03:11:45 25-уми Сентябри 2026 сол
Амрико талоши Тоҷикистонро зидди қочоқи инсон муҳим, аммо кам донист 28.07.2015 23:39 1464
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши наве талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бо қочоқи инсон муҳим, аммо нокофӣ хонд ва ин кишварро дар феҳрасти дувуми худ боқӣ гузошт.
Ташкилотҳои башардӯстона ба аҳолии аз офат зарардидаи Тоҷикистон чӣ кумак мерасонанд? 23.07.2015 21:52 1542
Дар ин фасли тобистон, сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон оқибати тағйирёбии иқлимро эҳсос намуданд. Рӯзҳои 16-17 июл дар Бадахшон сел ва рӯзи 20-уми июл дар водии Рашт, дар шарқи кишвар дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ярч фаромад.
30 ноболиғи хатлонӣ - дар қаламравҳои ҷангии Сурияву Ироқу Афғонистон 20.07.2015 17:05 1541
30 ноболиғи хатлонӣҳамроҳи хонаводаҳояшон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ пайваста, дар қаламравҳои ҷангии Ироқу Сурия ва Афғонистон қарор доранд. Дар ин бора дар баробари хабарнигорон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ...
Аз Русия то “ДИИШ” - мағзи муҳоҷиронро бо чӣ "мешӯянд"? 15.07.2015 23:52 1479
"Нодидаҳо дар ормон, дидагиҳо пушаймон" - ин мақолро метавон ба садҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Миёна нисбат дод, ки воқеияти ДИИШ-ро дарк кардаанд, аммо аз фирор ҳарос доранд.
Рустами Эмомалӣ: Аввал манфиатҳои давлатӣ, баъд... 12.07.2015 23:20 1430
​Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноят ва ҳолатҳои марбут ба харидуфурӯши замин изҳори ташвиш кард.
На Маскав, на Исроил. Амалиёти пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон 12.07.2015 23:18 1390
То охири соли ҷорӣ дар Тоҷикистон амалиёти пайванди мағзи устухон ва пайванди ҷигар анҷом хоҳад шуд. Ҳоло бемороне, ки ба ин ҷарроҳӣ ниёз доранд, ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Исроил мераванд.
"Абу Холиди Кӯлобӣ" дар Сурия кушта шудааст 12.07.2015 23:12 1645
Ҷангии тоҷик Нусрат Назаров, маъруф ба Абу Холиди Кӯлобӣ дар Сурия кушта шудааст ва ин хабарро наздикон, мақомот ва ҷонибдорони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” тасдиқ карданд.
Шералӣ Хайруллоев барои таҳқиқи муноқишаи марзбонон ба Исфара рафт 07.07.2015 12:50 1374
Як комиссияи босалоҳияти мақомоти қудратии Тоҷикистон бо роҳбарии Шералӣ Хайруллоев барои таҳқиқи муноқишаи марзбонони қирғизу тоҷик, ки як кушта бар ҷой гузошт, ба Исфара рафтааст.
Вазир: Гимназияи исломӣ ҳаққи хонандагонро нақз кардааст 07.07.2015 12:48 1569
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки Гимназияи исломӣ баста нашудааст, вале ба далели рӯбарӯ шудан ба бӯҳрони молӣ, дигар имкони нигаҳ доштани бинои феълии мактабро надорад.
Сӯҳроб Рауфов: Дар кори Шабакаи аввал ҳатман тағйирот мешавад 07.07.2015 12:44 1691
Дар пайи тағйироти кадрии 6 июл, Сӯҳроб Рауфов раҳбари нави Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Самариддини Айниддинро иваз кардааст ва мегӯяд, ки бо омаданаш дар кори шабака тағйирот хоҳад кард.
100000 доллар дар ивази "мусоидат" ба хусусӣ кардани як клуб дар Ашт 07.07.2015 12:43 1750
Оҷонсии зидди фасоди молӣ аз боздошти як мутахассиси идораи кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ки барои мусоидат ба хусусӣ кардани як клуб дар ноҳияи Ашт сад ҳазор доллар талаб намудааст.
Модар баъд аз "се талоқ" шудан худу се кӯдакашро ба дарё андохт 07.07.2015 12:41 1586
Як сокини ноҳияи Ёвон, ки тайи чанд соли охир дар Душанбе сукунат дошт, худу се фарзандашро ба дарё андохтааст. Дар натиҷа, зан аз об зинда берун оварда шуд, аммо се фарзандаш ба ҳалокат расидаанд.
Генерал Шариф Назарзода: Ҳадаф ҳамаро зиндонӣ кардан нест 05.07.2015 23:22 1514
Аз 25 июли соли ҷорӣ гурӯҳҳои нави корӣ аз ҳисоби маъмурони пулис ба фаъолият хоҳанд пардохт, ки ҳадафашон назорати маҳаллаҳо, сӯҳбат бо сокинони биноҳои баландошёна ва тоҷирон будааст.
Баҳси вазири молия бо мушовири собиқи Э.Раҳмон ба додгоҳ рафт 05.07.2015 23:20 1373
Вазорати молияи Тоҷикистон аз масъули собиқи ин ниҳод тақозо дорад, ки манзили даҳ сол пеш гирифтаашро баргардонад. Ҳоло ин баҳс ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт кашонда шудааст.
Дахолати генерал Шералӣ Мирзо ба қазияи марги як сарбози қаторӣ 02.07.2015 00:18 1496
Вазири дифои Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Суғд фармондеҳони қисми низомии 04080 дар ноҳияи Конибодомро иваз кардааст. Як моҳ пеш дар ин қисми низомӣ як сарбоз бар асари латукӯби ҳамхидматонаш ҳалок шуда буд.