02:43:58 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Гавҳар Шарофзода: ”Офарандаву устоди ин лафзи мо Модар асту фирдавс зери қудуми мубораки ӯст”

«Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат аст»

Эмомалӣ Раҳмон

5 октбяр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забон таҷлил мегардад. Дар остонаи ин ҷашни фархунда хабарнигорамон бо Гавҳар Шарофзода -раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем:

kumitaizabon-564512.jpg-Муҳтарам Гавҳар Шарофзода, нахуст бигӯед, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи фархунда - Рӯзи забони давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом чорабиниҳои илмӣ-фарҳангиро тарҳрезӣ намудааст?

-Имсол низ дар ҷумҳурӣ чун анъана Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҷлил мешавад.  Кумита бо мақсади арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва эҳтироми бепоён нисбат ба ин забон лоиҳаи Нақшаи баргузории чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи забони давлатиро таҳти унвони “Умри миллат ба умри забон вобаста аст” таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он аз 18-уми сентябри соли 2015 тасдиқ шудаасту тибқи он вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ҳуқуқӣ вазифадор гардидаанд, ки аз таърихи 20-уми сентябр то 20-уми октябри соли равон чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ва фароғатиро дар сатҳи баланд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барпо намоянд.

-Кумитаи забон ва истилоҳот дар самти  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” кадом корҳоро ба сомон расонидааст?

-Баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки назорати он самти асосии  фаъолияти кумита маҳсуб мешавад, кумита мунтазам амал намуда, аз ҷараёни иҷрои Нақшаи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012 тасдиқ шудаасту тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва мақомоти иҷроияи марказию маҳаллӣ аз натиҷаи татбиқи ин барнома ба кумита гузоришдиҳандаанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда аст.

Дар асоси Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2015, ¹8 оид ба санҷиши вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои банди 15, боби 4 «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, ¹30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои ҳолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе гурӯҳи кории муштарак бо намояндагӣ аз прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ танҳо дар давраи нимсолаи якуми соли равон 76 ташкилоту муассиса, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар иртибот ба муқаррароти моддаҳои 13, 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

-Коргузорӣ дар тамоми вазорату идораҳои кишвар ба забони давлатӣ дар чӣ сатҳ татбиқ гардидааст?

ариб ки дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо коргузорӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, мутобиқи банди 29-и Нақшаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои нашри ҳуҷҷатҳои дар коргузорӣ истифодашаванда вазифадор шудаанд.

-Дар ҳоле ки ҳанӯз ҳам дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шиору овезаҳо бо навиштаҷоти ғалат (бахусус рекламаҳо) ба назар мерасанд ё номи мағозаву нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ бо забонҳои бегона навишта шудаанд, дар ин масъала кумита чӣ тадбирҳо меандешад?

-Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2015, оид ба санҷиши вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои банди 15-и боби IV-и «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013  ҷиҳати иҷрои бечунучарои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе бо намояндагӣ аз Прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон 78 номгузорӣ, эълону рекламаи ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар иртибот ба риояи муқаррароти моддаҳои 13, 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифт. Аз ҷумла, (номи муассисаҳо дар шакле, ки рӯзи санҷиш ба қайд гирифта шудааст, бо дарназардошти мухолифатҳо ба Қонуни мазкур ва ғалатҳои ҷойдошта оварда мешаванд):

Муқаррар гардид, ки баъд аз пешниҳоди тавсияҳои кумита ном ва маводи иттилоотии 57 муассиса ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ карда шудааст: Ошхонаи таомҳои миллии «Лоҳутӣ» ба «Дилписанд», Мағозаи «Саёҳ» ба Мағозаи «Сайёҳ», «Таъби дил» ба «Табъи дил»,ҶДММ «Ҷунунӣ», нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии атрофи бозори Шоҳмансур ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ лавҳаву овезаҳои худро дар доираи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ислоҳ намуда, номгузории як қатор муассисаҳои савдо ба забони давлатӣ тарҷума ва насб гардиданд.

Ҳамчунин барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рафти санҷишҳо нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 санад, 5 огоҳӣ ва 4 протокол, дар ноҳияи Шоҳмансур 41 санад, 5 огоҳӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ 5 огоҳӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин кормандони Кумита дар санҷиши гурӯҳи кории муштарак бо Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Гимназияи ба номи Низомии ноҳияи мазкур оид ба татбиқи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуда, аз натиҷаи ин санҷиш Протокол ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои баррасӣ ирсол гардид. Дар ин давра 8 муассисаву нуқтаи савдо ва марказҳои хизматрасонии ноҳияи мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, санади огоҳӣ ва маъмурӣ тартиб дода шуд:

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми феврали соли 2015 бо мақсади иҷрои банди 15-и боби VI-и Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013 ҷиҳати иҷрои бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014 муассисаҳои маишӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ва ҷамоати деҳоти Ҳисор, азҷониби гурӯҳи кории кумита ва намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор 32 номгузорӣ ва эълону рекламаи ташкилоту муассиса ва нуқтаҳои савдо мавриди санҷиш қарор дода шуданд.

Инчунин кормандони кумита бо роҳбарии раиси кумита дар асоси нақшаи чорабиниҳои кумита дар семоҳаи дуюм дар донишгоҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Данғара бо донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида, оид ба рушду нумӯ ва пос доштани ин муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.

Қобили зикр аст, ки зимни санҷишҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ: 10 санад ва 1 огоҳӣ, ноҳияи Шоҳмансур: 41 санад, 5 огоҳӣ, 7 машварат, ноҳияи Фирдавсӣ: 5 огоҳӣ, 1 машварат, ноҳияи Ҳисор: 14 санад, 14 огоҳии шифоҳӣ, 1 далели шайъӣ ва дар маҷмӯъ 65 санад, 25 огоҳии шифоҳӣ, 1 далели шайъӣ, 7 машварат тартиб дода шуд.

Бо дарназардошти фаъолияти қаноатбахш дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ва риоя накардани моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар равзанаи ягонаи Кумитаи андоз гурӯҳи корӣ ошкор намуд, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар номгузории ташкилоту муассисаҳо ва ширкатҳои ватанӣ аксаран қонуни мазкур риоя нагардида, дар сабти онҳо хатоҳои имлоӣ, мантиқӣ ва унсурҳои бегона дар номгузорӣ вуҷуд доранд.

Новобаста аз корҳои баанҷомрасида дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣҳанӯз камбудиҳо хеле зиёданд. Дар бештар маврид фаъолияти комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусиятҳои лаҳзавӣ дошта, мунтазам сурат намегирад.

Ҳамзамон кумита бо дарназардошти вазъи имрӯзаи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили марбут ба рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар соли 2015 омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои зеринро дар ҳамкорӣбо вазорату идораҳо барои пешрафти соҳа зарур мешуморад:

Кумита дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи муассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи роҳбари давлат бобати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он, чораҳои муассир меандешад.

-Кумитаи забон ва истилоҳот дар роҳи рушду густариши забони тоҷикӣ бо кадом марказҳои илмию фарҳангӣ ва пажӯҳишгоҳҳои марбут ба вожагузинии кишварҳои хориҷӣҳамкориро ба роҳ мондааст?

-Кумита дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки соли 2014 дар кишвари мо бо мақсади рушду густариши забон ва истилоҳот ба имзо расидааст, бо донишмандони Фарҳангистони Эрон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Мувофиқи банди 60-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015 «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» 27-уми июли соли 2015 Кумита Конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти кумита баргузор намуд, ки он дар ҳамгунсозии истилоҳоти ин забонҳо, ки аз як реша сарчашма мегиранд, аҳамияти  хосса дорад.

Бо дарназардошти баррасии муҳимияти вожагузинӣ ва истилоҳот, дурнамои таҳқиқи истилоҳоти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникии ҳавзаҳои форсизабонони ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот, ташкилоту муассисаҳо ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси созишнома ва тавсияномаи ҳамоишҳои илмӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо масъалаҳои таҳқиқи муқоисавии масоили вожагузинӣ ва истилоҳот, гирдоварӣ ва таҳқиқи вожагузинии осори классикӣ, танзим ва гурӯҳбандии истилоҳоти соҳавӣ, ҳамгунсозии истилоҳоти кишварҳои ҳамзабон, стандартсозии истилоҳотро роҳандозӣ менамояд.

-Забон яке аз рукнҳои асосии ҳар миллату давлат аст, бигӯед, ки кумита дар мавриди ҳифзи ин муқаддасот ва таҳдиди ҷаҳонишавии забонҳо чӣ корҳоро ба анҷом расонидааст?

-Мутобиқи қисми 2-юми моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Тадбири бисёр муҳими дигар дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ин таҳия ва қабули «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» мебошад.

Зарурати таҳия ва қабули барномаи мукаммалеро, ки бояд дурнамои воқеии рушди забони давлатиро дар шароити соҳибистиқлолӣ инъикос намояд, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри соли 2010 таъкид намуда, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳияи ин барнома муваззаф сохта буданд. Бояд қайд намуд, ки барномаи мазкур бар пояи таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо дарназардошти дурнамои рушди забони давлатӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои ташаккули забони миллӣ мутобиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон муқаррар гардидаанд.

«Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 тасдиқ гардид, пеш аз ҳама барои татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, таъмини ҳатмии мақоми конститутсионии забони тоҷикӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ва татбиқи самарабахши ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.

Барои расидан ба ҳадафҳои барнома Сарвари давлат дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 4 октябри соли 2012 дар назди вазорату идораҳо вазифаҳои мушаххас гузошт, ки онҳо дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот дақиқ ифода ёфтаанд.

Мутобиқи банди 2-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муқаррар гардидааст.

Иҷрокунандагони барнома Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиб, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Институти илмҳои гуманитарӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардидаанд.

Кумитаи забон ва истилоҳот ба ҳайси ҳамоҳангсози Барномаи рушди забони давлатӣ вазъи татбиқи онро аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди баррасӣқарор дода, аз натиҷаи корҳое, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур ба анҷом расидаанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал медиҳад.

- Дар мавриди эҳёи забонҳои помирию суғдӣ чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

-Тибқи банди 7-и Барномаи рушди забони давлатӣ , ки бо қарори ҲҶТ аз 30.07.2012 тасдиқ гардидааст, Академияи илмҳои ҶТ, Интститути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Институти илмҳо гуманитарии АИ ҶТ барои таҳқиқи лексика, грамматика ва масоили этнолингвистии забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ вазифадор шудаанд ва зимни  ин масъалаҳо тибқи Тавсияномаи  конфронси байналмилалии «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ»”, ки 27-уми июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ ва Институти гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои иронӣ ва гӯишҳои мардумии ҳавзаҳои форсизабон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

-Дар урфият мегӯянд, ки “номи зебо ними ҳусн аст”. Ҷиҳати гузоштани номҳои зебо барои фарзандон кумита чӣ иқдомро пеш гирифтааст?

-Кумита тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ба шаҳрвандон пешниҳод намудани номҳои хушоҳанги суннатӣ, гурӯҳи кориро аз ҳисоби забоншиносони баргузидаи ҷумҳурӣ, кормандони шуъбаву бахшҳои кумита, бахусус кормандони бахши экспертизаи забоншиносӣ, ки дар ин раванд ҳамоҳангсоз ба ҳисоб мераванд таъсис дода, китоби «Фарҳанги номнома»-ро омода намуда истодааст, ки дар рӯзҳои наздик ба шаҳрвандон пешниҳод хоҳад шуд.

-Таманнои  Шумо ба мардум - ба ононе, ки соҳибони ин забони нобу шевоянд?

-Ба соҳибзабонон ва кулли шаҳрвандони сокини кишвар, ки Ватани ҳамаи мо Тоҷикистони азиз аст, пеш аз ҳама, тандурустӣ, дунёи ободу осоишта, хонадони пур аз файзу баракат ва хиради воло орзу карда, эшонро ба арҷгузории забони давлатӣ даъват мекунам, зеро ин забон пайвандгари ҳар як тоҷикистонӣ дар зиндагӣ, ҷомеа ва ин марзу бум буда, таҳкимбахшандаи Ваҳдати миллии мост, ки он ҳам дастоварди Истиқлолият асту дар рӯҳияи дӯстӣ, рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди фарҳангу тамаддуни кишварамон, ки ободии кишвари мост, моро парварида, ба ҷаҳониён  муаррифӣ мекунад.

Забони давлатиро дӯстдор бошем, чунки офарандаву устоди ин лафзи мо Модар асту фирдавс зери қудуми мубораки ӯст.

Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори “Ховар”.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi