07:16:47 18-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Ҳавзаи адабии Суғд имрӯз чӣ вазъ дорад?"

Чанд моҳ қабл шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  60-сола шуд. Ин шуъба аз лиҳози шумори аъзо ва ҳайсияти эҷодкоронаш яке аз нерумандтарин шуъбаҳои Иттиҳодияи адибон маҳсуб ёфта, ҳавзаи адабии Хуҷанд бо эҷодкоронаш дар тамоми кишвар маъруфият дорад. Хабарнигори "Рӯзгор" ин навбат бо раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон, шоир, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аҳмадҷони Раҳматзод дар мавриди фаъолияти ин шуъба ва умуман вазъи эҷодкорон дар шимоли кишвар суҳбате анҷом дод, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Устод, аввалан Шуморо ба ҷашни шастсолагии шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳният гуфта, баъдан пурсидани ҳастам, ки имрӯз кори шӯъба дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?

1.navisandagon 4548789-Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 65- нафар узви Иттифоқи нависандагон ва зиёда аз 200- нафар қаламкашонеро, ки соҳибкитоб ҳастанду чун эҷодкор шинохта шудаанд, муттаҳид кардааст ва дар муддати шаст соли мавҷудияти хеш барои рушди адабиёти муосири тоҷик хидматҳои зиёдеро анҷом додааст. Худи ба арсаи адабиёт омадани як шоираи маъруфи мо, ситораи тобони шеъри форсизабонони ҷаҳон, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона гувоҳи он аст, ки ин ҳавзаи адабӣ ҳавзаи адабиест, ки дар тарбияи насли нави адибон ҷодаи наве кушодааст.

-Будани шоирае чун Фарзона ба дигар ҷавоншоирони ин ҳавза ҳам таъсиргузор буда?

-Албатта, бо тулӯи ахтари Фарзона ба адабиёти мо як гуруҳи калони ҷавононе ворид гардиданд, ки дар тозагӯӣ, дар гуфтани шеъри мудерн, дар таҷрибаи тадқиқи шеъри нав ба тарзи тоҷикӣ хидматҳои калон доранд. Мисли Абдуҷаббори Сурӯш, ки дар маҷмӯаи "Салиби сафед" ва дигар китобҳояш тавонистааст нишон бидиҳад, ки дар гуфтани шеъри нав пешгом аст.

Ҳамчунин Адиба Мирзоева, Нуралии Нурзод., Нийат Ҳаёт, Нарзуллои Азизиён ва ҷавоншоирони дигаре чун Дилором Солибоева, Баҳроми Раҳматзод, Сурайё бо як шӯру талотум, бо  як нафаси тоза ба ҷодаи адабиёт қадам ниҳодаанд. Аз китобҳои аввалинашон маълум аст, ки онҳо дар шеър хеле пешрафтаанд.

-Дар чанд соли охир аз ҳавзаи адабии Суғд чандин нафар ба ҷавоизу унвонҳои баланд ҳам қадрдонӣ шуданд, шояд ин ҳам  далели фаъолияти босамари шуъба буда?

-Шояд, чун дар ин байн шоири маъруфи мо Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба унвони баланди "Шоири халқии Тоҷикистон", Муҳиддин Хоҷазод бо унвони "Нависандаи халқии Тоҷикистон", Аҳмадҷони Раҳматзод бо ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ ноил гардиданд. Соли гузашта мо девони Ниёзиро ба ҳамон тарзи классикие, ки бояд қофиябандии он аз рӯйи алифбои ниёгон бошад, омода ва нашр кардем. Эҷодиёти Толиб Карими Озарахш  ҷолиби таваҷҷуҳи аҳли адаби тамоми ҷумҳурист.

Ӯ ҳам дар ғазал ҳам дар шеъри нав хеле комёб аст ва ба гирифтани ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ба номи Қутбӣ Киром, ҷоизаи адабии "Боргоҳи сухан" ноил гардида, дар Эрону Афғонистон ҷоизаҳо ба даст оварда, ҳамчунин  дар ин  мамолик шабҳои шеъри Озарахш баргузор шудаанд. Худи ин мисол нишони он аст, ки Озарахш ҳамчун шоир мақому манзалати зиёд дорад. Ҳамчунин Неъмат Оташ яке аз шоирони солори мо ҳастанд, ки …

-Имсол китоби Неъмати Оташ, як шоири муваффақи ҳавза ҳам ба ҷоизаи ба номи устод Турсунзода пешниҳод шуда буд, аммо сазовори ҷоиза нагардид… Дар ин бобат чӣ мегӯед?

-Ҳарчанд Неъмати Оташ сазовори ҷоиза нагардид, вале худи устодон баҳо доданд, ки китоби Оташ умуман аз камбудӣ орӣ буд. Ин ҳам баҳои баланд аст, чун кам шоироне ҳастанд, ки дар шеър ба нуқсу хато роҳ надиҳанд.

-Ин чизи чун рӯз равшан аст, ки дар ҳавзаи адабии Суғд шеър хеле пешрафта аст, аммо гумон мекунам, носирони ҳавза он қадр фаъол нестанд…

-Ҳамин тавр буд, аммо дар даврони истиқлол наср низ дар ҳавзаи адабии Суғд ривоҷ ёфт. Устодони адабиёти мо амсоли устод Аъзам Сидқӣ, Додоҷон Раҷабӣ, Муҳиддини Хоҷазод, Маҳкам Пӯлод, Маъруф Бобоҷон ва Муқим Воҳид, Ғайрат Ҳаким ва дигарон асарҳое эҷод намуданд, ки дархӯри дарди замон буд.

-Манзури ман насли замони истиқлол буд…

-Дар замони истиқлол ҳам ба арсаи адабиёт омадани ҷавонони эҷодкоре монанди Маъмури Юсуфзод, Ховари Пӯлод, Малоҳат Собирзода бовари моро ба ояндаи дурахшони наср қавӣ мегардонад. Албатта бояд гӯям, ки аз насли ҷавон ҳамчунин Матлубаи Ёрмирзо ва Баҳманёри Муродӣ чанд китоб мунташир кардаву чун нависандаи хуб шинохта шудаанд.

-Вазъи нақди адабӣ дар ҳавза чӣ гуна аст? 

-Дар таъсири мактаби устодон Атахон Сайфуллоев ва Абдулманнони Насриддин як зумраи калони мунаққидону адабиётшиносоне ба воя расидаанд, ки имрӯз ҳамчун олими суханшинос обрӯву эътибори баланд доранд, амсоли Матлубаи Мирзоюнус, Носирҷон Салимов, Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова, Баҳроми Мирсаид, Субҳони Аъзамзод, Тоҷибой Султонӣ, Саидумрон Саидов, Фахриддини Насриддин, ки имрӯз бори нақди ҳавзаи адабии моро мекашанд.

-Он осоре, ки адибони суғдӣ менависанд, аз ҷониби ин мунаққидон нақду баррасӣ мешаванд, ё… Чун аксари устодони мо мегӯянд, вазъи нақд имрӯз дар адабиёти мо нигаронкунанда аст…  

2.navisandagon 4548789-Дар Суғд низ вазъи нақд ҳамин гуна буд ва дар бораи адабиёти имрӯз осори нақдии хеле кам навишта мешуд, аммо ибтикороти Атахон Сайфуллоев, Абдулманнони Насриддин ва Матлубаи Мирзоюнус оғозе буд, то мунаққидони дигари моро ҳам ба адабиёти муосир мутаваҷҷеҳ кунад. Масалан Атахон Сайфуллоев дар мавриди насри замони истиқлол китоби "Уфуқҳои тозаи наср"-ро навиштанд, ки дар он на танҳо дар бораи осори нависандагони вилоят, балки дар мавриди навиштаҳои қаламкашони тамоми кишвар андешаронӣ шудааст.

Матлубаи Мирзоюнус  перомуни навиштаҳои бонувони сухангӯи ҳавзаи адабии мо асарҳои ҷолибе навишт. Баҳроми Мирсаид, Тоҷибойи Султонӣ, Сурайё Ҳакимова ва мунаққидони дигар дар бораи эҷодиёти Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Фарзона, Адиба, Сурӯш, Озарахш мақолаҳои хеле зиёде навиштаанд. Таъкид мекунам, ки дар ривоҷи нақди адабӣ дар вилоят хидмати кормандони маҷаллаи "Паёми Суғд" (пешина "Хуҷанд") хеле зиёд аст. Маҷалла ба олимон фармоиш медиҳад, ки дар мавриди осори ин ё он адиб мақолаи нақдӣ бинависанд.

-Дар вилоят дар баробари ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣҷавоизи дигаре чун  ҷоизаҳои ба номи Раҳим Ҷалил, Қутбӣ Киром, Маҳастии Хуҷандӣ, Ҳамза Ҳакимзода таъсис дода шудаанд. Ин ҷоизаҳо барои дастгирии ҷавонони эҷодкоранд? 

-Не, барои ҷавонон мо ҳанӯз ҷоиза таъсис надодем, аммо барои эҷодкорони ҷавони муваффақ ҷоизаи адабии "Падида"-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст, ки дар чанд соли охир аз ҳавзаи адабии мо Матлубаи Ёрмирзо, Баҳманёр Муродӣ, Баҳроми Мирсаид, Шаҳодат ва Баҳроми Раҳматзод ба он сазовор дониста шуданд. Ин гувоҳи он аст, ки ҳавзаи Суғд дар тарбияи адибони ҷавон пешгом аст. Ҷоизаҳои Раҳим Ҷалилу Қутбӣ Киром ҷоизаҳои адабӣ барои адибони солори мо ҳастанд. Масалан имсол ба ин ҷоизаҳо адибони маъруфи мо Фарзона, Нийат Ҳаёт, Анвар Олим, Муқим Воҳид ва Маҳваш сазовор гардиданд.

-Ҳамасола бо дастгирии Сарвари давлат китобҳои зиёди адибони кишвар мунташир мешавад. Дастгирии роҳбарияти вилоят дар ин росто чӣ гуна аст?

-Дар зарфи 5-6 соли охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёда аз 50-номгӯй асарҳои адибон нашр шуда, ба дасти хонандагони нуктасанҷ расид. Ҳамчунин ҳармоҳа ба адибони вилоят аз тарафи Раиси вилоят кӯмакпулӣ дода мешавад. Алҳол Қоҳир Расулзода чил роҳхат барои истроҳат дар осоишгоҳи "Баҳористон" ба адибони вилоят ҳадя карданд. Дар баробари ин фарзандони адибон ба истироҳатгоҳҳои тобистона ҷалб шудаанд.

-Устод Фарзона ҷойе аз маҳфили бедилхонӣ дар ноҳияи Куҳистони Масчоҳ ёд оварда буданд. Пурсиданӣ ҳастам, ки дар тамоми минтақаҳои вилоят ҳамин гуна маҳфилҳои адабӣ амал мекунанд?

-Дар Хуҷанд маҳфилҳои адабии зиёд амал доранд, ки маъруфтаринашон ҳамон "Ганҷи сухан" аст. Ҳамчунин дар аксар навоҳии вилоят ин гуна маҳфилҳо ҳастанд. Дар Масчоҳ, Ашт, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳаи Ворух ва шаҳри Исфара, дар Истаравшан, дар Айнӣ, Куҳистони Масчоҳ, Панҷакент маҳфилҳои адабӣ пайваста фаъолият доранд. Дар ноҳияҳои Ғончӣ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ду маҳфил, маҳфили адибони ӯзбек ва адибони тоҷик амал мекунанд.

-Китобҳое, ки шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон нашр мекунад, оё хонанда доранд?

-Азбаски китобҳое, ки мо интишор мекунем, аз ҷониби Ҳукумати вилоят маблағгузорӣ мешавад, ин китобҳо дар асоси тақсимоти мақомоти иҷроия ба муассисаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, мактабҳо парваришгоҳҳо ва доиншгоҳҳо тақсим карда мешаванд ва ба фурӯши озод мо қариб ки китоб намебарорем.

-Аз ҷониби мардум истиқболи китобҳо чӣ гуна аст?

-Китобҳое, ки солҳои охир мо чоп кардем, китобҳои хеле хуб буданд. Танҳо ҳамин кофӣ аст хулоса барорем, ки дар маҳфилҳо хонандаҳо китобҳои адибонро ҷӯё мешаванд, дар бораи осори мунташиршуда фикру андешаҳои худро баён мекунанд. Ҳамчунин мо китобҳоро ба тамоми ноҳия мефиристем, то ба дасти хонанда расад.

Ҳамчунин давоми се-чор соли охир мо ба қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят, мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва дигар ташилотҳои марбут ба илму адаб ба маблағи даҳҳо ҳазор сомонӣ китобҳои адибонро ройгон хадя кардаем.

-Сипос барои суҳбати самимӣ

P.S: Ин суҳбат ба муносибати 60-солагии шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони кишвар анҷом дода шуда, аз ин рӯ то ҷое суҳбати ҳисоботиро мемонад. Ба ҳар сурат ҳадафи аслии мо ошно гардонидани хонандаи азизи "Рӯзгор" ба вазъи ҳавзаи адабии Суғд буд ва агар ба ҳадафи худ расидем, мояи сарфарозии мо хоҳад буд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi