00:32:14 11-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«СИТОРАИ ХОВАР»

(Ба муносибати 80-солагии зодрӯзи ховаршиноси маъруфи миллат, Амрияздон Алимардонов бахшида мешавад)

Дар бораи ховаршиноси маъруфи миллати тоҷик, мудири шӯъбаи дастхатҳои хаттии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои кишвар, шодравон Амрияздон Алимардонов зиёд гуфтаву навиштаанд. 

Picture-2019-07-28 18.19.56Банда дар бораи ин шахсияти накӯном ва чеҳраи мондагори ховаршиносии шӯравӣ ва тоҷик низ навиштаам. Аз ҷумла, мақолаи калоне бо номи «Шикасти Ховар» нисбати вафоти ҷонсӯзи ин шахсияти миллӣ навиштаам. Дар ин мақола ба қадри зӯру тавони худ то тавонистам хизматҳои Амрияздон Алимардоновро дар ҷодаи рушду нумӯъи илми ховаршиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик кушода додам. Ҳоло мехоҳам, ки дар арафаи ҷашни 80 солагии ин шахсияти бузург, чеҳраи дигари ин олими бузургу закитаъби шӯравӣ ва тоҷикро ба хонандаи азизам кушода диҳам.

Бояд хотиррасон намуд, ки Арияздон Алимардонов барои банда тағоии калонӣ мешавад ва шахсан барои ман ҳаққи падарӣ дорад. Ин шахсият дар тиннати худ ҳам ба сират ва ҳам бо сурат ба андешаи банда шахсияти биҳиштӣ ва миллие буд, ки худованди таолло ӯро барои миллати мо арзонӣ дода буд. Аз айёми кӯдакиям ёд дорам, ки бибиву бобоям, умуман ҳамаи хешу ақрабо ва аҳли деҳа он замони дури ибтидои солҳои 70-уми асри пор омадани тағоиямро сахт интизорӣ мекашиданд. Чун тағоям соле як маротиба (одатан охири тобистон ва ё аввали тирамоҳ ба рухсатии меҳнатӣ) ба деҳа ташриф меоварданд, хурсандии аҳли хонадон, хешу табор ва ҳамдеҳагону ҳатто ҷамоати деҳшӯрою ноҳияро ҳадду канор набуд.Махсусан ман бисёр хурсанд мешудам, зеро тағои бузургвор ва сахиям ҳатман барои ман бозичаҳои зебо (автомат, милтиқ, автомашина, тӯб…), ки он давра дар мағозаҳои деҳот бисёр моли камчин маҳсуб меёфтанд  меовард. Шумо хонандаи азиз тасаввур намоед, ки кӯдаки ҳафтсола, ки дар дасташ автомат ва ё милтиқу таппончаи зебое дорад ҳангоми бозии маъмулии он давраи бачагони деҳа (бозии «солдату немисбозӣ) ва бо чунин «яроқи бозича» бо ҳамсолони хеш ба бозӣ ва «ҷанги зидди Гитлер» шурӯъ мекунад. Ба ростӣ дигар бачагон ба ман бо чашми ҳасад менигаристанд, зеро чунин бозичаи зебо надоштанд ва ҳамагӣ бо камонғӯлакҳо ва ё «автомат» -и худсохт аз сими арзизи «мусаллаҳ» буданд.

 Баъдан замони мактаб рафтанам ва азхуд намудани китоби «Алифбо» тағои накӯномам ба хондани ман мароқ зоҳир мекардагӣ шуд ва дар қатори бозичаҳою нишонҳои гуногуни сарисинагии кӯдакона барои мани мактаббача китобҳои бадеъии кӯдакона меовардагӣ шуд. Аз он давраи дури замони дар синфҳои ибтидоӣ хонданам дар ёдам мондааст, ки китоберо бо номи «Телефонии чумчуқ» (ва ё «Гулмоҳӣ»), ки муаллифаш шоири бачаҳо Нӯъмон Розиқ буд, ба ман ҳангоми рухсатии меҳнатиаш оварда буд(мутаассифона дигар китобҳои кӯдаконаи ранга ва зебои овардааш аз лавҳи хотираам рафтаанд).

 Ман ин китоби шоири зиндаёд устод Нӯъмон Розиқро бо пуррагӣ дар ҳамон замони синфи 2-юм хонданам пурра аз худ карда шеърҳояшро азёд медонистам ва худораҳматии тағоиям,устод Амрияздон Алимардонов маро ташвиқ мекард, ки китоби бадеъии зиёд хонам. Гуфтан мумкин аст, ки анна ҳамин гуна китобҳои рангаи зебое, ки тағоиям барои ман савғо меовард, роҳи китобхона ва китобдӯстиро барои ман барои як умр кушод (китобхонӣ имрӯз барои ман анъана шудааст ва агар баъди кор камаш сӣ-чиҳил саҳифа китоб бо забонҳои русӣ ё тоҷикӣ нахонам хоб аз чашмонам мепарад). Аз ин рӯ, барои ҳидояти падаронаи тағо ва устоди бузургворам Амрияздон Алимардонов барои абад аз ӯ миннатпазирам.

Ёд дорам, ки чун тағоям аз автомашина назди хона мефаромаданд, ба зудӣҳамсояҳо, ҳамдеҳагон , хурду калон ба дидори тағоям мешитофтанд ва ӯро гарм дар оғӯш гирифта аҳволпурсӣ мекарданд. Тағоям, ки шахси болобаланд ва симои зебои ориёӣ ва баҳодурона доштанд (замони донишҷӯӣ паҳлавони хубе низ буд) бо табассум ва муносибати гарм бо ҳама хешу табор, волидайн, ҳамдеҳагон вохӯрӣ мекарданд ва аз ҳама ҳолу аҳвол мепурсиданд.

Мӯйи сари зебои шоназада, қаду қомати боло, зебогии махсус бо оинаҳои чашм ва либоси тозаю озодаи шинам ба тағои азизам ҳусн болои ҳусн зам мекарданд. Ба замми ин устод лутфи баланди сухан дошт.Суханҳои зебои чун дурру марворид аз даҳонаш баромада, бемуҳобот ҳар шиносу ношиносро ба тағоям ҷалбу касро мафтун мекард.Бояд иқрор шуд, ки дигар дар умри худ ягон ҷавонмардеро бо чунин ваҷоҳату забогӣ, чеҳраи хотирмон вонахӯрдаам! Тағоям чун номаш зебо буданд ва нури яздони пок бо иборае дар ҷабинашон ҳувайдо буд. Ин сухане ҳаст, ки дар худ ҷавҳари ҳақиқат дорад ва онро камина солҳо зиёде ба мушоҳида гирифтаам. Бахусус вохӯрии тағоии бузургворам бо модараш, худораҳматии модаркалонам бисёр аҷиб ва боҳаловат буд. Ин як манзараи аҷиби дидори модару фарзанди калонии хонадон буд, ки шахсан ман онро бо ҷузъиёти пуррааш тасвир карда наметавонам ва аз ин рӯ аз шумо хонандагони азиз маъзарат мехоҳам!

Одатан модаркалонам тағоямро ба оғӯш гирифта, гаштаю баргашта аз пешонии зебои писари паҳлавон, олим ва машҳури худ мебӯсид. Ба назари банда модаркалонам аз бӯсидану навозиши писари калонӣҳеҷ серӣ надошт (ба андешаам ҳамаи модарони олам то охир чунинанд). Вохӯрии тағоям бо бобои бузургворам низ, ки аз мактаби паҳлавонии Дарвоз гузаштаву худ рӯҳонию сӯфии маъруфи замони худ буд, низ ҳамин тавр зебо, падарона ва писарона сурат мегирифт. Дар ин асос хонандаи азиз аз муносибати тағою бобои шодравонам аз замони хурдӣ то рӯзҳои охирини зисти бобои бузугворам, ин пири маънавии рӯзгори шӯравии миллати тоҷик Махсуми Алимардон як чизро дарёфтам, ки тағои бузургворам дар назди бобоям  ҳеҷ гоҳ сар баланд намекард ва ба назарам шарм дошта, хӯсида-хӯсида сухан мекард.Ба андешаи банда, бо он салобати ҳакимона, орифона ва сӯфиёнае, ки бобои бузургворам дошт,ба ҳар ҳол тағои зиндаёдам бешаку шубҳа пеш аз ҳама аз ҳиммати ҷавонмардӣ, оини ҳурмати волидайн, ҳурмати падарӣ кор мегирифт ва назди падари бузургвори худ бо тамкин сухан мегуфт. Дар ин ҷо низ ҳикмату фалсафаи бузурги ниёгон оид ба қадри баланди падар дар назди фарзанд истодааст ва тағои бузургворам то охир бо тамоми ҷузъиёташ онро риоя мекард.

Бояд гуфт, ки ин шахсияти накӯхислат, олими пуркор ва сермаҳсули тоҷик,яке аз беҳтарин матншиносони сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ нисбати ҳама , азҷумла бародарон, мо ҷиянҳо, махсусан хоҳаронашу хешу табор, ҳамсояҳо, хурду калони деҳ хело меҳрубон буд ва иззату эҳтироми ҳамагонро ба ҷой меовард. Ба назари ман он чиз аҷиб аст, ки тағои бузургворам нисбати тағоиҳояш бисёр меҳрубон буд, эҳтироми онҳоро сахт медонист ва агар нисбати тағо касе сухани каме дуруште мегуфт, сахт оташин мешуд ва эрод мегирифт (ман дар ягон ҳолати дигар оташиншавию эроди тағоиямро нашунидаам). Росташро гӯям чунин хоҳарзодаро низ ҳамаи тағоиҳо ва аҳли оилаашон сахт дӯстдорӣ мекарданд ва то андозае ӯро мепарастиданд!

Ёд дорам тағоии бузургворамро тамоми сокинони деҳа ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Аз ноҳия, деҳшӯрои Сағирдашт,Тавилдара, Миёнаду низ роҳбарону раисон ба хона меомаданд ва гирди дастурхони пурнозу неъмати бобою бибии ҷаннатиям, ки худораҳматии бибиям он замон катбонуи рақами яки водӣ буд то дергоҳ сӯҳбат мекарданд.

Мани кӯдак низ он замон бисёр вақт дар кунҷе ҷой гирифта, сӯҳбатҳои калонсолонро бо мароқ гӯш мекардам. Сӯҳбатҳои бобоям, тағоиям, мӯйсафедони босаводи деҳаамон ва устодони деҳаамон ба назарам хело ҳакимона, орифона ва то андозае шоирона буданд ва мани наврас аз ин сӯҳбатҳо барои худ дурри мақсуд дармеёфтам, ки дар оянда барои ман дар зиндагӣ хело кор доданд.Алалхусус сӯҳбатҳояш бо дӯсти бачагӣ, хеш ва ҳамсинфи азизаш, полковники ГРУ Салмон Ҷамолов, ки дар Тошкент кор мекарду бисёр вақт дар сафари Афғонистон қарор дошт ва ин шахсият низ замони шӯравӣ чеҳраи мондагори низомии миллати тоҷик дар сатҳи шӯравӣ маҳсуб меёфт бисёр хотирмон буданд.

Чунин сӯҳбатҳоро ҳамчунин бо ҳамсабақон ва дӯстони замони бачагияш академик Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, омӯзгорони номвар Саломатшоҳ Пайкишоев, Давлатҷон Ҳоҷатов ва ҳамчунин ҳамкурсони азизаш зиёд анҷом медоданд.Шахсан эҳсосоти баланди дӯстдории миллат, ватандорӣ, бедории миллӣ, худшиносии миллии хело баланди тоҷикона, ки замони мактаби шӯравӣ дар ман барвақт пайдо гаштаву эҳтироми тоҷику тоҷикият дар андешаи банда пайдо гашта, ана аз шунидани ҳамон сӯҳбатҳои хуби орифонаи суратгирифта маъво гирифтаанд!

Он давра буд, ки тафаккури андешаи озодфикрии банда охири солҳои ҳафтодуми асри пор хело чуқур рафтаву манро аз ҳамсолон хело боло гузошта буд ва он чизеро, ки он давра оиди миллат камина меандешид ҳамсолони ман сарфаҳм ҳам намерафтанду дар андешаашон низ мантиқан ҷой намегирифт!

Бояд гуфт, ки ҳамон вақт буд, ки дар синни дувоздаҳ-сенздаҳ солагиям маҷаллаи беҳтарин адабии он давра «Садои Шарқ» барои мани наврас маҳбубтарин маҷалла гашта онро, ки хушбахтона бобои олиму ҳакимам обуна буд ва захираи бузурги «Шарқи Сурх»-ро низ нигоҳ медошт пайваста мутолиа мекардам. Ман чаҳордаҳсола нашуда, аллакай китоби шахсии худораҳматии бобоям «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-и устод Б. Ғафуровро, ки дар муқовааш соли 1947 ва ё 1949 навишта шуда буд бо пуррагӣ хонда баромадам!

Дар синфи ҳаштумиям аллакай назарияи «партиявияти адабиёт»-ро сахт ба зери шакку шубҳа гирифта(дар адабиёти тоҷики синфи 8-и он замон ин мавзӯъ чой дошт) аз устодони мактабиям шубҳаи худро нисбати ин назарияи В.И.Ленин сари ин масъала озод баён медоштам ва онҳоро суханҳои ман замони хуфия сахт ба шигифту даҳшат меовардам.Устодони азизи ман бошанд намедонистанд, ки ба мани мактаббачаи чунин суханҳои «ғайрисиёсӣ»-ро гуфта чи ҷавоб диҳанд (он замон ин назарияро ман мантиқан бо филмҳои кишвари капиталистии Ҳиндустон, ки онҷо борҳо олами сармоя мавриди ҳаҷв карор мегирифт муқоиса намуда, ҳайрон мемондам, ки чаро дар кишвари капиталистӣ сармоядорон ҳаҷв мешаванд?!).

Ба шарофати тағои бузургворам ман замони кӯдакӣ аллакай номҳои устодон Бартолд, Бертелс, Б.Ғафуров, Бразинский, Семёнов, Саид Нафисӣ ва дигаронро хуб медонистам.

 Хушбахт аз онам, ки ховаршиноси маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ, устоди аслии тағоям Абдуғанӣ Мирзоевро (бояд гуфт, ки шодравон Абдулғанӣ Мирзоев шогирдаш Амрияздон Алимардоновро зиёд дӯст медоштанд ва на ҳар олими замон ба чунин лутфи ховаршиноси забардаст ноил шуда метавонист) дидаам. Ҳамчунин бо чунин донишмандони бузурги давр, устодоне чун Ҳақназар Назаров, Камол Айнӣ, Аълохон Афсаҳзод, Ҷобулқо Додалишоев, Ҷонфидо, Расул Ҳодизода, Худоӣ Шарифов, Асламшох Раҳматуллоев, Савлатшоҳ Мерганов, Зоҳир Аҳрорӣ ва дигарон салом намудаам. Ҳамчунин ба шарофияти тағоиям як рӯз пеш аз вафоти нависандаи бузургу дӯстдоштаи мо он замон Ҷумъа Одина бо даст салом намуда будам!Ин амалҳо бешаку шубҳа мояи ифтихори ман ҳастанд.

Замони донишҷӯй буданам оиди вуҷуддошти деҳаҳои ба истиллоҳ «Тоҷикқишлоқ» дар Доғистон, ки ба ӯ ховаршиносони доғистонӣ нақл намудаанд аз забони тағоиям бисёр шунида будам.Баъди зиёда аз сӣ соли гуфтаи ӯ дар сайти интернети мақолаи олими тоҷики руссиягиро аз Руссия оиди тоҷикони шаҳри Rизилёри Доғистон, ки дар Русия чоп гашта буд дарёфтам ва ба дурустии суханони тағоиям яқинан боварӣ хосил намудам.Аз ин рӯ ду сол пеш ба хотири арвоҳи поки тағоиям ин мақоларо аз русӣ ба тоҷикӣ баргардонида, дар ҳафтаномаи «Озодагон» чоп намудам, ки он аз тарафи хонандагони тоҷик бисёр хуш қабул гашт.

Тағоии бузугворам солиёни дароз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи ховаршиносӣ аз адабиётии форсии ҳавзаиҲинд дарс мегуфт ва бо муносибати зиёиёна, орифона ва дониши баланди худ маҳбуби ҳам донишҷӯёни ховаршиносу ҳам филологияи тоҷик гардида буд.Барҳақ донишҷӯён ба таври афсонавӣ тағоии азизамро дӯст медоштанд, зеро муносибати самимӣ ва устодона онҳоро ба ин чиз водор месохт.

Муносибати тағоиям бо ҳамсинфон ва ҳамкурсон низ бисёр орифона ва ошиқона буд, ки ин мавзӯъ бо он эҳтироми чунин ҳамсинфу ҳамсабақу шогирдон  сазовори мақолаи алоҳида хоҳад буд!

Эшон нисбат ба устод Турсунзода, Ҷаббор Расулов ва роҳбаривактикишвар Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосаеро дошт. Замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба устод Мирзо Турсунзодаю асарҳои ӯ эрод гирифтани мунаққидони навбаромадро бо қаҳру ғазаб пешвоз гирифта, аз устод Мирзо Турсунзода чун бузугтарин ва номвартарин тоҷики давр сахт пуштибонӣ мекард.

Доири ин шахсиятҳомудомизҳориақида мекард ва роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва муносибаташро бо устодоне чун ӯ ва дигарон дар он замони дури аввалин вохӯрияш дар солҳои 1993- 1994 дарроҳибаҳам овардани миллат чун шахси калидии Тоҷикистон дарёфта буд ва доиман аз Президенти кишвар ва эҳтиромиқабулаш  нисбати олимони собиқадор ва маъруфи тоҷик сари масъалаи ба сулҳ кашидани тоҷикон дар он давраи мушкил ёдоварӣ мекард ва ин мавзӯъ низ шоистаи мақолаи хонданибоби ояндае хоҳад буд!

Хулоса, метавон оид ба тағоии бузургворам, чеҳраи ошиқона, олимона, орифонаи ин ховаршиноси бузурги миллати тоҷику шӯравӣ соатҳо ҳарф зад, лекин бо ҳаминаш иқтифо мекунам.

Хотираи ин марди накӯному шариф ҳама вақт дар дилу дидаи шогирдон, хешу табор, мактаби ховаршиносӣ ва қалби миллат ҷовидон хоҳад буд.

 «Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост».

Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод.

Омин!

ВарқаЗайниддин,

шаҳриБохтар 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi