14:25:37 25-уми Июни 2025 сол

БАҲСИ БАРЗУ БО БАҲМАНЁР

Барзу: - Айнан, ин чизро ман ҳам вомехӯрам. Ҳақиқати талх ҳам бошад, аз он рафҳои китоб ман ҳам дидан мекунам. Дудила мешавам, ки китобро харам, ё нахарам. Филми хубро аз кадри аввалаш фаҳмидан мумкин аст. Китоби хубро бо хондани як банд мефаҳманд. Дар ин 20 сол мо аз анъанаи пешинаамон ҷудо шудем. Дар ҳамаҷо адибон пешгом буданд. Ҳама мегуфт, ана Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ … мардум аз пасашон мерафтанд.

 

Ва ҳамаи ин якбора канда шуд. Номи Шумо, чи тавре монд, ки 20 сол пеш буд, дар ин 20 сол шӯҳрате бо номатон зам нашудааст. Меҳмон Бахтӣ, ҳамон Меҳмон Бахтии 20 сол пеш... Аз соли 1990 инҷониб мардуме, ки ба адабиёт энержии нав, рӯҳи тоза мебахшад дида намешавад. Он чизеро, ки ман низ дар саҳнаи театр мебинам. Куҷо шуд, он рӯҳ, ба таври дигар «энергия бунта», ҳамаи ин куҷо шуд?   

 

Баҳманёр: - Вақте театрҳои тоҷик ягон нахустнамоиш нишон медод, ҳамон рӯз барои мо ид буд. Ба ҳамаи нахустнамоишҳо мерафтем, моломол аз тамошобин буд. Вақте аз толор мебаромадем, дар атрофии намоиши дидаамон баҳс мешуд. Баъдан вақте театри Аҳорунро ба толори Иттифоқи нависандагон оварданд, медароям, се чаҳор нафар нишастанд. Тамошобин нест. Як рӯз як актёр наздам омада суол кард: Устод, ба ҳамин насли мо чихел баҳо медиҳед?

 

Ман гуфтам, «насли аз байн рафта». Мо ҳамин хел насл шудем. Вақте насле аз миён гум шуд, насли нав ҳамин рахнагиро пур карда натавонист. Баъзе аз рафиқоне, ки китоб мехонданд, мегӯянд, мо забони насли имрӯзаро намефаҳмем. Мардум савод надоранд. Номи як ҳикояи худро «Тавсан дар қавсайн» мондам. Як нафар маро гуфт, ҳамин сарлавҳаи шумо гузошта ба тоҷикӣ чӣ мешавад? Гуфтам, ба тоҷикӣ намедонаму ба русӣ «Мустанг на аркане».

 

Русиро ҳам намедонад, нафаҳмид, ки ман чӣ мегӯям. Баъд гуфт, ки ба ман гӯед, ки ҳамин ба лафзи одии тоҷикӣ чӣ мешавад? Баъд гуфтам, «аспи масти ғозӣ дар оғили танги қозӣ». «Мемурдед, ҳамин хел ном мемондед», гуфт. Яъне мо ҳамин аспи масте ҳастем, ки дар оғили танг ҷой дорем. Ба ҷое рафта наметавонад, дар ҷояш сум мекӯбад.

 

Барзу: Ин «насли гумшуда» чанде баъд фоҷеа намеорад? Зеро чанде пас падару модар мешаванд? Аз фарзандони худ чиро интизор шуда метавонем? Ҳамчунин, аз оянда чиро интизор бояд шуд?

 

Баҳманёр: - Гумон мекунам, ин насле, ки дар баъди ҷангҳо ба миён омад, наслеро ба майдон меорад, ки аз ӯ пеш намеравад. Гумон мекунам, насли сеюм дар бораи ман киям? Ба куҷо меравам? То ба кай бо ҳақорат сӯҳбат мекунем? Саволҳо мегузорад. Яъне як умр ба онам, ки асоси тарбия дар хона мебошад, аз ҳамон муносибати зану шӯ. Ман дар хотир надорам, ки ягон бор модарам, гуфта бошад, ки бачам як бор китоб хон. Баръакс мегуфт, бача чаро нури чашматро сарф мекунӣ!?

 

Барзу: - Розиам. Оила ва аз ҷониби дигар муҳит. Вақте кӯдак будам, дар берун бозӣ мекардам. Мӯйсафеде харакӣ мегузаштанд ва аз ман суол кард: Бачаи кӣ мешавӣ? Гуфтам, набераи Бобоҳоҷиам. Гуфт: Бобот дар хона ҳастанд? «Бале», - гуфтам. «Ҷеғ зан», - гуфт. Мӯйсафедро намешинохтам, рафта ба бобо гуфтам, ки як рафиқатон омад. Вақте бо бобо ба берун назди мӯйсафеди харакӣ баромадем, ӯ ба бобоям таънаомез гуфт: Намешавад, ки ба набераат одоби салому алейкро ёд диҳӣ?

 

Дар кӯдакӣ аз назди чойхона гузашта ба кино мерафтам. Яке аз мӯйсафедон даъват карду гуфт, кистӣ? Гуфтам, аз Душанбе омадам, набераи фалонча. Қапучақашро кушода 20 тин ба ман ва ба сӯе ба ман ишора карда гуфт, ки он ҷо сартарошхона ҳаст. Рафта мӯятро кӯтоҳ кун, баъд, Ҳоҷиро гӯй, ки қарзи маро диҳад. Шарм медоштӣ. Дигар аз назди чойхона бо он сурат намегузаштӣ. Ҳар мӯйсафеде, ки мегузашт, ҳатман салом мекардӣ. Зеро муҳит тарбия мекард. Имрӯз, муҳити ҳавлиҳои мо, кӯчаҳои мо ифлосанд. Чӣ шудааст, ки ин муҳити мо чунин шудааст, ба мо чӣ шудааст?

 

Баҳманёр: - Дар тақвияти фикри шумо ман чӣ гуфтанӣ ҳастам. Таноқуз, яъне парадокс дар он аст, ки ман дар шаҳр таваллуд шудаам, дар шаҳр мактабро тамом кардаам. Лекин тобистон ду моҳ ба деҳ мерафтам. Аммо бингаред, имрӯз ҳарчӣ менависам, оид ба деҳ аст. Ба ҷуз «Шоҳаншоҳ» дар бораи шаҳр чизе нанавиштам. Чун як бачаи шаҳрзода ба деҳ мерафтам, муносибати гарми одамонро медидам. Деҳ ҳама ҳамадигарро мешиносад. Ду нафарро медидед, ки барои об пасту баланд мегуфтанд, аммо пагоҳ бо ҳам чой менӯшиданд, дар дил ғубору кина набуд.

 

Ин чизҳо дар шаҳр нест. Агар бо ҳамсоятатон ҷанг кунед, ин ҷанги умрбод. Шаҳр ҷои ободӣ, фарҳанг ҷои ҳама чиз. Вақте шаҳрро омада ғорат мекарданд, боз аз деҳ омада шаҳрҳоро пур мекарданд. Ба он хотир, ки деҳ бе шаҳр зиста наметавонист, шаҳр бе деҳ. Шаҳрҳое, ки мо аз даст медодем, аз тоҷикони кӯҳистон пур мешуданд. Боз ҳамон адабиёту ҳунар рӯ ба инкишоф ниҳода равнақ меёфтанд.

Аммо Тоҷикистонро дар умум гирем, инкишофашон баробар набуданд. Бигирем, Хуҷанд аз муносибат бо мо каме пеш рафтааст, Кӯлоб каме қафо рафтааст.

 

Ё бигирем, Бадахшон умуман дар инзиво мондааст. Ба консерти бадахшоние рафтам, толор пур буд, аммо ҳамагӣ мардуми бадахшон буданд. Ман ва чанд нафаре, ки мисли ман бо даъватнома буданд, аз онҳо набудем. Ин барои ман хеле аламовар буд. Роҳи ҳалашро ҷӯед, кобед, намеёбед! Боз мегӯям, ки вақте як насл аз байн рафт, насли дигар меояд, бо фикри дигар. Вақте ба фарзандам мегӯям, ки китоб хон, мегӯяд ҳамааш дар компютер ҳаст. Яъне далелҳои худашро дорад. Ман ба ӯ ҳеч чӣ гуфта наметавонам. Чизҳое ҳаст, ки аз дасти ману Шумо намеояд.

 

Барзу: - Устод, компютер ин технология аст, фарҳангу маънавиёт нест? Мардуми Жопунро бубинед. Онҳо дар техника якум ҳастанд. Ва ҳам дар фарҳанг пешқадаманд. Онҳо бо он ҳама ихтирооту истеҳсолоте, ки доранд, аз фарҳангу тамаддуни гузаштаашон ҷудо нестанд. Баробари он, ки беҳтарин мошинҳои «Тойота», «Хонда» техникаҳое назири «Сони» истеҳсол мекунанд, аз фарҳанги гузашта ҷудо нестанд. Барои чӣ мо чунин наметавонем, барои чӣ ин ҷанбаи мо нимпурра боқӣ мондааст? Барои мо мояи шарм аст. Мо дар маҷмӯъ хеле ақибмондаем. Дар Маскав дар назди гурҷиҳо, арманиҳо дар назди дигарҳо ҳамеша худро аз чизе гунаҳкор меҳисобем.

 

Баҳманёр: - Ба шумо латифае, дақиқтараш воқеаи шударо нақл мекунам. Чанд нафар киношиносони мо мераванд, ба Олмон. Иҷозат медиҳанд, ки рафта шаҳрро тамошо кунанд. Инҳо ҳама ба тамошои мағозаҳо мераванд. Ягон нафар хоҳиши дидани музейро намекунад. Аз композитору шоире дидан кардан дар фикр намеояд. Мағозаҳоро мебинанд, ҷои ҷолиберо намебинанд. Гурӯсна мемонанд, ба ошхона мераванд. Немисҳо дар сари мизи хӯрок бо овози баланд сӯҳбат намекунанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ