чӣ шуда. Мо хаста шудаем. Агар тасаввур шавад, ки миллати мо дорои мағз ва бадани ягона аст, он гоҳ таъини ташхис мушкил набуд: хастагии давомнок.
Ба ҳамин далел аст, ки мағзи мо иттилооти бадро аз худ дур мекунад, аз ин ҷост, ки мегӯем «ба ман чӣ?». Зеро мағз аз ҳад зиёд дар ҳолати изтиробу ташаннуҷ фаъолият карда, аз ҳад зиёд умедҳои ӯ фиребандаанд, аз ҳад зиёд мунтазир истода ин одами мо он «қатореро», ки фикр мекунад, ҳеч гоҳ намеояд.
Шумо ҳатман ба ёд доред он ҳолатро, ки вақте нимашаб бедор мешавед ва дар камоли ваҳшат дарк мекунед, ки таври мисол дасти рост надоред, шумо мефаҳмед, ки ин даст вуҷуд дорад, ҳамин ҳоло рӯи болишт дароз аст, аммо наметавонед онро идора кунед. Даст гӯё танобе бошад часпида ба китфи шумо, ки ҳаракат надорад. Ин натиҷаи он фишорест, ки шумо ба даст овардаед ва ҷараёни хун ба шараён намеояд, аз ин рӯ даст барои муддате мурдааст.
Барои мо ҳам чунин ҳолат рух додаст. Мо на танҳо болои даст ва бадан, балки рӯи ирода, виҷдон, ахлоқ, эътиқод, муҳаббат ва боз арзишҳои зиёдии дигар хобидаему онҳоро ба ҳолати мурда расондаем. Барои ҳамин ҳам сардему бетафовуту бетараф. Барои мо ҳамакнун фарқе надорад, ки чӣ гуна ва дар куҷо зиндагӣ мекунем, чӣ чизе моро иҳота карда, чӣ чизе тановул мекунем, чӣ мегӯем, чӣ чизе барои мо мегӯянд, куҷо меравем, куҷо мебарандамон, ба чӣ нигоҳ мекунем ва чӣ гуна ба мо менигаранд. Мо хаста шудаем. Хеле хаста.
Табибон ҳатман бароямон тағйири муҳитро машварат медоданд. Аммо чӣ гуна, агар ирода набошад? Ҳамин тавр, аз тариқи тағйир додани худ. Оҳиста. Оҳиста. Сабурона. Ва баъд мебинем, ки ангуштон ба ҳаракат меоянд, баъдан - каф, баъд –даст… Ҳамин гуна ҳама ҷисм кам –кам аз ҳолати карахтӣ берун меояд. Ба мағзи мо ҳиссиёти созандагие, ки дар аввал Офаридгор ато карда, бармегардад. Эътиқод барқарор мешавад, абри сангини сиёҳ худ аз худ пароканда мешавад ва Замини моро Нури Худовандӣ фаро мегирад…
Ҳоло мехоҳам боз ба аввали матлаб, ба мавзӯъи бачакити бечора баргардам. Муқовимат накардани мо дар баробари бадӣ, бетафовутиямон нисбат ба худ, ба хонаи худ, ба заминамон, ба ҳамдигарамон, маҳалгароии ҷинояткорона ва пароканда буданҳои мо, бесаводии хоболудаи мо, касалии кӯҳна ва доимӣ шудаи мо - ҷаҳолат, бетафовутӣ, танбалӣ, дурӯғгӯӣ, мурдадилӣ мисли бӯи хун аз жарфнои уқёнус кӯсаҳои ваҳшӣ ва лошахорҳоро фаро мехонад.
Онҳо моро пора-пора мекунанд, агар мо ба ҳам наоем, агар мо ба онҳо иҷозаи чунин корро диҳем. Ҳам барои наҳангҳои дохилӣ ва ҳам берунӣ мо фақат хӯрок ҳастему бас. Як порчаи гӯшт. Аммо мо хӯрок нестем, мо инсонем! Мо офаридаи Худоем, мо аршади махлуқотем, мо мӯъҷизаи ӯем! Ва то замоне, ки мо инро дарк накунем, аз худ насозем ва дар шуури худ мустаҳкам нагардонем – мо барои ҳамеша қаҳрамони латифаҳо дар бораи гӯлҳо ва аҳмақҳо боқӣ хоҳем монд.
Моро ҳамеша ҳамрадиф ва дӯсти чукчаҳо хоҳанд донист. Моро масхара хоҳанд кард, ҳатто онҳое ки худ барои масхара будан арзандаанд. Моро ҳатто онҳое ҳам лагад мезананд, ки худ дар ҷомеа ва ватани хеш ҳақир ва рондашудаанд. Ва инак интихоб бо мост. Мо ё бачакити бечораю бепаноҳем ва ё дар асл инсонем!
Ва имрӯз гуфтанд, ки Марям Турсунова «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» шудааст. «Мардумӣ» - ин барои корманди театр болотарин ҳадди ҳирфаӣ будан аст, ин тоҷдор ва ҳур будан дар кори мост. Аммо агар ту, хонандаи азизи ман, бипурсӣ, ки оё ӯро мешиносам, посух мегӯям: Бале. Агар бипурсӣ, ки оё бо ин ном ҳунарпешаеро мешиносам, посух мегӯям: Не!
Барзу Абдураззоқов, «ИмрӯзNews», 06.09.10
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3109-l--r.html