03:35:37 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Модари Манижа: "То ҳол бароям норӯшан аст чаро тарки саҳна кард"

Наздикони Манижаи Давлат, овозхони маъруфи тоҷик, ки қариб нӯҳ сол боз аз саҳнаи ҳунар канор рафтааст, аз фаъолияти ӯ дар бахши оҳангнависӣ хабар доданд.

1---manija-davlat 111Манижаи Давлат дар оғози соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва дигар форсизабонҳо маҳбубият касб намуд. Ӯ дар соли 2002-юм консерти нахустини худро дар Кохи Борбади Душанбе баргузор карда ва ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи "Сарнавишти ман" ба бозор баровард.

Манижа аз ҷумлаи камтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон буд, ки дар соли 2006-ум ба Афғонистон рафта ва дар он ҷо барномаҳои консертӣҳам иҷро намуд. Аммо баъд аз ин сафараш дигар Манижа дар саҳнаи ҳунар кампайдо шуд ва дар бораи зиндагиву кори ӯ низ сару садоҳое пахш гардиданд. Бо ин вуҷуд, то ҳанӯз Манижаи Давлат далели сукут ва канор рафтан аз саҳнаи мусиқиро шарҳ надодааст.

Ойим Ашӯрова, модари овозхони тоҷик Манижа Давлатова дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ нахуст дар куҷо ва бо чӣ кор машғул будани духтараш гуфт:

Ойим Ашӯрова: Духтарам Манижа ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад ва ба эҷодӣ шеъру оҳангҳои нав машғул аст. Ӯ бештар кӯшиш мекунад барои овозхонҳои ҷавон оҳанг нависад.

-Яъне Манижа бо кадом сарояндаҳо ҳамкорӣ дораду кадоме аз онҳо аз оҳангҳояш истифода мекунанд?

-Бо Зулайхо Мамадшоева, Зайнура Пӯлодова, Сураёи Мирзо, Ҷонибеки Мурод, Ҳабиб барои ҳамаи онҳо оҳанг менависад ва ҳамкории ӯ дар ҳоли ҳозир бо онҳо хеле қавӣ аст.

-Духтари шумо ки дар кӯтоҳтарин муддат ҳамчун ҳунарманд маъруф ва яке аз ситораҳои ҳунари тоҷик шуд, чаро ба якборагӣ тарки саҳна кард? Дилатон ба ҳунару истеъдоди духтаратон танг намешавад?

3---manija-davlat 111-Ин ҳам барои ман норӯшан аст, зеро худи Манижа то ҳол бароям нагуфтааст, ки чаро тарки саҳна кард. Танҳо гуфта метавонам ки духтарам азоби зиёд кашид. Албатта дилам барои ҳунари ӯ месӯзад, ҳамеша мегуям, Манижа ақалан якбори дигар рӯи саҳна баро. Ҳамеша дар ҷавоб мегӯяд, ки агар имконият шавад ҳатман мебароям.

-Шумо гуфтед, ки Манижа азоби зиёд кашид ва шояд сабаби аз саҳнаи ҳунар дур шудани ӯҳамин буд. Яъне ба Манижа фишор оварданд, кӣ буданд онҳо?

-Бале, фишор оварданд, аммо ман инҷо аз касе ном бурда наметавонам. Вале мегӯям, ки аз сӯи ҳукумат фишоре надидааст, аммо аз сӯи ҳунармандоне, ки бо ӯ наздик буданд, азоби зиёд дид. Ҳарчанд мепурсидам, чаро, кӣ аст он нафар, чизе намегуфт, як ҷавоб дошт, агар ман чизе гӯям шумо зиқ мешавед.

-Як замон овозаҳое ҳам буданд ва гуфта мешуд, ки Манижа шавҳари хориҷӣ кардааст ва ин боиси аз саҳна дур шудани ин овозхон гардид. Ин ҳама то куҷо ҳақиқат доранд?

-Ин ҳама гапи беҳуда аст. Манижа то ҳоло шавҳар накардааст. Ин гап ҳамеша дар дили ман ҳам ҳаст, ки мегӯям Манижа шавҳар кун ва соҳиби фарзанд шав. Албатта инро ҳама модар мехоҳад. Вале дар ҷавоб мегӯяд, ки ҳоло нафареро ки ба хости дилам аст, пайдо накардаам. Лекин фикр накунам, ки шавҳар кардан ӯро аз саҳна дур мекунад.

-Дар чанд соли ахир аксҳои Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд чарх мезанад, ки бо сатр аксбардорӣ шудааст. Шояд пӯшидани сатр ҳам ба ҳунари ӯ монеа шуд?

-Не, ӯ чи тавре ки буд, ҳамон хел либос мепӯшад. Манижа сатр намепӯшад.

-Шояд Манижа баъди рафтан аз саҳнаи ҳунар, шуғли дигареро интихоб кардааст?

2---manija-davlat 111-Не. Вақте барояш гуфтам, ки агар хоҳӣ маълумоти олӣ дорӣ, ҷое кор кун, аммо вай гуфт, ки намехоҳам. Пас аз ин маълум мешавад, ки ҳунарашро дӯст медорад. Ман ҳам фикр намекунам, ки духтарам овозхониву дубора рӯи саҳна омаданро болотар аз кори дигар донад. Ҳарчанд ӯ суруд намехонад, аммо барои дигарон оҳанг эҷод мекунад.

ар боре ба хабаргириятон меояд, оё дар бораи ҳунари овозхониву дубора баргаштан ба саҳна бо шумо суҳбат мекунад ё не?

ар вақте ки ояд, ягон оҳангро мебиёрад ва мегӯяд, ки модарҷон, ин оҳанги нав аст, гӯш кунед ба шумо маъқул мешавад ё не? Ҳар боре, ки чунин мегӯяд, ман хурсанд мешавам, ки шояд Манижа бо тавлиди ин оҳанг ба саҳна баргаштанист, вале вақте мегӯяд, ки ин оҳанг барои ин ё он сароянда ҳаст, аз ин ҳарфҳо хаста мешавам. Мегӯям, Манижа чаро худат суруд намехонӣ? Аммо посухеро дарёфт намекунам, ки маро хотирҷамъ кунад.

-Манижа ба фарқ аз чаҳор духтари дигаратон чи хислатҳои хосе дошт?

-Манижа чорум духтари хонадони мо аст. Ду хислате ки хоси Манижа аст, покдоманиву тозагӣ аст. Ин ба ҳама маълум аст. Ростгӯӣҳам яке аз хислатҳои ӯ аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi