14:22:11 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-15

Илоҳо, ба қадри Ту нодонам ва сазои Туро нотавонам. Дар бсчорагии худ саргардонам, рӯз ба рӯз барзиёнам. Чун мане чун бувад, чунонам.

mavlono-jomi 326512454545Ва аз нигаристан дар торикӣ ба фиғонам, ки бар хеҷ чиз ҳаст монад, надонанд. Чашм бар рӯзе дорам, ки Ту бимониву ман намонам. Чун ман кист, ки он рӯз(ро) бубинам, в-ар бубинам, фидои онам. Илоҳо, чун ятими бепадар гирёнам. Дармонда дар дасти хасмонам. Хастаи гуноҳаму аз хештан бар товонам. Харобумру муфлиси рӯзгор ман онам. Худовандо, фарёд рас, ки аз нокасии худ ба фарёдам. Илоҳо, дареғо, ки рӯзгор барбод додему шукри неъмати валинеъмат нагузоридем. Дареғо, ки қадри умри хештан нашнохтему аз кори дунё ба тоати Мавло напардохтем. Дареғо, ки умри азиз ба cap омаду рӯзгор бигузашт.

Газал:

Эй худовандони мол, ал-эътибор, ал-эыпибор,

Эй худовандони қол, ал-эътизор, ал-эътизор.

Пеш аз ин, к-ин ҷони узровар фурӯ монад зи нутқ,

 Пеш аз он, к-ин чашми ибратбин фурӯ монад зи кор.

 Тавба пеш ореду нодим аз гунаҳкории хеш,

Чашми гирён, ҷони ларзон рӯ сӯйи Парвардигор.

 Илоҳо, эй нодарёфтаи ёфта ва нодидаи аён. Эй дар ниҳонӣ пайдову дар пайдоӣ ниҳон. Ёфти Ту рӯз аст, ки худ барояд ногаҳон, ёбандаи Ту на ба шодӣ пардозад, на ба андӯҳон. Бар cap моро коре, ки аз он иборат натавон.

Илоҳо, зиндагӣ ҳама бо ёди Ту, шоди ҳама бо ёфти Ту ва ҷон он аст, ки дар ӯ шинохти  Туст. Худоё, мавҷуди нафасҳои ҷавонмардони, хозири дилҳои зикркунандагонӣ. Аз   наздикат  нишон медиҳанду бартар аз онӣ. Аз дурат пиндоранду наздиктар аз ҷонӣ. Надонам, ки дар ҷонӣ, ё худ ҷонӣ. На иниву на онӣ. Ҷонро зиндагӣ мебояд, Ту онӣ.

Байт:

Рӯзе, ки миро васли Ту дар ҷанг ояд,

Аз ҳоли  биҳиштиён маро нанг ояд.

Илоҳо, азимшонӣ ва ҳамеша меҳрубонӣ, қадимэҳсону равшанбурҳонӣ. Ҳам ниҳонӣ, ҳам аёнӣ. Аз дидаҳо ниҳониву ҷонҳоро аёнӣ. На ба чизе монӣ, то ки гӯям чунонӣ. Онӣ, ки Худ гуфтӣ ва чунонки Худ гуфтӣ, онӣ.

Илоҳо, ӯ, ки Ҳақ(ро) ба далел ҷӯяд, ба биму тамаъ парастад. Ӯ, ки Ҳақро ба эҳсон дӯст дорад, рӯзи меҳнат баргардад. Ӯ, ки Ҳақро ба хештан ҷӯяд, ноёфта ёфта пиндорад.

Илоҳо, ориф Туро ба нури Ту медонад ва аз шуои вуҷуд иборат наметавонад. Дар оташи меҳр месӯзаду аз ноз бознамепардозад.

Қитьа:

Ин ҷаҳону он ҷаҳону ҳар чӣ ҳаст,

Ошиқонро рӯйи маъшуқ асту бас.

Гар набошад қиблаи олам маро,

Қиблаи ман кӯйи маъшуқ асту бас.

Илоҳо, Ту онӣ, ки аз банда носазо бинӣ ва ба уқубат нашитобӣ. Аз банда куфр мешунавӣ ва неъмат аз ӯ бознагирӣ ва тавбаву инобат(ро) бар ӯ арза кунӣ ва ба пайғоми хитоби Худ ӯро бозхонӣ ва агар бозомад, ӯро ваъдаи мағфират диҳӣ. Пас, чун бо душмани бадкирдор чунинӣ, бо дӯстони некӯкор чунӣ?

Илоҳо, дар ёфтани Худ ёриву ёдгорӣ. Маънии даъвии содиқонӣ. Фурӯзандаи нафасҳои дӯстонӣ. Ороми дили ғарибонӣ. Чун дар миёни ҷонӣ, аз бедилӣ мегӯям, ки куҷоӣ? Ҷонро зиндагӣ мебояд, Ту онӣ. Ба Худ аз Худ тарҷумонӣ. Ба ҳаққи Ту бар Худат, ки моро дар сояи ғурур нанишонӣ ва ба иззи висоли Худ расонӣ.

Қитъа:

Чашмам ҳаме бихоҳад дидорат,

Гӯшам ҳаме бихоҳад гуфторат.

Ҳиммати баланд кардаид ин ҳар ду,

 Ҳарчанд нестанд сазоворат.

Илоҳо, ба инояти азалӣ тухми ҳидоят коштӣ, ба рисолати пайғамбарон об додӣ ва ба ёрии тавфиқ рӯёнидӣ ва ба назару эҳсони Худ ба бар овардӣ. Аз лутфи Ту мехоҳам, ки заҳрҳои хашм аз он боздорӣ ва насими дод бар ӯ биҷаҳонӣ ва коштаи инояти азалиро ба риояти абадӣ мадад кунӣ.

Илоҳо, вақтро ба дард менозам ва зиёдатиро месозам, ба умеди он, ки чун дар ин дард бигудозам, дарду роҳат ҳар дуро барандозам.

Илоҳо, дӯстони Ту сарону сарҳангонанд ва бе ганҷу хоста тавогаронанд. Ва ба хақиқат тавонгарони ҷахони худ эшонанд. Дардҳо доранду аз гуфтани он безабонанд.

Илоҳо, ҳарчанд аз бадсазоии хеш бадардам, лекин аз муфлиснавозии Ту шодам. Ман қадри шаъни Туро надонам ва сазои Туро нотавонам ва дар бечорагии худ саргаронам ва рӯз ба рӯз бар зиёнам. Худоё, ман қистам, ки бар даргоҳи Ту зорам, ё қиссаи дарди худ ба Ту пардозам.

Байт:

Дар ишқи Ту ман  киям, ки дар манзили ман,

Аз васли  рухат гуле дамад бар гили ман.

Илоҳо, эй роҳнамои ба карам, фурӯ мондам дар ҳайрат як дам. Он кадом аст? Даме, ки на Ҳавво дар он ғунҷад, на Одам. Агар ман дам биёбам, чун ман кист? Бечора зиндае, ки бенафасаш бояд зист.

Илоҳо, аз Худ Ту ҳар муфлисеро насибӣ ва аз карам ҳар дардмандеро табибӣ ва аз вусъати раҳмати Ту ҳар касеро саҳме аст. Эй Ёр, борам деҳ, то достони дарди худ ба Ту пардозам. Бар даргоҳи Ту мезорам ва дар умеди бими Ту менозам. Як назар дар ман нигар, то ду гетӣ ба об андозам.

Рубоӣ:

Меҳри ту ба мӯҳри хотами Ҷам надиҳам,

Васлат ба дами Масеҳи Марям падиҳам.

Ишқат ба ҳазор боғи хуррам надиҳам,

Як дам ғами ту ба ҳар ду олам надиҳам.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi