08:12:49 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Рӯнамои нахустин ҷилди Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик

27-уми апрели соли 2016 дар яке аз толорҳои барҳавои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон рӯнамои нахустин ҷилди Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик баргузор гардид. Ин рухдоди муҳимми фарҳангиро Гадобек Маҳмудов, муовини директори КМТ бо сухани кутоҳе ҳусни матлаъ бахшид.

 amirshohi-563221454554

Аз ҷумла,  ӯ муждаеро барои дӯстдорони китоб  иброз дошт, ки кормандони китобхонаи марказии ҷумҳурӣ қабл аз он, ки муаррифии китоби Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷикро  имрӯз роҳандозӣ намоянд, варианти электронии онро омода сохта дар сайти КМТ ба муштариёни сершумори ин сомона пешниҳод кардаанд. Сипас риштаи сухан ба Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, сармуҳаррири  Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дода шуд.

Сармуҳаррири СИ ЭМТ ёдовар шуд, ки бо супориши раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2012 ба навиштани “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик”  шурӯъ карда шуд. Ин супориш ба СИ ЭМТ ва АИ ҶТ дода шуда буд. Дар супориш омадааст, ки ҳар сол бояд як ҷилди ин китоби бисёрҷилда нашр шавад, ки теъдоди умумии ҷилдҳои он дар ҳудуди сад муҷаллад дар назар аст.  Кор аз соли 2012 шурӯъ шуд. Мушкилоти зиёде пеш омад. Пеш аз ҳама китоб чӣ гуна бояд навишта шавад, мутахассисини ин соҳа киҳо ҳастанд ва ғайраву ҳоказо бояд аниқ мешуд. Хулоса, ба донишмандону олимони ҷумҳурӣ  муроҷиат карда шуд.  Дар ин миён се тан аз олимони  маъруфи ин соҳа Аҳмад Рӯзӣ, Дилшод Раҳимов ва Равшан Раҳмонӣ вокуниши мусбат нишон доданд ва ҳозир ба ҳамкорӣ бо СИ ЭМТ шуданд. Дар ҳамбастагӣ, якҷоя ба кор шурӯъ кардем. Албатта душвориҳо зиёд буданд. Як бор китобро дар ҳаҷми 500 саҳифа таҳия ва шартан чанд нусха ҳам нашр намудем. Китобро барои тақриз ба чанд нафар пешкаш намудем. Маълум шуд, ки “бешаҳо холӣ набудаанд”. Аз ин “бешаҳо палангоне падид омаданд” ва кор ранги дигар гирифт. Мақолаҳои қаблан навишташуда мукаммал гардида боз 200 саҳифаи дигар ба китоб зам шуд. Дар ин байн боз 180 истилоҳи аз ёди мо фаромӯшшуда ба ин китоб илова гардид. Ҳукумат ҳам аз таъхири чопи китоб нигаронӣ дошт. Албатта мо сабабҳои онро баён медоштем. Ва инак шумо он китоби деринтизорро дар даст доред. Ин натиҷаи меҳнати се соли ахири мо аст. Ин китоб аз назари  ҳайати назорати илмии АИ  ва ҳайати таҳририяи бонуфузи худи ЭМТ ва олимони ҳамин соҳа, ки дар дигар ҷо кор мекунанд, гузаронида шуд. Мо бад-ин натиҷа расидем, ки ду ҷилди аввал ҳамчун ҷилдҳои бунёдӣ барои ҷилдҳои баъдӣ хидмат хоҳанд кард. Яъне дар асоси ин ду китоб китобҳои дигар муфассал навишта мешаванд. Ду китоби аввал ба манзалаи луғатномаи донишномаӣ хидмат хоҳанд кард. Фарз кардем, ки агар дар бораи Наврӯз дар ин ду ҷилд ба мухтасар ҳамагӣ се ё чаҳор саҳифа навишта шуда бошад, мо дар нақша дорем, ки дар бораи Наврӯз муфасалан ду ҷилди алоҳида дар ҳамин силсилаи китоби бисёрҷилда бароварда шавад.  Имсол ҷилди сеюми “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” бо номи “Таъомҳои мардумӣ” чоп хоҳад шуд. Инҳо бештар таъомҳоеанд, ки сирф тоҷикианд ва баъзе ҳам дар ҳолати азбайнравӣ қарор доранд ё ҳатто аз байн рафтаанд.  Кор болои ин китоб то моҳи октябр ҷараён хоҳад дошт. Дар ин ҷилде, ки дар дасти шумо ҳаст, аз ҳарфи А то ҳарфи М ҳар истилоҳе, ки дар фарҳанги мардум буд, чӣ фарҳанги моддӣ ва чӣ фарҳанги ғайримоддӣ, навишта шудааст. Идеяи навиштани ин китоб баъд аз оне ба сар омад, ки азбайнравии фарҳанги ғайримоддӣ дар ҷаҳон таваҷҷуҳи мардуми дунё, махсусан ташкилотҳои байналмилалӣ, хосатан ЮНЕСКО-ро ба худ ҷалб кард. Мо чун анъана талош кардем бифаҳмем, ки дар ҳамин шакли ба нақша гирифтаи мо оё дар собиқ давлатҳои шуравӣ китобе ба нашр расидааст ё на. Маълум шуд, ки дар ҳамин шакле, ки мо мехоҳем  китоб таълиф намоем, дар ягон гӯшаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ донишномае навишта нашудааст. Мо дар доираи талаботи илми байналмилалӣ, ки барои донишномаҳо пешниҳод шудааст, дар  доираи ҳамин талабот мо ин корро анҷом додем. Дар ин китобе, ки дар даст доред,  мавзуъҳо аз рӯи  тартиби алифбо омадаанд, мавзӯӣ нестанд. Мавзӯӣ аз ҷилди саввум оғоз мешаванд. Ҷилди сеюм, чи тавре гуфтем, “Таъомҳои миллӣ”  ва ҷилди чаҳорум, китоби аввали Наврӯз аст, ки кор дар болои он шурӯъ шудааст.  Донишмандони маъруфи мамлакат, ки дар ин мавзӯъ кор кардаанд,  ба навиштани ин китоб ҷалб шудаанд. Талош дорем, ки то охири сол ақаллан сиёҳнависи он омода шавад.

Дар ин китобе, ки муаррифиаш сурат гирифта истодааст, дар қисмати аз алиф то мим ҳар истилоҳе, ки дар фарҳангшиносии тоҷик буд, ворид карда шуд. Масалан,  бозиҳоеро, ки миёни мардум буданд ва акнун аз байн рафтаанд, аз пиронсолон ба воситаи нақлу қиссаҳои онҳо  навишта гирифта таввассути рассоми чирадастамон хонум  С. Имодинова расми ҳамон бозиҳоро кашида ба китобамон ҷой додем. Дар имтидоди панҷоҳ-шаст соли ахир Институти забон,  адабиёт ва шарқшиносӣ экспедитсияҳои зиёди мардумшиносӣ анҷом дода буд. Мутаассифона, он ҳодисаи чанд сол пештар рухдода, яъне  оташсӯзӣ дар архиви Институт, ба натиҷаи кори онҳо албатта зиёне расонда буд.  Вале бо кӯмаки директори Институт Раҳматуллоҳзода Сахидод ва махсусан мудири  бахши фолклор Дилшод Раҳимов, корҳои муфидеро анҷом додем. Мушкили мо дар ҳамкорӣ бо Институти таърих буд. Мутаассифона, ба мо иҷозат дода нашуд, ки аз архиви ин Институт ба тавре, ки лозим буд, истифода барем. Барои ҳамин ҳам, агарчи ҳукумат барои экспедитсияҳо пул ҷудо накарда буд, мо аз ҳисоби корхона ҳамин корро ташкил кардем. Бо ин мақсадҳо дар тӯли се сол ба ноҳияҳо бо сарварии мудирони редаксияҳо сафарҳои корӣ  анҷом гирифтанд. Масалан мудири редаксияи назорати илмӣ, мураттиби китоб  Шарипов Нуриддин, дар ҷое ҳастанд, ки бояд як соат ҳам аз идора берун набуда, бо кори худ машғул бошанд, вале ба хотири суръат бахшидан ба ин кор мо ӯро низ ҳамчун мутахассиси таҷрибадор ба сафарҳои дарозмуддат ба ноҳияҳои мухталиф мефиристодем. Ҳамаи  инҳо, ки гуфтем, яъне таълифи мақолаҳои китоб асосан вазифаи Донишномаи миллӣ нестанд. Вазифаи Донишномаи миллӣ он аст, ки донишмандон маводро пешниҳод кунанд ва дар ин ҷо таҳриру такмил шавад. Хулоса, тавассути экспедитсияҳои анҷомдодаамон китобро мукаммал кардем. Ба назари мо китоб китоби бад нест. Вале ҳусну қубҳи он баъд аз он ки дар мамлакат мунташир шавад ва ба дасти хонанда расад, беҳтар маълум хоҳад шуд,- гуфт дар хотимаи суханронияш Н. Амиршоҳӣ.

Сипас Аскаралӣ Раҷабов, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати АИ ҶТ,  Дилшод Раҳимов, фолклоршинос, мудири сектори фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ, Обидҷон Мадхолов, муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон, Назри Яздонӣ, шоир ва файласуф маъруфи тоҷик, Сахидод Хоркашев, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ дар муаррифии китоб суханронӣ карда, ин рӯйдоди муҳимми фарҳангиро барои кормандони ЭМТ ва тамоми дӯстдорони фарҳанги мардуми тоҷик муборакбод гуфтанд.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi