05:19:16 26-уми Сентябри 2026 сол
Марги мармузи бародари Баха 84 дар пойтахти Фаронса 30.06.2015 23:19 1585
Наздикони Сӯҳроб Қосимов мегӯянд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса зоҳиран дар натиҷаи ҳамлаи ғоратгарон ҳалок шудааст.
Саймӯъмин Ятимов: "Амнияти марз амнияти мардум ва давлат аст" 25.06.2015 12:33 1402
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қаламрави ҳар кишварро яке аз муқаддасот ва рукни давладории он номида, амнияти ҳар халқу давлатро ба сатҳи ҳифзи марзҳои он вобаста донист.
26 июн – рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар 22.06.2015 00:07 2059
Соли 1987 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 26-уми июнро ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он чун ифодаи ҷасорат баҳри пурзӯр намудани фаъолият ва ҳамкорӣ...
Ҷамшед Алиев: Вақте ҷасади Салоҳиддинро дидам, сараш набуд 22.06.2015 00:00 1357
Писари аммаи Салоҳиддин Азизов, ки дар рӯзи қатли ӯ дар Русия мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта буд, дар мурофиаи Иля Горячев - раҳбари гурӯҳи қавмгарои БОРН шоҳидӣ додааст.
Посухи манфии Додгоҳи Қонуни асосӣ ба "Babilon-Mobile" 17.06.2015 23:23 1341
Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон дар баҳси печидаву тӯлонии ширкати "Бабилон" ва Кумитаи андоз қазияро ба нафъи давлат ҳал кардааст.
Баёнияи нахустини Толибон дар бораи марзбонони тоҷик 17.06.2015 23:21 1323
Толибон бо нашри як баёния эълон кард, ки "бо ҳадафи ҳамкориҳои хуб бо мардуми Тоҷикистон ва тақвияти муносибот дар оянда" чаҳор марзбони ба асоратуфтодаи тоҷикро озод кардааст. Гурӯҳи "Толибон" дар Афғонистон гуфт ...
Раҳоии 4 марзбони тоҷик аз асорати Толибон бо мусоидати Қатар 15.06.2015 10:36 1288
Чаҳор марзбони тоҷик, ки ҳудуди ҳафт моҳқабл ба асорати Толибон афтода буданд, бо миёнҷигарии кишвари Қатар раҳо шуданд.
Баҳси хунини 100 кило ҳероин. Оғози мурофиаи “Ҳоҷӣ Самандар” 10.06.2015 23:39 1522
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи пурсарусадои “Ҳоҷӣ Самандар”, ки ба қатли ду бародар барои пули маводи мухаддир айбдор мешавад, шурӯъ кардааст.
Сурайё аз рашк даст ба худкушӣ зад ва ҷон дод 10.06.2015 23:38 1426
Зане, ки аз дидани як зани дигар дар мошини ҳамсараш ба хашм омада буд, бо бензину гӯгирд ба коргоҳи шавҳараш омада, дар пеши чашми одамон худро оташ задааст.
Додгоҳ мегӯяд, даъватшаванда аз мошин ҷаҳид ва маҷрӯҳ гашт 10.06.2015 23:36 1508
Додгоҳ гуфт, латукӯби СаидалӣҲақбердиев, ҷавоне аз Панҷакент аз ҷониби афсари собиқи комиссариати ҳарби ин маҳал ҳангоми даъвати маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ исбот нашуд ва фарзияи аз мошин ҷаҳида ҷароҳатҳо бардоштани вайро пазируфт.
"Шайх Темур" бисёрзаниро пазируфт, аммо "даъвои паёмбарӣ"-ро рад кард 10.06.2015 23:34 1310
Ҳарчанд "Шайх Темур" дар ибтидо ба "иддаои паёмбарӣ" муттаҳам мешуд, дар парвандаи ҷиноятӣ алайҳи вай чунин иттиҳом ворид нашудааст ва ҳатто зимни мурофиа баррасӣ нагардид.
Озода Раҳмон: 40%-и аҳолии Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд 08.06.2015 23:38 1285
​Озода Раҳмон, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир чиҳил дарсади аҳолии кишвар барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мушкил доранд.
Пулиси Молдова: "Эмиссар"-и ДОИШ худро Маҳмадулло Нарзуллоев муаррифӣ кард 08.06.2015 23:35 1327
​Пулиси Молдова дар як нома ба мо гуфт, шиносномаи "эмиссар"-и дар ин кишвар дастгиршудаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмадулло Нарзуллоев будааст.
Додситонии кулл Ҳалимовро ба хиёнат ба давлат айбдор кард 03.06.2015 23:49 1394
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ эълон кард, ки Гулмурод Ҳалимов дар ивази пул ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста, аммо касеро аз ҳамсафони собиқаш бо худ набурдааст.
Сояи "агент" бар сари созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон 03.06.2015 23:45 1270
Талоши созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба пешгирӣ аз тағйири Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ натиҷа надодаанд ва эҳтимол меравад, ки ин илова ба тасвиб хоҳад расид.