ҲУКМИ ЗИНДОНИ 9 ПАЙРАВИ ТАРИҚАТИ СӮФИЯ
20.10.2011 07:12
1245
Дар Қазоқистон 9 пайрави ҷараёни тасаввуфро маҳкум ба зиндон кардаанд. Додгоҳи Алма-Ато онҳоро дар ҷароиме, чун ифротгароии динӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва тахрибе, ки аз табобати онҳо ба саломати мардум расидааст, муҷрим шинохт.
ПУТИН: НАВБАТИ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ ҚИРҒИЗИСТОН АСТ
20.10.2011 07:11
1321
Сарвазири Русия Владимир Путин дирӯз дар нишасти ҳамтоёнаш аз кишварҳои шӯравии собиқ дар Санкт-Петербург гуфт, дарҳои Иттиҳоди гумрукӣ ва Паҳнои воҳиди иқтисодӣ барои кишварҳои дигар низ боз аст, вале Тоҷикистон ба маҳзи надоштани марзи мустақим бо аъзои кунунии ин ду иттиҳод танҳо баъд аз Қирғизистон метавонад ба онҳо бипайвандад.
ҲАВОИ НИМААБРӢ ВА ДАР ХОРУҒ БОРОНИИ 20 ОКТЯБР
20.10.2011 07:10
1267
Ҳавошиносон барои имрӯз, 20 октябр, дар Тоҷикистон ҳавои нимаабрӣ ва дар Хоруғ ҳатто ҳамроҳ бо борони кӯтоҳмуддатро пешбинӣ мекунанд.
НИЗОМИ ИМТИҲОНИ ВОҲИД ДАР ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
20.10.2011 07:09
1236
Тоҷикистон қасд дорад, то 3 соли оянда дар донишгоҳҳояш низоми имтиҳони воҳиди дохилшавиро ба роҳ андозад.
ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ МУХАДДИР ҲАМБАСТАГӢ МЕБОЯД
20.10.2011 07:07
1074
18 октябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо ширкати масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти сарпарастии муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал - полковник Бозмуҳаммад Аҳмадӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони васоити ахбори бурунмарзӣ ва ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
ГУЗАРГОҲИ "КОКУЛ" АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД
19.10.2011 20:57
1364
Гузаргоҳи «Кокул» воқеъ дар ноҳияи Фархор, ягона гузаргоҳи расмӣ, ки навоҳии минтақаи Кӯлобро бо Афғонистон мепайвандад, аз фаъолият бозмондааст. Ин наздиктарин гузаргоҳ барои кишоварзони минтақаи Кӯлоб буд, ки барои интиқоли маҳсулоти кишоварзии худ аз он истифода мекарданд.
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ОБИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДУШАНБЕ
19.10.2011 20:56
1198
Дар шаҳри Душанбе ҳамоише ҷиҳати баррасии масоили обии Осиёи Миёна оғоз ба кор кард. Дар ин ҳамоиши дурӯза, ки бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва СММ доир мешавад, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
18.10.2011 19:50
1246
Вазири умури хориҷии Амрико дар доираи сафари минтақавии худ, рӯзи 20-уми октябр аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.
ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК – ҚАҲРАМОНИ ГӮШТИИ КАМАРБАНДИИ ҶАҲОН
18.10.2011 12:21
1271
Маҳмудҷон Миров, паҳлавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии камарбандӣ гардид. Ин сабқати ҷаҳонӣ бо ширкати 160 гӯштигир аз 19 кишвар дар пойтахти Қирғизистон-шаҳри Бишкек баргузор шуд.
"БРИТАНИЯ АЗ ШАРИКОНИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО АСТ"
18.10.2011 12:18
1257
Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» хонд. Ин ҳарфи раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе зимни мулоқоти ӯ бо Алан Данкан, Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ садо дод.
МУЗОКИРОТ ДАР БОРАИ ГУШОИШИ ХАТТИ ҲАВОИИ ХУҶАНД-ТАБРЕЗ
17.10.2011 20:44
1239
Як ширкати ҷаҳонгардии шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон икдоме барои гушоиши хатти ҳавоӣ бо шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд кардааст. Дар ин бора, ба Би-би-сӣ Бобоҷон Икромов, раиси дафтари иқтисодии Эрон дар шимоли Тоҷикистон иттилоъ дод.
ҲУКМИ ЗИНДОНИ “АМИР” ВА СЕ АЪЗОИ ҲИЗБИ ТАҲРИР
17.10.2011 10:54
1272
Додгоҳи Cуғд чаҳор узви Ҳизби Таҳрирро, ки тобистони имсол боздошт шуда буданд, аз 20 то 22 соли зиндон маҳкум кард. Абдунабӣ Абдулқодиров, Иброҳимбек Маҳмудов, Яҳёхон Раҳмонхӯҷаев ва Талъат Мавлонов барои "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ" ...
ҚАРЗИ ХОРИҶИИИ ТОҶИКИСТОН КАМЕ АФЗУДААСТ
16.10.2011 19:51
1379
Мақомоти расмӣ мегӯянд, қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали моҳи октябр ба 2 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки назар ба аввали сол 8 дар сад зиёд аст.
БОЗДОШТИ ДУ АФСАРИ МИЛИСА ДАР ХАТЛОН
16.10.2011 19:50
1402
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ду афсари баландрутбаи милиса дар ҷануби кишвар бо иттиҳоми ришвахор ва сӯистифода аз мақом ва талош барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.
ДАР ЭРОН СЕ НАФАРРО БА ДОР ОВЕХТАНД
16.10.2011 19:49
1401
Дар Эрон имрӯз ду нафарро бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир як тани дигарро бо гуноҳи таҷовузи ҷинсӣ ба дор овехтаанд.
















