21:17:58 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Чопи дуюмбораи "Як бағал ғазал"-и Фирдавси Аъзам дар Лондон

Мачмуъаи шеъри "Як бағал ғазал"-и шоири чавони точик Фирдавси Аъзам ки чанде кабл дар шахри Техрони Ирон нашр шуда буд, чанд руз пеш дар шахри Лондони Ингилистон аз суи интишороти H&S Media-и Лондон бо саъй ва эхтимоми рузноманигори варзидаи точик Дориюши Рачабиён дубора мунташир шуд.

yak-baghal-ghazal-212121.jpgДар пешгуфтори ин китоб  ки тавассути Дориюши Рачабиён навишта шудааст, чунин омада , ки "Фирдавси Аъзам аз овоҳои тоза дар Тоҷикистон ,аст. Тоза, на танҳо ба маънои ҷавону наврасида балки бештар ба маънои чомасарое, ки сухане нав барои гуфтан дорад; дар сарое, ки гумон меравад ҳамаи гуфтаниҳоро дигар гуфтаанд ва навбат ба ногуфтаниҳо расидааст. Тоза сӣ гули дарахти умраш шукуфта ва Як бағал ғазал-и Фирдавс ҳам шомили сӣ дона ғазал аст. Ба қавли худи ӯ, шояд ба ин баҳона, ки сисола мешавам... Фирдавс тоза дар сароғози роҳ аст ва бегумон бо бағале пуртар ба шоҳроҳҳам хоҳад расид"

Гуфтанист,Фирдавси Аъзам 21 нувомбри 1984 (30 обонмоҳи 1363 хуршедӣ) дар рустои Худгифи Сояи минтақаи Масчоҳи Тоҷикистон чашм ба ҷаҳон гушуд.Фориғуттаҳсили риштаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ва мутарҷими забони инглисист. То кунун навиштаҳо ва чакомаҳояш дар нашрияхои Тоҷикистон ва торнамоҳои мухталифи порсӣ мунташир шудаанд. Абрҳои обӣ номи нахустин дафтари шеьри Фирдавс аст, ки соли 2012 дар шахри Хуҷанди Тоҷикистон мунташир шуд. "Як бағал ғазал дувумин маҷмӯъаи шеъри Фирдавси Аъзам аст.

Рузноманигори забардасти точик мегуяд, ки дафтари шеъри Фирдавси Аъзам (Як бағал ғазал) севумин маҷмӯъаи шеърест, ки ба эҳтимоми интишороти H&S Media (Лондон) ба ду дабираи порсию пириллик мунташир мешавад, то ҳамаи порсигӯёни ҷаҳон бо пушти сар гузоштани садди расмулхат аз чакомаҳои ҳамдигар баҳра бибаранд. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi