Изҳороти Кумитаи дини Тоҷикистон зидди ТВ "Висоли ҳақ"
26.04.2015 23:08
2375
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ эътироз дорад, ки шабакаи "Висоли ҳақ" якҷониба мақомоти тоҷикро "пуштибон"-и фоҳишахонаҳо ва "мухолиф"-и масҷиду мадраса гуфтааст.
Зеботарин, баландтарин ва... бузургтаринҳои Тоҷикистон
26.04.2015 23:07
1973
Ҳафтаи гузашта баъзе аз расонаҳои ҷаҳон сохтмони театри 100 миллиондолларии Тоҷикистонро ба баҳс гирифта, аз харҷи ин миқдор пули буҷа дар вазъи бӯҳронӣ изҳори тааҷҷуб кардаанд.
Ситора Назарова: "Хубиро аз хубрӯён бештар интизор бошед..."
26.04.2015 23:05
1489
Ситора Назарова, аввалин маликаи ҳусни Тоҷикистон, мегӯяд, шояд замони эҳё кардани озмуни зебоӣ дар сатҳи миллӣ фаро расидааст.
Аввал ташхиси тиббӣ, баъд – ЗАГС
26.04.2015 23:02
1717
Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муваззаф шудаанд, бе санади ташхиси тиббӣҷавононро никоҳ накунанд. Дар ташхис вазъи саломат, пайванди хешутаборӣ ва бакорати арӯс зикр мешавад.
Маросими видоъ ва бахоксупории Иззатулло Ҳаёев дар Душанбе
26.04.2015 22:58
1311
Иззатулло Ҳаёев - собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд. Маросими видоъ бо ӯ дар масҷиди марказӣ баргузор гардид.
"Фотеҳа" дар айни мактабхонӣ. "Ғамхорӣ" ё "хизмати хирсона"?
26.04.2015 22:57
1203
Дар Тоҷикистон ҳанӯз қонунҳои нонавиштаи бархе аз хонавода ва минтақаҳо бетағйир боқӣ мондааст, ки бар асоси он духтарон дар синне, ки бояд пушти мизи дарсӣ бошанд, ба хонаи бахт гусел мешаванд.
Додгоҳи Н.Ғ. ва Ш.А. барои танфурӯшии 4 зани тоҷик дар Дубай
26.04.2015 22:55
1381
Масъулони додгоҳи Хуҷанд мегӯянд, ду сокини ҳамин шаҳр дар соли 2008 чор ҷавонзанро аз роҳи, ба гуфтаи онҳо, фиреб ба Дубай бурда, тавассути дӯстонашон ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд.
Парванда алайҳи 18 сокини Тоҷикистон барои харидуфурӯши кӯдак
26.04.2015 22:51
1285
Мақомоти Тоҷикистон алайҳи 18 шаҳрванди кишвар бо ҷурми харидуфурӯши кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва мегӯянд, ин мавридҳо дар чанд моҳи аввали соли 2015 сабт шудаанд. Харидорону фурӯшандагони кӯдакон дар Тоҷикистон аксаран занон будаанд ва дар ин муомилоти ғайриқонунӣ бештар кӯдакони ҷинси мард харидуфурӯш мешаванд.
Ба духтар табдил ёфтани писари Малика Қаландарова дар "Пусть говорят"
23.04.2015 21:49
2643
Сарнавишти Артур Гулкоров, писари раққосаи машҳур, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Қаландарова (Каронтарова) дар маркази намоиши нави Андрей Малахов қарор хоҳад гирифт.
Номаҳои ошиқона аз Сурия қариб дили духтареро бурдаанд
23.04.2015 21:48
1746
Духтаре мегӯяд, як ҷиҳодии тоҷик дар Сурия ӯро ба назди худ даъват кард ва гуфт, харҷи роҳро мепардозад, аммо, ҳарчанд духтар озими Сурия ҳам набуд, ҳамсари он ҷавон ин робитаро қатъ намудааст.
Дар Тоҷикистон қонуни нави шаҳрвандӣ омода мешавад
23.04.2015 21:47
1357
Дар Тоҷикистон қонуни нави шаҳрвандии ин кишвар омода мешавад, ки ҳуқуқи зодагони Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро ҳимоят хоҳад кард ва ба хориҷиён имкони осонтари шаҳрвандиро фароҳам хоҳад овард.
Шарҳи расмии мақомот ба ҳодисаи мактаби 44-и Рашт
23.04.2015 21:45
1344
Мақомоти амниятии тоҷик мегӯянд, ки сӯзонда шудани овезаҳо ва харитаи Тоҷикистон дар мактаби шумораи 44-и ноҳияи Рашт дар чанд рӯзи пеш, ҷанбаи сиёсӣ ва динӣ надошта ва дар заминаи хусумати шахсӣ ва оилавӣ сар задааст.
Пешниҳоди ҳатмӣ шудани "аҳдномаи никоҳ" дар қонун
23.04.2015 21:42
1434
Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон пешниҳод дорад, то аҳдномаи никоҳ дар қонун ҳатмӣ карда шавад. То кунун дар Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ мебошад.
Дар таркиби хуни Умаралӣ Қувватов маводи психотропӣ пайдо шудааст
23.04.2015 21:40
1254
Хабаргузории Анадолу ба нақл аз манобеи худ дар полис иттилоъ додааст, ки дар таркиби хуни раҳбари кушташудаи мухолиф УмаралӣҚувватов маводи психотропии клозапин пайдо шудааст.
Зане се сол ба таҷовузҳои хусураш тоқат кард ва сипас...
22.04.2015 01:27
1207
Якзанитоҷикшикояткард, кидар 3 сол 550 боразҷонибихусураштаҷовузшудааст. Додгоҳи вилояти Суғд ин мардро барои озори ҷинсӣ нисбати ҳамсари писараш ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
















