БАҲСИ БАРЗУ БО БАҲМАНЁР
Баҳскунандаи аввалин нависандаи шинохта Баҳманёр
Барзу: - Шумо ҳамчун нависанда маъруф ҳастед. Дар маркази таваҷҷӯҳи мардум қарор доред. Дар бораи Шумо сару садоҳои зиёде мавҷуд аст. Вале ин бор диққати маро ҳаёти хусусии Шумо ба худ ҷалб мекунад. Метавонем дар бораи эҷодиёти Шумо ҳарф бизанем. Вале фарқ байни асари нависанда ва худи ӯ ин ҳам мисли тафовут байни падар ва писар аст. Ӯ аз Шумо таваллуд шудааст, вале Шумо нест. Яъне тафовут байни шароб ва ангур аст. Барои ҳамин ҳам ман ба Шумо муроҷиат мекунам ва мехоҳам бифаҳмам, ки худро имрӯз рӯҳан чӣ гуна эҳсос мекунед? Бо шумо чӣ иттифоқе рух медиҳад? Кадом андешаҳо шуморо азият медиҳанд?
Баҳманёр: - Агар бигӯям, ки комилан ҳамон тавре ҳастам, ки бист сол қабл будам, бисёр ҳам дурӯғ гуфта бошам. Он ҷавонмарде, ки бист сол қабл будам, ҳоло нестам. Вале дар ин бист сол бисёр чизҳое шуд, ки ҷаҳонбинии маро ба олам, нисбат адабиёт, нисбат ба атрофиён, нисбат ба ҳама чиз тағйир дод. Акнун наметавонам, бигӯям, ман такмил ёфтам ё баръакс костам. Танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки ҳоло назарам ба бисёр чизҳо дигар шудааст. На он назаре, ки шахси романтик ба зиндагӣ доштам. Ҳозир дар миёни романтикаву реализм дар калавиш ҳастам.
Аз он хотир, ки дар миён, бисёр воқеаҳое шуданд, ки на танҳо тақдири мамлакатро дигаргун карданд, балки тақдири одамҳову инсонҳоро дигаргун сохтанд. Тақдири адабиётро ҳам дигаргун карданд. Он солҳое, ки шӯравӣ мегӯем, умри аксар мардуми ҳамсоли ману шумо дар он даврон гузашт. Имрӯз ба 56 даромадам, тахминан 40 соли умрам дар даврае гузашт, ки ба шӯравӣ буд. Аслан зиди шӯравӣ чизе гуфта наметавонам. Барои он ки ҳам чизҳои манфӣ ва ҳам чизҳои мусбат дошт. Паҳлӯҳои мусбаташ ба назарам хеле зиёд буд. Аз манфиаш низ чашм пӯшидан имкон надорад.
Ҳамаи инро барандоз карда, ба ин чиз баҳои ҳаққонӣ диҳем. Ҳоло мутаассифона, ин кор карда намешавад. Ба кадом хотир карда намешавад? Ба он хотир, ки фирқаҳо, рӯзномаҳо зиёд шуданд. Ҳар як рӯзнома, ҳар як маҷалла мавқеи муайяни худро дорад. Аз он ҷумла маҷаллаи миллии мо, ки ба ном адабӣ аст. Ин ҳам хеле тағйир ёфтааст. Ба назари ман, пеш рафтааст, ба он хотир, ки бисёр чизҳое, ки мо қаблан чоп карда наметавонистем, акнун имкони чоп кардан дорем. Лекин он чизҳоеро, ки мо чоп кардан мехоҳем, дастраси мо нест. Ба он хотир, ки адабиёт дар ҳамин марҳала дар як пояи қафотар мондааст, баробар бо ҳаёти имрӯза гом намезанад. Бигирем, шахсан маро. Чӣ гирифтам, дар ин муддате, ки зистам?
Дар ин муддате, ки зистам, масалан аз кӯдакӣ то ба солҳои навад. Як даврае буд, ки мо дар бораи фардо фикр намекардем. Барои чӣ фикр намекардем? Масалан, дар маҷалаи «Садои шарқ» кор мекардам, маошро дар як вақт сари вақт мегирифтем, андешаи фардоро надоштем. Дар атроф ҳама чӣ муҳайё буд. Имрӯз баръакс шудааст. Намедонем, ки пагоҳ мо маош мегирем, ё не. Намедонем, ки имрӯз сиҳат саломат ба хона мерасем, ё намерасем. Яъне осоише, ки қаблан буд, халадор шудааст. Ба он чизе, ки пурра худамон хоҳиш дорем, муваффақ шуда наметавонем.
Барзу: - Бале, дуруст. Ман ҳам ба берун меравам, ман ҳам ба «тангемка»-ҳо мешинам. Ба бозор меравам. Ман ҳам мӯҳтоҷӣ мекашам. Аммо як чизи дигар аст, ки имрӯз аз ману Шумо вобаста мебошад. Он нури Худовандие, ки ба Шумо ато шудааст, масалан, Шумо имрӯз Баҳманёред. Ҳазорон одам, нигарони фикри Шумо, рафтори Шумост. Дар ин ё он маҳфил, ё кӯча мешунавам, кӣ мардум мегӯянд:
«Баҳманёр рафт, Баҳманёр гуфт, Баҳманёр навишт…» , ҳар як қадами Шумо бесадо нест. Ман мехоҳам бигӯям, ки рисолате, ки ба дӯши шумо бор аст,онро Худованди болои Шумо таҳмил кардааст. Шумо мутааллиқи худ нестед. Шумо ба Худованд тааллуқ доред. Дар мадди назари мардуми кишвар ҳастед. Антон Чехов мегуфт, ки агар эҳтиёҷ ба пул намедоштам, нависанда намешудам. Шумо ҳамин гунна масъулиятро эҳсос мекунед? Шумо рисолати худро ин замон дар чӣ мебинед?
Баҳманёр: - Барои ман ду чиз муҳим аст. Яке оила, ки доиман таъмин бошад. Дигаре коргоҳ, ки боз ҳам орому таъмин бошад. Коргоҳи ман яъне чӣ? Дар он ҷо ман менишинам, паси миз. Асосан бо машинка чоп мекунам, дар атрофам китобҳое, ки мехоҳаму мехонам. Он чизе, ки дастраси ман аст. Чизи дигаре, ки дастраси ман нест, қудрати ман намерасад, ин талаботи мардум аст. Шумо тасаввур кунед, ки қаблан китобҳои ман бо тиражи 40 000 ҳазор нусха нашр шудаанд. Аз ин қадар нусха як моҳ пас китоб пайдо карда наметавонистед. Қаблан, агар як ҳикояро ман чоп мекардам, атрофи ӯ ҳатман як гапе пайдо мешуд. Ҳоло ман ҳамин чизҳоро намешунавам.
Асари охирони ман «Шоҳаншоҳ» -ро бигирем. Гумон кардам, вақте асарро менависам, дар атрофаш гапҳои зиёд мешавад. Воҳима мешавад. Ин китобе, ки ман чоп кардам, ақалан дар як ҳафта ё зиёдтар аз он ҳамааш ба фурӯш меравад. Лекин чӣ шуд? Ин китобро ман шаш сол пеш чоп кардам, имрӯз меравам, боз дар дӯконҳо истодааст. На ба он хотир, ки ман чизи бад навиштам. Ё на ба он хотире, ки ман қудрати аз баҳри он баромадан надоштам. Баръакс, он рафиқони каме, ки дар атрофи ман ҳастанд, мегӯянд, ки чизи беҳтарине, ки ту навиштӣ, ҳамин аст.
Лекин, худам гуфта наметавонам. Барои ман ҳама фарзандҳо якхеланд. Лекин он, ки ман баъди шаш сол меравам, китобе, ки 1000 нусха чоп кардаам дар рафии китобфурӯшҳо мебинам, маро хело алам мекунад. Яъне мо хонандаро аз даст додем. Барои чӣ хонандаро аз даст додем, ман то ба ҳол ба ин савол ҷавоб дода наметавонам. Лекин ҳамон хонандаҳо нестанд. Агар гӯям, ки як қисмаш дар ин воқеаҳо кушта ва як қисмаш фирорӣ шуд, дуруст аст. Аммо аз он фисаде, ки мо пеши назар меорем, 90 дар сади хонандаҳо нестанд.
Барзу: - Дар Хуҷанд вақте аз хона баромада ба театр мерафтам, сари раҳ як китобфурӯш буд. Китобфурӯше буд, ки аз мардум китоб ҷамъ мекард ва дар назди донишгоҳ .Ман ҳар рӯз аз ӯ китоб мегирифтам. Барои он, ки ба китоб раҳмам меомад. Хеменгуэй 60 дирам, Фолклор – 60 дирам, Маркес – 40 дирам…
Баҳманёр: - Ба русӣ?
Барзу: - Бале. Лауретҳои мукофоти нобелӣ. Вақте ба Душанбе баргаштам, аз китобфурӯшҳои шиносам мепурсидам: касе китоб мехарад? Мегӯяд, не ҳеч кас намепурсад. Суол мекунам, ки барои чӣ Шумо ин ҷо мешинед? Ҷавоб медиҳанд: барои он, ки умед мекунем, ягон кас китобхон мешавад. Китобфурӯшҳои мо ба он шахс монанданд, ки чароғро дар рӯзи равшан гирифта мегашт.
Баҳманёр: - Диоген.
Барзу: - Худи худаш. Ба мо чӣ шудааст? Шумо дар ин бора фикр мекунед? Шумо фикр мекунед, ки дар даст қалам, ё дар пушти машинаи чоп нишастаед, барои кӣ ва барои чӣ менависед? Барои кӣ ин таҷриба даркор? Китоб нахондани мардум ба фаъолияти эҷодии Шумо таъсир намекунад?
Баҳманёр: - Қаблан гумон мекардам, ки ба раванди кори ман халал ворид намекунад. Вале баъдан эҳсос кардам, ки ин тавр нест. Вақте одам дар ин муҳит зиндагӣ мекунад, аз он берун буда наметавонад.
Барзу: Бубахшед, реалист шудани Шумо аз ҳамин сабаб нест?
Баҳманёр: - Шояд бошад. Агар мо аз муҳит берун шудем, аз он дур мешавем. Агар дур, ки шуд ин муҳитро фаҳмида наметавонад. Як чизи бегона ба назараш мерасад. Агар ҳоҳад, дуюмбора ба ин муҳит ворид шуда наметавонад. Чунки аллакай шахси дигар шуд. Ба мисли гуфтаи Нитше. Агар шумо аз оташ баромада ба сардӣ меравед, тоқати дигар ба оташ даромадан надоред. Вақте ба сари машинка мешинам, ҳама ин саволҳои Шумо ба сари ман давр мезанад. Барои кӣ менависам? Фикр мекунам, шояд вақти ин насл гузарад, насли дигар ояд. Ин чизҳо дар таърих шудаанд.
Масалан, дар Эрон таваҷҷӯҳи мардум ба китоб зиёд аст. Чандин маротиба ба намоишгоҳи китоб рафтам, дар орзуяш меафтед, ки чаро дар Тоҷикистон чунин нест? Чӣ тавре гуфтед, меравед, донишҷӯеро дар дӯконҳои китобфурӯшии мо мебинед, ки маҷбур аст китобро харад. На оне, ки китоби шуморо пурсида меояд, ман дучор нашудам. Баъдан, вақте ба донишҷӯён муаллим супориш медиҳад, ки аз китоби ман истифода кунанд, ба назди ман меоянд, ба китобфурӯш муроҷиат намекунанд.
Дар ин ҳолатҳо ман хеле тааҷҷуб мекунам. Хайр мегӯям, донишҷӯ аст, маблағ надорад. Ба онҳо ман китоб ёфта медиҳам. Ба ҷуз донишҷӯй, ки маҷбур мекунанд барои хондан, дигар хонандаҳо низ дорем, ки намехонанд. Аз чандин нафар суол кардам, ки чаро қаблан мехондед, ҳозир намехонед? Мегӯяд, чизи мехондагиро намеёбем. Намехоҳад, ба раванди адабиёт ворид шавад. Яъне мехоҳад, ҳама гуна гуноҳро ба гардани адиб бор кунад. Гӯё, нависандаҳо дарди мардумро намегӯянд. Як корманди бонкро вохӯрдам, ки мегӯяд, нависандаҳои имрӯза мисли Айниву Ҷалол Икромӣ ва Улуғзода навишта наметавонанд. Мепурсам, аз имрӯзаҳо киро мешиносӣ, ҳеч касро намешиносад.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>