06:03:57 26-уми Сентябри 2026 сол
Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ чӣ қадар аст? 18.05.2015 21:15 1751
Имсол аз Тоҷикистон 6300 тан ба зиёрати Каъба хоҳанд рафт. Аммо то кунун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар дар пайи боло рафтани қурби доллар маълум накардааст, нархи "роҳхат" ба Хонаи Худо чӣқадар меистад?
Ба шарти ислоҳи "Барқи Тоҷик" ба CASA-1000 пул меояд 15.05.2015 23:45 1443
Тоҷикистон ризоият дод, ки барои дарёфти сармояҳои Банки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) дар иҷрои тарҳи машҳури “CASA 1000” ба дар ширкати «Барқи Тоҷик» ислоҳот гузаронад.
Дастгоҳи ҷосусӣ мамнӯъ аст, аммо маъшуқаҳоро фош мекунад 15.05.2015 23:40 1821
Истифода аз абзори ҷосусии сабти махфии видео ва садо дар Тоҷикистон манъ аст, вале гоҳо шаҳрвандон дар ҳалли мушкилоти оилавии худ ё барои дифоъ аз хеш дар баҳсҳои ҳуқуқӣ чунин дастгоҳро ба кор мебаранд.
Бонкҳо сирри пулгузарониҳо аз Сурия ва Ироқро фош мекунанд 15.05.2015 23:38 1273
Бонкҳо дар минтақаи Кӯлоб аз мақомот дастур гирифтаанд, то таҳқиқ кунанд, ки аз Сурияю ва Ироқ барои кадом шаҳрванди Тоҷикистон кӣ ва бо кадом мақсад пул мефиристад.
Ҷасади сарбози пойгоҳи 201 ба Душанбе расонда мешавад 15.05.2015 23:37 1309
Дар Қӯрғонтеппа тасмим гирифта шуд, ки ҷасади сарбози пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия, ки зоҳиран, худкушӣ кардааст, барои санҷиши тиббӣ ба Душанбе фиристода хоҳад шуд.
Кумитаи ҷавонон ба "феҳристи сиёҳ"-и Бунёди глобалӣ афтод 15.05.2015 23:34 1361
Дафтари бозрасии кулли Амрико баъд аз як тафтиш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба сохтакорӣ дар ҳисоботи молиявӣ ва эҳтимоли тақаллуб айбдор кардааст.
Ҷасади муҳоҷири тоҷик ба Душанбе интиқол дода мешавад 12.05.2015 23:27 1369
Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиққатли ваҳшиёнаи муҳоҷири 39-солаи тоҷикро дар ҳоле идома медиҳад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин пажӯҳишро таҳти назорат гирифтааст.
Парванда алайҳи зане дар Суғд, ки $1 млн.-ро аз худ кардааст 12.05.2015 23:23 1361
Дар вилояти Суғд алайҳи як зан, ки бо ваъдаи додани фоидаи зиёд беш аз 50 миллион рубли русӣ (ҳудуди 1 миллион доллар)-и сокинонро аз худ кардааст, парванда боз шудааст.
Р. Раҳимзода: Қариб 390 тоҷик ба ҷиҳодиҳо пайвастаанд 11.05.2015 23:58 1201
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мушаххас кардааст, ки 386 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон ширкат доранд.
Поёни "даъвои пайғамбарӣ". Парвандаи Шайх Темур дар роҳ ба додгоҳ 11.05.2015 23:52 1194
Мақомот таҳқиқи парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур"-ро, ки гӯиё "даъвои пайғамбарӣ" мекард, ба анҷом расонда, мунтазири хулосаи досдитони кулл будаанд.
Душанбе дар меҳвари муборизаи ҷаҳонии зидди маводи мухаддир 11.05.2015 23:51 1319
Душанбе то ду ҳафтаи дигар мизбони чаҳор нишасти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир хоҳад буд.
ДОИШ дар ивази бозгашти Гулрӯ ба Тоҷикистон 3 тифлашро хостааст 11.05.2015 23:48 1201
"Давлати исломӣ" ба Гулрӯ Олимова, шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, баъди марги ҳамсараш дар Ҳалаб шарт гузоштааст, танҳо дар сурати ба онҳо додани се кӯдакаш метавонад он ҷоро тарк намояд.
Садои тирпаррониҳои Афғонистон дар Тоҷикистон шунида мешавад 06.05.2015 21:49 1347
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даргириҳои шимоли Афғонистон ба вазъи марз таъсире нагузоштаанд, вале коршиносон бар инанд, ки таҳаввулоти ахир дар Кундуз набояд нодида гирифта шавад.
Смартфонҳои ҷавонони тоҷик: Дастёр, манбаи дониш ё фаҳшо? 06.05.2015 21:48 1561
Як пажӯҳиши нав дар бораи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки бештар аз 66 % ҷавонон тарафдори истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҷараёни таълим ҳастанд.
Ҷазои шаш сарбози ВКД барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон 06.05.2015 21:19 1338
Додгоҳиҳарбии гарнизони Душанбе шаш сарбози Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон Акбархӯҷа Абдураҳмонов аз 2 то 2.5-солӣ ба зиндон фиристод.