08:38:19 11-уми Октябри 2026 сол
Ҳафтае рафт... 17.08.2019 17:30 2826
Ҳафта ба анҷом расид. Одати устод Султони Ҳамад буд, ки дар ҳафтаиномаи “Рӯзгор” саҳифаеро барои хонанда ихтисос медоданд. Дар ҳамин саҳифа мо талош мекардем аз бардоштҳои хонандагон сатрҳоеро иқтибос орем ва дар шакли хулоса боз манзури хонанда кунем.
Кароматуллоҳи Аҳмад: «Якеро мекушад килкам, якеро зинда месозад» 10.03.2017 16:39 3696
Кароматуллоҳи Аҳмад дар журналистикаи даврони соҳибистиқлолӣ азҷумлаи рӯзноманигорони камшуморе буд, ки бо вуҷуди ба ҷое расидани синну солаш ( ба вақти марг беш аз 65 сол дошт)аз такопуву аз ҷустуҷӯҳо лаҳзае ором намегирифт.
Насиҳати Акбар Саттор ба журналистони ҷавон 07.03.2017 22:10 3617
Расо шаш сол муқаддам, соли 2011, дар ҳамин шабу рӯз, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо собиқ Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон марҳум Акбар Саттор мусоҳибае доир карда будам. Мусоҳиба хеле пурмуҳтаво буд. Тақрибан тамоми мавзуъҳои дар ҳамон шабу рӯз муҳими журналистикаи тоҷикро дар бар мегирифт.
Парлумон тағйирот ба қонуни матбуотро қабул накард 03.02.2016 22:31 3595
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 3 феврал гуфт, ки ҳоло барои бозбинии ин тарҳ як кумисюни махсус ба раҳбарии Абдуҷаббор Азизӣ таъсис шудааст ва баъд аз ниҳоӣ шудани тарҳ дубора қабулашро баррасӣ хоҳанд кард.
Изҳороти муштараки созмонҳои журналистии Тоҷикистон 01.02.2016 22:53 3300
Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон аз пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд.
ИЖТ – он бояд чӣ гуна бошад? 27.01.2016 23:24 3104
Зимни анҷумани навбатии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи гузашта бо иштироки вакилону намояндагони ҳамаи нашрияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, шабакаҳои радио ва телевизион, агентиҳои иттилорасони интернетӣ ва дигар намудҳои ВАО баргузор гардид, паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Иттифоқи журналистон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он мавриди таҳлил ва баррасӣқарор дода шуданд.
Даъвати рӯзноманигорони тоҷик ба муттаҳидӣ 20.01.2016 09:39 2380
16 январи соли равон дар бинои маҷмааи «Шарқи озод» Анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз анҷоми корҳои зиёди рӯзноманигорон ...
З.Исмоилзода: Сафҳои ИЖТ-ро аз "тасодуфиҳо" пок мекунем 16.01.2016 22:23 2426
Дар анҷумани 14-уми Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бисёре аз журналистони собиқадор аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки ҳуҷҷати аъзои Иттифоқи журналистон ба дасти афроди тасодуфӣ ва комилан дур...
Беҳбуди кори “Ховар” ё монополияи ахбори расмӣ? 20.07.2015 17:09 2322
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз қарори нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” беҳтар кардани кори ин оҷонсӣ буд, на эҷоди маҳдудият дар роҳи нашрияҳои дигар.
Сардабирон: Бастани сайтҳо зидди манфиатҳои кишвар аст 02.06.2015 15:57 2150
Сардабирони расонаҳои интернетии Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз ҳам дастрасии мушатроиён ба сомонаҳои онҳо имконпазир нашудааст ва ин амал ба онҳо соеби молӣ мерасонад.
Аз куштор то оташ задан. Таҳдиди ДОИШ ба 6 журналисти тоҷик 02.05.2015 23:17 2267
НАНСМИТ мегӯяд, то кунун ҷангиёни тоҷики "Давлати исломӣ" ба шаш хабарнигор таҳдид кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ё хабарнигоронро хоҳанд кушт, ё дафтари корашонро оташ хоҳанд зад.
"Нигоҳ" барҳам мехӯрад, ё ҳисоби бонкияш баста хоҳад шуд? 18.04.2015 22:43 2284
​Рӯзномаи ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, муассисаи нашрияи "Нигоҳ" барҳам хоҳад хӯрд. Вале масъулони нашрия мегӯянд, ҳадаф аз ин барҳамхӯрӣҳисобҳои бонкии "Нигоҳ" асту бас.
Фаридуни Раҳнавард - сардабири "Нигоҳ", Муҳибулло Қурбон - раиси ИНДЕМ 04.04.2015 00:45 2187
Шӯрои муҳаррирони нашрияи “Нигоҳ”, сомонаи “Тоҷнюс” ва ширкати ИНДЕМ дар ҷаласаи ахири худ масъулони нави нашрия, сомона ва ин ширкатро интихоб карданд.
Би-би-сӣ хабарнигоронаш дар Тоҷикистонро ҷавоб дод 31.03.2015 22:52 2576
Би-би-сӣ (BBC) бахши аъзами кормандонаш дар Тоҷикистонро ҷавоб дода, тасмим гирифтааст, торнамои тоҷикии ин расонаро низ бубандад. Аммо расман гуфта нашудааст, далели ин тасмим чист?
Истеъфои бидуни шарҳи Саймуддин Дӯстов 25.03.2015 11:48 2141
​Маълум нест, Саймуддин Дӯстов - яке аз медиа-магнатҳои матраҳи Тоҷикистон - чаро истеъфо додааст. Аммо изҳороти ӯ маҳфилҳои сиёсӣ ва хабарнигории ин кишварро сахт дар ҳайрат андохт.