17:36:36 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баҳо ба шеъри Мавлоно Валӣ

Мегӯянд, ки яке аз ҳамасрони Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки Мавлоно Валӣ ном дошт, худро ба ҷумлаи шоирони машҳур нисбат доданӣ мешуд, вале шеърҳои навиштаи ӯ ҳама бевазну қофия ва бемаънӣ буданд. Вақте ки Мавлоно Валӣ шеърҳои худро дар байни мардум мехонд, ҳама механдиданд ва аз рӯйи истеҳзо ва тамасхур ба вай таҳсину офарин мегуфтанд.

mavlono-jomi 545454Як рӯз Мавлоно  Валӣ ба назди Мавлоно Ҷомӣ омада, хоҳиш намуд, ки барояш маншурномае навишта, ӯро дар байни шоирон ва зарифон обрӯманд гардонад. Мавлоно Ҷомӣ қоғазу қалам талабид ва барои мурооти хотираш ин руқъаро ба вай навишта дод: «Хидмати Мавлоно Валӣ фақирро ба ҳузури худ мушарраф сохта ва бо хондани ашъори диловез ва дилпазири худ бинавохт. Пояи шеъраш аз он баландтар аст, ки дар тангнои вазн гунҷад ё касе тавонад онро аз мизони табъ бисанҷад. Худо аз ӯ ва аз ман ва аз тамоми касоне, ки бидуни қасд сухан мегӯянд, бигзарад».

 РИШИ ҶОМӢ МАНАҲ БАРОВАРДА

Аз рӯйи нақли мардум пеши манаҳи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мӯй надоштааст. Рӯзе Мулло Мушфиқӣ Ҷомиро дар роҳ дида, ба тариқи шӯхӣ гуфтааст:

Манаҳи мардумон барорад риш,

Риши Ҷомӣ манаҳ бароварда.

 АЗ ГУРУСНАГӢ САНГ МЕХӮРАНД

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мегӯяд:

 – Рӯзе дар фасли баҳор бо ҷамъе аз дӯстон ба саҳро рафта будем. Чун дар мавзеи хуррам манзил сохта, суфрае андохтем, саге аз дур моро дид ва худро ба он ҷо расонид. Яке аз ҳозирон  пораи санге бардошта, дар ивази устухон пеши саг андохт. Саг сангро бӯйид ва бидуни таваққуф баргашт. Ҳар чанд овоз додем, саг боз наёмад. Дар таааҷҷуб  мондем. Яке аз дӯстон гуфт:

 –Ҳеҷ медонед, ки ин саг чӣ мегӯяд?

Гуфтем:

– Не.

Гуфт:

– Мегӯяд, ин бадбахтҳо аз бахилӣ ва гуруснагӣ санг мехӯранд. Аз хони эшон баҳрае ната­вон бурд.

       МАВЛОНО ҶОМӢ ВА СОҒАРӢ

Мегӯянд, ки яке аз шоирони муосири ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ, ки Соғарӣ тахаллус дошт ва ҳамеша арз мекард, ки баъзе аз шоирон маънии хуби ашъори ӯро дуздида, аз они худ кардаанд.  Боре ӯ ин даъворо ба Мавлоно Ҷомӣ низ арз кард. Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ бо ин қитъа зарифона чунин  посух гуфт:

Соғарӣ мегуфт:–Дуздони маъонӣ бурдаанд,

Ҳар куҷо дар шеъри ман як маънии хуш дидаанд.

Дидам аксар шеърҳояшро, яке маънӣ надошт,

Рост мегуфт, он ки маъниҳошро дуздидаанд.

Ин қитъа чун ба гӯши Соғарӣ расид, пеши Ҷомӣ омад ва гила кард. Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

– Мо гуфта будем, ки «шоире мегуфт» ва зарифони шаҳр онро «Соғарӣ мегуфт» сохтаанд.

 ДАСТОР БА САРИ ГАБР

Дар замони Абӯсаидмирзои Темурӣ Шайх Ҳусайн ном шахсеро назди султон манзалате буд, чунон ки султон мегуфт:

– Шайх шарики мулки ман аст.

Рӯзе шайх габреро мусулмон карда ва дастор бар сари ӯ ниҳод. Надимон ин хабарро ба самъи Султон Абӯсаид дар маҷлисе расониданд. Иттифоқан, Шайх Ҳасан ва Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар он маҳфил ҳозир буданд. Мавлоно гуфт:

–Ҷаноби Шайх шаст сол аст, ки дастор бар сари габрҳо мегузоранд ва мунҳасир ба ин яке нест.

Шоҳ аз ин лутфи сухан бисёр хандид ва шайх хиҷил гашт.

 ХУК ШОЯД КАМТАР ШУДА БОШАД

mavlono-jomi 5454545454Қозии Ғур, ки марди сиёҳчарда, пашмин, фарбеҳ ва бадшакл буд, мудатте ҷиҳати кифояти муҳимот дар Ҳирот маътал монд. Рӯзе ба назди Ҷомӣ омад ва Мавлоно ба ӯ гуфт:

–Шумо дар ин шаҳр муддати зиёд маътал мондед ва чаро ба вилояти худ барнамегардед?

Қозӣ гуфт:

–Дар вилояти мо хук бисёр шуда ва аз ин хотир боз муддате чанд дар шаҳри шумо маътал хоҳам монд.

 Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

–Аз замоне ки шумо ба шаҳри мо омадед, хук шояд камтар шуда бошад.

 САД ЛАЪНАТ БА ЯЗИД ВА МАЗИД

Дар замони Мирзо Бобур Мавлоно Мазид ном шахс аз Самарқанд ба Ҳирот омада буд. Рӯзе Мирзо Бобур аз ӯ пурсид:

–Дар боби лаъни Язид чӣ мегӯйӣ?

Мавлоно Мазид гуфт:

–Лаъни ӯ ҷойиз нест, зеро аз аҳли қибила аст.

Подшоҳ рӯй ба Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ кард, гуфт:

–Мавлоно Мазид чунин мегӯяд, шумо чӣ мегӯед?

Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

–Мо мегӯем: сад лаънат бар Язид ва сади дигар бар Мазид!

ГӮШ МЕБОИСТ ГИРИФТ

Рӯзе Ҳофизи Ғиёс, ки аз машоҳири уламои замон буд, бемор шуд. Ҷомӣ ба аёдаташ омад. Ҳофиз баъзе матолиб мухолифи истилоҳ гуфт ва Ҷомӣ сукунат варзид. Чун Ҷомӣ аз пеши Ҳофиз берун рафт, Ҳофиз ба ҷамъе аз фузало, ки баъд аз он ба аёдати вай омада будаанд, гуфт:

–Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ имрӯз ин ҷо буд, чандон масоил гуфтам, ки гӯш гирифт.

Ин хабар ба  Мавлоно Ҷомӣ расид, ӯ гуфт:

–Аз он суханон, ки ӯ гуфт, гӯш мебоист гирифт.

 ОНРО, КИ БУВАД НУРИ НАБӢ ДАР БАШАРА

Мегӯянд Султон Ҳусайн Мирзо вазире дошт, ки ӯро Низомулмулк мегуфтанд. Ӯ насаби худро ба Алии Аббос мерасонид ва дар ин бора шаҷара (насабнома) навишта буд, ки ба он тамоми бузургони Хуросон номи худро навишта, имзо карда, тасдиқ намуда буданд.

Низомулмулк насабномаро назди Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ фиристода, хоҳиш карда буд, ки дар он имзои худро гузоранд. Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ ба ҷойи имзо дар поёнии он насабнома ин рубоиро навишт:

 

Онро, ки бувад нури Набӣ дар башара,

Ҳоҷат набувад ба  тӯлу арзи  шаҷара.

Онро, ки зи рух натобад ин нури сара,

Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара.

 ҶАМОЛ ВА ҶАМАЛИ ХУДО

Гӯянд, боре Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ба Бағдод рафта буд. Пирҷамоли Ироқӣ, ки яке аз шайхони он аср буд, ба иттифоқи гурӯҳе аз муридони худ ба истиқболи вай омад. Одати Пирҷамол ва муридони вай он буд, ки либоси худро аз пашми шутур тайёр мекарданд ва ҷуз он чизе намепӯшиданд. Пирҷамол пас аз мулоқоти Мавлоно Ҷомӣ аз рӯйи эҳтиром гуфт:

–Мо ҷамоли Худоро дидем!

Мавлоно Ҷомӣ ҷавоб гуфт:

–Мо низ ҷамали (шутури)Худоро дидем.

               Аз китоби «Ҳазору як ҳикояи таърихӣ»

 ТАРЗИ ШУҲРАТЁБӢ

Шоире пеши Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ғазале хонд ва гуфт:

–Мехоҳам ин ғазалро дар дарвозаи шаҳр овезам, то шуҳрат пайдо кунам.

Ҷомӣ гуфт:

–Мардум чӣ донанд, ки ин ғазал аз туст, магар туро низ паҳлуи ғазалат биёвезанд.

 ИМКОНИ БЕАҚЛӢ ДОРАД

Рӯҳе Шайх Садриддини Равосӣ, ки аз ҷумлаи хулафои шайх Зайниддини Хофӣ буд, бар сари мазори Шайх Зайниддини Зофӣ омада ва пеши эшон дар ранги каромат мегуфт, ки нимаи моҳи мубораки Рамазони имсол имкон дорад, ки вабо шавад. Яке аз акобир дар он маҷлис гуфт:

– Имкон дорад, ки нашавад.

Шайх гуфт:

– Имкони ақлӣ надорад.

Мавлоно Ҷомӣ фармуданд:

– Имкони беақлӣ дорад. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi