09:41:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 8

ШЕЪРИ РОСТМАЗМУН

maqbarai-mavlono-jomi-12487Мегӯянд, шахсе дар назди Мавлоно Ҷомӣ даъвои шеършиносӣ намуда, бо тарзи эътироз ба Мавлон гуфт:

–Шеърҳои шумо ҳама сар то по дурӯғ аст. Барои шумо муносиб он аст, ки шеърҳои ростмазмун гӯед.

  Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

–Ин тавр бошад, барои шумо шеъри ростмазмун мегӯям, ки хонда завқ баред ва ин пора шеърро бадоҳатан эҷод кард:

Латта дар об латтатар аст,

Кӯҳи Қоф аз нахӯд каттатар аст.

Дар Самарқанд гурба ях нахӯрад,

Дар Бухоро хурӯс мурғи нар аст.    

Аз китоби  «Пирони сухан дар қиссаҳои куҳан»

ҚИССАИ ТАЪЛИФИ “БАҲОРИСТОН”

Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ бисёр дер издивоҷ кард. Соҳиби чаҳор фарзанд шуд, аммо мутаассифона, танҳо як тан аз онҳо зинда монд. Фарзанди дувуми Ҷомӣ, ки Сафиюддин Муҳаммад ном дошт, як сол бештар умр надид. Марги Сафиюддин Мавлоно Ҷомиро бисёр андӯҳгин кард ва марсияе сӯзнок барои ӯ суруд кард, ки нишондиҳандаи руҳи ҳассоси ӯст.

Бингар ин чархи ҷафоойинро,

Ки чӣ сон зеру забар кард мани мискинро.

Рехт сад гавҳарам аз чашм чу аз силки вуҷуд,

Бурд дурру садафи лутф Сафиюддинро.

Мояи шодиам ӯ буд, надонам ба чӣ чиз

Шод созам дигар ин хотири андӯҳгинро.

Ҳангоме, ки фарзанди сеюми МавлоноҶомӣ ба дунё омад, ӯ бори дигар ҳавсала ва нишоти худро бозёфт. Номи ӯро Зиёуддин Юсуф ниҳоданд. Ӯ Зиёуддинро бисёр дӯст медошт. Ҳамеша ӯро дар канори худ менишонд ва барояш қиссаҳои ширин нақл мекард. Зиёуддин ҳам падари пирашро дӯст медошт ва ҳар гоҳ падар фурсат пайдо мекард, Зиёуддин пеши ӯ мерафт, то барояш қисса бигӯяд.

Як рӯз, ки Мавлоно Фахриддин Алӣ ба дидори  Мавлоно Ҷомӣ ба боғчаи Нуро омад, Зиёуддини хурдакакро дид, ки рӯйи зонуи падар нишастааст ва Ҷомӣ барои ӯ қиссаҳое дар бораи ҳайвонот нақл мекунад:

–Мӯреро диданд, ки ба зӯрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардоштаву мекашад. Ба тааҷҷуб гуфтанд: “Ин мӯрро бубинед, ки ба ин нотавонӣ, боре ба ин гаронӣ чун мекашад?".

Мӯр чун ин бишунид, бихандид ва гуфт: "Мардон борро ба нерӯи ҳиммат мекашанд ва на ба қудрати тан".

Вақте қисса тамом шуд, Зиёуддин гуфт: "Боз ҳам қисса бигӯ".

Мавлоно Ҷомӣ гуфт: "Ҳоло бирав бо бачаҳо бозӣ кун, то ман ду калима бо амакаш суҳбат кунам".

Мавлоно Фахриддин, ки дид Зиёуддин ҳамчунон рӯйи пойи падар нишаста, даст дар ҷайби қабояш кард ва чанд чормағз берун овард ва ба кӯдак дод ва гуфт: "Бигиру бирав бозӣ кун".

Зиёуддин чормағзҳоро гирифту хурсандона рафт. Мавлоно Фахриддин гуфт:

–Мебинам, ки сари пирӣ маъракагирӣ мекунед.

Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

–Зангулаи пойи тобут аст. Дигар чӣ кор кунам? Ҳама нозу нузушро мебардорам.

Ҳар ду хандиданд.

Мавлоно Фахриддин гуфт:

–Чаро ин қиссаҳоро дар китобе ҷамъ намекунед?

Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

–Дар банди  ин андеша ҳастам.

Пешниҳоди Мавлоно Фахриддин Алӣ сабаб шуд, ки Мавлоно Ҷомӣ китобе барои фарзанди худ таълиф кунад ва номи онро "Баҳористон" бигузорад. "Баҳористон" ҳикоятҳои ширин ва шуниданӣ дорад ва дар муқоиса бо дигар осори Мавлоно Ҷомӣ сода ва оммафаҳм  аст.

Дар ин давра аз зиндагии Мавлоно Ҷомӣ, ки бист сол тӯл кашид, ӯ  тамоми вақти худро сарфи таълифи китоб кард. Гирдоварии се девони шеър ва таълифи осоре ҳамчун "Нафаҳот-ул-унс" ва "Ҳафт авранг", ҳосили ин давра аз зиндагии ӯст.

УҚДАИ ДИЛИ ШОИР

Мегӯяд, ки шоири тозакоре назди Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки дар зарофат ва ҳозирҷавобӣ аз яккатозони даврони хеш буд, рафт ва гуфт:

–Чизе дар дили ман гиреҳ шуда ва вақти маро нохуш медорад ва аз он афсурдагӣ ба ҳамаи аъзои ман мерасад ва мӯй бар андоми ман рост мешавад.

Мавлоно Ҷомӣ бо зарофати хосе пурсид:

–Ҳеҷ шеъре ба тозагӣ гуфта ва бар касе нахонда бошӣ?

–Шоир гуфт:

–Оре.

Мавлоно Ҷомӣ фармуд:

–Бихон!

Шоир хонд.

Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

– Бори дигар бихон!

Шоир бихонд то се навбат.

Мавлоно Ҷомӣ ба ӯ гуфт:

–Акнун бархез, ки наҷот ёфтӣ. Ин шеър дар дили ту гиреҳ шуда буд ва хастагии он ба берун сироят мекард, чун аз дили худ берун кардӣ, халосӣ ёфтӣ.    

МАВЛОНО ҶОМӢ ВА ШОГИРД

Яке аз бузургзодагони Ҳирот фарзандашро барои омӯзиши забони арабӣ ба ҳузури Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ бурд. Ҳазрати Ҷомӣ дарси ӯро аз “Сафи Мир” оғоз карданд. Аввалин дарсро гуфтанду баъд ба шогирд, ки роҳаш аз миёни бозори шаҳр мегузашт, таъкид намуданд, ки дарсро чандин рӯз такрор намояд. Писар рафт ва бо шавқу дилбастагӣ дарсашро хуб такрор кард ва дар ҳофизаи худ ҷой дод. Вақте ба ҳузури устоди худ расид, Мавлоно Ҷомӣ ба ҷойи дас аз вай пурсиданд:

–Пешаварон ва мардумои бозор ба чӣ кор машғул буданд?

Шогирд ҷавоб дод:

–Ҳазрати устоди бузургвор, ман ба кори мардум ғаразе надоштам, ҳар кас ба шуғли худ банд буд.

Ҳазрати Ҷомӣ гуфтанд:

–Ту ҳанӯз дарсатро хуб наёмӯхтӣ, бирав боз ҳам хуб бихон!

Писарак шитобон рафт ва чунон ба дарс машғул шуд, ки аз он беҳтар имкон надошт. Дар роҳи мадраса бо диққат ба дукондорону пешаварон нигарист. Дид, ки ҳар кас ба кори худ машғул буд. Мавлоно Ҷомӣ боз ҳам ба ҷойи дарс аз вай пурсиданд:

–Мардуми бозор ба чӣ кор машғул буданд?

Писарак бо эҳтиром ҷавоб дод:

–Ман бо онон диққат кардам, вале чизи фавқулодае наёфтам. Ҳама ба касбу кори хеш машғул буданд.

Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ ӯро боз пас фиристоданд ва гуфтанд:

–Писарам, боз ҳам бихон ва дарсатро хуб азхуд намо!

Ин дафъа писарак чунон дар омӯзиши дарс ғарқ шуд, ки ба ғайр аз он чизе барояш вуҷуд надошт. Рӯзи дигар дар бозор бо тааҷҷуб дид, ки ҳама дукондорон ва пешаварон ва харидорон сабақи ӯро такрор мекунанд. Писарак ҳайратзада ба ҳузури устодаш Мавлоно Ҷомӣ расид ва бо тааҷҷуб гуфт:

–Устоди бузургвор, ман турфа аҷоиботро дар бозор дидам. Ҳама дарси маро такрор мекарданд, ҳатто дукондорону харидорон ҳам.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ пас аз он ба шогирди ҳаяҷонзада гӯш доданд ва фармуданд:

– Ту, писарам,  сабақатро хуб ёд гирифтӣ, акнун ман ба ту дарси нав мегӯям.

Ва Мавлоно Ҷомӣ ба тадриси бузургзода пардохтанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi