16:18:46 28-уми Сентябри 2026 сол
"Дар роҳи Аллоҳ", «Шамшери Аллоҳ» ... ва "вирус" дар Одноклассники 05.07.2014 10:20 1231
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанде аз корбарони тоҷик зери номҳои мазҳабӣ намудор мешаванд, аммо ҳангоми сар задан ба бархе аз ингуна саҳфаҳо аксу "лайк"-ҳоеро ҳам метавон дид, ки на танҳо ба дину мазҳаб мухолиф аст, ҳатто фаҳш ҳам ҳастанд.
Курск. Парвандаи тоҷике ки ба номуси хоҳарзодааш расидааст 30.06.2014 11:42 1544
Дар шаҳри Курски Русия як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси хоҳарзодаи ноболиғи ҳамагӣ 13-солааш ба додгоҳ эҳзор мекунанд. Кумитаи тафтишоти ҳавзаи маъмурии Марказии шаҳри Курски Русия мегӯяд ...
Роҳ ба сӯи худ 19.06.2014 11:54 1353
Худо эҳсони худро эҳдои онҳое мекунад, ки ба дину диёнат наздиканду аз хиёнат дур. Паричеҳраи Сафаргулро маҳз порсоӣ дар нигоҳи ҳамагон хушгилу мақбул гардонида буду наздикони илму оламу одамшиносаш фарзанди яке аз аҳли фазли деҳаи Сафедоронро насибаш донистанд.
Дар Тоҷикистон фоҳишаҳову беморони ҷинсиро "рӯйхат" мекунанд 06.06.2014 10:12 1387
Вазири умури дохила амр додааст, то тамоми афродеро ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ, ба мисли танфурӯшиву даллагӣ дастгир мешаванд, ва ҳам афроди гирифтор ба бемориҳои ҷинсиро рӯйхат кунанд.
Русия ба 5 ҳазор тоҷик таҳсили ройгон ваъда кард 04.06.2014 16:04 1114
Ҷалби донишҷӯён аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия чӣ маъно дорад? Оё ин талоше барои сохтани "колоннаҳои панҷум"-и Русия дар паҳнои Шӯравии собиқ барои оянда нест?
Сафорат: "Дар муноқишаи Маскав тоҷикистониҳо ширкат надоштанд" 31.05.2014 23:03 1397
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар муноқишаи дастҷамъонаи шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки рӯзи 26 май рух дод ва навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат надоштаанд.
"Военкомат"-е ки тоҷикҳоро ба ҷанги Сурия мебарад (видео) 30.05.2014 12:01 1281
Чӣ ангезаҳое ҷавонони тоҷикро ба ҷанги Сурия мебарад? Ва дар пушти ин “военкомат”-е, ки аз саросари дунё бо ваъдаи ҳам пули нақду ҳам биҳишти нася барои “ҷиҳод”-ҳои мухталиф сарбози “арзон” меҷӯяд, кӣ истодааст?
Боз як рӯҳонии гумонбар ба "ишқварзӣ" 30.05.2014 11:58 1704
Додситонии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба таҳқиқи парвандаи як рӯҳонии 65- сола оғоз кард. Гумон меравад, ки ӯ бо чанд духтари маҳаллӣ “ишқварзӣ” кардааст. Додситонии ноҳияи Бохтар мегӯяд, таҳқиқи ҷиноӣ зидди Нарзулло Солеҳов, маъруф ба «Мулло Нарзулло»...
"Марз бо Афғонистон ба таҳкими бештар ниёз дорад" 27.05.2014 23:13 1282
Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД дар поёни як амалиёти муштараки кишварҳои узв ва размоише дар Тоҷикистон иқрор кард, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таҳкими бештар ниёз дорад.
Хонаи сардори милисаи Хоруғро кӣ оташ зад? 27.05.2014 23:10 1176
Намояндагони эътирозгарони Хоруғ тасдиқ карданд, ки дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи 21 май як гурӯҳи сокинони башӯромада манзили сардори милисаи шаҳр дар маҳаллаи Бархоруғро низ оташ задаанд.
"Муҷоҳиди Сурия"-ро ҳамсар ва ҳамсоягонаш шинохтанд 27.05.2014 23:05 1259
Сокинони Кӯлоб нафареро, ки дар як навори видеоӣ аз номи ҷиҳодиёни Сурия ба рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов посух додааст, ба ҳамдиёри худ Нусрат Назаров монанд медонанд.
Дасту бинии Файзалиро кӣ шикаст? 27.05.2014 11:05 1163
Наздикони як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ даъво доранд, ки маъумрони полис вайро дар боздоштгоҳ ба андозае шиканҷа додаанд, ки ниёз ба ҷарроҳӣ ва табобат дорад, аммо мақомот барои ташхис ва табобат шудани ӯ иҷоза намедиҳанд.
200 ҳазор сомонии сокини Масчоҳ аз "Тоҷиксодиротбонк" куҷо шуд? 27.05.2014 11:03 1152
Як сокини ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мегӯяд, якуним сол пеш дар «Тоҷиксодиротбонк» ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ пасандоз монда, то ба ҳол маблағашро бозпас гирифта наметавонад.
Он сӯи пули дониш диёри орзуи тоҷикон аст 19.05.2014 15:29 1664
Он қуввае, ки байни ҳаёту илм пули мустаҳкамеро бунёд месозад, тараққиёту пешрафти техника ва истеҳсолот ба шумор меравад. Дар назди ҷавонони оянда вазифаи ба мамлакати индустриалию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон истодааст. Кӣ медонад, шояд (ва бояд) онҳо дар қатори қубурҳои обу газу нефтгузарон ...
Вахш. Хонаи директори мактабро кӣ оташ зад? 17.05.2014 12:34 1241
Як пора коғазе, ки аз ҳавлии Раҷабалӣ Каримов, мудири мактаби рақами 30-и ноҳияи Вашх пайдо шуд, ба гардани ҳамкораш Икромалӣ Сайдалиев ҷинояти марбут ба терроризмро бор кард. Ин хулосаест, ки хонаводаи муаллим Сайдалиев ба он қотеъона бовар доранд.