02:55:57 18-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Вопасин каломи Лоҳутӣ – II

Қосим НУРБОДОВ, нависандаи туркман

Садои занге, ки нимаҳои шаб баланд шуд, парасторро, ки машғули хондани китоб буд, ба ҳарос андохт. Ҳамон вақт ӯ тибқи одат ба чароғи хурде нигоҳ мекард, ки шумораи ҳуҷраи бемореро, ки кӯмак мехост, нишон медод. Садои занг аз ҳуҷраи Лоҳутӣ буд. Парастор бо шитоб ба самти ҳуҷра давид. Дид, ки шоир нафаси амиқ мекашад ва як дасташ рӯйи тугмаи занг аст.

lohuti-vopasin 45875454- Шоир! Ман омадам.

Шоир чашмашро ба сӯйи он садои ошно кушуду дасташро аз тугмаи занг бардошт. Ба парастор ишора кард, ки биншинад. Парастор курсиро бардошт ва ба канори тахти бемор бурду нишаст.

- Ҳоло ба шумо дору хоҳам дод. Рафта об оварам.

Шоир, ки дасти парасторро гирифта буд, раҳо накард.

- Осуда бошед, шоир… таб надоред?

Лоҳутӣ агар мехост дар чунин вазъе сухан бигӯяд, барои ин ки дигарон бифаҳманд, ба забони русӣ ҳарф мезад.

- Чӣ шуда, шоир? Роҳату осуда бошед, ҳоло духтурро ҷеғ мезанам!

Лоҳутӣ қасд надошт дасти парасторро раҳо кунад ва худаш низ бо садои хеле оҳиста лаб ба сухан кушуд. Парастор ҳарчӣ бо дилу ҷон гӯш супурд, нафаҳмид ӯ чӣ мегӯяд. Шоир ки гӯё суханашро тамом карда буд, оби даҳон фурӯ бурд. Баъд дубора замзама оғоз кард.

Парастор ин бор низ чизе нафаҳмид, вале тахмин кард, ки ҳамон сухани қаблиро такрор мекунад.

Шоир суханашро тамом карду оби даҳон фурӯ бурд. Парастор даҳонашро наздики гӯши бемор оварду гуфт:

- Ба забони русӣ ҳарф бизанед. Чӣ мегӯед, шоир?

Аммо садое аз шоир барнаёмад. Дастоне ки маҳкам аз дасти парастор гирифта буд, ором-ором сард мешуданд. Дастоне, ки барои иншои шеър офарида шуда буданд, дар қабзаи дастони парастор сард шуданд. Равони шоир ба сӯйи ашъори фанонопазираш парвоз кард…

Хабари таассуфовари марги шоирро тамоми расонаҳои иттилоотии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳабар доданд. Муштоқон ва мухлисони шеъри Лоҳутӣ бо шунидани ин хабар мотам гирифтанд. Муддати зиёде аз ин воқеа нагузашта буд, ки Бону парастори ҳамсарашро ёфт ва аз ӯ дар бораи охирин лаҳзаҳои умри Лоҳутӣ пурсон шуд. Ҳамоно Бону аз охирин шеъри Лоҳутӣ дарёфта буд, ки вопасин дами шоир чӣ гуна хоҳад шуд, вале интизор надошт, ки ногаҳон чунин ҳодиса рух медиҳад. Инсони оҷиз ба худ мегӯяд, ҷони аз дастнарафта умеди  ҳаёт дорад.

Бону бемақсад ба дунболи парастори ҳамсараш набуд. Ба дунболи ӯ набуд, ки фақат аз ӯ дар бораи вопасин дами шоир бипурсад. Инсон гоҳе дар лаҳзаҳои охири зиндагӣ супорише дар бораи чизе ё васияте ба ҳамсару хонаводааш дорад ва агар розе дорад, ки то дами охир нигоҳ доштааст, онро ба бозмондагони худ бозмегӯяд.

Бону ту бо ин андеша, ки шояд Лоҳутӣ дар вопасин дам сухане ба парастор гуфта бошад, бо ӯ мулоқот кард. Парастор ончиро ки пеш омада буд, барои Бону шарҳ дод. Гуфт, ки дар нимаҳои шаб садои занг ба гӯшаш расида ва шоир бо ҳузури ӯ ҳарфҳоеро замзама кардааст.

Бону ба парастор наздиктар шуда гуфт:

- Бигӯ, чӣ гуфт?

- Натавонистам бифаҳмам.

- Магар бо беҳолию заъфи зиёд сухан гуфт, ки натавонистӣ бишнавӣ?

- Не.

- Пас, чаро нафаҳмидӣ, ки чӣ гуфт?

- Ба забони худаш сухан гуфт.

- Ба забони худаш?

Парастор ба аломати таъйид сар такон дод.

- Чӣ гуфт? Оё натавонистӣ маънояшро бифаҳмӣ?

Парастор ба алами тасдиқ сарашро ҷунбонд.

- Ҳатто як калимаашро намефаҳмидӣ?

Парастор ба андеша фурӯ рафту гуфт:

- Ба гумонам, номи касеро ба забон овард.

- Номи чӣ касеро? Маро?

- На! Номи Шумо набуд, номи мардона буд, … Писар доред?

- Дорем.

- Номаш?

- Данил.

- Далер набуд, не, Далер набуд.

- Ҳатман номи мардона буд?

- Бале.

Парастор барои ин ки ба ёд биёварад шоир чӣ гуфта, андешамандона, лабонашро ба дандон газид.

- Аш…, гумонам, номест, ки ҳамеша бар забонҳо ҷорист. Номи аврупоӣ набуд.

- Агар баъзе номҳоро бароят бигӯям, оё мумкин аст, он номро биёбем? Оё хоҳӣ донист, ки он номро бар забон овардааст?

- Албатта, хоҳам донист. Агар фикр кунам, шояд битавонам худам ба ёд биёварам.

Парастор муддате андешиду гуфт:

-Ҳамон рӯзҳо дар хотирам буд. Чӣ бигӯям? Гумон намекардам, ин чизҳо зарурӣ бошад. Баъдҳо гуфтаҳои ӯ дар гӯшам танинафкан буд. Дуруст, мисли шеър буд.

Бону хеле мехост, ки вопасин каломи Лоҳутиро бидонад. Суханони охирини дами ӯ барои Бону воқеъан, як ниёзи ботинӣ буд. Агар Лоҳутӣ он суханро ончунон ки парастор мегӯяд, ба забони худ гуфта бошад, пас, ӯ гумон мекард, ки ман дар он лаҳзаҳо дасташро мефишурдам ва бинобар ин, ба забони модарии худ сухан гуфта, то фақат ман сухани ӯро бифаҳмам. Шояд ин як роз аст. Агар роз набошад, магар наметавонист ба забони русӣ бигӯяд? Пеш аз ин бо парастор ба забони русӣ сухан мегуфт-ку?!

Чеҳраи парастор ногаҳон дурахшид.

- Ёфтам, номи Расулро ба забон овард.

Бону ба ҳаяҷон омад:

- Расул, Расул, Расул!...

Пай набурд, ки Лоҳутӣ барои чӣ ин калимаро гуфтааст.

Парастор дубора гуфт:

- Муҳаммад.

- Гуфт, Муҳаммад? Дар ҳақиқат, бовар дорӣ?

- Албатта Муҳаммад гуфт. Воқеан, мутмаинам, ба ёдам ҳаст.

Гӯё ки чизҳое таровиш кард. Чеҳраи Бону нуронӣ ва кушода шуд. Дасташро пушти шонаҳои парастор гузошт, бо меҳру муҳаббати модарона навозиш карду гуфт:

- Агар ман он суҳанони Лоҳутиро бозгӯ намоям, оё ту ташхис хоҳӣ дод, ки ин ҳарфҳоро задааст?

- Албатта, хоҳам донист, чун ӯ ҳамон суханонро се бор такрор кард. Гумон мекунам, шоир такрор кард, то ман ба хотир гирам…

Бону дубора рӯйи курсӣ нишасту оҳиста-оҳиста замзама кард:

- Ашҳаду ан ло Илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу.

Хонуми парастор дасташро рӯйи шонаи ӯ гузошту бо меҳру муҳаббати духтарона навозиш кард.

- Худаш аст! Худаш аст! Шоир дақиқан ҳамин ҳарфҳоро такрор кард, се бор…

Парастор дар ҳоле ки беруни дари бемористон бо Ситсилия Бону худоҳофизӣ ва ӯро гусел мекард, суолеро, ки дилашро беқарор карда буд, пурсон шуд:

- Агар розу сирри пинҳонӣ нест, лутфан бигӯед, шоир дар вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ  чӣ гуфтааст?

Бону ба ӯ посух дод:

-Не, ин розу асроре нест, балки дар тамоми ҷаҳон ошкор аст. Ӯ пеш аз ҷон додан "калимаи шаҳодат"-ро ба забон рондааст. Он сухане, ки  Лоҳутӣ се бор такрор кард, "калимаи шаҳодат" ном дорад. Ин калом барои ҳар фарди муъмину мусулмон фарзи айн аст.

Таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi