06:03:57 26-уми Сентябри 2026 сол
Озода Раҳмон: 40%-и аҳолии Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд 08.06.2015 23:38 1285
​Озода Раҳмон, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир чиҳил дарсади аҳолии кишвар барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мушкил доранд.
Пулиси Молдова: "Эмиссар"-и ДОИШ худро Маҳмадулло Нарзуллоев муаррифӣ кард 08.06.2015 23:35 1327
​Пулиси Молдова дар як нома ба мо гуфт, шиносномаи "эмиссар"-и дар ин кишвар дастгиршудаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмадулло Нарзуллоев будааст.
Додситонии кулл Ҳалимовро ба хиёнат ба давлат айбдор кард 03.06.2015 23:49 1394
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ эълон кард, ки Гулмурод Ҳалимов дар ивази пул ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста, аммо касеро аз ҳамсафони собиқаш бо худ набурдааст.
Сояи "агент" бар сари созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон 03.06.2015 23:45 1270
Талоши созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба пешгирӣ аз тағйири Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ натиҷа надодаанд ва эҳтимол меравад, ки ин илова ба тасвиб хоҳад расид.
"Сарфарози Оламафрӯз" нопадид шудааст 02.06.2015 15:59 1354
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми рахна задан дар почтаи электронии яке аз сафоратҳои Тоҷикистон ва шикастани қуфли почтаи нашрияи “Вечерка” аз тарафи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, наздик ба ду ҳафта аст, ки нопадид гаштааст.
Номи қотили Умаралӣ Қувватов то ҳол маълум нашудааст 02.06.2015 15:55 1317
Наздикони УмаралӣҚувватов, раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24” мегӯянд, бо гузашти қариб 3 моҳ аз қатли ӯ дар Истамбул пулис ҳанӯз ҳуввияти қотилро мушаххас накардааст ва дар чорчӯби ин парванда танҳо Сулаймон Қаюмов дар боздошт боқӣ мемонад.
Ҷузъиёти даргирӣ дар наздикиҳои сафорати Тоҷикистон дар Кобул 27.05.2015 21:31 1393
Тамоми шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар як меҳмонсарои қисмати дипломатии Кобул бо шӯришиёне, ки ба ин меҳмонсаро ҳамла карданд, даргирӣ идома дошт. Ин даргириҳо бо дамидани субҳи 27 май бо қатли 4 шӯришӣ ба поён расид.
Боздошти фиристодаи «Давлати исломӣ» бо шиносномаи тоҷикӣ 27.05.2015 21:29 1477
Пулиси Молдова аз боздошти дастикам 11 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» хабар дод. Яке аз онҳо бо худ шиносномаи тоҷикӣ доштааст.
Ноиби раиси БДА: "Агар нозирон набошанд, вазъи хиёбонҳо баҳам мехӯрад" 25.05.2015 09:22 1572
Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари ронандагон қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, гоҳе мехоҳанд болои нозирони БДА низ фишор оваранд.
Дар ҷустуҷӯи "полковник"-и Додситонии кулл 25.05.2015 09:08 1416
​Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, барои аз қисми низомии Хоруғ ба пойтахт овардани писараш ба як "полковник"-и Додситонии кулл 750 доллар ва 20 ҳазор рубл дода, вале ӯро пайдо карда наметавонад.
Ба таври мармуз ғайб задани як нозири Раёсати маҳбасҳо 25.05.2015 09:04 1376
Наздикони Ҷӯрабек Дӯстов, маъруф бо лақаби "Дустум" - нозири бахши махсуси Раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро дар кӯҳу дараи кишвар мекобанд. Аммо иддае мегӯянд, ки ӯҳам ба Сурия рафтааст.
Нигоҳи GFP ба заъфҳо ва қувватҳои артиши Тоҷикистон 25.05.2015 08:36 1371
"Global Firepower" (GFP) нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз нигоҳи иқтидор дар байни артишҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои чорум ва дар ҷаҳон дар ҷои 81-ум гузоштааст. Артиши Узбакистонро дар ин раддабандӣқавитарин артиши минтақа донистаанд.
Ҷасади се сокини Рӯшонро то ҳол наёфтаанд 25.05.2015 01:29 1272
Наздикони Алидод ва бародарон - Саидқадаму Худойбердӣ мегӯянд, ки ҳарчанд ҳашт ҳашт рӯз боз ҷустуҷӯи ҷасади онҳо дар дарёи Панҷ ва атрофи он идома дорад, аммо ҳанӯз ба натиҷае нарасидаанд.
Махфигоҳи "Ҳизб-ут-таҳрир" дар маҳбаси "Кирпичний" 20.05.2015 22:53 1300
Дар додгоҳи Ваҳдат мурофиаи 12 маҳкумшуда ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир" оғоз шудааст, ки дар дохили зиндони "Кирпичний" махфигоҳи телефону дастгоҳҳои сабтро созмон доданд.
Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Чин - шонсе барои афви маҳбусони тоҷик 20.05.2015 22:52 1296
Парлумони Тоҷикистон бо татбиқи “Созишномаи Тоҷикистону Чин “дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон”, мехоҳад 16 шаҳрванди худро аз зиндонҳои Чин раҳо кунад.