21:56:52 27-уми Сентябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲИКМАТИ «ХАЙР» - 1

Мирзоҳусайни Бадалипур, номзади илмҳои фалсафа

Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр,

З-он пештар, ки бонг барояд: фалон намонд.

                                             Саъдӣ

Асли калимаи хайр аз забони арабӣ буда, маънои хубиву некиро дорад. Ҳамчунин, ба маънои фоида, нафъ, манфиат меояд. Дар ибораи саволии «хайр аст?» як навъ оҳанги пурсиши саломатӣ ё изҳори ғамхорӣ, ки ба маънои чӣ шуд?, корҳо дуруст аст?, мушоҳида мешавад.

      1 mirzohusayni badalipur 2021Дар фарҳангу адаби мо ва дар гуфторҳои шифоҳӣ ба забон овардани ҷумлаи «Зикраш ба хайр бод», маънии ба некиву хубӣ ёд кардан ва талаби мағфирату омурзиши шахси вафотёфта аст. Ибораи «Хайра мақдам», қадам ба хайр бод, хуш омадед, барои ташрифи меҳмон ё касе гуфта мешавад, ҳам мазмуни хайрхоҳӣ дорад. Хайрат-кори нағз, кори хуб, кори савоб, кори хайр, шакли ҷамъаш-хайрот, корҳои нағз, корҳои хуб корҳои савоб аст.

Умуман, аз ҷиҳати мазмун ва маъно ин калима маънои кори хайр, нек ва амали савобро дорад. Дар фаҳмиши имрӯза «хайр» амал ё кори ихтиёриест, ки баҳри дастгирӣ ва кӯмаки афроди заъифу нотавон, дардманду бечора, ятиму бекас, бепарастору маъюб ва аз ҷиҳати моддӣ ниёз дошта, анҷом дода мешавад. Мардуми мусулмон садақа, маъракаҳои худоӣ ба мисли ҳафту чил ва солро, ки фақат бо додани таом баргузор месозанд, як навъ амали хайр ба рӯҳу арвоҳи гузаштагонашон медонанд. Хайр як мафҳуми васеъи фалсафию ахлоқӣ аст, ки саховат, мурувват, ҳиммат, ҷавонмардӣ, иффат, накӯкорӣ, ғамхорӣ, меҳру шафқат, эҳсон, адолат, хирадмандӣ, эҳтиром, дилсӯзӣ, андешамандӣ ва дигар хислатҳои некӯ ҳамидаи инсониро дар худ таҷассум мекунад.

     Офариниш –хилқати олами ҳастӣ аз ҷониби Худои азза ва ҷалла ба хайр аст. Ҳама неъматҳо ва ҳама падидаҳо барои инсон ва барои ибрат гирифтани ӯ, андеша кардан ҷиҳати худшиносӣ ва худогоҳӣ аз қудрат ва эъҷози беинтиҳои Парвардигори олам аст. Андешаи солим бо мушоҳидаи нишонаҳои қудрати тавоно ва осори илми фарогири Худо дар офариниш ба ин натиҷаи мантиқӣ мерасад, ки офаридгори ҳама мавҷудоти олам Худои ягона мебошад. Дар ояти 38-уми сураи «Духон» омадааст: «Ва мо халақна-с-самовоти ва-л-арза ва мо байнаҳумо лоъибин» (Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем). Ояти 16-уми сураи Анбиё низ ба ҳамин мазмун аст : «Ва мо халақна-с-самоа вал арза ва мо байнаҳумо лоъибин» (Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он дуст, ба бозича наофаридаем). Сухан рӯйи он меравад, ки дар ду сарчашмаи асосии ислом: Қуръони Худо ва Суннати Расуллоҳ (с) ҳам мафҳуми «хайр» ба маънои беҳтарин, баргузида, хуб ва нек омадааст. Аввал, таъкид кардан ба маврид аст, ки мафҳуми «хайр» дар Қуръон бозгӯкунандаи яке аз сифатҳои Худованди карим аст. Аз ҷумла, ояти 64-уми сураи «Юсуф» бо мазмуни «Фа-л-лоҳу хайрун ҳофизан ва ҳува арҳаму-р-роҳимин» (Худо беҳтарин нигаҳдор аст ва Ӯст меҳрубонтарини меҳрубонон) ва ё оятҳои 72-уми сураи «Муъминун» ва 11-уми сураи «Ҷумуъа» сифати рӯзидиҳандагии Худо «Валлоҳу хайру-р-розиқин» (Худо беҳтарин рӯзидиҳанда аст), ояти 57-уми сураи «Анъом» «Ва ҳува хайру-л- фосилин»(Ва Ӯ беҳтарин доварон аст), оятҳои 87-уми сураи «Аъроф» ва 109-уми сураи «Юнус» мазмуни «Ва ҳува хайру-л-ҳокимин» ( Ва Ӯ беҳтарин доварон аст) доранд.

          Қуръони маҷид ҳама кору амали хуб, нек ва ҳасанаро (амалҳои солеҳро) хайр меномад. Масалан, ояти 197-уми сураи «Бақара» тақводориро беҳтарин амали хайр ва беҳтарин тӯшаи охират маънидод месозад: «Ва тазавваду фаинна хайра-з-зоди-т-тақво» (Ва тӯша бардоред, ки беҳтарин тӯшаҳо парҳезгорист) ва ё ки ояти 128-уми сураи «Нисо» ба маънии «Ва-с-сулҳу хайрун» (Сулҳ (оштӣ) беҳтар аст). Метавон оятҳои зиёди қуръониро дар шарҳи ин масъала мисол овард. Худованди бузург дар каломи худ мардуми накӯкорро ситоиши зиёд карда, бар ивази он барояшон мартаба ва мақоми арзишмандро дар дунё ва охират ваъда кардааст. Муқаддамтар аз ҳама сухани Худованд рӯйи ин масъала ин аст, ки «Инна-л-лоҳа маъал муҳсинина» (Худованд ҳамроҳи накӯкорон аст) ва ё «Инна-л-лоҳа юҳиббу-л-муҳсинина» (Худованд накӯкоронро дӯст медорад) ва ё «Инно ло нузиъу аҷра-л-муҳсинина» (Ҳар оина, мо подоши накӯкоронро зоеъ намекунем) ва ё «Инна раҳмата-л-лоҳи қарибун мина-л- муҳсинина» (Ва раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст).

Хонандагон метавонанд барои фаҳмиши пурратари мавзӯи зикршуда ба ояти 190-уми сураи «Бақара», 134, 148-уми сураи «Оли Имрон», 85, 93-уми сураи «Моида», 84-уми сураи «Анъом», 56, 161-уми сураи «Аъроф», 120-уми сураи «Тавба», 115-уми сураи «Ҳуд», 22, 36, 56,78, 90-уми сураи «Юсуф»,128-уми сураи «Наҳл», 37-уми сураи «Ҳаҷ», 69-уми сураи «Анкабут», 34, 35, 58-уми сураи «Зумар» ва дигар сураҳои Қуръон муроҷиъат намоянд.

     Дар Қуръони карим дар ояҳои 177 ва 215 -уми сураи «ал-Бақара» чунин омадааст: «Некӣ он нест, ки рӯйи худро   ба сӯйи машриқ ва мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи охират ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро бо он ки дӯсташ дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон бубахшад. Ва намоз бигзораду закот бидиҳад… »

   «Эй Паёмбар, аз ту мепурсанд, ки чӣ инфоқ кунанд? Бигӯ: «Он чӣ аз моли худ инфоқ мекунед, барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону раҳгузарон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Худо ба он огоҳ аст.»

Аз ин ду ояти сареҳи қуръонӣ ва муқаррароти манбаъҳои дигари шариати исломӣ маълум мегардад, ки хайру эҳсон ва садақаи нофила (ғайр аз закот) беҳтар аст, пеш аз ҳама ба наздикону хешовандони ниёзманд, аз ҷумла падару модар, ятимону бечорагон, мискинону бенавоён, мусофирон, дар роҳмондагоне, ки аз моли худ ҷудо ва дур мебошанд, гадоён, бардагон ва асирон дода шавад.

       Оятҳои 36 ва 37-уми сураи «Нисо» ин мазмун доранд: «Худоро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики Ӯ масозед ва бо падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёру мусоҳибу мусофири роҳгузар ва бардагони худ некӣ кунед. Ҳар оина Худо мутаккабирону фахрфурӯшонро дӯст надорад, онон бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд ва молеро, ки Худо ба онҳо додаст, пинҳон мекунанд…».

      Суннати Расулуллоҳ (с) аст, ки дар асоси дастуроти қуръонӣ бино ёфтааст, саршор аз тарғибу ташвиқи амалҳои хайр буда, инсонро ба иҷрои онҳо фаро мехонанд ва ҳамзамон аҷру подошашонро дар дунё ва охират бозгӯи месозанд. Ҳадисҳои гуҳарбори Паёмбари акрам(с) бо як ҷаззобӣ ва расоӣ, ҳикмати хайрро барои дарёфти савоб, саодату хушбахтӣ ва сарфарозии инсон таъкид ва таъйид менамоянд. Суханони пешвои муслимин фақат баҳам овардани калимаҳо барои ҷумласозӣ набуда, фалсафа ва ҳикмати жарферо дар худ ниҳон доранд. Чанд ҳадиси шакарафшони беҳтарин баргузидаи Худоро барои тақвияти ин гуфтаҳо мисол меорем:

-- Бидонед, бинотарин чашм он аст, ки дар роҳи хайр боз шавад.

-- Ҳар кори неке садақа аст.

-- Ҳаё сар то ба по хайр аст.

-- Накӯкорони дунё накӯкорони охиратанд. 

--Беҳтарини шумо касест, шуморо ба кори хайр даъват кунад.

-- Дастҳо се гунаанд: гиранда, диҳанда ва нигоҳдоранда. Аз ҳама беҳтар дасти диҳанда аст.

-- Саховатманд се аломат дорад: афви бо қудрат, адои закот, дӯст доштани тасаддуқ (садақа)…

     Чунин аҳодис зиёданд. Бузургии таълимоти ахлоқии Қуръон ва Суннат дар он аст, ки инсонро ба аҷру савоби амали хайр дар зиндагии баъдимаргӣ низ башорат медиҳанд. Аз ин ҷост, бо назардошти ин дастуроти арзишманди Қуръону ҳадис ҳар фарди боимону мусулмон ҳатман талоши иҷрои ягон кори хайр дар зиндагиии ин ҷаҳонии худ мекунад ва умед ба подошу мукофоти охират дорад.    

       Дар афкор ва андешаҳои адабию фарҳангӣ, фалсафию динӣ, ахлоқию зебошиносӣ ва иҷтимоию сиёсии башарӣ аз аҳди қадим то ба инҷониб таърифу тавсиф ва тараннуми мафҳуми «хайр» ҳамчун амали нек ва шарифи инсонӣ беканора аст. Дар осор ва гуфтори мутафаккирони барҷастаи дунё, кам ёфт мешавад, ки сари ин мавзӯъ чизе нагуфта бошанд. Хусусан назму насри классики мо саршор аз тарғибу ташвиқи он аст, ки баҳси густарда ва алоҳидаро мехоҳад. Мо ин ҷо фақат аз нигоҳи фалсафӣ мавзӯъро мухтасар шарҳ доданием.

       Ҷаҳонбинӣ ё ҷаҳоншиносӣ ориёӣ нахустмактаби фалсафӣ ва фарҳангию динии тоҷикон аст, ки ҳикмати «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек»-ро барои худшиносии инсон бунёд гузоштааст ва башарро ба сӯи хайр хондааст. Дар таълимоти Монӣ «Нур холиқи хайр ва зулмот офаридгори шарр» аст. Дар фалсафаи Ҳинди қадим, хусусан буддоия ҳашт аркони асосӣ, пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек, муҷодалаи нек, нигоҳи нек, таамули нек, касбу кори нек, иродаи нек мавҷуд аст.

         Мафҳуми асосии таълимоти Конфутси (файласуф ва мутафаккири Чини қадим)-ро «жен» (инсонгароӣ) ташкил медиҳад, ки муносибати одамонро дар ҷамъият муайян карда, ҳурмату шарофатмандии инсонро таъкид месозад ва асосии даъвати он хайрхоҳӣ аст.

         Дар афкори фалсафии файласуфони Юнони бостон ин масъала васеъ инъикос ёфтааст. Масалан намояндаи мактаби софистии Юнон Протагор(с.490-410 п. м.) гуфтааст: «Инсон ченаки тамоми ашёст». Суқрот андарзи машҳури «Худро бишнос» ба миён гузошт. Ӯ шинохти некӣ ва хайрро асоси саъодатмандшавии инсон донистааст.

       Арасту (384-322 п.м) дараҷаи хушахлоқии инсонро на сарвату обрӯ, балки сифатҳои зебои нафсоният, ки аз фазилатҳои зерин: мардӣ, саховат, хайр, ҳиммат, азамат, дустӣ манша мегиранд ҳисобидааст. Ба андешаи ӯ саодати инсон доштани ахлоқи накукорӣ ва хайр аст. Арасту мегӯяд, ки накӯкорӣ андозаи рафтори инсониро дар муҳимтарин риштаҳои зиндагӣ нишон медиҳад: мардӣ нишонаи рафтори шоистаи инсон дар майдони муҳориба, саховат нишонаи муносибати инсон ба сарват, меҳрубонӣ маҳорати рафтори шахсӣ дар маҳфил ва ғайра.

     Дар афкору андешаи фалсафии мутафаккирони асримиёнагии тоҷик фалсафа ва ҳикмати мафҳуми «хайр» мавзӯи меҳварӣ ва калидӣ аст. Бузургоне чун Абӯнасри Фаробӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Насриддини Тусӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Фахридини Розӣ, Абӯҳанифа ва дигарон, ки аз ҳудудҳои ҷомеашиносии ислом берун нарафтаанд, ҳикмати ин амал ва кори наҷибро барои низоми як ҷомеаи адолатпеша, инсонгаро, маърифатгаро хеле рӯшану фаҳмо маънидод кардаанд. Адабиёти форс-тоҷик, ки бо тарғибу ташвиқи ғояҳои башардӯстӣ ва хирадпарварӣ дар асоси хайру дод машҳур аст, шоиру нависандае надорад, ки рӯйи ин мавзӯъ сухан нагуфта бошад.

       Мо имкони шарҳу эзоҳи ақидаҳои эшонро дар ин навиштаи мухтасар надорем ва фақат ба гунаи мисол гуфтаҳои Шайхурраис Абӯали ибни Синоро аз асараш «Ишорот ва танбеҳот» меорем. Ибни Сино дар мавзӯи рағбати табиӣ ва фаъолияти инсон дар ҷомеа сухан мегӯяд ва дар бораи «хайр» гуфтугӯ мекунад. Ба ақидаи ӯ, хайр (эҳсоси лаззатҳои ҳиссӣ, ақлонӣ, рӯҳонӣ, фаъолияти амалии инсон) эҳсосест, ки барои рӯҳу равони амалии инсон шодмонӣ ва саодат мебахшад. Хайр барои як нафар метавонад ғизои лазиз бошад, барои қисмате эҳсоси бартарӣ бар дигарон (мисол: фазилат ва ҳукумат) барои гурӯҳи дигар расидан ба мартабаҳои орифона. Арзиши ҳақиқии «хайр»-ро холисона будани он, пок аз ғаразҳо буданаш муайян мекунад.

           Хайр ва хайрия зуҳуроти нодире ҳастанд, ки аз шарофату каромати инсон дарак медиҳад ва эҳсоси масъулияти имонӣ ва инсонии фардест, ки ахлоқ, рафтор ва пиндораш бар пояи гуманизм (инсонгароӣ) устувор гаштааст. Барои ӯ тақдир, сарнавишт ва ҳастии шахс ва афроди ҷомеа арзиш дорад ва ба хурсандиву ғаму андӯҳи одамон шарик аст. Инсонест, ки шахсияташ аз унсурҳои неки фазилати одамӣ, фаросати волову ҳиммати баланд бунёд гардидааст. Меҳвари андешаҳояшро некию накукорӣ кардан, дасти бечорае гирифтан, хайрхоҳӣ мардум будан ташкил додаст, одамияташ боло рафтааст. Хайру эҳсон, саховат на барояш воситаи худнамоию, риёкорӣ, шӯҳрату қудрат, балки василаи мувозинат (гармония)-и рӯзгору зиндагонӣ аст. Ибни Мискавайҳ ин масъаларо тафсири зебое карда гуфтааст, ки барои ҳар як тоифаи мардум лаззату саодат вобаста ба таҳсили касбу шуғли дӯстдоштааш гуногун зоҳир мешавад. Масалан, барои як майпараст лаззату саъодат дар истеъмоли доимии шароб, барои варзишгар дар тамрину машқи ҷисмонии бардавом, барои шаҳватпараст дар зино, барои олим дар таҳсили илм, барои саховатманд дар хайру эҳсон ва ғайра.

         Аслан, барои хайр маблағ зарур аст, чун сарчашма ҳамаи хайру саховат дороӣ маҳсуб аст. Лекин суоли матраҳ ин аст, ки як шахси нодору бечора бо вуҷуди дасткутаҳӣ дар замираш доимо орзуи хайру эҳсон карданро мепарварад, чӣ гуна метавонад, ин нияташро амалӣ созад.

Идома дорад...

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi