23:58:37 18-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Раҳнаварде дар ҷодаи илми тоҷик

 

Дар ҳама давру замон илму дониш аст, ки инсонро ба сарбаландиҳо мерасонад. Дар ин раванд албатта, мақоми омӯзгорон, олимон, адибон, шоирон, академикҳо мақоми хоса доранд. Яке аз фозилону хирадмандони давр Аҳмади Дониш беҳуда нафармудааст: "Баъд аз вуҷуд хайри одамӣ дар илму маърифат бошад". Ин ҳикмат ба он ҳидоят мекунад, ки ҳар инсон дар зиндагӣ ба илму маърифат фоидаовар бояд бошад.

farhod-rahimov-6585454

Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони зиёдеро ёд дорад, ки дар пеш бурдани соҳаҳои гуногуни илми тоҷик саҳми арзишманде гузоштаанд. Ин қабил олимон дар ҳақиқатан дунболи илм ҳастанд. Онҳо рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо ва солҳои умри хешро вақти омӯхтани илм мекунанд, то ба умқи он фурӯ рафта, гавҳареро дарёфт намоянд ва ин бозёфтҳояшон дар илм онҳоро ҷовидона мегардонад. Ногуфта намонад, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни илми тоҷик олимони зиёде кору фаъолият доранду соҳиби унвонҳои гуногуни илмӣ ҳастанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо чун олим дар хотираҳо мемонанд. Дараҷаҳои илмиро убур кардан кори на он қадар мушкилест, вале ба дараҷаи устодӣ расидану дар дилҳо ҷо гирифтан кори саҳле нест. Олимони асил бо хислатҳои хоси худашон такрорнашавандаанд. Ин гуна нафарон дар ин вақт муқбилу пирӯз мешаванд, ки агар дар гирудорҳо, бурду бохтҳо, барору нобарориҳо ҷодаи хешро ёфта бошанд. Аммо ин амр амалест, ки на ба ҳар кас муяссар мегардад.

Ӯ қабл аз ин ки ба сатҳи роҳбарӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасад, дар ҷодаи илм, дар байни ҳампешагонаш ном ва ҷойгоҳи муносиб касб карда буд. Шояд ӯ дар байни роҳбарон аз ангуштшумор шахсиятҳое бошад, ки бо чанд забон ҳарф мезанад, ба тадқиқоти илмӣ худаш машғул мешавад ва дар баробари ин, боз тавсия ва машваратҳое медиҳад, ки боиси пешрафти на фақат кори Вазорати маориф ва Академияи илмҳо, балки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам мешавад.

Навиштан роҷеъ ба корномаи Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори саҳл нест, зеро на ҳама корномаҳои ӯ расонаӣ шудаанду мардум медонанд. Аслан ӯ шахсияти фурӯтану хоксор аст ва дӯст надорад он хизматҳое, ки барои меҳан мекунад, миннат кунад ва ба баҳонаи он худнамоӣ кунад. Аз як ҷиҳат, ки мардум дар бораи корҳои ӯ кам медонанд ва зоҳиран гӯё роҳбаре ноошно барои расонаҳо буд.

Вале ин ноайнӣ то дер давом накард ва ӯ баъди интихоб шудан ба ҳайси президенти Академияи илмҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар расонаҳо бештар матраҳ шуд. Мавсуф корҳеро дар замони роҳбариаш дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод, ки қаблан ба гӯшаи гумони касе намерасид. Масалан, гузаронидани семинар ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ яке аз корҳои ӯст, ки мавқеи кишвари моро боз ҳам меафзояд. Бо он дониш ва илме, ки ӯ дорад, дар лаҳзаҳои ҳассос тавонист ба иддаоҳои беасоси баъзе кишварҳои ҳамсоя худаш посух гӯяд ва ӯ дар минбари  расонаҳо қотеъона посух гуфт. Баҳси ӯ бо кишварҳои ҳамсоя дар масъалаи Роғун ва кандашавии Кӯли Сарез буд, ки баъди ҳамроҳ шудани ӯ ва олимоне чун академик Собит Неъматуллоев ба ин баҳс ҳамсояҳо муҳри хомӯшӣ бар заданд.

Тавре аз навиштаи устодон, дӯстон ва ҳампешагони Фарҳод Раҳимӣ бармеояд, ӯ роҳи илмро ба мушкилӣ паймуда, то ба ин сатҳ расидааст. Қабл аз ин ки ӯ то ба ин сатҳ бирсад, хизмати волидайнашро адо карда, баъдан роҳи пойтахро пеш мегирад.

Мурод аз ҳамаи ин гуфтаҳо олими пухтакор ва муҳаққиқи соҳибкилкест, ки 48 сол умри бобаракаташ сипарӣ мешавад ва то ҳанӯз дар ҳалқаи шогирдон ва машғули роҳнамоӣ ба онҳост.

Ин ҷо мехоҳам сухане чанд аз перомуни рӯзгору ибтикор ва аз ҳаёту фаъолияти доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз зумраи олимони ҷавоне аст, ки дар олами илм ситораи дурахшону қутбнаморо монад. Агар ба корномаи илмии академик Фарҳод Раҳимӣ назар афканем, мебинем, ки то чӣ андоза ин олими нуктасанҷ ва инсони соҳибмаърифат дар пешрафти илмҳои дақиқ саҳм гузоштааст ва умри шарифашро пайи омӯзишу пажӯҳиш, таълифи китобҳои дарсӣ, дастури методӣ, монография, мақолот ва таълими шогирдон гузаронидааст. Месазад аз авроқи зиндагиномаи чунин шахсони иззатманд, хоксору раҳмдил ва муътабар дарси зиндагӣ омӯхт.

Фарҳод Раҳимӣ 19 – уми сентябри соли 1968 дар деҳаи Кулолии Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро солҳои 1975 – 1985 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №41 – и ба номи Субҳон Атобуллоеви деҳаи Шашқати шаҳри Панҷакент хатм намудааст. Ӯ дар қатори садҳо нафар ҷавонони меҳанпарасту хештаншинос бо кӯмаку мусоидат, сахтгирию навозишҳои омӯзгорони масъулиятшиноси ин махзани бонуфузи даврони Шӯравӣ соҳиби хату савод ва таълиму тарбияи фарогир гардидааст.

Омӯзгорони солхӯрдаи деҳаи мазкур мегӯянд, ки Фарҳод Раҳимӣ ҳанӯз аз овони талабаи мактаби миёна будан қадри вақтро медонисту онро беҳуда сарф намекард. Ёрдамчии бебадали волидайни меҳнатиаш дар оила ва корҳои саҳроӣ буд. Ҳамин қобилиятнокиву меҳнатдӯстии беандоза буд, ки ӯ дар омӯзиши ҳамаи фанҳои мактабӣ, аз ҷумла фанҳои дақиқ басо муваффақу ҳамеша баҳои аъло мегирифт. Омӯзиши забону адабиёти тоҷик, таърихи меҳан ва илмҳои кимиё ва риёзиёту физикаро хело дӯст медошт ба омӯзиши забонҳои халқҳои дигар низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард. Мавсуф овони наврасӣ ва ҷавонияш басо меҳрубон буду дидадаро. Чун гузаштагони номдору волидайнаш ширинсухан ва ҳақиқатҷӯ буду ба рафиқон ва корҳои аҳли деҳа ёрирасон. Аз ин рӯ ҳанӯз Фарҳод Раҳимиро мо ҳама омӯзгорон, хонандагони аҳли деҳа хело зиёд дӯст медоштему эҳтиром мекардем.

Пас аз хатми мактаби миёна шавқу завқи омӯзиши ҳодисаҳои табиат Фарҳод Раҳимиро ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раҳсипар намуд. Фарҳод Раҳимӣ соли 1985 ба донишгоҳ қабул шуд. Дар айёми донишҷӯияш ӯ ба мисли ҳазорон ҷавони шуҷои Ватан солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати Модар – Ватанро бо сарбаландӣ адо намудааст. Пас аз хизмат соли 1992 бо ихтисоси физик, физик – омӯзгор донишгоҳро бо дипломи сурх (аъло) хатм кард. Дар асоси роҳхати комиссияи таҳсилоти давлатии мутахассисони ҷавон ҳамчун донишҷӯйи аълохону масъулиятшинос, босаводу хушодоб ва ҳисси баланди миллӣ дошта, ба сифати омӯзгори донишгоҳи мазкур тавсия карда шуд.

Фарҳод Раҳимӣ фаъолияти меҳнатиашро дар факултети мазкур дар вазифаи лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ оғоз бахшидааст. Ҳангоми фаъолияташ дар ин вазифа дар озмоишгоҳи физикаи атом ва ядро, инчунин, механика ва физикаи молекулӣ ба таҳияи корҳои лабораторӣ ва навиштани дастуруламали ин корҳо машғул шуда, зиёда аз 55 кори лабораториро бо донишҷӯён иҷро намуд, ки ба мустаҳкам намудани донишҳои амалии донишҷӯён равона гардида буданд.

Фарҳод Раҳимӣ баъди хатми донишгоҳ ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ доранд, машғул гардида, дар ин муддат яке аз қонунияти асосии ҳаракати электронҳоро вобаста ба паҳншавии мавҷҳои солитонӣ кашф намуд ва муодилаи ҳаракати онҳоро вобаста ба дараҷаи спини онҳо ҳосил намуд. Натиҷаи таҳқиқотҳояш дар давоми солҳои 1992 – 1995 ба шакли 15 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ ба нашр расиданд. Соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз муҳлат дифоъ намудааст.

Аз соли 1995 то соли 2000 ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва докторанти ҳамин донишгоҳ фаъолият намуда, ба донишҷӯён аз фанҳои механика, физикаи молекулӣ, электрик, оптика, физикаи атом ва ядро дарс медод. Дар ин солҳо як монографияи илмӣ ва як дастури таълимӣ, инчунин, зиёда аз 22 мақолаи илмиро ба нашр расонид. Қобилияти фавқулодаи эҷодияшро маъмурияти вақти донишгоҳ мушоҳида ва дарк карда, ӯро ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Россия фиристоданд. Дар муҳлати муайяншуда аспирантураро хатм ва таҳти роҳбарии олимони маъруф, профессорон Федянин В.К., Маханков В. ва Абдуллоев Ҳ.О. соҳиби унвони номзади илмҳои физикаю математика гардид. Тадқиқотҳояшро давом дода, соли 1997 боз докторанти ин даргоҳи илмии шуҳрати ҷаҳонӣ дошта гардид. Соли 2006 унвони илмии доктори илмҳои физика ва математикаро соҳиб гардидааст.

Аввалан, усули нави алгеброгеометрии ҳалли муодилаҳои интегродифферентсиалиро коркард намуда, бо ин усул ҳалҳои нави муодилаи ғайрихаттии Шредингерро пайдо кард, ки дар илми муосир кашфиёти нав дар омӯзиш ва таҳқиқотҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Натиҷаи ин кашфиёт дар лабораторияи физикаи нейтронҳои ин пажӯҳишгоҳ мавриди санҷиши амалӣ қарор дода шуд, ки он исботи худро ёфт ва бори аввал тасдиқ гардид, ки мавҷҳои солитонии дохилиядроӣ хосияти ҳам мавҷиву ҳам зарравӣ доранд. Натиҷаи таҳқиқотҳояш тайи ин солҳо дар зиёда аз 44 мақолаи илмӣ ба нашр расида, дар чандин конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок ва баромад намуд.

Умуман дар ин давра олими ҷавони умедбахш Фарҳод Раҳимӣ ба тариқи назариявӣ ба тадқиқи яке аз соҳаҳои хело ояндадору ҳанӯз пурра омӯхтанашудаи табиат – ядрои атом ва ҳаракати электронҳо дар он ҷо пардохт. Пеш аз ҳама ӯ усули нави тадқиқоти назариявӣҳалли алгебравӣ – геометрии муодилаи ҳолатҳои атомӣ – муодилаи Шредингерро кашф кард. Ва дар асоси он ҳолати махсусиқавӣ) ҳаракати электронҳоро нишон дод, ки он сабаби навъи махсусӣ ё ҳоло номаълуми афканишоти энергия мегардидааст.

Дурустии ин кашфиёт ба тариқи таҷрибавӣ дар лабораторияҳои Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубна санҷида шуд. Албатта дар оянда ин кашфиёт дар илм ва истещсолот татбиқ хоҳад ёфт, зеро таърихи илмҳо (физика) гувоҳӣ медиҳад, ки баъзе кашфиётҳо ба тарзи олӣ ва қисмӣ татбиқи амалии худро ёфтаанд.

Меҳри беандозаи Ватан ӯро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол овард. Баъди ба анҷом расидани муҳлати докторантура фаъолияти кории худро солҳои 2000 – 2001 ба ҳайси дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуруъ намуда, ба донишҷӯён аз фанҳои физикаи умумӣ, механикаи квантӣ, статфизика ва курсҳои махсус дарс медод. Бо истифода аз технологияи иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва усулҳои фаъоли таълим ба донишҷӯён таълим медод ва пайваста дар роҳи баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо кӯшиш ба харҷ медод.

Аз соли 2001 то июли соли 2005 ба ҳайси сардори Раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар ин солҳо масъалаи рушди минбаъдаи донишгоҳро тарҳрезӣ намуда, ба ворид намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни таълими донишгоҳӣ машғул гардид. Ташкили даҳҳо синфхонаҳои компютерӣ, пайвасти онҳо ба шабакаи интернет, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ, таъсиси корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ бо мақсади пайвасти илм бо истеҳсолот натиҷаи фаъолияти номбурда дар он солҳо буданд.

Баъдан моҳи июли соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005 – 2006 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас моҳи декабри соли 2006 то 6 – уми декабри соли 2013 муовини аввали вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Лозим ба тазаккур аст, ки  номбурда дар ин вазифаҳои пурмасъул, бо дарки он, ки маҳз низоми пешрафтаи мактабу маориф боиси рушди кишвар хоҳад шуд, ба кор сар кард. Бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Фарҳод Раҳимӣ чандин барномаҳо, дастурҳои илмӣ, рисолаҳо ва китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр гардиданд, амалӣ шуданд, ки сабаби пешравии соҳаи маориф ва илми кишвар гардидаанд. Низоми таълими донишгоҳии касбии кишвар ба куллӣ тағйир ёфт. Сафи донишҷӯёни аълохону пешсаф беш аз пеш афзун гардид.

Дониш ва ҷаҳонбинии Фарҳод Раҳимӣ васеъ буда, таҷрибаи чандин давлатҳои ҷаҳонро дар соҳаи маориф омӯхта, ҳамчун омӯзгор ва педагоги қавиирода, барои тарбия намудани насли наврас хизматҳои арзанда намудааст. Фарҳод Раҳимӣ донишманд, пухтакор, ростқавлу дурандеш буда, дурӯғу фиребу кинаву бухлу ҳасадро намеписандад.

Дар тайи ин солҳо соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро сарпарастӣ намудааст. Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти ин соҳа дар таҳияи зиёда аз 100 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳм гирифт. Даҳҳо барномаву консепсияҳои давлатӣ, дастурҳои таълимиву методӣ ва нақшаву барномаҳои таълимӣ таҳти роҳбарии номбурда таҳия ва қабул гардиданд. Дар роҳи таъмини сифати таълим ва ворид гардидани соҳаи маориф ва илми кишвар ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Қобилияти ташкилотчигӣ ва истеъдоду лаёқати Фарҳод Раҳимиро ба ҳисоб гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ 6 – уми декабри соли 2013 ӯро ба вазифаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд, ки ӯ барои рушду нумӯву пешрафти илми кишвар кӯшида истодааст. Дар омӯзиши илмҳои ҷамъиятиву табиатшиносӣҳоло кормандони илми тоҷик камари ҳиммат бастаанд ва барои пешрафти кишвар тавсияҳо пешниҳод мекунанд. Нуфузи илми тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон меафзояд.

Фаҳод Раҳимӣ дар иҷрои корҳои ҷамъиятии кишвар низ хело фаъол аст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (таҳти № 426 аз 30 марти соли 2015) «Дар бораи таъйин намудани аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ӯ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, феълан ҳамчун Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа фаъолият менамояд. Ва ба ин васила дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҳисса гузоштааст ва хоҳад гузошт.

Айни замон раиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АИ ҶТ ва сармуҳаррири маҷаллаи илмии Гузоришҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд қайд кард, ки аз муассисаҳои зерини илмӣ интихоб гардидани Фарҳод Раҳимиро ба ҳайси аъзои пайвастаи (Академики) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намудаанд:

Директори Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроӣ (ОИЯИ), академики Академияи илмҳои Федератсияи Россия В.А.Матвеев;

Лабораторияи физикаи нейтронии баноми И.М. Франки Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроӣ (ОИЯИ), бо имзои роҳбари сектори оптикаи нейтронӣ, доктори илмҳои физика – математика М.В. Авдеев;

Корпоратсияи давлатии «Росатом», ООО «Красная звезда», боимзои доктори илмҳои электротехника, аъзои Шӯрои илмӣтехникӣ А.Б. Сенявин;

Лабораторияи физикаи нейтронии баноми И.М. Франки Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроӣ (ОИЯИ), бо имзои роҳбари сектори оптикаи нейтронӣ, доктори илмҳои физика – математика Х.Т. Холмуродов.

Хушбахтона дар баробари ҳамаи ин ӯ аз асолати ҳақиқии худ даст накашидааст. Ба тадқиқу омӯзиши ҳодисаҳои табиат боз ҳам ҷиддитар машғул асту шогирдонро ҳам дар ин ҳодисаҳо роҳбарӣ карда истодааст. Боварӣ дорад, ки шогирдони ӯ ситораҳои илмии ҷумҳурӣ, шояд ситораҳои илми ҷаҳонӣ мегарданд.

Мавсуф олими хело пурмаҳсул ва муваффақ мебошад. Муаллифи 5 монография, 5 дастури методӣ, 10 китоби дарсӣ ва зиёда аз 150  мақолаҳои илмӣ – оммавӣ мебошад, ки ба ғайр аз забони модарӣ боз бо забонҳои гуногун, аз ҷумлазабони русӣ, англисӣ, чинӣ ва ғайра дар Федератсияи Россия, ИМА, Хитой, Англия, Эрон, Қазоқистон ва ғайра нашр шудаанд. Ӯ барандаи ҷоизаҳои байналмилалии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) дар соҳаи «Илм ва технология» (соли 2012), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни ҷавонон, ордени «Шараф» дараҷаи 2, соҳиби унвони ифтихории Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҳама муҳим сазовори боварии миллаташ гардидааст.

Фарҳод Раҳимӣҳоло дар айни камолоти эҷодӣ дар роҳи кашфи асрори табиат (физика), эҷоди китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ машғул аст, ки кори хеле пурмашаққату заҳматталаб мебошад. Ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ аз назди ӯҳар корафтода ба руҳи болида ва хурсанд меравад, чунки ӯро Фарҳод Раҳимӣ ҳатман бо чеҳраи кушода ва муомилаи гарму нарму сухани ширин пешвоз мегираду мегуселонад.

Дар роҳи мушкили эҷодӣ ва иҷрои вазифаҳои бузурги давлатӣ боварии комил дорам, ки Фарҳод Раҳимӣ ҳамеша муваффақ хоҳад буд. Зеро пуртоқативу сабурӣ ва меҳнатдӯстиро ӯ аз волидайнаш ба мерос гирифтааст.

Фарҳод Раҳимӣ дар авҷи камолоти умр, зиндагӣ ва кору пайкор аст. Ба муносибати зодрӯзаш ӯро табрику таҳният гуфта ба ӯ умри саъдиёна, дар ҷодаи фаъолият пешрафтҳои беназир ва саодати рӯзгорро таманно мекунем. Муваффақиятҳои нав ба нав ёрат бод! Зиҳӣ, чунин бахту чунин тавфиқ! Зодрӯзмуборак бошад!

Дар охир аз забони шоир Кироми Бухороӣ мегӯям:

Дар гулистон на баҳору на хазон мемонад,

Самари боғи ту некист, ҳамон мемонад.

Шервони Умриддин

журналист



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1