08:07:22 27-уми Сентябри 2026 сол
Навбати ҷанги Ироқ ба ҷавони 19-солаи тоҷик расид 18.04.2015 22:36 1161
Хонаводаи як ҷавон 19-сола, ки тоза мактаби миёнаро хатм карда буд, мегӯянд, фарзандашон Файзалӣ Латифов бо баҳонаи кор ба Русия рафт, аммо хабараш аз Ироқ расид.
Занаш писари сарҳанги тоҷикро Ироқ бурд ва нобуд кард 15.04.2015 22:21 1196
Як ҷавони тоҷик бо номи Ҳамза ал-Тоҷикистонӣ, ки ба эҳтимоли зиёд писари як полковники умури дохилии Тоҷикистон аст, дар Ироқ кушта шудааст.
Кумитаи дин: Манъи ҳаҷҷи то 35-солаҳо сабаби воҷиб дорад 13.04.2015 23:44 1108
Кумитаи дин мегӯяд, маҳрум шудани то 35-солаҳои Тоҷикистон аз сафари ҳаҷ танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки тавони адои зиёрати хонаи Худоро доранд.
Тарҳе зидди номҳои нолоиқ ва "тура"-ву "мулло"-ю "хӯҷа" 13.04.2015 23:39 1244
Вазорати адлия пешниҳод кардааст, ки гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин номҳое, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд, манъ шавад.
Раис на танҳо дар куштори ятим, балки "дузанагӣ" низ айбдор мешавад 13.04.2015 23:37 1165
Алайҳи Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки пештар танҳо дар куштори Зиёдбеки 16-сола ва латту кӯби дӯсти ӯ муттаҳам мешуд, иттиҳоми "дузанагӣ" эълон гардид.
Парвиз аз марзи Сурия баргашт ва аз ҷазо озод шуд 13.04.2015 23:36 1250
Парвиз Набиев мегӯяд, ҷавонони тоҷикро тавассути намоиш додани наворҳои видеоӣ афроди ношинос ба Туркия бурда, сипас ба Сурия мефиристанд. Ӯ мегӯяд, баъд аз 50 рӯзи тамрин ба ватан баргаштааст.
170 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман берун шуданд 13.04.2015 23:32 1059
Охирин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 13 апрел тавассути хоки давлати Уммон аз қаламрави Яман берун оварда шуда, ба Арабистони Саъудӣҳаракат карданд.
Рушди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст 11.04.2015 10:28 1298
Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди иҷтимоӣ, бино ба гузориши созмони "Social Progress Imperative" миёни 133 кишвар ҷойи 96-умро гирифта, назар ба соли гузашта як зина поин рафтааст.
Имсол 50%-и зоирони тоҷикро ширкатҳои Саудӣ то Каъба хоҳанд бурд 06.04.2015 09:29 1123
Мақомоти Арабистони Саудӣ ин шартро пеш гузоштаанд, ки панҷоҳ дарсади зоирони тоҷикро ширкатҳои онҳо ва панҷоҳ дарсади дигарро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёрати Каъба бубаранд.
70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман ба Маскав расиданд 06.04.2015 09:26 1189
70 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёнашон 14 кӯдак низ ҳаст, бо ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав омаданд. Қарор аст, бархе аз онҳо рӯзи якшанбе ба ватан биёянд.
Файзобод: Таъзияи Раҳмон. Як мард зинда аз зери хок берун оварда шуд 04.04.2015 01:04 1593
Ба манзури рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Яккабеди Файзобод, ки боиси марги инсонҳо шудааст, комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим аз ҷои ҳодиса дидан кард.
Г.Шарофзода: “Шалтай балтай”, “Пичин мичин” ин таҳқир ба забон аст 04.04.2015 01:02 1251
Дар пасманзари моҷароҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо тоҷирону соҳибкорон дар мавриди номи дӯкону тарабхона ва дигар маконҳои маишии кишвар, мо бо раҳбари ин кумита, Гавҳар Шарофзода сӯҳбате оростем.
Ду зани тоҷикро "Давлати Исломӣ" ба шавҳар додааст 04.04.2015 00:57 1295
Дар мулоқоти мақомоти вазорати корҳои дохилӣ бо садҳо ҷавони тоҷик дар Душанбе аз сарнавишти мушаххаси қурбониёни ҷангҳои Сурияву Ироқ сӯҳбат шуд.
Шумораи сарбозони пойгоҳи 201 ба 9000 нафар хоҳад расид 04.04.2015 00:53 1169
Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид. Генерал-майор Евгений Тубол, фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид.
Вазорат: "Фарзанди ҳеҷ мансабдори тоҷик узви гурӯҳҳои ифротӣ нест" 04.04.2015 00:47 1321
Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳеҷ яке аз фарзандони мансабдорони тоҷик ба ҳизбу равияҳои мамнӯъ шомил нашуда ва ё ба ҷиҳод нарафтааст.