08:13:40 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Юсуфистон кард васлаш…

 

«Симои мустақили Тоҷикистон» чандест кӯчаҳои шаҳрро чун панҷ сол муқаддам ба ҳангоми субҳу шом камодамтару холитар кардан дорад. Бале, ин ҳамон лаҳзаҳое ҳастанд, ки сериоли эронии «Юсуфпайғамбар» ба маърази тамошо гузошта мешавад. Бо вуҷуди он, ки ин филми хеле зебову саросар пур аз панду андарзро бори аввал мардуми Тоҷикистон беш аз панҷ сол пеш бо шавқ аз ҳамин телевизион тамошо карда буданд ва аксарият наворҳои онро баъдан дарёфт кардаву дар хона маҳфуз медоранд, боз ҳам вақте, ки такроран намоиши ин сериол аз сӯи ин телевизион бори дигар ба роҳ андохта шуд, мардум боз ҳам ба пойи «Ойинаи нилгун» нишастаанду хаёлан бо ин сафинаи маънӣ дар уқёнуси маърифат дар шино ҳастанд.

Katoyun Riyohi va Mustafo Zamoni dar filmi «Yusufpayghambar»

Ҳамон давра (апрели соли 2009) дар арафаи анҷомёбии намоиши ин сериёл офарандагони ин филм: ҷаноби оқои Фараҷуллоҳ Силаҳшӯрӣ, нависандаи сенария ва саркоргардони филм, ҷаноби оқои Аббос Амири Муқаддам (нақши Коҳин Аъзамро дар филм офаридааст), Ризои Разавӣ (фармондеҳи лашкари Миср) ва Ҷаҳонбахши Султонӣ (яке аз подшоҳони Миср) ба Тоҷикистони азизи мо ташриф оварда буданд. Бандаи камтарин ифтихори онро дорам, ки бо оқои Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр ҳамон давра мусоҳибае анҷом додам. Суҳбати мо дарҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба нашр расидабуд. Ҷаноби оқои Силаҳшӯрӣ дар ин мусоҳиба ба тамоми он саволҳое, ки дар рафти тамошои сериол ба зеҳнам омада буд, посух гуфт. Ба андешаи мо бознашри он мусоҳиба дар ин рӯзҳое, ки намоиши сериол аз Симои Мустақили Тоҷикистон дар ҷараён аст, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Муддатест дар кӯчаву хиёбонҳо ва раставу бозорҳои шаҳру деҳоти Тоҷикистони азиз  зеботарин қиссаи Қуръони Маҷид Юсуфу Зулайхо чун дар замони вуқӯъаш дар Мисри қадим бо як шавқу рағбати бузурге вирди забони марду зан, хурду калон ва пиру ҷавони кишварамон гаштааст. Иддаъе аз мардум ҳар рӯзи шанбе аз субҳи барвақт барномаҳои «Симои Мустақили Тоҷикистон»-ро пайгирӣ менамоянд, бархе дигар дар телевизионҳояшон шабакаи «Баҳористон»-ро пешорӯйи худ рӯшан мекунанд ва мардуми деҳот, ки дастрасӣ ба ин каналҳо надоранд, он рӯз баъди намози бомдод рӯ ба шаҳр меоранд то аз СD-фурӯшҳо қисмати навбатии сериоли «Юсуф паёмбар», истеҳсоли киностудияи «Симофилм»-и Ҷумҳурии Исломии Эронро харидорӣ кунанду аз идомаи ишқи осмонии Юсуфу Зулайхо ҳарчи тезтар воқиф бигарданд.

Rizoi Razavi, Farajallohi Silahshur va Zinatullohi Ismoiliyon, raisi Simoi Mustaqili Tojikiston

Шанбеи рӯзи дуввуми май охирин қисмати ин маҳбубтарин ва сертамошобинтарин филми думболадор дар Тоҷикистон,  қисмати 45-уми он, билохира манзури алоқамандони синамо гардид. Дар таърихи синамои Тоҷикистон шояд ин бори аввал ба мушоҳида мерасад, ки як филми бисёрсериягии хориҷӣ тақрибан аз сӯйи тамоми ақшори ҷомеъаи кишвар баробар мавриди истиқболи гарм қарор мегирад. Бешак, дар бораи таъсири ин филм ба тамошобинони тоҷик дар оянда муттахассисини ин соҳа, журналистон ва нависандагон маводҳои зиёде хоҳанд навишт.

Инро аз натоиҷи дидорбиниҳо ва мулоқотҳое, ки як гурӯҳи офарандагони ин сериол таҳти роҳбарии саркоргардон, сенариянавис ва таҳиягари ин филм оқои Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр бо журналистон ва дигар зиёиёни тоҷик дар ин рӯзҳои ахир дар Душанбе доштанд, баръало эҳсос кардан мумкин аст. Ин гурӯҳи синамогарони эронӣ бо даъвати хабаргузории хусусии ҶИЭ «Форс», ки дафтари намояндагии худро рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон бозкушоӣ кардааст, омадаанд.

Farajallohi Silahshur va Sultoni Hamad, jurnalisti tojik

Дар баробари оқои Силаҳшӯр ба Тоҷикистон дигар ҳунармандони дар ин филм нақшбозида оқои Аббос Амири Муқаддам ( Коҳин Аъзам), Ризои Разавӣ (фармондеҳи лашкари Миср) ва Ҷаҳонбахши Султонӣ (яке аз подшоҳони Миср) ташриф оварданд. Хабарнигори мустақил Султони Ҳамад бо оқои Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр мусоҳибае анҷом додааст, ки ҳамакнун онро пешкаши шумо, хонандагони азизи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мекунем.

-Ҷаноби оқои Силаҳшӯр, хуш омадед ба Тоҷикистони азизи мо.

-Ташаккури зиёд, хушҳолам, ки дар Тоҷикистони азиз ҳастам. Ин ҷо эҳсоси ғурбат намекунам. Фикр мекунам аз як гӯшаи Эрон ба гӯшаи дигари он омадам.

- Мешавад, ки чанд сухане дар бораи зиндагиномаи худ барои хонандагони гиромӣ бигӯед?

- Бале, исмам Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр аст. Мутаввалиди соли 1331 (1952 мелодӣ) мебошам. Панҷову ҳашт сол дорам. Дорои дуто писар ва дуто духтар мебошам. Писаронам рӯҳонӣ мебошанд. Абдуллоҳ писари бузургам ва Башир писари кӯчакам мебошад. Духтарҳоям Ҳамидаву Зайнаб ном доранд.

Rizoi Razavi va Sultoni Hamad, jurnalisti tojik

Ман аз бачагӣ нӯҳ сол тарзи тиловати Қуръонро хондаам. Дар аввали филми «Юсуф паёмбар (а)» он порае, ки аз Қуръони Маҷид хонда мешавад, бо садои ман аст.

-Шумо дар кадом мактаби ҳунари синамоӣ таҳсил кардаед?

- Ман ҳеҷ кадом мактаби ҳунариро, ба хусус синамоиро нахондаам. Фаъолияти худро аз ҳунарманди театр шурӯъ кардам. Бозигари намоишномаҳои театрӣ будам. Худам мустақилона китобҳои дар заминаи сенариянависӣ, коргардонӣ, бозигарӣ ва ғайра навишташударо хондам ва дониш андӯхтам. Ҳарчӣ ки андӯхтаам аз таҷриба андӯхтаам.

-Ҳамчун коргардон аз ин пеш кадом филмҳоро таҳия кардаед?

- Пеш аз филми «Юсуф паёмбар» ман филми дигареро дар бораи паёмбар Айюб (а) бо номи «Сабри Айюб» иборат аз панҷ қисм таҳия кардам. Аз қиссаҳои Қуръонӣ боз филми «Мардони Анҷелос»-ро, ки дар Тоҷикистон бо номи «Асҳоби Каҳф» машҳур аст, таҳия кардам Дар филмҳои зиёде ба ҳайси ҳунарманд бозӣ кардаам. 

Abbos Amiri Muqaddam dar ihotai jurnalistoni tojik

- Мешавад, ки аз чанд филме ном бигиред, ки дар онҳо нақш офаридаед?

-Бале, «Парвоз дар шаб», «Инсон-аслиҳа», «Тавбаи Насӯҳ» ва ғайра.

- Чанд сол собиқаи корӣ дар театру синамо доред?

- Сиву як сол собиқаи бозигарӣ, коргардонӣ ва нависандагӣ дорам.

- Китоб ҳам навиштаед?

- Бале, сенарияи филми «Сабри Айюб» дар шакли китоб чоп шудааст. Як намоишнома бо номи «Мисоқ» чоп шудааст. Баъдан китобҳои «Ҳазрати Юнус (а)» ва «Ҳазрати Юсуф»-ро ҳам дар дасти чоп дорам.

- Ҷаноби оқои Силаҳшӯр, ҳар як эҷодкор бо эҷоди як асар ҳадаферо дар назди худ пеш мегузорад. Ҳадафи асосии шумо аз эҷоди сериоли «Ҳазрати Юсуф» чӣ буд?

- Бубинед, дӯсти азиз, синамо решааш аз Ҳоливуд шурӯъ мешавад. Ҳоливуд дуто ҳадафи муҳим дорад. Маъсумиятро аз анбиё дур созад ва тавонмандиро аз мазҳаб. Нишон бидиҳад, ки мазоҳиб тавони идораи ҷомеъаро надоранд ва анбиё тавони посухгӯйӣ ба ниёзҳои башарро надоранд. Шумо мебинед, ки анбиёи мухталифро: ҳазрати Иброҳимро, ҳазрати Мӯсоро, ҳазрати Довуди паёмбарро, ҳазрати Сулаймонро дар ҳоли гуноҳ нишон медиҳанд, дар ҳоли хатокорӣ нишон медиҳанд. Ин барои ин ки бигӯянд: «Анбиё ҳам мисли шумо инсонҳо оддӣ буданд, тақаддус надоранд ва далеле надоред, ки онҳоро ба унвони роҳбарони худ интихоб кунед». Чаро чунин ҳаст? Зеро тамоми сармоягузорони Ҳолливуд саҳюнистон ҳастанд. Саҳюнистон ғайр аз дини яҳуд намехоҳанд дигар мазоҳиб дар дунё вуҷуд дошта бошад.

Farajallohi Silahshur hangomi navorbardorii filmi «Yusufpayghambar»

Вале «Юсуфи паёмбар» бо лутфи Худованд нишон дод, ки анбиё маъсум ва поку беолоишанд ва ҳам метавонанд роҳнамо ва мураббии ҷавомеъ қарор бигиранд, ҳам метавонанд мудирияти кишварҳоро ба ӯҳда бигиранд ва ҳам раҳнамунҳояшон коркушо ҳаст, созанда ҳаст. Дар ҳақиқат, мо тамоми риштаҳои Ҳоливудро бо филмҳои мисли «Ҳазрати Юсуф» канда мекунем. Ҳарчӣ онҳо дар тӯли сад соли гузашта кӯшиш карданд, ки мазҳабзудоӣ кунанд, мо тақаддусро, исматро ба мазҳаб дорем бармегардонем.

-Воқеан, оё Шумо хабар доред, ки сериоли «Хазрати Юсуф» дар Исроил чӣ вокунишеро ба бор оварда бошад?

-Тибқи хабарҳое, ки дар даст дорем, як иддаъ ҷавонони ифротгарои яҳудӣ баъди шунидани он ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сериоли «Юсуф паёмбар» ба навор гирифта шудааст, аз чӣ бошад дар Наблус, дар оромгаҳи ҳазрати Юсуф (а) даст ба харобкорӣ задаанд. Мақбараи ҳазрати Юсуф (а)-ро тахриб кардаанд.

Lahzae az  filmi «Yusufpayghambar»

- Дар Эрон ҷавонон чӣ гуна қабул карданд филми «Ҳазрати Юсуф»-ро?

-Дар кишвари ман Эрон, ҳамаи ҷавонон ба «Ҳазрати Юсуф» ошиқанд. Ошиқи паёмбаре ҳастанд, ки бо мардум ҳаст, паёмбари одил ҳаст. Паёмбаре, ки адаб дорад. Бузургтару кӯчактарро қадр мекунад, ба мардум эҳтиром мегузорад.

- Дар Тоҷикистон низ ҷавонон ва натанҳо ҷавонон ин сериолро хуш қабул карданд. Ин филм дар байни тамоми ақшори ҷомеъа маҳбубияти хосаеро касб кардааст. Мо дар ин бора андешаҳои зиёд дорем. Вале мехоҳем аз Шумо бифаҳмем чаро ин филм дар Тоҷикистони мо муҳаббати мардумро касб кард? Шумо ба ҳайси коргардони ин филм дар ин бора чӣ андеша доред?

- Чаро ин филм дар Тоҷикистон маҳбубият ва маъруфият пайдо кард? Пеш аз ҳама иллаташ ин аст, ки филмро бо як забони форсии асил сохтем ва мардум муттаваҷеҳ мешаванд, яъне филмро хуб мефаҳманд. Ман фикр мекунам, ки филм дар эҳёи забони форсии асил нақш дорад. Дуввум ин ки солҳои сол дин дар Тоҷикистон зери фишор буд ва наметавонист чеҳраи ҳақиқии худро нишон бидиҳад. Мардум дар рӯҳияи мазҳабгурезӣ тарбия меёфтанд. Бинобар ин зебоӣ ва ширинии динро эҳсос намекарданд. «Ҳазрати Юсуф» ин эҳсосотро ба мардум баргардонд.Хоҳиши ман аз он азизоне, ки филми «Ҳазрати Юсуф»-ро мебинанд, ин аст, ки вақте ин сериолро тамошо мекунанд ва меписанданд, аз Худованди бузург барои мо офарандагони ин филм низ дуои хайр бикунанд.

Mumin Qanoat, shoiri khalqii Tojikiston va Farajallohi Silahshur

- Боз дар кадом кишварҳои ҷаҳон ин филм расман ба намоиш гузошта шудааст?

-Тибқи иттилое, ки дорам алъон дар 54 кишвари ҷаҳони араб «Юсуф паёбар» бо тарҷумаи арабӣ пахш мешавад. Филм дар ҳоли ҳозир ба забонҳои арабӣ, туркӣ ва англисӣ тарҷума гардидааст. Дар фикри дар ояндаи наздик ба забони русӣ тарҷума кардани он низ ҳастем.

-Аз лиҳози сабк филмҳои Шумо аз филмҳои Ҳоливуд чӣ фарқият доранд?

- Филҳои голливудӣ дорои ритмҳои хашинанд, асабӣ, пур аз стресс ва изтиробанд, ноороманд. Вале филмҳои мо, азҷумла «Юсуф паёмбар» дар худ оромиш дорад. Ин корро мо дониста кардаем. Дин ба мо оромишро медиҳад.

- Шумо худро марбути кадом мактаби ҳунарии синамоӣ медонед? Мактаби ҳунарии Станиславский ва ё мактаби ҳунарии Брехт?

Jahonbakhshi Sultoni va Sultoni Hamad, jurnalisti tojik

- Ман бо мактаби ҳунарии Станиславкий бештар шиносоӣ дорам. Албатта ман мактабҳои ғарбиро қабул надорам. Мактабҳои ғарбӣ ҳам агарчӣ реша дар ирфони Шарқ доранд, вале дар Ислом нестанд. Он ҳам ирфоне ҳаст, ки худхостааст, моли худашон ҳаст. Рабте ба ирфони исломӣ надорад. Хеле мактабҳои ирфонии Шарқ низ ҳаст, ки бо ислом иртибот надорад. Онҳо аз мактабҳои ирфонии Шарқ истифода карданд, аммо бо мактабҳои ирфонии ислом ошно нестанд.

- Синамогарони Ғарб ният доранд, ки Мавлавиро рӯйи пардаи синамо биёранд, шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

-Наметавонанд, магар ин ки таҳриф кунанд.

- Мегӯянд, ки хазинаи филми «Ҳазрати Юсуф» беш аз 30 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Оё ин дуруст аст?

Farajallohi Silahshuri va Gulchehra Yusuf, muhaqqiqi teatru sinamoi tojik

- Кӣ гуфт? На, ин ҳақиқат надорад. Инро касоне гуфтаанд шояд ғараз доранд. Хидмати шумо арз кунам, ки хазинаи сериоли чилу панҷқисматии «Юсуф паёмбар» тақрибан ҳафт миллион долларро ташкил медиҳад. Бояд бигӯям, ки ин сериолро мо дар тӯли наздик ба чаҳор сол ба навор гирифтаем. Дар як вақт тақрибан дусад ҳунарманди ҳирфаии синамоӣ дар ин филм нақш бозӣ мекарданд. Саҳнаҳои зиёди мардумӣ, декорҳои хеле гаронқиммат, омодасозии муҳити даврони Мисри қадим ҳамаи ин маблағи зиёдеро талаб мекард. Худоро шукр, ки мо бо лутфи Илоҳӣ ба аҳдофи хеш, яъне таҳияи як филми ҷолибу диданӣ, бо як масрафи нисбатан кам ноил гардидем.

-Ҳунармандони филмро чӣ гуна интихоб кардед?

-Ҳунармандонеро ҳамчун Катоюн Риёҳӣ (Зулайхо), Аббос Амири Муқаддам (Коҳини Аъзам), Ризои Разавӣ (фармондеҳи лашкари Миср) Ҷаҳоншоҳи Султонӣ (яке аз шоҳони Миср) ва дигарон чун ҳунармадони маъруфи кишвар мешинохтам бо бархе аз онҳо қаблан ифтихори ҳамкорӣ карданро низ доштам. Дар оғоз мушкили камбуди офарандаи нақши асосӣ, яъне Юсуфро доштем. Озмун эълон кардем ва Мустафо Замониро хостем. Тӯли як сол бо ӯ кор бурдем. Аниқтараш барояш мураббии баёни фикр ва устодони аспсавориву тамринҳои варзишӣ интихоб кардем. Чун ҷавони зираку доно ҳаст дар як муддати кӯтоҳ аз ӯҳдаи масъулияти хеш ба хубӣ баромад.

-Чаро ӯро бо худ ба Тоҷикистон наовардед?

- Мутаассифона, ҳини сафари мо ба Тоҷикистон ӯ дар хориҷ аз Эрон буд.

Farajallohi Silahshur va Abbos Amiri Muqaddam

- Аз китоби муқаддаси Қуръон боз кадом қиссаҳоро нияти филм кардан доред?

- Агар Худо тавфиқ бидиҳад, якум қиссаи «Асҳоби Ухдуд» ва инчунин қиссаҳои «Ҳазрати Юнус» ва «Ҳазрати Мӯсо»-ро мехоҳам рӯйи навор биёварам.

-Оё ният доред, ки дар бораи Расули Акрам (С) чунин як филмеро таҳия бикунед?

-Оре, чунин ният дорам ва бо ҳамин орзу дар ҳамин ҷода қадам мезанам. Баъди иҷрои нақшаҳои наздик, иншоаллоҳ, дар ин хусус тасмим хоҳем гирифт.

- Дар сериоли «Юсуф паёмбар» мусиқӣ нақши муассире дорад. Лутфан дар бораи офарандаи мусиқии ин филм чанд сухан бигӯед?

Lahzae az filmi «Yusufpayghambar»

- Мусиқии филмро устод Паймони Яздониён офаридааст. Устод Яздониён ду бор дар мусобиқаи ҷаҳонии пиону ширкат варзида боре ҷойи дуввум ва ахиран ҷойи аввалро сазовор шудаасст, яъне бузургтарин пионисти дунё мебошад. Ҷавони бисёр мӯъмин, намозхон, мусиқидон ва ошиқ. Ман дидам, ки бо чӣ шефтагӣ барои сериол мусиқӣ меофарид.

- Ҳамаи онҳое, ки дар филмбардорӣ ширкат мекарданд, намозхон буданд?

- На, на ҳама намозхон буданд. Вале ҳама онҳое буданд, ки бо намоз хондан мухолифат надоштанд. Ба Худо эътиқод доштанд. Чун иноёти Илоҳиро ҳини наворбардорӣ ба чашми сар медиданд. Аслан зарра ба зарра кори моро Худо назорат дошт.Ҳар ҷо иштибоҳ мекардем, ҷилави моро мегирифт, аз роҳ бозмегардонд. Ниёзе медоштем бароварда мекард. Масалан, чилаи тобистон буд. Офтоб шӯълапошӣ мекард. Мехостем борандагӣ шавад. Гуфтем: «Худоё, абру борон бифирист. Худамон баладем, бо шланг об мепошем.

Lahzae az filmi «Yusufpayghambar»

Аммо абрро наметавонем бисозем». Лаҳзаи ба наворгирӣ фаро расид ва абр омаду рӯйи офтобро гирифт ва мо «борон» додем. Дар чиллаи тобистон, Худо ҳозир. Ё мисоли дигар. Дарёчае ҳаст, ки дидед он ҷо қаиқронӣ мекунем. Мо замоне, ки ҳафт соли фаровониро филмбардорӣ кардем, аз дилам гузашт, гуфтам: «Худоё, чӣ мешуд агар ин дарёча хушк мешуд ва мо ҳафт соли каҳтиро низ филмбардорӣ мекардем. Намешавад, ки хушксолӣ бошад ва дарёча ҳам он ҷо намудор бошад».

Ду моҳ накашид. Дарёча хушк шуд. Ё масалан, аспсавориҳои зиёде доштем, шамшерзаниҳои зиёде доштем, ки ба лутфи Худованд касе дар ҷараёни онҳо осебе надид. Хонанда ё худ овозхони эронӣ доштем ба номи Нурбахш, таронае мехонд, таронаи эронӣ. Дошт авҷ мехонд. Дар он ҷое, ки ман ба тааҷҷуб будам тоза дидам, ки рафт боло, фаротар аз он тасаввури ман рафт. Дар филм мо низ марҳила ба марҳила ба боло рафтем.

Наметавонистем ин корро накунем. Фардо шумо қисмати охири сериолро хоҳед дид. Мебинед, аз ҳамаи саҳнаҳо зеботар, амиқтар ва болотар қисмати ахири сериол ҳаст. Лутфи Худо бепоён аст. Зеро мо китоби Худоро боз кардем ва ин китобро барои мардум нақл мекардем. Худованд китобашро дӯст медорад. Ва ҳам он бандагонеро, ки китобашро мехонанд ва дӯст медоранд.

-Филм дар кадом кишварҳои дунё наворбардорӣ шудааст?

Lahzae az filmi «Yusufpayghambar»

- Танҳо дар Эрон. Он ҳам дар ҷануби Теҳрон. Он ҷо як шаҳрчаи синамоӣ дорем. Ҳатто ба дигар манотиқи Эрон ҳам ба мақсади филмбардорӣ сафар надоштаем.

 - Кадом қисмати филм дар наворбардорӣ заҳмати бештарро талабид ва бештар тӯл кашид?

- Саҳнаи дидори Яъқуб ва Юсуф аз ҳама мушкилтар буд. Ин бозиҳоро бояд дид. Зебоиҳоро, арзишҳоро дар ин қисмат хоҳед дид. То ин дам чизе надидед!

- Ин гиряҳои беохири ҷигарсӯз дар филм чӣ гуна ба ҳунармандон даст медоданд?

- Қиссаи Юсуф худ қиссаи гиря ҳаст. Ҳунармандон аз ин қисса нақш намеофариданд, балки дар дохили он қисса зиндагӣ мекарданд. Худ ҷузъе аз қисса шуда буданд. Ҳамагон қиссаи Юсуфро порае аз зиндагиномаи худ медонистанд. Бо лутфи Худо, борҳо шудаст, ки ашки чашми як ҳунарманд гиряи дигаронро ба бор меовард. Ҳунарманд танҳо нафаре набуд, ки пеши дурбини филмбардорӣ гиря мекард. Он лаҳза онҳое, ки пушти дастгоҳи филмбардорӣ буданд, онҳо низ якҷо бо ӯ гиряву фиғон мекарданд.

-Андешаи бо синамогарони тоҷик муштаракан офаридани филмҳоеро надоред?

- Агар Худованди бузург фурсат медод ва чунин барномаҳое рӯйи кор меомаданд, чаро на?

-Чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон ҳастед, чӣ таассуроте ҳосил кардед?

-Тоҷикистонро як гӯшаи Эрон дидам. Ошиқи мардуми зебову бофарҳанги ӯ шудам. Ба хусус аз шиносоӣ бо шоири бузурги форсигӯйи давр устод Мӯъмин Қаноат ифтихор мекунам. Худованди Таъоло дари лутфу марҳамати худро барои ӯ ва тамоми тоҷикистониёни азиз боз бештару фарохтар бикушояд ва файзу баракати хешро барои ҳар як хонадони тоҷик арзонӣ бидорад, сулҳу субот, ваҳдату бародариро дар ин кишвари ҳамзабон, ҳамдину ҳамфарҳанг пойдор бигардонад.

- Омин! Ташаккури зиёд барои як сӯҳбати хуб. Парвардигори муттаъол Шумо ва тамоми эрониёни азизро низ ҳамеша дар мазҳари лутфу иноёти хеш бидорад. Худо ҳофиз.

 Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi