06:24:58 20-уми Ноябри 2026 сол

Ҳимояи муҳоҷирон ва ҳуқуқи ҷавонон дар фазои маҷозӣ: Суханронии Омбудсмени Тоҷикистон дар Москва

Рӯзҳои 16-17 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок ва суханронӣ намуд.

4 khabar 454587451212Бино ба иттилои Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Умед Бобозода дар ду меҳвари муҳим — «Ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон дар фазои маҷозӣ» ва «Ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат иқомат доранд» маъруза кард.

Зимни баромади худ намояндаи Тоҷикистон ба нуктаҳои калидии зерин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд:

- Дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рақамикунонии соҳаҳои гуногун ва санадҳои муҳимми стратегӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон маълумот дода шуд.

- Барои тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони берун аз кишвар пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

Мулоқотҳои дуҷониба ва густариши Алянс

Дар ҳошияи ҳамоиш Умед Бобозода бо ҳамтоёни худ — роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия, Малайзия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯриҳои судманд анҷом дод. Дар ин мулоқотҳо дурнамои робитаҳои дуҷониба ва механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаи узвияти Ироқ ва Покистон ба ин созмон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Хотиррасон мекунем, ки Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 узви комилҳуқуқи Алянси Авруосиёии омбудсменҳо мебошад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ