15:16:59 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШАҲРИЯ: «ШОИР ХУДАШ МЕДОНАДУ ДАВИ АСПАШ…»

2-юми сентябр, дар кохи «Тоҷикистон» таҳти унвони «Шеър ва истиқлол» шаби эҷодии шоира Шаҳрия баргузор гардид. Шаҳрия ибтидои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта вуруди адабиёти тоҷик шуда буд ва бо китобҳои «Шамимаи нур», «Ашки шақоиқ», «Таманно», «Бӯсаҳои маҳтобӣ», «Дар канори шеър» ва дигар навиштаҳояш байни хонандагон маъруфият касб кард. Шеърҳои ӯ кайҳо суруд шудаву дар қалби мардум ошён намудааст. Қурбони Абдулло, Хосият Ортиқова, Манижаи Давлат, Малика Саидова, Давлат Назрӣ, Ҳаётой Мӯъминова ва даҳҳо овозхонони дигар бар ашъори ӯ оҳанг бастаанд… 

- Хонум Шаҳрия, мубтакири ин ин маҳфил кист? 

- Ин маҳфил бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Мақсади Шумо аз баргузор кардани ин шаби шеър чист? 

- Мақсади аслии ман ҳамин аст, ки бояд ин гуна шабҳои шеър зиёд баргузор шаванд, то дар зеҳни ҷавонони имрӯз мафҳуми истиқлол шакл бигирад ва ҷавонон ба дарки истиқлолият бирасанду истиқлолро дӯст доранд. Ифтихори миллии ҷавонони имрӯзаро бояд баланд бардошт. 

-Оё Шумо боварӣ доред, ки мухлисони шеъри Шумо толорро пур мекунанд? 

- Не, аслан ман ба ин боварӣ надорам (механдад). Лекин мо ин базмро маҳз барои он дар Кохи Тоҷикистон баргузор мекунем, ки дар наздикии ин кох омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷой гирифтаасту ба донишҷуён и он наздик аст, шояд ба базм биёянд. Ҳамаи умедамон ба онҳост. Шояд маҳз ҳамин донишҷуён пагоҳ толорро пур бикунанд. 

-Шаҳрия, тафовути шеъри замони истиқлол аз шеъри даврони Шӯравӣ дар чист? 

- Дар замони Шуравӣ шеър ва умуман адабиёт барои тарғиби идеологияи Ҳукумат хизмат мекард ва барои ҳамин ҳам адибон аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор буданд. Вале мо имрӯз дигар фаротар рафтем. Истиқлолият аз вобастагӣ ба ворастагӣ расидан аст. Мо вораста шудем аз зери идеологияи як кишвари  абарқудрат. Мо дигар фарҳангу маънавиёти худро муаррифӣ мекунем. 

Албатта, дар замони Шуравӣ мо Тоҷикистон ё гӯшаву канори онро васф карда наметавонистем ва ё васф мекардем ҳам, ҳамоно авали сухан таърифи Москав ва ё Ҳукумати Москав буд. Масалан, Мӯъмин Қаноат парвардаи обу хоки Тоҷикистон дар бораи Сталинград достон навишта буд. Ҳоло бошад мо васфи он мулке мекунем, ки аз аҷдодамон мерос монда… 

-Ҳадафи Шумо аз шеър навиштан… 

-Шеър такондиҳандаи рӯҳ аст. Шеър маро ҷавон мекунад. Бинед, агар ман шеър наменавиштам, дар ин синну сол мисли кампиракон мешудам, аммо ҳанӯз ҳам худро ҷавон эҳсос мекунам. Шеър ҷавонии маро дар худ нигоҳ доштааст. Ман мехоҳам ҳамеша ҷавон бимонам, шояд бо ҳамин мақсад ҳам шеър менависам. Ман худамро бе шеър тасаввур карда наметавонам. 

-Шумо имрӯз васфи истиқлол мекунед, оё дар замони шӯравӣ Ленин ва ё низоми коммунистиро низ таъриф карда будед? 

- Не, ман аслан на Ленинро васф кардаам, на низоми коммунистиро. Ман дар оилаи мазҳабие тавлид шудаву камол ёфтаам ва ҳанӯз барвақт дарк карда будам, ки номи Ленин ва ё низоми коммунистӣ он қадр бақодор нест. Аммо зид набаромадам, барои он ки метарсидам. Давлати Шуравиро ҳам васф накардаам. Албатта Ватан мегуфтам, аммо Тоҷикистонро дар назар доштам, на Шӯравиро. 

-Шумо ҳамчун шоира сабаби аслии аз шеъру адабиёт дур шудани ҷавонони имрӯзро дар чӣ мебинед? 

-Медонед, чунки зиндагӣ сол ба сол дигар мешавад. Ҷавонони имрӯз ба техника шавқу рағбат доранд, бо компутару телефони ҳамроҳ кор мекунанд. Албатта, шеър аз мадди назари онҳо дур мондааст, ки ин камбудии ҷиддии онҳост. Боз як сабаби дигараш дар он аст, ки дар замони Шӯравӣ шоир аз ҳама шахси боэътибор ва соҳиби зиндагии осуда буду имрӯз бошад баръакс. Як ҷавон мебинад, ки шоире камбағал асту дармонда албатта дар зеҳнаш фикре рӯ мезанад, ки «Ман аз шеърам безораму аз шоираш ҳам…» 

Боз, вақте, ки мо ба истиқлолият расидем ва идеологияи тоҷикӣ рӯйи кор омад, ҳама ба шеър часпиданд. Имрӯз он қадар шоире, ки дар Тоҷикистон аст, дар ягон давлати дунё, ҳатто дар Эрон ҳам нест. Завқи мардумро бо шеъргунаҳои бемаънӣ паст кардаанд. Ва дигар мардум шеъри асилро аз масхараҳои шеър фарқ намекунанд. Ҳамаро, ҳар касеро, ки шеър мегӯяд, шоир мехонем, бубинед, ки ман ҳам шоираму Гулрухсор ҳам… Рисолати шоиру шеър навиштан тамоман дигар аст. 

-Дар замони Шуравӣ адабиётро зиёд таблиғ мекарданд, имрӯз чӣ? 

- Ҳукумати мо низ дар ҳақиқат 5-6 сол пеш адабиётро таблиғ мекард, аммо имрӯз дигар ин гуна таблиғ нест. Яъне ҳар як шоир худаш медонаду дави аспаш… 

-Хуб, хонум Шаҳрия, барои сӯҳбати самимӣ ташаккур, дар сояи марҳамати Парвардигор бимонед! 

Баҳманёр Муродов, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3053--l----r.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi