Таҷрибаи ҳуқуқӣ ва давлатдории муосир: Маърузаи намояндаи Тоҷикистон дар Донишгоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқи Пекин
Рӯзи 16 ноябр дар Донишгоҳи илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст мутахассисони соҳа аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо роҳҳои такмили низоми қонунгузорӣ, татбиқи амалии қонунҳо ва ҳифзи арзишҳои миллиро баррасӣ карданд.
Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода дар мавзуи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз нигоҳи ҳуқуқи муқоисавӣ» суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ин чорабинӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, саҳми таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва идомаи ислоҳоти ҳуқуқӣ нишон медиҳад.
Зимни маъруза ба самтҳои калидии зерин таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд:
- Дар бахши таҳлилӣ таъкид шуд, ки ҳангоми истифода аз таҷрибаи қонунгузории давлатҳои дигар бояд ҳатман анъанаҳои ҳуқуқӣ ва ниёзҳои воқеии ҷомеаи худ ба назар гирифта шаванд.
- Ба дастовардҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти такмили қонунгузорӣ ва ҷойгоҳи ин масъала дар сиёсати давлатдории Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин ишора гардид. Қайд шуд, ки тарзи татбиқи қонун дар амал нишондиҳандаи асосии самаранокии он барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон мебошад.
- Таъкид гардид, ки қабули Конститутсия барои ташаккули низоми миллии қонунгузорӣ заминаи асосӣ гузошта, марҳилаҳои баъдии ислоҳот ба танзими муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нигаронида шудаанд.
Дар анҷоми баромад ба шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин баҳои баланд дода шуд. Ҷонибҳо омӯзиши муштараки таҷрибаи ҳуқуқӣ ва табодули афкор миёни ҳуқуқшиносони ду кишварро аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ арзёбӣ карданд.
“Рӯзгор”
















