07:08:48 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Маҳноз Афшор: "Тоҷикон бо худ ва ҷаҳон сулҳ бастаанд"

Маҳноз Афшор, яке аз ҳунарпешаҳои маъруфи синамои муосири Эрон аз хулқи мардуми тоҷик ситоиш карда ва онҳоро мардумоне номидааст, ки “бо худ ва ҷаҳон дар сулҳҳастанд.”

mahnoz-afshor-88754454Маҳноз Афшор, ҳунарманди саршиноси синамои феълӣ дар Эрон, нимаи ҳафтаи гузашта дар саҳифаааш дар Фейсбук навиштааст, ки ҳангоми ба навор гирифтани филми “Муаллим” дар “сарзамини зебои” Тоҷикистон хотираҳои хуше дорад.

Ӯ дар бораи мардуми Тоҷикистон навиштааст, “камтар аз забонашон вожаҳои талх, нафрат ва душманӣ мешунавӣ, пур аз умед ҳастанд, барои сарзаминашон, осмонашон рӯшан ва хушранг аст.”

Маҳноз Афшор дар идома навиштааст, ки “албатта ҳама сарзамини зебои худашонро доранд. Ҳамчунин мардумони Афғонистон, ки ҳанӯз натавонистаам, сарзамини онҳоро аз наздик бубинам, аммо меҳрубонии мардумонаш ҳамеша шомили ҳол буда.”

Маҳноз чанде аз аксҳояш ҳангоми иҷрои нақш дар филми “Муаллим” дар Тоҷикистонро нашр кардааст ва ин навиштаву аксҳои ӯро дар муддати камтар аз 5 рӯз тақрибан 29 ҳазор корбари Фейсбук писандиданд ва бештар аз 550 шарҳ навиштаанд.

Аз ҷумла Ҳамид Асоев аз Тоҷикистон, ки ба ҳунарпешаи эронӣ навиштааст, ки барои ин суханони “гуҳарбораш” нисбат ба тоҷикон сипосгузор аст. Мумтоз Мирзо яке дигар аз корбарони Фейсбук навиштааст, ки филми “Муаллим”-ро бесаброна мунтазир буд ва дар рӯзи аввали намоишаш дар Душанбе тамошо кард ва нақши ӯро бисёр дӯст дошт, зеро бо “стили тоҷикӣ” бисёр ширин буд.

Маҳноз Афшор, яке аз ҳунарпешаҳои бисёр маъруфи синамо ва театри Эрон аст ва нахустин бор бо даъвати Носир Саидов, коргардони тоҷик дар филми ӯ бо номи “Муаллим” нақши аслиро офарид. Филми мазкур моҳи сентябр дар Душанбе ба намоиш даромад ва аз тарафи мунтақидон баҳои баланд гирифтааст.

Достони филм, зиндагии душвори омӯзгорони тоҷик дар охири солҳои пурталотуми 90 дар Тоҷикистон аст, ки дар он замон идеологияи шуравӣ рӯ ба таназзул овард ва баъдан муаллим мақому манзалати баландаш дар ҷомеаро аз даст дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi