07:20:32 18-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Танзим ва татаббуи Ҳофиз

Раҷабалӣ Худоёров, номзади илмҳои филологӣ

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ. Дарёи шеъри форсӣ, киштии шеъри Ҳофиз. - Теҳрон: "Қақнус", 1391. - 247 саҳ.

Чанде пеш китоби тозанашри Муҳаммадризо Тоҷдинӣ бо унвони "Дарёи шеъри форсӣ, киштии шеъри Ҳофиз", ки соли равон дар Эрон ба табъ расидааст, дастрасам гардид ва онро бо шӯру шавқи зиёд мутолиа кардам. Аз ёддошти мухтасари муаллиф маълум мегардад, ки китоб 24 сол қабл бо унвони "Оинаи Ҳофиз ва Ҳофизи оина" (1367) дар Эрон интишор шуда, инак дуюмбора бо таҷдиди назару бо изофот ва бо номи дигар ба табъ расидааст. Китоб аз қисматҳои "Оинаи хаёли Ҳофиз", "Ҳофиз ва муосирони ӯ" иборат мебошад. Ба китоб донишманди маъруфи эронӣ Манучеҳри Оташӣ муқаддимаи муфассале навишта, дар он роҷеъ ба бузургии шеъри Ҳофиз, бемонанд будани ғазалҳои ӯ ва шоири ҳамаи давру замон маҳсуб гардидани ӯ сухан рондааст.

tojdini-shoir-457898Манучеҳри Оташӣ дар навиштаи хеш аз ҷумла овардааст: "Шеъри Ҳофиз себи сурхи марғуби боғи адаби форсӣ аст. Себи хубро боғбони бедору муҷарраб (ботаҷриба, Р.Х.) ба вуҷуд меоварад. Шеъри хубро шоири бедору муҷарраб ба вуҷуд меоварад. Ҳофиз шоире бедордил, муҷарраб ва бо камоли талаб будааст ва ҳар байти ӯ ҳосили бедордилӣ, ранҷи ҷонкоҳ ва арақрезии рӯҳ будааст. Ҳофиз, хулоса, фишурда ва булур (софу шаффоф, Р.Х.)-и комили даврони тӯлонӣ ва пуршебу фарози ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии Эрон то замони худ аст" (саҳ. 11).

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ пеш аз он ки ба таълифи чунин китобе даст бизанад, ӯ китобҳои зиёде роҷеъ ба рӯзгор ва осори Ҳоҷа Ҳофиз навишташударо мутолиа намудааст. Аз "Китобнома"-и дар охир овардашуда маълум мегардад, ки ӯ 68 асари илмӣ ва 61 асари адабии ба тадқиқи ҳаёту эҷодиёти Ҳофиз бахшидашударо мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор додааст. Ҳамчунин ошкор мешавад, ки Ҳофизи Шерозӣ аз девони ашъори шуарои қадим ва ҳамзамони худ нек бархурдор будааст ва ин таъсирпазирӣ дар саросари девони ӯ намоён аст.

Нигоранда заҳмати фаровон кашида дар баробари мутолиа ва омӯзиши осори илмиву адабӣ, инчунин осори Хоҷа Ҳофизро бо девони ашъори шуарои мутақаддим ва ҳамасри ӯ муқоисаву муқобала кардааст. Муқоисаи шеъри Ҳофиз бо девони ашъори шоирони мозиву муосираш аён месозад, ки ӯ абёти зиёди онҳоро мавриди тазмин ва ё татаббуъ қарор додааст.

Муаллиф аз китоби "Сайре дар шеъри форсӣ"-и Абдулҳусайни Зарринкӯб роҷеъ ба таъсирпазирии Ҳофиз аз шеъри шоирони дигар чунин иқтибосе овардааст: "Бидуни шак истиғроқи Ҳофиз дар таҳсили адаб ва ошноии ӯ бо давовини араб, ки ҷомеи девони вай бад-он ишорат дорад, дар пайдоиши тарзи ӯ наметавонад бетаъсир бошад, чунончи ошноии ӯ бо давовини араб дар ашъори ӯ пайдост ва бешак гузашта аз давовини араб осори асотид (устодон, Р.Х.)-и мутақаддими форсизабон аз Рӯдакӣ гирифта то Саъдӣ аз ӯ дур намондааст ва нишонаҳое аз таъсири ин шоиронро дар девони ӯ метавон ёфт.

Ҳофиз аз Рӯдакӣ ва Анварӣ мисраъҳое тазмин мекунад ва аз Низомӣ, ки дар соқинома ғолибан таҳти таъсири ӯст, бо лаҳни ҳамчашмӣ дам мезанад ва дар баъзе таркибот ва маонӣ ба ашъори Хоқонӣ назар дорад, аммо дар мавриди Саъдӣ гузашта аз татаббуи аксар ғазалиёти ӯ ба тазмини маънӣ ва мисраъҳо низ мепардозад. Ҳамчунин Ҳофиз маонии бархе аз абёт ва қофияҳо ва радифи баъзе ғазалҳои хешро аз ду шоири муосири хеш Хоҷу ва Салмон мегирад ва ҳарчанд дар баъзе маворид шояд ҳам онҳо кам омада бошад, дар аксар маворид маонӣ ва афкореро, ки аз онҳо ахз кардааст дар перояи бадеътар арза медорад" (саҳ. 18).

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ барои тақвияти сухани хеш ҷои дигар аз китоби "Сайри ғазал дар шеъри форсӣ"-и дуктур Сируси Шамисо иқтибос меоварад: "Ғазали Ҳофиз ошнотарин ғазал барои хавосу авом аст ва ин мавқеиятест хос, ки барои камтар шоире, ҳатто дар меъёри ҷаҳонӣ пеш омада аст. Як нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар Ҳофиз ин аст, ки худ ба шиддат ба татаббуъ дар осори дигарон пардохт ва баъдҳо дигарон ба шиддат ба татаббуъ дар осори ӯ пардохтанд" (саҳ. 18-19).

Муаллиф ашъори Ҳофизро бо абёти шоирони дигар аз лиҳози мазмун ва сурат мавриди муқоиса қарор дода, ифодаи беҳтару хубтари сурудаи Лисонулғайбро бо далелҳо собит намудааст. Агар дар баъзе ҳолатҳо ӯ мисрае ва ё таркиби шеъри дигаронро ахз карда бошад, дар бархе ҳолатҳо мазмуни абёти писандидаашро бо суханони азбу ширин оро додаст, ки он аз гуфтаи дигарон бо куллӣ фарқ мекунад.

Хонанда аз китоб нуктаи дигареро ҳам дармеёбад, ки Ҳофиз ба ҷуз таҳти таъсири ашъори дигарон шеър гуфтан, инчунин ӯ қасди "тасҳеҳи ашъори онҳоро (низ) доштааст" (саҳ. 19). Муаллиф барои исботи ин даъво абёти дар мавзӯи воҳид гуфтаи Камоли Хуҷандӣ, Саъдӣ, Хоқонӣ, Заҳириддини Фороёбӣ ва Низомиро дар муқоиса бо сурудаи Ҳофиз нишон медиҳад. Дар поён мушт намунаи хирвор гӯён байтеро аз Камоли Хуҷандӣ намуна меоварем, ки Ҳофиз онро эҷодкорона тағйир додааст:

Камоли Хуҷандӣ:

Чун шавам хок ба хокам гузаре кун чу сабо,

То ба бӯят зи замин рақскунон бархезам.

Ҳофиз ин байтро ба тариқи зерин тасҳеҳ кардааст:

Бар сари турбати ман бе маю мутриб манишин,

То ба бӯят зи лаҳад рақскунон бархезам (саҳ. 19).

Аз муқоисаи байти боло маълум мегардад, ки Ҳофиз мисраи аввали онро пурра дигар карда, калимаи "замин"-и мисраи дуюми онро низ ба вожаи "лаҳад" иваз намуда, мазмуни олиеро ба вуҷуд овардааст, ки хеле табиӣ менамояд. Чунин мисолҳо дар китоб хеле зиёданд ва дар ҳама ҳолатҳо сурудаи Ҳофиз аз гуфтаи дигарон ба назар беҳтару хубтар мерасад. Вақте кас ба муқоисаи чунин абёти муташобеҳ мепардозад, ба хулосае меояд, ки гӯё Ҳофиз он шеърҳоро тасҳеҳ карда бошад.

Дар китоб боз перомуни ақида, шомили кадом мазҳабу фирқа будан, ҳакиму файласуф будан ё набудани Ҳофиз, риндигии ӯ ва дигар мавзӯъҳо низ сухан ба миён омадааст. Муаллиф роҷеъ ба масъалаҳои дар боло зикршуда аз гуфтаҳои ҳофизшиносони дигар ва аз байтҳои ҷудогонаи худи Ҳофиз мисолҳо оварда, қазияро равшантар баён месозад.

Нигоранда усули хуберо пеш гирифта, зимни баёни фирқаҳои исломӣ, аз ҷумла маломатия, муътазила, ашоира, қаландария, меҳройин ва дигар равияҳои мазҳабӣ, ки Ҳофиз дар абёти ҷудогонааш ба онҳо ишора мекунад, бо истифода аз сарчашмаҳои муътабар онҳоро барои хонанда шарҳу тавзеҳ низ додааст.

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ дар амалишавии ин кор вақти қиммати худро сар карда, ҳамчун ғаввосони гавҳарҷӯ аз қаъри дарёи шеъри форсӣ бас гавҳари нодиреро ба даст овардааст. Муаллиф заҳмату ранҷи ин тадқиқотро хуб ҳис карда, китобашро "Дарёи шеъри форсӣ ва киштии шеъри Ҳофиз" ном ниҳодааст. Воқеан ҳам ин мавзӯест, ки хеле доманадор ва заҳматталаб ва барои ба ин мавзӯъ даст задан пажӯҳандаро майлу хоҳиш, ишқу алоқамандӣ ба шеър, ҳавсала, хотираи қавӣ, пушти кор ва вақти зиёде мебояд.

Мавсуф дар қисмати аввали китоб дар ҳаҷми 13 саҳифа роҷеъ ба шеъри Ҳофиз, таъсирпазирии ӯ аз шоирони пешин ва муосиринаш сухан ронда, баъдан абёти муташобеҳи шоиронро як-як нишон медиҳад. Ҳофиз дар баъзе ҳолатҳо байтҳои шоирони гузаштаву муосири худро мустақиман баргузида бошад, дар бархе ҳолот мазмуни онҳоро эҷодкорона тағйир додааст. Дар ин бахш муаллиф девони Ҳофизро бо девони ашъори 25 шоир муқоиса кардааст. Маълум мегардад, ки Ҳофиз ба абёти ҷудогонаи шоирон аз Рӯдакӣ сар карда то Ибни Ямин, инчунин ба шеърҳои шоирони муосири худ ба монанди Убайди Зоконӣ, Имоди Фақеҳ, Салмони Соваҷӣ, Носири Бухороӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Неъматуллоҳи Валӣ пайравӣ намуда, абёти баргузидаашро шаклан ва мазмунан беҳтару хубтар офаридааст.

Дар поён барои исботи ин сухан чанд байтеро аз Низомии Ганҷавӣ ва Фахриддин Асъади Гургонӣ намуна меоварем, ки Ҳофиз онҳоро чи гуна тазмин ё татаббуъ кардааст:

Низомӣ:

Дило то бузургӣ наёрӣ ба даст,

Ба ҷои бузургон нашояд нишаст.

Ҳофиз:

Такя бар ҷои бузургон натавон зад ба газоф,

Магар асбоби бузургӣ ҳама омода кунӣ (саҳ. 20).

Фахриддин Асъади Гургонӣ:

Ки ӯро огаҳӣ аз мо ниҳон деҳ,

Ки рози дӯст аз душман ниҳон беҳ.

Ҳофиз:

Ба шамшерам заду бо кас нагуфтам,

"Ки рози дӯст аз душман ниҳон беҳ" (саҳ. 41).

Маълум мегардад, ки доираи мутолиоти Ҳофиз хеле фарох буда, ӯ девони ашъори шоирони зиёдеро мавриди омӯзиш қарор додааст. Тибқи нишондони муаллиф Ҳофиз ба абёти Саъдӣ 193 маротиба, Фахриддини Ироқӣ 61, Хоҷуи Кирмонӣ 54, Низомӣ 41, Ибни Ямин 33, Рӯдакӣ 25, Хоқонӣ 29, Мавлавӣ 25, Шайх Аттор 24, Хайём 20, Заҳириддини Форёбӣ 20, Саноӣ 18, Авҳадии Мароғайӣ 18, Сайфи Фарғонӣ 18, Амир Хусрави Деҳлавӣ 16, Ҳуммоми Табрезӣ 15, Камолиддини Исмоил 15, Анварӣ 12, Ҷамолиддини Исфаҳонӣ 9, Фирдавсӣ 8, Масъуди Саъди Салмон 8, Носири Хусрав 7, Амир Муиззӣ 7, Фахриддид Асъади Гургонӣ 5, Наҷмиддини Розӣ 3 муроҷиа намуда будааст.

Бояд қайд кард, ки ин ҳисоб шартан буда, Ҳофиз баъзан ба байти шоире якчанд байтҳои қаринагӣ низ офаридааст. Чунончи, муаллиф дар китоби мавриди назар муайян кардааст, ки Ҳофиз 15 байти Саъдӣ, 14 байти Рӯдакӣ, 10 байти Ироқӣ, 4 байти Мавлавию Аттор, 3 байти Камоли Хуҷандӣ ва дигар шоирони гузаштаву муосирашро дуюмбораву сеюмбора тазмин ва ё татаббуъ кардааст. Ба ҳар ҳол аз ин шумора яқин мегардад, ки Ҳофиз бо ҳама бузургиаш девони шеърҳои шоирони гузаштаву муосири худро доимо мавриди мутолиаву омӯзиш қарор медодааст.

Дар қисмати дуюми китоб Лисонулғайб ба абёти шоирони ҳамасри худ ба монанди Камоли Хуҷандӣ 45, Имоди Фақеҳ 33, Носири Бухороӣ, 32, Салмони Соваҷӣ 27, Неъматуллоҳи Валӣ 22, Убайди Зоконӣ 10 маротиба муроҷиа намудааст.

Модоме, ки мавзӯи китоб тазмину татаббуи Ҳофиз ба ашъори шоирон аст, хуб мебуд, ки пажӯҳанда аз байти нахустини девони Ҳофиз, ки моли Ибни Язид мебошад, сухан ба миён меовард, вале, мутаассифона, дар китоб аз он ёдоварие ҳам нашудааст.

Байти манзури назар ин аст:

"Ало, ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо",

Ки ишқ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилҳо.

Мисраи аввали байти боло азони Ибни Язид буда, Ҳофиз онро ба ду қисм ҷудо карда, онҳоро дар девони худ баръакси ҳам, яъне мутааххару мутақаддам ҷой додааст:

"Адир каъсан ва новилҳо, ало, ё айюҳассоқӣ"

Ҳамчунин дар китоби "Ҳазор панди Ҳофиз" (-Душанбе: "Адиб", 2005), ки онро Алоуддини Исомиддин таҳия кардааст, баъзе абёти тазмин ва татаббуъ кардаи Ҳофиз низ мавҷуд аст. Маълум мегардад, ки аз чашми Муҳаммадризо Тоҷдинӣ девони ашъори Шамсиддин Муҳаммади Ҷувайнӣ дур монда будааст. Мувофиқи нишондоди мураттибони китоби мазкур Ҳофиз мисраи "Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр"-и Шамсиддин Муҳаммади Ҷувайниро дар яке аз ғазалҳои худ чунин истифода кардааст:

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр,

"Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!"

Бо вуҷуди ин пажӯҳише, ки Муҳаммадризо Тоҷдинӣ дар ин мавзӯъ анҷом додааст, дар ҳофизшиносӣ кори бузурге ба ҳисоб меравад, зеро мухлисону алоқамандони Хоҷа пас аз мутолиаи он пай мебаранд, ки Ҳофиз худ аз худ ҳамчун фарди фавқулода ба арсаи адабиёт ворид нашуда, балки ӯ таҳти таъсири ашъори шуарои мутақаддиму муосиринаш қарор дошта, пас аз омӯзишу ҷустуҷӯи доимӣ ба чунин мартабаи бузург расида будааст. Агар муаллиф китобашро дар Тоҷикистон бо ҳуруфоти кириликии тоҷикӣ веросторӣ намуда, интишор мекард, кори басо хайре мебуд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi