04:27:10 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сӯфизода: Ҳиндустониён ба Гандӣ лақаби Рӯҳи бузург додаанд”

Дирӯз 3 – уми октябри соли 2016 бо ташаббуси Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе таҷлили 147 – умин солгарди зодрӯзи Маҳатма Гандӣ, ки 2 – уми октябри соли 1869 дар Порбандар таваллуд шудааст, дар толори китобхона маҳфили ихтисосӣ баргузор гардид.

1 sufizoda 23544554

Нишасти илмиро директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Дар маҳфил Сафири Кабири кишвари Ҳиндустон дар Душанбе, ҷаноби Сомнатҳ Гҳош ва дигар кормандони сафорат ва аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ширкат намуданд.

2 sufizoda 23544554

Сипас, диретори китобхона Шодимуҳаммад Сӯфизода иброз дошт, ки дар таърихи сиёсии башарият нақши Маҳатма Гандӣ бағоят бузург буда, ӯро чун роҳбари маънавии Ҳидустон мешиносанд. Ӯ нахустин фарде буд, ки озодии Ҳиндро аз роҳе ба даст овард, ки барои бисёре ҳатто тасаввури он мушкил ва ғайриимкон менамуд. Рафторе, ки Гандӣ дар пеш гирифт, дар қиёс бо он чӣ акнун дар ҷаҳон мегузард ба муъҷиза шабоҳат дорад. Ӯ роҳи ҳалеро баргузид, ки намунавор буд – ҷанг бидуни ҷанг! Бесабаб нест, ки ҳиндустониён ӯро дар Ҳинд «Мҳатма» яъне Рӯҳи Бузург лақаб доданд.

Зиндагии Мҳатма Гандӣ мактаби бузурге барои башарият ҳаст. Ҷунбиши ҳуқуқи маданӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба раҳбарии Мартин Лютер Кинг бар пояи усули Гандӣ буд. Фалсафаи Гандӣ муборизаи алайҳи апартеид дар Африқои ҷанубиро таҳти таъсир қарор дод ва шахсияте чун Нелсон Мандела бар асоси он фалсафа ба пирӯзӣ ноил гашт.

Гандӣ воқеан устура буд. Чун ӯ дар таърих намунаи дигареро намешиносем. Мҳатма Гандӣ касе буд, ки бузургтарин инқилоб, яъне инқилоб бидуни хунрезиро, натанҳо дар таърихи Шарқ, балки дар таърихи ҷаҳон ба самар расонид.

3 sufizoda 23544554

Сафири Кабири кишвари Ҳиндустон дар Душанбе, ҷаноби Сомнатҳ Гҳош дар баромади худ гуфт, ки бародаркушии ҳиндувону мусулмонҳо баъди 15 – уми августи соли 1947 (рӯзи соҳибистиқлол эълон шудани Ҳиндустон) низ идома дошт. Маҳатма Гандӣ дар Деҳлӣ ба хотири хотима додани бародаркушӣ боз гуруснанишинӣ эълон намуд ва ҳамон вақт қатъ намуд, ки ҳама гуна гуруҳҳои бо ҳам муқобил ваъда дода, созишномаеро ба имзо расониданд, ки дигар бародаркушӣ нахоҳанд кард.

Профессор Ҳабибулло Раҷабов қайд намуд, ки тарзи муборизаи ғайризӯроварӣ, ки Маҳатма Гандӣ ба натифаҳои дилхоҳ доштанаш бисёр боварӣ дошт, аз солҳои 1917 – 1918 татбиқ шудан гирифт. Мамин тариқ, ин гуна ғояҳои Гандӣ дар солҳои 20 тамоми Ҳиндустонро фаро гирифта буд.

4 sufizoda 23544554

Пофессор Абдунабӣ Сатторзода дар ин нишаст аз собиқаи кораш дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳоло робитаҳои хуби дипломатӣ доранд, ки ба шакли динамикӣ рушд мекунад. Аммо ҳанӯз ин робитаҳо дар сатҳи олӣ нестанд. Ӯ дар ҳузури сафири Ҳиндустон изҳор дошт, ки барои табодули таҷриба байни китобхонаҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон заминаҳои хуби ҳамкорӣ фароҳам созанд. Ба гуфтаи ӯ, дар китобхонаҳои Кашмир феҳристи 500 ҳазор намгӯ асарҳо ба забони форсӣ  вуҷуд дорад, ки он барои муҳаққиқони тоҷик дастрас  нест.

Майрам Исоева, ҳунарманди тоҷик зимни суханронӣ дар ин маҳфил таъкид кард, ки ҳоло тамоми дунё ба чунин шахсият, яъне Маҳатма Гандӣ ниёз дорад ва мо бояд фалсафаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои хоксоронаи сиёсии ӯро биомӯзем.

Шервони Умриддин, барои сайти “Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi