14:17:36 21-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЗАФАР ҲАМ РАФТ. ДУНЁ БИЁБОНТАР МЕШАВАД…

Шояд на ҳама эҳсос мекунанд, ки бо даргузашти инсонҳои нек ва ҳунарманд дунёи атрофи мо ҳарчӣ бештар ба биёбон табдил меёбад. Чеҳраҳои наҷибе моро яке аз паси дигар тарк мекунанд ва моро бим фаро мегирад. Вақте чунин шахсони нодир мемиранд, мо бо тамоми вуҷуди хеш бовар мекунем, ки марг, ба ҳар ҳол ҳаст ва ба касе раҳм надорад. 

Чӣ инсонҳое моро во гузоштанду рафтанд. Ва дареғо, ки ҷои онҳо ҳамоно холисту холӣ. Бархе дами тир шуданд, монанди Муҳаммад Осимӣ, Баширхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Ҷамшед Осимӣ, Моёншо Назаршоев, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Сайфи Раҳимзод… ва бархе бо аҷали хеш, ҳарчанд бояд гуфт, ҳамаи онҳо кушташудагонанд, якеро ҷисман куштанду дигареро рӯҳан. Бақия ҳама захмӣ аз дарун. “Рафтанд ҷумла ёрон, навбат ба мо расида,” – месуруд Зафари Нозим. 

Дар он давроне, ки дигарон аз пахтаву колхоз мехонданд, ӯ буд, ки ғазалиёти Ҳофизу Мавлоноро бо он садои худододаш ба гӯши як қавми хоболуд мерасонд. Ва ӯ буд, ки аз чакомаҳояш ҳавои Бухорои қадим меомаду аз чомаҳояш лаҳни Хуросони Бузург. Зафар Нозим синае пурхурӯш моломоли лаҳнҳои клоссикии тоҷикон дошт ва гӯше шунаво ба лаҳнҳои он сӯи Девори оҳанин – навоҳои ҳамзабонони мо дар Афғонистону Эрон. 

 

“Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,

Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.” 

Ғазали Ҳушанги Соя дар оғози солҳои 1970 аз Эрон, аз рӯи Девори оҳанин парвоз кардаву ба Тоҷикистон омада буд ва он вақт буд, ки ҳар навҷавон ин шеъру ин оҳангро аз ёд медонисту замзама мекард. Шояд начандон дуруст аст, ки Девори оҳаниро аввалин шуда Аҳмад Зоҳир ё Гугуш рахна задаанд ва Зафар нахустин шикоферо бар он ниҳода буд. Магар ҳароси сиёсӣ набуд, ки мақомоти Шӯравӣ аз сафари ӯ ба Эрону Афғонистон ҷилвагирӣ мекарданд. Ва чун одат ҳаёти хусусии ҳунарманди ҷавонро, ки бонувон аз шунидани садояш афсун мешуданд, баҳона меоварданд. 

Ба таронаи “Рафтам ба ҷустуҷӯят” гӯш диҳед. Рӯҳи шӯридаи ӯро хоҳед дид. Ва роҳи мушкили ӯро низ. Ин фишори ноаён, аммо амиқу хафакунандаи садои булбулвораш буд, ки замоне афроде хостанд, аз ӯ парчами маҳалгароӣ бисозанд. Вале Зафар ба найранги тангназарон дода нашуд. Вай ҳаргиз одамони алоҳида ба маънии мардуми ин ё он маҳал напазируфт. Вай медонист, ки ӯро дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар Шимол ва шояд беш аз ҳама дар Шимол дӯст медоштанд. Ва дар Ҷануб. Ва дар Шарқу дар Ғарби ин кишвараки кӯчак, ки ҷои тақсим кардан надошт. 

 

Мардум ҳам дар симои ӯ инсонро медиданд. Сипас ҳунарманди хушовозеро. Баъд касеро, ки ҳадаф дошт, мардумро ба ҳам бипайвандад. Худоё дар биҳишти барин ҷой бидеҳ, онҳоеро, ки “барои васл кардан омадаанд, на фасл кардан.” 

Муҳаббати ӯ ба модараш ва чандин чакомаи зебои ӯ дар ҳаққи модар Зафарро ба фарзанди ҳар модари тоҷик ва хунёҳои муноҷотияш бо имоне бархоста аз ғазалҳои Ҳофизу Бедил ӯро ба ҳамсӯҳбати тавбаҷӯи пирони дунёдида табдил доданд. 

Охирин бор ӯро тобистони соли 1992 дар арӯсии як тӯйи як ҳамкорамон дидам. Сури камодаму хоксорона дар яке аз деҳаҳои атрофи Душанбе дар рӯзҳои ҷанги Тоҷикистон. Вазъи ватан ба ин сур асар карда буд. Мо дертар вориди тӯй шудем ва ин сабаб гашт, то моро дар кате бо Зафар ва Муродбеки Насриддин биншонанд. Ифтихоре буд. Гӯё ҷанг мақоми ӯро то одамони хокӣ поён овардаву мақоми хокиёнро то арши мақоми ӯ бардошта. 

 

Аз ончӣ дар ватан мегузашт, хеле малул ва нороҳат буд ва мегуфт, ба хотири дӯстии дерина натавонист, дархости рафиқашро рад кунад вагарна майле ба суру хурсандӣ надорад. Чанд тарона хонд ва яке аз онҳо хеле шод буд, ҳарчанд Зафар чакомаи шод кам дошт. 

Омаду нишаст ва ман дар чашмонаш донаҳои ашкро дидам. Бо андаке хиҷолатзадагӣ гуфт, бояд мардумро шод мекард. Гуфт, вазифаам ҳамин аст. Чанде баъд аз он ман дар кишвари дуре шунидам, ки хонаашро сӯзондаанд. 

Баъд таронаи ҷонсӯзаш ба мо расид: 

“Бармоли Қизилқалъа ҳама сурху кабуд,

Сурхаш ҳама зардобу кабудаш ҳама дуд…” 

Соле баъд дӯстам Шаҳобиддини Ҳақназар навори дигаре ӯро бароям фиристод. Бо чакомаи “То боздид, эй офтоб!” Мусиқии он солҳои зиёде ҳусни поёни барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ буд. 

 

Кадом сол буд, ки шаби аз якум ба дуюми июн, вақте дар басти шаб кор мекардам, ба хонааш занг задам ва зодрӯзро барояш табрик гуфтам. Лутф карду барои радио як сӯҳбат ҳам дод. Пурсидам, ба ҷашни зодрӯзатон киҳо хоҳанд омад. Гуфт, касеро интизор нест. Аммо аз паси садояш мешунидам, ки косаву пилёла мешӯянд, пурсидам, вале зиёфат хоҳад шуд? Гуфт, бале дастархонро боз хоҳанд кард, касе омад, нури чашм. Каме хомӯш монд ва афзуд, медонам, ду-се кас меоянд. Бе даъвате. Дӯстони ҳақиқиям. 

Ҳаргиз ин қадар сахту дилгудоз нахоста будам, ки он рӯз дар Душанбе бошам… 

Салими Аюбзод

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2904-2010-08-16-08-52-38.html

  



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi