16:34:42 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҲМАД ЗОҲИР: «РИЁЗАТ МАРО АҲМАД ЗОҲИР КАРД!»-4

Доктор Багромвол: Иттиҳодияи ҳунармандон, ки тоза ташкил шуда ва тоза ба фаъолиятҳои худ оғоз карда чӣ қадар метавонад барои ҷомеаи мо нақши хуб дошта бошад? Ва чӣ нақшҳое?

 

Аҳмад Зоҳир: Иттиҳод ва иттиҳодияҳои синфӣ аз заруратҳои ибтидоии ҳар ҷомеа аст. Дар ибтидо ин иттиҳодияҳо басит (содда) ва маъмулӣ ба назар меояд. Баъдтаракҳо ба асари таззодҳои дарунӣ ва берунии иттиҳодия, иттиҳодия ё ба рушд ва такомул раҳ мекушояд, ё отилу (беҳудаву) бекора мешавад. Ин марбут ба аносуре аст, ки иттиҳодияро роҳбарӣ мекунад.

Ва ё роҳбарии онро дар ихтиёр мегирад. Касоне дар чонтаҳои худ чизе доранд, иттиҳодияро василаи рушди худ ва аҳдофи худ медонанд. Баръакс, касоне, ки аз беҳунарии худ ваҳшат медошта бошанд, ё аз он сӯистифода карда наметавонанд, ба саҳлангорӣ ва фирор, ҳатто тахриби иттиҳодия шурӯъ мекунанд. Ба назари ман эҷоди иттиҳодияи ҳунармандон як ибтикори арзишманд аст. Машрут барои он ки раҳбарияш ба дасти косалесон ва дарбориёни кӯҳнахаёл наяфтад. Ва ё авомили шикастхурдаи дигар болои он ҳоким нашаванд.

Доктор Багромвол: Тасаввур кунед, ки ин иттиҳодия ба таври оддӣ рушд ва такомул кард. Дар он сурат, чӣ нақшаҳоро ба нафъи мардуми мо бозӣ карда метавонад?

Аҳмад Зоҳир: 


Аввалин нафъи он мавзӯи тавҳид ва инсиҷом аст. 

Дуввумин нафъи он мавзӯи тавлиди обрӯманд аст. 

Саввумин нафъи он мавзӯи тайин кардани арзишҳо аст.

Чаҳорумин нафъи он бозорёбӣ аст. 

Панҷумин нафъи он тақсими одилонаи матоъи моддӣ ва маънавӣ аст.

Шашумин нафъи он паёмрасонии воҳид аст.

Ҳафтумин нафъи он таҳрики худӣ ва мардумӣ аст. 

Ҳаштумин нафъи он боло бурдани сатҳи огаҳиҳо аст. 

Доктор Багромвол: Манзур аз боло бурдани сатҳи огаҳиҳо чист?

Аҳмад Зоҳир: Ин матлаб шомили ду бахш аст. Аввал боло бурдани сатҳи огаҳии ҳунарманд тавассути иттиҳодия. Дуввум боло бурдани сатҳи огоҳии мардум тавассути ҳунарманд. 

Доктор Багромвол: Ташаккур бародарам Аҳмад Зоҳир. Иҷозат медиҳед каме ба сиёсат бипардозем?

Аҳмад Зоҳир: Чаро не, рафиқ?

Доктор Багромвол: Мешавад каме дар бораи Муҳаммад Зоҳиршоҳ сӯҳбат кунед?

Аҳмад Зоҳир: Рафиқ Багромвол, бароят як қиссаи кӯчак мекунам ва ту аз рӯи ҳамин қисса Муҳаммад Зоҳиршоҳро дарёфт кун ва дар оянда пушташро элло кун (яъне дигар аз пасаш нагард).

Падарам Садри Аъзам бар ҳол буд. Меҳмонҳо доштем. Ба сари дастурхони мо «шанкӣ» низ оварда шуда буд. Нон хӯрда шуд. Салод (саоат) хӯрда шуд. Мева хӯрда шуд. Аммо шанкиро касе ба забон назад. Барои он ки шанкӣ, мева нест. Таркорӣ нест. Таъме надорад. Бӯй намедиҳад. Ранге надорад. Турш нест. Ширин нест. Талх нест. Ҳама ба навбаи худ ба деҳқонони бечора хандиданду гуфтанд, ки дигар чизе ба дунё набуд, ки он соддадил шанкӣ кошта равон аст?

Як дӯсти падарам, ки ба ӯ ихлоси бисёр ҳам доштам, бо шухӣ гуфт:

-Хосияти ин шанкӣ ба хосияти подшоҳи мо мемонад.

Ҳама ба шумули падарам хандиданд. Ва хуб ҳам хандиданд. 

Аз он торих то имрӯз ман Муҳаммад Зоҳиршоҳро як шанкӣ мешиносам.

Дигар хуш надорам ба сари бехосиятҳо ҳарф бизанам.

Доктор Багромвол: Довудхонро чӣ ёфтӣ?

Аҳмад Зоҳир: Багромволи азиз, агар вақт дорӣ достони «Қатли муш ва қотили он»-ро ба маснавии муқаддаси Мавлавии Балхӣ пайдо кун ва онро мутолиа намо.

Ё тафсири онро дар сафҳаи 144 ҷилди дуввуми «Духтарони ошпазбош» навиштаи Ғулом Маъсум Ихлос мутолиа кун. Ва Довудхонро аз онҳо дарёфт намо. Аммо ман ба ҳоли фарзандони ӯ ашк мерезам. Чун аз эшон шинохт доштам. Онҳо сазовори қатлу марг набуданд.

Доктор Багромвол: Нурмуҳаммади Таракиро чӣ ёфтаӣ?

Аҳмад Зоҳир: Кудатоҳо аз даруни дастгоҳи ҳокима бармехезад. Ихтилофот ва таззодҳои хашмогуни як дастаро дар баробари дастаи дигар ба намоиш мегузорад. Таракӣ дар як кудато, ки худаш ҳам аз сару охири он чизе намедонист, ба саҳна омад ва дар кудатои дигаре аз байн рафт. Ба халқҳо дилаш месӯхт.

Аммо бо ин ҳама содагӣ ва пиёдагӣ наметавон ба халқҳо хидмат кард.

Доктор Багромвол: Ҳафизуллоҳи Амин чӣ?

Аҳмад Зоҳир: ӯ як муаммо буд.

Доктор Багромвол: Бабрак Кормал?

Аҳмад Зоҳир: ӯро дар аъмоли анҷомшуда қарор доданд.

Доктор Багромвол: Доктор Наҷибуллоҳ?

Аҳмад Зоҳир: ӯ монанди як кортус дар даруни рус рахна кард. Аммо монанди як пуқона таркид.

Доктор Багромвол: Чаро кафид?

Аҳмад Зоҳир: Ӯ бевиҷдон буд.

Доктор Багромвол: Ҷаноби ҳазрати Соҳибро чи тур ёфтаӣ?

Аҳмад Зоҳир: Мулло агар сиёсӣ ҳам шавад, мулло аст. Дар баробари ҳалво ҷон надорад.

Доктор Багромвол: Устод Бурҳониддин Раббонӣ чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Бо ҷаноби ҳазрати Соҳиб дар шакл фарқ дорад.

Доктор Багромвол: Мулло Умар?

Аҳмад Зоҳир: Ӯ муаммои дуввум аст.

Доктор Багромвол: Аҳмадшоҳи Масъуд?

Аҳмад Зоҳир: ӯ марди хуб аст, вале танҳо.

Доктор Багромвол: Чаро танҳо?

Аҳмад Зоҳир: Ба хубҳо эътимод наметавонад ва аз бадҳо ҷудо!

Доктор Багромвол: Устод Халилӣ, раҳбари «Ваҳдат» чӣ?

Аҳмад Зоҳир: ӯ аз зӯраш бештар зӯр мезанад.

Доктор Багромвол: Ҷенрол Дӯстум чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Мавқуф дирӯзи худро аз даст дода.

Доктор Багромвол: Устод Сайёф чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Ӯ гарав рафтааст.

Доктор Багромвол: Шаҳид Маҷид чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Равонаш шод бод.

Доктор Багромвол: Доктор Файз чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Онҳо дар такнои замону таърих қарор доранду кӯҳҳои кор дар пеши рӯй.

Доктор Багромвол: Аз нависандагон киро меписандед?

Аҳмад Зоҳир: Абдурраҳим Аҳмади Парвонӣ ва Фазлурраҳмони Фозилро.

Доктор Багромвол: Аз рӯзномаҳо?

Аҳмад Зоҳир: Моҳномаи мубораки «Мизон»-ро.

Доктор Багромвол: Аз шӯхҳо?

Аҳмад Зоҳир: Худата!

Доктор Багромвол: Аз ман чизе хондаӣ?

Аҳмад Зоҳир: Бале мусоҳибаи шуморо бо Аҳмад Шомлу.

Доктор Багромвол: Дар куҷо?

Аҳмад Зоҳир: Дар «Шаҳрванд»-и чопи Торонто.

Доктор Багромвол: Аз радиёҳои хориҷи кишвар?


Аҳмад Зоҳир: «Садои Афғонистон»и Торонторо.

Доктор Багромвол: Аз кишварҳои ғарбӣ?

Аҳмад Зоҳир: Амрикои ҷавона.

Доктор Багромвол: Ҳоҷӣ Комрона чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Ҳоҷӣ Наврӯзро бештар дӯст дорам.

Доктор Багромвол: Аз шуаро чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Фурӯғи Фаррухзодро.

Доктор Багромвол: Аз мутарҷимин киро?

Аҳмад Зоҳир: Фурӯғи Ихлосро.

Доктор Багромвол: Аз вай чизе хондаӣ?

Аҳмад Зоҳир: Бале, The Endless Night.

Доктор Багромвол: Паёме барои ҳунармандон дорӣ?

Аҳмад Зоҳир: Бале, бо риёзат метавон ҳунарманди хуб шуд.

Доктор Багромвол: Охирин каломи зиндагӣ аз назари ту чӣ аст?

Аҳмад Зоҳир: Аз мардум чизе гирифтан ва ба мардум чизе додан.

Доктор Багромвол: Машрут ё ғайри машрут?

Аҳмад Зоҳир: Ҳазор фисад машрут!

Доктор Багромвол: Пас бифармо бигӯ, ки шарт чӣ аст?

Аҳмад Зоҳир: Шарт он аст, ки озодии инсон ба гарав наравад.

Доктор Багромвол: Ташаккур, рафиқи гиромии ман, Аҳмад Зоҳир.

Аҳмад Зоҳир: Аз ту ҳам ташаккур рафиқи ҷавонии ман, рафиқ Багромвол.

«Поёни бахши аввал»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi