ШАБИ ЭҶОДИИ ГУЛНОЗИ ТОҲИРИЁН
Бо мақсади истиқболи иди Вахдат дар толори Муассисаи давлатии (Маркази Ҷавонон)-и ба номи Лоиқ Шералӣ шаҳри Хуҷанд шаби эчодии шоираи ширинкалом Гулнози Тоҳириён баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳмадзод оғоз намуда, баъд ҷонишини раиси вилоят Ваҳҳоб Набиев, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Рухсора Каримхуҷаева идома доданд. Маълум гардид, ки аз ашъори шоираи хушсалиқа- Гулноз солҳои охир 4 китоби вай ба табъ расидааст. Соли 2003 «Ашки ширин» соли 2004 «Ғавғои сукут» соли 2005 аз «Аз нигоҳ то шеър» соли 2008 «Парвози дунё» чакидаҳои қалами ин шоираи навовар дар кишвари Эрон ва шаҳри Лондон бо унвони «Зери борони шукуфарези нигоҳ» бо хатти форсӣ муаррифӣ гардидааст.
Илова ба ин шоира Гулнози Тоҳириён аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Котиби ҳаракати Вахдати Миллӣ дар вилояти Суғд мебошад.
Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ,
АМИТ «Ховар»