16:24:08 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 3

Ба истиқболи ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ      

ҚИССАИ МАВЛОНО ҶОМӢ ВА БИЧАИ МУНАҶҶИМА

Бичабонуи Мунаҷҷима аз зумраи занони фозила ва оқилаи Ҳирот буд, ки  дар дар асри худ шуҳрати зиёде дошт. Ӯ зарифа, орифа ва нодираи айём буда, махсусан дар илми нуҷум, ки мисли ӯ набуд ва аз улуми дунявӣ низ огоҳӣ дошт ва аксари фазилатҳоро касб карда буд ва манзури уламо ва султон буд.

1-ziyorati-jomi_457878.jpgГӯянд, ки дар миёни ӯ ва ҳазрати Махдуми Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ зарофатҳо воқеъ шуда, чунончи,  ҳазрати Махдумӣ гармоба  сохтанд, ӯ низ гармоба сохт, эшон мадраса бино карданд, ӯ низ мадраса бино кард ва эшон низ масҷид сохтанд, ӯ низ масҷид сохт ва акобирро ҷиҳати намоз талабид ва такаллуфот намуд, аммо Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ наомад ва қитъае гуфт, ки:

Нагузорам ба масҷиди ту намоз,

З-он, ки меҳроби ту намозӣ нест.

Ӯ шунид ва ҳайрон шуда гуфт:

–Эшон чӣ фармоянд, ки ҳар чӣ эшон сохтанд, ман ҳам сохтаам ва фазоиле, ки эшон доранд, ман ҳам дорам!»

Мавлоно Ҷомӣ  фармуданд: –«Мо чизе дорем, ки ӯ надорад!»  Ӯ ҷавоб гуфт: «Мо ҳам чизе дорем, ки ӯ ҳам надорад, балки ӯро ба мо эҳтиёҷ аст».

Мавлоно Ҷомиро ин сухан бағоят хуш омад ва ба хонаи ӯ ташриф бурданд ва акобир ҳама ҳозир шуданд. Бичаи Мунаҷҷима дар он маҷлис хидмати писандида кард. Ин матлаъ аз ӯст, ки дар фавти шавҳари худ иншо кардааст:

Кавкаби бахтам, ки буд аз вай мунаввар осмон,

Бингар, эй маҳ, к-аз фироқат дар замин аст ин замон.

Аз тазкираи «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ

БУРДӢ БА ШИКАМ, ОН ЧИ БА ПУШТ ОВАРДӢ

nawaye_457878.jpgБоре Султон Ҳусайн Бойқаро фармуд, ки аз таоми базм ба Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ низ фиристанд. Ба амри Мир Алишери Навоӣ ҳиссае аз таом кашида, онро тавассути Ҳоҷа Даҳдор ба Мавлоно Ҷомӣ равон карданд. Дунбаи гӯсфанди фарбеҳе низ дар он таом мавҷуд буд.

Ҳоҷа Даҳдор назди Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ хӯрокро хеле таъриф кард ва Мавлоно Ҷомӣ пай бурд, ки Ҳоҷа Даҳдор ба он рағбату тамаъ дорад. Аз ин рӯ дунбаро наздаш гузошт ва таклифи хӯрдан намуд. Ҳоҷа Даҳдор дар як лаҳза дунба ва таомҳои овардаашро тамом бихӯрд. Мавлоно Ҷомӣ  рубоии зеринро навишта ба дасти Ҳоҷа Даҳдор дод, ки ба Мир Алишер Навоӣ бирасонад:

Эй ҳоҷа, маро ба лутфи худ парвардӣ,

З-овардани пушт дунба фарбеҳ кардӣ.

Биншастию дунбаро ба рағбат х(в)ардӣ,

Бурдӣ ба шикам, он чи ба пушт овардӣ.

ЗАРОФАТИ МАВЛОНО ҶОМӢ

Дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ овардаанд, ки рӯзе Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ барои табъозмоӣ хоҳарзодаи худ Мавлоно Абдуллоҳи Ҳотифиро водошт, ки чанд мисраъ аз ашъори Ҳаким Фирдавсиро, ки ба сурати ҳаҷв сурудааст, истиқбол намояд. Мавлоно Ҳотифӣ қабул кард ва гуфт:

–Он шеър кадом аст?

Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ шеърро ба Ҳотифӣ бисупурд, ки он қарори зайл аст:

 Дарахте, ки талх аст, вайро сиришт,

 Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт,

 В-ар аз ҷӯйи хулдаш ба ҳангоми об

 Ба бех ангубин резию шаҳди ноб,

 Саранҷом гавҳар ба кор оварад,

 Ҳамон меваи талх бор оварад.

Мавлоно Ҳотифӣ шеърро бихонд ва абёти зеринро арза намуд:

Агар байзаи зоғи зулматсиришт

Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт,

Ба ҳангоми он байза парварданаш,

Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш,

 

Диҳӣ обаш аз чашмаи салсабил,

Бад-он байза дам гар занад Ҷабраил,

 

Шавад оқибат байзаи зоғ зоғ,

Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ пас аз хондани шеъри истиқболияи Абдуллоҳи Ҳотифӣ  зарифона фармуд:

–Нек гуфтаӣ, вале дар ҳар мисраъ як байза гузоштаӣ.

Аз китоби «Латоиф-ут-тавоиф»»-и Сафӣ

АЗ РӮЙИ ФАРОМӮШХОТИРӢ ХӮРДА

2-ziyorati-jomi_457878.jpgМегӯянд, ки Мавлоно Соғарӣ ба бахилӣ муттаҳам буд ва бехабар бар дастархони дигарон ҳозир мешуд ва дар хӯрдани хӯрок ширкат меварзид. Як сол моҳи Рамазон пеш омад ва рӯзи аввали моҳ дар дидани ҳилол шакку шубҳа воқеъ шуд ва аз тарафи ҳокими шаръ ҷор заданд, ки мардум бояд то вақти заволи офтоб чизе нахӯранд.

Мавлоно Соғарӣ назди Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ нишаста буд ва садои ҷорчиро, ки шуниданд, дӯстон ба Ҷомӣ гуфтанд:

–Мавлоно Соғарӣ имрӯз чизе хӯрдаст, зеро хеле хушҳолу  бардам ба назар мерасад.

–Мавлоно Ҷомӣ бо зарофат фармуданд:

–Агар дар хонаи худ хӯрда, аз рӯйи фаромӯшӣ хӯрда.

Аз китоби «Ҳазору як ҳикояти таърихӣ»

ПИНДОРАМ ТУӢ!

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар маҷлисе ғазале суруд, ки матлаъаш ин буд:

Баски дар ҷони фигору ҷисми беморам туӣ,

Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ.

Яке аз шайхзодаҳои шаҳр, ки холӣ аз балоғат набуд ва даъвои шеъру шоирӣ мекард, бар матлаъи ғазали Ҷомӣ эътироз намуда гуфт:

–Ҷаноби Мавлоно, шумо дар ин матлаъ фармудаед:

– Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ. Агар харе ё гове пайдо шавад?

Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

– Боз пиндорам туӣ.

Аз китоби  «Латоиф-ут-тавоиф»»-и Сафӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi