«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
(ё худ “Ибни Сино - марвориди миллии миллати тоҷик”)
Миллати сарбаланди тоҷик дар таърихи басо қадима ва пурѓановати худ ба ҷаҳониён, аҳли башар фарзандони бузургеро зодаву тарбия намудааст, ки номи онҳо на танҳо дар таърих ва марзу буми Фарохнои Ориё-сарзамини қадимаи имрӯзаи Осиёи Вусто ва Хуросони бузург, меҳани азалии тоҷикон балки дар саҳифаҳои таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин навишта шудаву ҷаҳони ислому мардуми Шарқ аз номи онҳо ифтихор доранд дар қораҳои Аврупо,Африқо, Амрико ва Австралиё ба номи чунин шахсон арҷи баланд гузошта мешавад.
Дар ин мақола мехоҳам қадре ҳам бошад дар бораи аз яке аз бузургтарин фарзандони башарият, фарзонамарди миллати сарбаланди тоҷик ва тамоми мардуми порсигӯ Абӯали Ибни Синои бузург ва ҷойгоҳи ӯ шахсан дар андешаи банда аз замони кӯдакиям ( аз 4-5 солагӣ то имрӯз) андешаронӣ намоям. Нахуст мухтасаран дар бораи ин нобиѓаи мардуми башарият, ки 1000 сол боз инҷониб ҳамаро бо истеъдоди худовандии худ ва хизматеро, ки барои инсоният дар илмҳои гуногуни замонаша анҷом додаву то имрӯз аз ин навиштаҳои эшон дар илмҳои тибу фалсафа ва дигар илмҳо ҳамвора истифода шудаву номаш ҳамаро ба такопӯ андохтааст мехоҳам суханронӣ кунам.
Пеш аз ҳама иброз медорам, ки дар асари маъруфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» бо номи «Мутафаккири абадзинда» дар бораи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино суханҳои волое оварда ва қайд гаштааст, ки ин муттафакири маъруфи миллати тоҷик нақши барҷастаеро дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузошта,номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст.
Тибқи сарчашмаҳои мавҷуда падари нобигаи бузурги оянда, Абдуллоҳ ном олими исмоилии обрӯманд аз дудмони тоҷиктаборони асил аз Балх буда, ин падар дар тарбияи фарзанди худ баъдан нақши мондагоре дорад. Бояд гуфт, ки Балх-модари шаҳрҳои Ориён, муқаддастарин шаҳр, балки шаҳри №1 барои мардуми мо арзёбӣ мегардад ва аз ин сарзамину шаҳри муқаддасу мардхез ҳазорон сол боз шахсиятҳои бузургу корҳои бас аҷибе бархостааст, ки метавон дар ин бора соатҳо ҳарф зад. Дар замони амир Нӯҳ ибни Мансур ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшана (деҳаи Лақ-Лақаи худуди ноҳияи Рометани имрӯза) ба кори давлатӣ машѓул мешавад. Абдуллоҳ дар деҳаи Афшанаи наздики шаҳри Бухоро,ки ҳамагӣ он замон тоҷик буданд ва нишонаҳои туркҳои оѓузи билкул ба назар намерасид бо Ситорабону ном деҳқондухтари тоҷикасал (деҳқони он замон аслан ашрафзода маҳсуб меёфт, соҳибмулк ва соҳибэҳтиром буд-шарҳи Варқаи Зайниддин) ошиқ шудаву хонадор мешавад. Санаи 18 - уми августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд ва ин тифл баъдан на танҳо ифтихори падару модар ва императории Сомониён, балки ифтихори анқариб 2 миллиард аҳолии мусулмон ва маҳбуби қариб 8 миллиард аҳолии ҷаҳон мегардад.
Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшана ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд ва таваҷҷӯҳи хосае ба илмҳои дунявӣ ва ақлгароӣ медод писарчааш Ҳусайнро ба мактаб ба хондан месупорад. Вай аз панҷолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро меомӯзад.
Ниҳоят Ҳусайн Қуръонро омӯхта онро ҳифз намуда, бо ин амали худ ба худ тахаллуси Шайхро мӯҳро мезанад. Ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар сурат ва сират зебо буда, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд(қайд бояд намуд, ки тибқи бархе аз сарчашмаҳо Шайхурраис Ибни Сино он қадар ҷавони зебое будааст, ки занони Бухоро аз паси дарвозаи хона ба ӯ нигоҳ карда мафтуни ҷамоли зебои ин нобиѓаи ояндаи олам мегардидаанд ва ҳатто занони ҳомила аз диди сурати зебои Сино ба ҳамли кӯдак низ гирифтор мешуданд, меандешам, ки чунин зебогиро дар Осиёи Миёна бидуни шак танҳо ва танҳо тоҷики нажодан аврупоӣ ва сафедпӯст дошт на каси дигар-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Ба ҳамин тариқ, ӯ то 12 солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро мустақилона омӯхта, илми тибро аз Абӯмансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯха дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илоҳӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абӯалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷиддӣ ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард. Доир ба таҳсили илм чунин ишора дорад: Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам (бояд гуфт, ки он амалҳои ҳайратоваре, ки дар хотираи шогирдону дигар уламои давр нисбати Сино дар саҳифаҳои таърих боқӣ мондаанд , фикр мекунам, ки на танҳо ба кӯшиши хондан ва ҷидду ҷаҳди зиёд , ҳамчунин пеш аз ҳама нишонаи як қувваи табии бисёр фавқулъода, ки бо амри офардигор дар тинати камтарин шахсон дар олам арзонӣ дода мешавад зуҳур намудааст на чизи дигар-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Абӯалӣ то 18-солагӣ тамоми донишҳои расмӣ ва ғайри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф мегардад. Беҳуда баъдан ин нобиѓаи ҳамаи давру замонҳо дар шеъре ҳақиқатнигорона нагуфааст:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Ин олими энсиклопедист ва ё худ ҳамадон дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш шурӯъ гаштаву дар 40 сол то дами вопасини ҳаёташ давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва ҳам бо забони модарияш форсии бухорӣ (номи имрӯзааш тоҷикӣ) эҷод.
Аз рӯйи тадқиқотҳои бузургтарин донишманди адабиётшиноси форсизабонони ҷаҳон дар асри ХХ устод Саид Нафисӣ миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд , “Ҳикмати Шарқ” эҷод шудаанд( бояд гуфт, ки Султон Масъуди Ѓазнавӣ зимини ҳуҷумаш дар соли 1030 ба шаҳри Исфаҳон вобаста ба ѓаразҳои доштаву бадбинияш нисбати Сино китобхонаи шахсии Ибни Синоро ѓорат намуда, «Китобулинсоф»-ро дар 20 ҷилд,китоби шашуми “Қонун, “Ҳикмати Шарқ” ва дигар дастнависҳои гаронбаҳоро ба Ѓазнин мебарад ва онҷо ин ганҷҳои бузург аз тарафи турке бо номи Тоши Фаррош чун китобҳои зиндиқӣ сӯзонида мешаванд.Ибни Сино он замон аз шиддати ѓазаб бори нахуст ба бемории қулинҷ гирифтор мешавад- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд ва олиме дар қораҳои олам дар тӯли 1000 соли охир дар соҳаҳои гуногуни илм аз илми тиб то илми назарияи мусиқӣ ва фалсафаи озодандешии ин бузургвор муроҷиат накарда бошад.
Дар таърихи адабиёти форсизабонон Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиханд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомӯзи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро рӯнамо месозанд(аҷабам меояд, ки чи гуна Ибни Сино шоири порсигӯ ва порсиандеш турк мешудааст?- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Чи тавре, ки дар мақолаам “Фирдавсӣ ва Қаноат” андешаамро оиди Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, “Шоҳнома” ва бахусус достони “Рустам ва Сӯҳроб” иброз дошта қайд намуда будам, ки Донои Тӯс бо “Шоҳнома” ва қаҳрамононаш барои ман аз овони кӯдаки 4-5 сола буданам шинос ва сахт таъсиргузор будааст,дар ҳамин маънӣ номи Абӯалӣ Ибни Синои бузургро низ тахминан дар ҳамин синну сол аз даҳони калонсолони хонаи пурфайзамон барои ман шинос ҳаст.Зеро ҷадди бузургам, бобои азизам ба таври орифона ва шоиронаву хакимона барои мо кӯдакон ва дигар аҳли хонадонамон бо як меҳру муҳаббати хосае дар бораи ин шахсияти бузург қиссаҳо мекарданд ва мани кӯдак, ки аз замони кӯдакӣ дамзуд будам ва ба суханҳои калонсолон зиёд гӯш медодам он замонҳои кӯдакӣ садҳо маротиба ин номи муқаддасро шунида , дар андешаи тифлонаи ман баъдан ин шахсияти бузурги ҷаҳонӣ чунин менамуд,ки ӯ як авлиё, ҳазрати бузургест, ки бояд ба ӯ эҳтиром гузорем, зеро барои одамон хизмати ниҳоят бузургеро анҷом додааст (дар омади гап дӯстдории Сино дар хонаводаи мо аз замони тифлӣ мисли бо хун омадан манша мегирад).
Ҳамин тариқ дар ҳамон давраи 4-5 солагиям баъди шунидани суханҳои бобои бузургворам оиди ин нобиѓаи ҳама давру замонҳои башарият боиси ҳайрат ва андешаронӣ бо фикри кӯдаконаи ман мегашт.Ин ном низ дар қатори Рустаму Сӯҳроб-қаҳрамонони Ҳаким Фирдавсӣ барои як умр дар қалби ман маъво гирифтааст.
Баъди хонандаи мактаби миёна гаштан ва хондану навиштанро ёд гирифтан, дар 10 солагиям байти маъруфи Синост ”Аз қаъри гили сиёяҳ то авҷи Зуҳал”аввалин байте аз Шайхурраис аст, ки онро камина азёд карда будам мебошад ва ҳамон давраҳо буд, ки дар китобчаи хурде чандин шеърҳои Синои бузургро навиштаву дар чорбоѓи хонаамон онрҳо декламатсия (қироат) карда мегаштам.Ёд дорам ҳамон давра боли ин китобчаро бо болпӯши зарҳалини қуттии чой бо ҳавсали том рӯпӯш намуда, китобчаро боэҳтиёт доимо ҳамроҳам мегардонидам.Солҳои минбаъда дар мактаб, дар дарси адабиёти тоҷик дар бораи Ибни Синои бузург чун шоир дарс мехондем ва баъдан дар китоби дарсии “Таърихи РСС Тоҷикистон”-барои хонандагони синфҳои 8-10 низ омӯзгорон вобаста ба таърихи давлати Оли Сомон ба мо оиди ин шахсияти бузург қиссаҳои аҷиберо нақл мекарданд ва мо хонандагони тоҷик ҳамон давраи мактабхонӣ гуфтан мумкин аст, ки ба парастиши шахсияти Шайхурраси Ибни Сино шурӯъ намудем (аслан мепиндорам, ки як аломати тоҷик будан ин парастиши шахсиятҳое чун Ибни Сино бояд бошад- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Ҳоло бошад бо гузашти солҳо меандешам, ки чаро дар китобҳои дарсии замони шӯравӣ ба монанди “Ҳикояҳо аз таърихи СССР”(китоби дарси барои синфҳои 4-и солҳои 70-уми асри пор), “Таърихи СССР” ва китобҳои дарсии дигар вобаста ба фани таърих мо дар бораи нимчадавлате чун “Руси Киевӣ” , дар бораи ҷарроҳ Пирогов ва Михаил Ломоносов ва ихтироъкор Кулибин мехондему медонистем, дар бораи шахсиятҳои даҳумдараҷаи ҷаҳони муосир мехондем ва медонистем, лекин дар бораи бузургтарин шахсияти ҷаҳонии дар хоки СССР таваллуд гашта Шайхурраис ақалан соатаке ҷудо намекарданд то мардуми оддии шӯравӣ дар бораи ин нобиѓаи рақами №1-и дар хоки СССР таваллудгашта ягон чизеро донанд.Меандешам, инҷо нотавонбинии империядорон ба хуби мушоҳида мегашт ва мо мардуми тоҷик онро аслан пай низ мисли дигар миллатҳо намебурдем.Ҳамон давраи мактаббача буданам маводу китобҳои зиёдеро дар бораи Ибни Сино мехондам.Агар дар нашрияҳои даври мақолае дар бораи Сино чоп мешуд онро ба зудӣ гирифта мехондам.Ҳамон замон то андозае дар бораи ҳаёту фаъолияти Ибни Сино маълумот пайдо намудам ва номи ӯ дар қалби ман ҳамроҳ бо номи Фирдавсии бузург бо иборае дӯши ба дӯш ҳамнаво буд. Ҳамон давраҳои синфи 4 ва ё 5 буданамро наѓз дар хотир дорам, ки аз ҳаммилат будан бо Абӯалӣ Ибни Сино ифтихори бузурге доштам.Солҳои баъди ин ифтихорот бо хондани асарҳои зиёди дигар дар бораи Ибни Сино хело боло рафт ва фикр мекунам, ки дигар мардуми порсизабон ва алалхусус мардуми тоҷик низ дар ҳамин поя қарор дошта бошанд.
Меандешам, ки ѓурур ва андешаи миллати моро махсусан Қатъномаи махсуси ЮНЕСКО, Қарори Бюрои сиёсии КМ КПСС, Президиуми Шӯрои Олии СССР ва Шӯрои Вазирони СССР оиди ҷашни 1000 солагии Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино хело боло бурда буд.
Ёд дорам он айёми мактаббача будани мо фурӯ аз соли 1977 то соли 1980 -давраи тайёрӣ барои гузаронидани ҷашни 1000 солагии фарзанди барӯманди миллати тоҷик тариқи матбуоти даврӣ ҷумҳурӣ ва умумиитифоқӣ, садо ва симо оиди Абӯалӣ Сино мақола ва намоишномаву баромадҳои зиёде анҷом дода мешуд.Хонандаи сермутолиа ва нисбатан босаводи он замон дар бораи Синои бузург аз маводҳои чопгашта ҳарчи зиёдтар дар бораи ин шахсияти умумибашарӣ мефаҳмид.Он замон шоирону нависандагон, рӯзноманигорону олимон, омӯзгорон ва ҳатто коргару колхозиён низ дар бораи Ибни Сино андешаронӣ намудаву мақолаҳо, китобҳо, шеъру достонҳо чоп мегаштанд. Дар мактабу донишгоҳҳо, ҳатто корхонаву сари дашту сари подву рама як сухан буд : “1000 солагии фарзанди барӯманди миллати тоҷик -Шайхурраис Ибни Сино чи гуна мегузашта бошад?!”.
Табиист, ки ҳамаи ин такудавҳо, нашри асарҳо, намоишномаҳои телевизионӣ ва театрӣ, синамо халқи бо иборае қариб 1000 сол зери таъсири турку муѓул ва сиёсати манқуртгардонии миллати тоҷик, зери шиорҳои нодаркор ва дурӯяи динӣ, ки ҳамаи ин сиёсат бо як мақсад дур нигоҳ доштани миллати тоҷик аз андешаи худшиносии миллӣ ва ҳуввияти тоҷикона ва дар баҳои он мустаҳкам намудани ҳокимияти истилогарони нохондаи ҷангалие мисли Қарахониён Ѓазнавиён, Чингизиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониёну Манѓитиён нигаронида шуда буд, миллати моро такони ҷиддие бахшида аз “хоби ноз”, аниқтараш аз хоби ѓафлати ҳазорсола бедор мекард.Ибораи “Ман Тоҷик!” аслан маҳз ҳамон давраи охирҳои солҳои 70-уми асри пор дар баробари ибораи ҳазорсола маълуми “Мен турк!” қад боло мекард! Миллати хуфта бедор мешуд.Ҳамон давра буд, ки сохтмони пайкараи бузурги Ибни Сино дар пойтахти Тоҷикистони азиз шурӯъ гашта буд.Ҳамаи ин омодагиҳо ба ҷашн бешакку шубҳа як такони бисёр бузургу ҷиддиеро дар роҳи бедории миллати тоҷик ба миён оварда, ҳамон давра эҳсоси дӯстдории Тоҷикистон, Ирон, Афѓонистон, таърихи гузаштаи ниёгон, ифтихор аз тоҷик буданро ба миён меовард.Қайд бояд намуд, ки соли 1978 бо Қатъномаи ЮНЕСКО ва ҳамчунин қарорҳои дахлдори Ҳукумати СССР ҷашни 100 солагии асосгузори сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик устод Садриддин Айнӣ низ ҷашн гирифта шуда, ҳайкали мӯҳташам ва зебояш бо пайкараҳои қаҳрамонҳояш дар Душабешаҳр гузошта шуда буд.Ҳамон вақт низ дар бораи устод Садриддин Айнӣ ва фаъолияташ дар нашрияҳои даврии кишвар ва СССР, хориҷи кишвар низ маводҳои зиёде чоп ва тариқи телевизион ва радио низ барномаҳо пахш мегаштанд ва ҷашни устод Айни дар сатҳи ҷаҳонӣ ва умумиттифоқ ва ташрифи меҳмонони зиёди хориҷӣ дар ин ҷашнҳо низ як эҳсоси бузурги ѓурури миллиро мекишту мекишт!Дар ҳамин асос ҷашни 1000 солагии Алломаи ҳамаи давру замонҳо Абӯалӣ Сино бошад ин ҳиссиёти ифтихори миллиро боз ҳазорон маротиба боло то осмонҳо бурд!
Махсусан соли 1980, соли ҷашни тантанавии 1000 солагии Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино дар Душанбе, Маскав, Теҳрон,Париж, Бухоро ва дигар кишварҳо, соли болоравии бесобиқаи эҳсоси ифтихор аз тоҷикият, ифтихор аз сарзамини тоҷикону порисабонҳо буд.Воқеъан меандешам, ки он на ҷашни Ибни Сино, балки пеш аз ҳама ҷашну тантанаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик буд на чизи дигар.Бо ибораи дигар теѓи ҷонбахши Синои бузург бо ҳамон бузургии ин фарзонамарди ориёӣ ва шаҳрванди ифтихории тамоми давру замонҳои сайёраи Замин тавонист теѓи истилогарони ҳасуду нотавонбинро, ки бо тангии чашмонашон ҳазор сол бо теѓҳои қассобии худ мардуми оламро мекуштанду чун Чингизхони модарбахато ва ворисонаш мардумро куштаву аз куштаҳо пуштаҳо сохтаву китобу асарҳои олимону адибон, азҷумла асарҳои бо хуни дил навиштаи Ибни Синои бузургро месӯзонданд, шикаста пора-пора кард.
Доманаи ин теѓи ҷонбахш ва сарчашмаи илмию фарҳангии тамаддуни “писари Ситорабону ва ҷавонмарди озодае аз шаҳри Балх” ончунон бузург буд, ки ҳамон нотавонбинону тангчашмон акнун аз Шарқу Ѓарб назди рӯҳи поку зафарманди Сино ба зону задаву дар орзӯи доштани чунин фарзонамардро мекарданд.Ана инро ѓалаба мегӯянд.Ѓалабаи ақл бар ҷоҳилӣ, нур бар зулмот, равшанӣ бар торикӣ.Ѓалабаи фалсафаи ақли кул бар тирагии ақлҳо.Ѓалабаи дунявият бар ҷоҳилият.
Бояд гуфт, ки ин эҳсосот боз бо ѓаразҳои бархе аз кишварҳои гирду пеш ва Кремлнишинон,ки бо ҳар як роҳу восита мехостанд аз Абӯали Ибни Синои шарафманду фарзанди фарзонаи миллати озодагон “Фарзанди фарзонаи халқҳои Шарқ”-ро ба хотири наранҷондани қабилаҳои ҷангалнишин ва саҳроӣ тарошанд хело боло рафта буд.Маҳз дар ҳамин давра буд, ки шоирони бузурги мо дар муқобили ин аъмоли нангин ва бешарафонаи ҳукумати импературӣ, амалҳои нангини бархе аз ҳамсоякишварҳо, ки мехостанд бо “ҳалво гуфтан даҳон ширин кунанд”беҳтарин шеърҳои саропо ҳуввияти миллӣ доштаи адабиёти шӯрвии тоҷикро офариданд.Эҳсоси худшиносии миллии миллати тоҷик он гуна баланд рафта буд, ки ҳатто дастгоҳи идеологӣ-сиёсии КМ ПК РСС Тоҷикистон низ коре карда натавониста, хомӯширо афзал донист ва мепиндорам, ки дуруст низ кард(меандешам, ки агар ҳамон соли 1980 мо истиқлолияти сиёсӣ ба даст меовардем,дигар ягон ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва қувваҳои душмани миллати тоҷик наметавонистанд ин миллатро дар ду майдон ҷамъ овардаву баъдан тоҷикушии фоҷиабореро роҳандозӣ намоянд, чун бедори миллӣ ва шабеҳаи Абӯалӣ Ибни Сино дар ҳар як хонадони тоҷиктапор пайваста пар мезад)!
Он замон дар муқобили дасисакорон ва дуздони ошкорои фарҳангу тамадуни миллати тоҷик достони олиҷаноби фалсафии котиби 1-уми ИН Тоҷикистон ва котиби ИН СССР устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат “Гаҳвораи Сино” эҷод ва худи соли 1980 фавран бо забони русӣ тарҷума ва дар Маскав интишор ёфт.Ин достон дар доираи зиёиён ва фарҳангиёну олимони империяи Иттиҳодияи Шӯравӣ як такони ҷиддиеро ба вуҷуд овард.Он аслан гулдуроси раъд баъди борон дар фазои СССР ва зарбаи сахту ҷонкоҳе ба “Синохоҳони ҷоҳил” (бахусус ба романи дурӯѓини адибаи захариди “тюркют” Солдадзе ) буд на чизи дигар.
Ҳамчунин дар ин давра шеърҳои рӯҳияи миллӣ доштаи шоирони мо низ дар матбуоти даврии кишварамон нашр гашта ҳавохоҳони зиёде пайдо карданд.Азҷумла устодони бузург, шогирдони бовафо ва дӯстдоштаи устод Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсори Сафӣ ва дигарон шеърҳои олиҷанобе ба хотираи ҷашни 1000 солагии Ибни Сино интишор намуданд, ки онҳо баъди чоп маҳбуби дилҳои хонандагони тоҷик гардиданд.
Байти устоди зиндаёд Лоиқ:
Араб гӯянд Синоро гурӯҳе,
Гуруҳе ӯзбакаш гӯянду аммо....... он замон вирди забони хурду бузурги миллати тоҷик гашта буд.
Он замон ман мактаббача будам ва наѓз дар хотир дорам, ки дар нашрияҳои даврии марказӣ ва ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҳазораи Ибни Сино китобу монография, мақолаҳо нашр мегаштанд.Ёд дорам замони баргузории ҷашн, сатрҳои оташини шоири маъруфи мо, шодравон Бозор Собир:
Халқи тоҷик теѓи ҷонбахшои Синоро гирифт,
Теѓи ҷонбахшои Сино рӯи оламро гирифт.
Дар рӯзномаи он замон хело бонуфузи “Маориф ва маданият”, ки сармуҳарири он ҷасуртарин зани тоҷик дар асри ХХ , бонуи диловар янгаи нозанини мо Бӯринисо Бердиева буд дар қисмати аз ҳама боло аз ин гӯша ба он гӯшаи рӯзнома бо ҳарфҳои калони сиёҳ ин сатрҳои ҷовидона чоп гашта, ҳамагӣ ёд дорам ҷомеъаи бедори халқи тоҷик ин сатрҳоро дар кӯчаву танкӯчаҳо бо як ѓурури баланд мехонданд.Ин амалкарди мардум низ аз меҳру муҳаббати беандозаи миллати тоҷик ба бузургмарди миллат ва бо иборае шиносномаи миллат “Шайхурраис Абӯали Ибни Сино” тааллуқдор низ буданд.Ҳамон давра буд, ки сохтмони пайкараи Ибни Сино дар шаҳри Душанбе бо суръат давом дошт ва барои дар мӯҳлат то ҷашни 1000 солагӣ ба итмом расонидаи он ҳатто садҳо донишҷуёни мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ низ баъди дарсҳо бо мароқ дар онҷо кор мекарданд. Он соли пурфайзи 1980 ба туфайли чоп гаштани китобҳо дар бораи Сино камина чандин китобҳоро дар бораи ӯ хондаам, ки номи бархе аз онҳо то ҳол дар ёди ман мондааст.
Чунончӣ : “Пири ҳакимони машриқзамин” -муаллиф Валерий Воскробойников,
2. “Пирӯзинома” муаллифон Ш.Ҳусейнзода ва Худои Шарифов,
3.”Сурат ва сурати Сино” муаллифон А.Алимардонов В Ҷ.Додалишоев.
Он замон навиштаҳои олими ҳамон вақт дар сатҳи СССР машҳур, доктори илмҳои тиб зиндаёд Юсуф Нуралиев низ бо шавқи том мехондам.
Навиштаҳои адибону олимони ватанӣ ва хориҷӣ оиди Абӯали Ибни Синои тоҷикасл андешаи бандаро вобаста ба дӯстдории миллат,ки аз замони кӯдакиям ин ном ҳамроҳи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ дар қалби банда ҳамеша ҷой дошт садҳо фарсах,балки ҳазорон фарсах баъди ҷашни 1000 Сино боло бурд ва шахсан аз точик ва ҳаммилати Синои бузург будан(бархе азаҷдодони камина аз Бухорои Шарифанд) аз офаридгор шукргузорам.Ин ном ҳама вақт боиси ифтихори ман буд, ҳаст ва то охирин лаҳзаҳои ҳаётам низ ҳамин тавр боқӣ хоҳад монд.Ба офарадгор дуруд мефиристам, ки аз миллате, ки Куруш, Имом Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Фирдавсӣ, Сино, Мавлои Балх, Аҳмадшоҳи Масъуд..... дорад, каминаи камтаринро низ аз ҳамин шоха офаридааст аз ин рӯ пайваста аз худованди ҷону хирад сипосгузорӣ менамоям.
Ҷашни ҳазораи Ибни Сино ва чораҳои дар ин ҷашн андешидашуда чашми миллати тоҷикро хеле калон кушод ва чунин мепиндорам, ки ин ҷашн асоси бедории миллат дар он замони бо истиллоҳ замони рукуд буд.Ин ҷашн, ҷашни бедории умумиллӣ, ҷашну рӯи об омадани ибораи “Ман Тоҷик!” буд.Ин ҷашн ва чопи асарҳои илмӣ ва адабӣ, таҳияи намоишномаҳо театрикунонидашуда, дигар чораҳои фарҳангии андешидашуда дар ин заминаи сароѓози худшиносии томи миллати тоҷик буд.Ин ҷашн сароѓози он бедории миллие буд, ки онро дар замонаш қишри рӯҳонӣ бо сарварии шайхур-исломи давлатдории Оли Сомон вобаста ба даъвати охирин шоҳи тоҷиктабори Оли Сомон барои ҳимояи сарҳади ватан ва давлатдории тоҷикон аз ҳуҷуми мардуми биёбоннишин бо фатвои аблаҳонаи додаашон, ки тарзи ҳаёти онҳо дуруст аст ва эътиқодашон саҳеҳ (туркҳои ѓуз ва Сабуктегини барда) ва мӯъмин бояд барои зиндагии ин дунёӣ талош наварзад, ба ҷуз мубориза барои дин , бо ин хиёнати худ ин қишри рӯҳонии манфиатдор миллати тоҷикро барои 1000 сол зери юѓу бардагӣ гузошт ва давлати тоҷикиро ба номи қабилаҳои даштию ѓуломони дирӯза чун Сабуктегиниён ва Қарахониён гузошту бедори миллиро аз байн бурда буд, ана ҳамон бедории аз байн рафтаро рӯи об овард! Бояд гуфт, ки табақаи рӯҳониён дар саҳифаҳои таърихии дурудароз баъдан мисли садрҳои Бухорӣ, шайхони Ҷуйборӣ ва дигар табақаҳои рӯҳониёни баландмартаба барои нафс ва молҳои дунявӣ ба итоати ҳар турку муѓули почаканда фатфо медоданд ва ахиран то ибтидои солҳои 20-уми асри пор зери сиёсати дингароӣ (дар асл сиёсати туркигароӣ) миллати тоҷик қариб номашро фаромӯш кардаву аз як рӯҳи нимбисмил низ боло набуд.Тоҷик садсолаҳо худро на тоҷик балки бухорӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ, чочӣ, фарѓонӣ, ҳисорӣ, зарафшонӣ, исфарангӣ, раштӣ, хатлӣ, бадахшӣ, дарвозӣ, кобулӣ, ҳиротӣ,нишопурӣ ва ё мусулмон ...муаррифӣ мекард.
Дар худи Бухорои Шариф низ аз тибби Абӯали Сино, фалсафаи бузурги озодандешӣ ва ин ифтихороти бузурги миллии тоҷикӣ дигар чизеро намедонистанд ва аз манқурте низ қариб беш набуданд.
Номи Абӯали Ибни Сино намои миллати мост.Ин ном мисли номҳои Куруши Кабир, Имом Абу Ҳанифа, Имом Саҳеҳи Бухорӣ, Абумуслими Хуросонӣ, Закариёи Розӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Носири Хусрав, Мавлои Балх,Хайём, Ҳофизу Саъдӣ....ифодакунандаи миллати тоҷик аст.Бояд тарҷумаи ҳол, фаъолияти илмию амалии Шайхурраис, фоҷиаи ба сари эшон овардаи қабилаҳои ҷоҳили атрок ва ашъори бо забони модарияш форсии бухорӣ(ин ибора дар асри ХХ ба забони тоҷикӣ иваз шуд- шарҳи Варқаи Зайниддин) барои қишрҳои гуногуни ҷомеъа дар шакли нисбатан осонбаён ва содакардашуда (алалхусус барои фаҳмиши қишри зиёди рӯҳониён, ки мушоҳидаҳои банда нишон медиҳанд, ки аз фаҳмиши таърихи на танҳо дини мубини ислом ,балки таърихи миллати форсу тоҷик ва нухбагони миллатамон садҳо фарсах дур буда, дониши қазие надоранд-шарҳи Варқаи Зайнидди) бо даҳҳо ҳазор нусха чоп ва мисли китоби “Тоҷикон”, “Шоҳнома” , Девони Маволи Балх.... зеби хонаи ҳар як тоҷик бояд гардонида шаванд.
Асри ХХ1 асри рушди босуръати нанотехнология, ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамадунҳо гуногун, асри ҷанги шаддиду босуръати иттилоотист.
Пайдо шудани ҷараёну ҳаракатҳои динии ифротӣ,фашистӣ,миллии ифротӣ, террористӣ, пешниҳодҳои бемаънӣ ва беасосии ѓайриилмӣ дар бисёр ҷабҳаҳо,хосатан авҷ гирифтани “ривизияи таърихи Осиёи Марказӣ”, “ривизияи “Авасто”, “ривизияи “Шоҳнома”, “ривизияҳои биологию антропологии қабилаҳои сакоӣ, сарматҳо, скифҳо,бохтариҳо, тахориҳо, суѓдиҳо”, “ривизияи антропологии Зардушт, Кайковус, Афросиёб,Томирис, Баҳроми Чӯбина, Имом Абӯҳанифа,Саҳеҳи Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Маҳмуди Торобӣ.....), “ревизияи асбобҳои мусиқии дутор, сетор, рубоб, ѓижак, най,даф”, “ривизия хӯрокҳои миллӣ”, “ривизияи ҷашни Наврӯз”, “ривизияи таърихи миллати тоҷик ва пайдоиши он” бо мақсади аз қабила атрок баровардани онҳо аз тарафи ревизорҳои навбаромади таърихи имрӯзаи Осиёи Марказӣ,боиси нигарони сахти ҷомеъаи имрӯзаи мо бояд бошад.Аҳли зиёи кишвар ба ин проблемаҳои солҳо инҷониб пахншаванда бояд бепарво набошанд ва ин аъмолҳои дурӯѓин аз пайи худ ѓаразҳои сиёсӣ ва беобрӯкунии миллату давлати моро низ дар умум дар худ доранд (агарчанде, ки мушоҳидаҳои банда нишон медиҳад, ки аксаран ин ревизорҳои таъриху фарҳанг ба ном профессору академикҳо куллан донишу фаҳмиши қазоие низ надоранд, танҳо тибқи фармудаи созмонҳои ажодӣ ва забонӣ, хоҷагонашон ва барои манфиатҳои давлатҳову миллаташон ба ин роҳи каҷ равонанду аминем, ки бори каҷ ба манзил намерсад- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Кор то он дараҷа рафта расидааст, ки бархе аз ба ном олимони кишварҳои ҳамсоя берӯёна, чандсол боз зӯр зада исбот кардан мехоҳанд, ки тоҷикон то соли 1924 хат надоштанд ва онҳо мисли дигар миллатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд,Марв,Чоч.... бо забони байналмилалии он замон(забони форсӣ ва хати форсӣ)таҳсил мекарданд ва тоҷикон танҳо баъди тақсимоти марзию миллии Осиёи Миёна соҳиби хату китобҳо бо забони тоҷикӣ гаштаанд (омад ба сарам он, чи ки метарсидам, қариб 20 сол муқаддам дар нашрияи “Бомдод”-и шоир Хайрандеш дар шаҳри Бохтар мақолае бо номи “Порсӣ гуноҳе надорад!” нашр намуда, иброз дошта будам, ки истиллоҳи порсӣ ва ё худ форсӣ ин ифтихороти миллати мост ва дар қатори порсии шерозӣ, порсии кобулӣ,порсии деҳлӣ, порсии бухорӣ (забони тоҷикони Осиёи Вусто барои ҳамаи порсизабонони дунё азиз аст) ва ҳоҷати берӯёна санг задан ба он нест.
Чунин сангзаниҳо имконият дорад, ки душманони фарҳангу забони тоҷик фардо хоҳанд гуфт, ки тоҷикон мисли мо хату китоб надоштанд ва дар мадрасаҳо ҳамагӣ мисли мо туркони Осиёи Вусто бо забони байналмилалии минтақа забони порсӣ мехонданд, аз ин рӯ ҳамаи офаридаҳои адабиву фарҳангии Осиёи Вусто азони мост (омад ба сарам он, чи, ки метарсидам-шарҳи Варқаи Зайниддин). Муттаасифона андешаҳо 20 сол пеш гуфтаи ман дурустии худро имрӯз дар китобҳо, баромадҳои телевизионӣ ва ҳазорон сомонаҳои қабилаҳо атрок, ки бо даҳҳо забонҳои олам ҷор зада истодаанд исботи худро ёфта истодааст.Дар ин асос дар давраи ҳуҷуми рӯи рост ба фарҳангу забону маънавиёти миллати тоҷик бояд ибораи порсӣ ва ё форсӣ дар Қонуни забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли то давраи соли 1994 ҳатман бояд ишораи худро ёбад, роҳи дигаре инҷо ман намебинам бародарони азиз.Дар чунин ҳолат бо ибораи Мавлои Балх “нармии тоҷикӣ” куллан лозим ва зарур низ нест!
Имрӯз дар аѓлаби кишварҳои туркилисон ба таври нотавонбинона Ибни Синои тоҷикаслро,ки дар замонаш аз дасти туркон дарбадар буд ва китобҳои нодири бо хуни дил навиштаи ӯро аҷдодони ҳамин мардум оташ зада буданду худ мақсади қатли ӯро доштанд ва аз қафояш гургвор гардиш доштанд(меандешам, ки агар қабилаи атрок Синоро ором мегузошт ва эшон фурсате баро кори илмӣ ва эҷод меёфт шояд садҳо бемории дигарро роҳи табобаташонро меёфт , аз ин рӯ турк эълом доштани Ибни Сино ин таҳқири на танҳо рӯҳи поки Шайхурраис ва миллаташу 200 миллион иронинажодон балки таҳқири анқариб 8 миллиард аҳолии Курраи Замин аст на чизи дигар.
Ин кишварҳо бо номи Сино мукофоти байналмилалӣ таъсис медиҳанд ва дар Париж ва дигар ҷойҳо мукофот додаву ҷалласаҳо мегузоранд ва ин ҳама гиру дорҳо бо як мақсад аст турк эълом кардани Синои тоҷик на чизи дигар.Аз ин рӯ ҳамчун як тоҷик меандешам, ки муносибат бо номи Абӯалӣ Синои тоҷикасли Балхӣ- муқаддастарин шаҳри миллии тоҷикон) дар кишварамон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҷанги беамони иттилотӣ бояд куллан дигар шавад(агарчанде корҳои лозимае дар ин самт андешида шудаву дар ин асос беҳтарин коре, ки аҷом ёфтааст ин ба номи ин фарзонамард гузоштани қуллаи бузурге, ки замоне ба номи Ленин ҳаст мебошад),зеро шароиту вазъи ба миён омадаву ҷанги руирости иттилотии берӯёнаву бешармона ба хотири ба даст даровардани номи Сино моро ба ин кор водор месозад. Пеш аз ҳама Академияи “Пури Сино” таъсис ёбад.Кушодани синфхонаҳо ва толорҳои “Ибни Сино” зарур аст (на танҳо оиди тиб балки дигар фанҳо то омӯзиши мусиқӣ чун эшон энсиклопедист буду ҳатто дар бораи назарияи мусиқӣ низ асар навишта буд).
Гузаронидани хонишҳои “Синохонӣ” доир мавзуъҳои тиб, фалсафа, ҳандаса, физика, кимиё, мусиқӣ,адабиёт ва дигар мавзӯъҳо ҳамасола бояд анъана гардад.Ҳамчунин зарур аст, ки садҳо ҳазор нишонҳои зебо бо акси Сино бароварда ва он сари синаи мардуми тоҷик ва ҷаҳонгардонро зеб диҳад.Дар сатҳи давлатӣ бояд ордени “Ибни Сино” таҳия карда шавад (ин амал бояд кайҳо сурат мегирифт).Тариқи садо ва симо, нашрияҳо пайваста намоишҳо, баромадҳо ва мақолаҳо оиди Сино бояд чоп шавад. Дар тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳо лоақал нимпайкараи бузургвор гузошта шавад.
Бояд силсиласериалҳои телевизионии ҳаёту фаъолияти Сино фавран таҳия шавад.Ифтихорномаҳои “Синои Тоҷик” бояд дар мактабу ташкилоту корхонаҳо роиҷ гардад.Аксҳои Шайхурраис бояд ба миқдори миллионҳо нусха нашр ва фурӯхта шаванд.Асарҳояш таҳия ва барои қишри зиёди ҷомеъа ва хусусан барои қишри рӯҳониёну мактаббачагон барои дарки ин алломаи №1-и 1000 соли охири башарият бо тарзи содабаёнӣ ва фаҳмо чоп карда шаванд.
Дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои шаҳаку деҳот бояд кӯча ва хиёбону китобхонаву театру муассисаҳои тиббию фарҳангӣ ба номи Сино бояд гузошта шаванд.Барориши молҳои саноатӣ- чойнику пиёла, асбобҳои рӯзгор тақвимҳо, нишонаҳо, бо забонҳои ѓайр бо номи “Синои тоҷик” ба манфати кор хоҳад буд.Гузаронидани мусобиқаҳои калони варзишии байналмилалӣ, ки Ибни Сино ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим махсусан диққати зиёде медод низ бояд пайваста дар доираи кишвар ва байналмилалӣ роҳандозӣ карда шавад.Роҳ ба сӯи зиёрати мақбараи Ибни Сино воқеъ дар шаҳри Ҳамадони Ирон бояд барои ҳар як тоҷик як фарзи воҷиб бошад ва онро то тавонад амалӣ намояд!
Шумо бубинед, қабилаҳои аторкӣ бо мақсади ба даст овардану каме қадима кардани таърихи худ дар номи Зардушт ва нахусткитоби тоҷикон “Авесто” ҷанбаҳои туркиро ҷустуҷуй доранд ва мақсади ба номи худ мӯҳр задани таърихи зиндаи 3 ҳазору 500 солаи таърихи оринажодон аз Қазон то Остона ҳастанд, чун худ чизе надоранд (дар ҳамин ҳолат ба хотири кас мавизаҳои як қишри рӯҳониёни бесаводи тоҷик, ки гулӯ даронда аз худ алломаи замон тарошидаву нисбати Зардушту оини он тарқи сомонаҳои интернетӣ таърихи миллатро бо фаҳми беақлона ва бедонишии худ таҳқир мекунанд мерасад-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба МО Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28-уми декабри соли равон қайд намуданд, ки «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиѓаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмиллалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводҳои заруриро вобаста ба таҷлили 2550 солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода омода ва ба Юнеско пешниҳод намоянд.»
Роҳбари давлат дар фароварди баромади худ ҳамчунин ироъа доштанд, ки “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор кунем ва доимо дар фикри фарзадони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати худ бошем”.
Дар асоси ана ҳамин пешниҳодҳои роҳбари давлат мо бояд кору амал намоем ва худро чун фарзанди шоистаи ин давлату миллат нишон дода, бо фарзандони фарзонаи миллати мисли Куруши Кабир ва Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино бояд сахт ифтихор дошта бошем ва пайваста ҳаёту фаъолияти ин шахсонро омӯхта, фарзандонро низ дар пайравии онҳо тарбия намоем, то ворисони ҳаққии ин фарзонагон гарданд.Ба он роҳ надиҳем, ки аз номи мо бегонагон истифода ва номи фарзандони миллати моро ба хотири обрӯву нуфуз пайд намудан истифода баранд.Рӯҳи модари бузурги тоҷик Ситорабону ва Синои бузург он гоҳ моро ҳеҷ гоҳ нахоҳанд бахшид!
Аминам, ки мо мардуми тоҷиктабор зери сиёсати наҷибонаи Пешвои муаззами худ аз вазифаҳои дар наздамон гузошта мебароем.Барои ин рӯҳи поки гузаштагони миллати мо, азҷумла “Марвориди миллии миллати тоҷик” Абӯалӣ Ибни Сино ҳама вақт бо мо ҳамнаво хоҳад буд. Дар ин гуфта фаромӯш набояд кунем, ки марвориди миллиро наметавон бо ҳеҷ вақт ба арзонӣ дод ва ё фурӯх.Таҷрибаи талхи онро дар мислои Ҳиндустон,ки англисҳо замоне алмоси миллии халқи ҳиндуро ба Лондон бурданду имрӯз соҳибонаш аз нимҷазираи Ҳинд ҷон коҳанда истодаанд метавон мушоҳида кард(агар санги қиматбаҳои ҳиндуҳо табиӣ ва ҳақиқӣ бошад, пас марвориди мо Ибни Сино миллионҳо маротиба аз санги қиматбаҳои миллии нимҷазираи Ҳиндустон болотару волотар аст)!
Ин андешаҳои худро мехохам бо чанд сатре аз боби “Ҳалли мушкилот”- боби охирини достони машҳуртарини адабиёти форсии садаи ХХ дар бораи Шайхурраис Ибни Сино, достони “Гаҳвораи Сино”-и устод Мӯъмин Қаноат ҳусни анҷом бахшам:
Миёни асри мою асри пуршӯри шумо, устод,
Ҳазорон қабрҳо бархост,
Ҳазорон қасрҳо афтод.
Ҳазорон шаҳрҳо ҳамчун Бухоро шуд мазори мо,
Ҳазорон шаҳрҳо рӯид аз меҳри канори мо.
Ба нерӯи хирад охир баромад аз Замин Одам,
Ба авҷи осмонҳо, ду ҷаҳон гардид як Олам,-
Аҷаб Олам, ки маҳро дид чун саҳрои хокистар,
Аҷаб Одам, ки шуд бо Зӯҳра ҳамовою ҳамбистар!
Варқаи Зайниддин,Узви ИЖ ҶТ,Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон
















